ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Назорати диспансерӣ, инчунин барои ҳама шахсоне, ки баъд аз сар гузаронидани бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, шахсоне, ки дар ҳавои хунук аҳволашон боз вазнин мешавад, низ зарур мебошад. Баъд аз 2 — 3 ҳафтаи сиҳатёбӣ ин беморонро такроран аз назар гузаронидан ва дар мавридҳои лозимӣ дубора муолиҷа кардан зарур аст.
Газаки шуш (пневмония) ҳамчун оризаи зуқом, зуқоммонанд ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, баъзан дар аввали саршавии онҳо (аз аввал вирусӣ), бештар дар давраи барқароршавии саломатӣ (сонивӣ), вобаста ба илова шудани сироятҳои бактериявй (вирус - бактерия) инкишоф меёбад.
Дар бознигарии таснифоти байналмиллалии маразҳо, (ТБМ) осеб ва сабабҳои фавти 10, 1992с. ( Международная классификация болезней, травм и причин смерти (МКБ)-10) газаки шуш аз дигар газакҳои шуш, ки сабаби ғайрисироятӣ доранд ба монанди газаке, ки аз таъсири шуо ва ё нафас гирифтани моддаҳои кимиёвӣ ба вуҷуд омадаанд, ҷудо карда шудааст. Газакҳои шуш, ки аз сирояти баъзе бемориҳои бактериявӣ ва вирусӣ ҳамчун Ку-риккетсиоз, вабо, домана, сурхча ва ғ. пайдо мешаванд, аз бемории газаки шуш, низ ҷудо карда шудааст.
Газаки шуши аз аввал вирусӣ одатан дар ҳафтаи якӯми марази шадиди роҳҳои нафас инкишоф меёбад.
Мушоҳидаи сохтшиносӣ нишон медиҳад, ки бисёр ҷойхои лахми шуш иллатнок мешаванд, деворчаҳои алвеолаҳо варам мекунанд, дар дохили найчаҳои онҳо зардоби фибриндор хориҷ мешавад, найчаҳои хунгард ҳам лахтахун пайдо карда, маҳкам мешаванд, нишонаҳои марги ҳуҷайраҳо, чакрааои хун мушоҳида карда мешаванд.
Аломатҳои газаки шуш: нафаскашии бемор вазнин, ранги рӯяш кабутчатоб мешавад. Сулфаи хушки озордиҳанда зиёд, балгамаш хунчатоб, ҳарорати баданаш аз нав баланд мешавад. Норасогии вазоифи нафаскашии шуш тез меафзояд, нишонаҳои майнакасалӣ, дилкасалӣ
(вайрониавии танзимии таппиши дил), гурдакасалӣ (вайроншавии ҷоришивии пешоб) пайдо мегардад. Мушоҳидаи физикӣ шиддатёбии нафаси везикулӣ, дар баъзе ҷойҳои шуш иафаси бронхиалиро муайян мекунад. Дар ҳар кунҷи шуш кирт-кирткунӣ (ғарчосзанӣ), хир-хирҳои обдор (намнок)-и майдаҳаҷм пайдо мешаванд. Бемор бояд дар шӯъбаи мақомоти таъҷилии беморхонаи касалиҳои сирояткунанда бистарӣ шавад.
Газаки шуши сониявӣ одатан газаки шуши бронхӣ буда, дар аввали давраи барқароршавии саломатӣ дида мешавад. Дар мавриде, ки ҳолати беҳтаршавии бемор огоз меёбад, ҳарорати баланди баданаш паст шуда, нишонаҳои бронхит кам мешаванд, аломатҳои мараз аз нав шиддат меёбанд, якбора бо ларза ҳарораташ баланд ва сулфааш зиёд мешавад.
Логарӣ ва бемадорӣ (нишонаҳои заҳролудшавии бадан) пайдо шуда, на фаскашиаш вазнин мегардад Дар хун миқдори лейкоситҳо зиёд мешавад.
Муоинаи физикӣ дар шуш тирк-тирк ва хир-хири майдаҳаҷмро муайан мекунад. Албатта, рентген кардан ташхиси газаки шушро муайян мекунад ва дар ин ҳолат беморро зуд бистарӣ намудан ва ба беморхона роҳхат додан зарур аст.
Табобати газаки шуши лонавиро аз рӯзҳои аввали беморӣ фаъолона, то пурра сиҳатёбии бемор ва қатъ гаштани аломатҳои физикӣ ва рентгенологӣ гузаронидан лозим аст. Аз сабук ё вазнин сар шудани касалӣ ҷараёни онро пешгӯӣ кардан мумкин нест. Табобати антибактерӣ дар шароити дармонгоҳ бо доруҳои аз даҳон қабул мекардагӣ сар кардан хубтар аст. Ба таъсири шифогии дору баъд аз 8 соати оғози табобаг баҳо додан мумкин аст. Агар баъд аз ин мӯҳлат дору таъсири мусбат набахшад, доруи навро ингихоб менамоянд.
Албатта, доруҳои гурӯхи пенисиллини синтетикӣ камзиёнтарни
Нақшаи тахминии табобати антибактериявии газаки шуши сабукдараҷа, ки онро дар назорати табиби оилавӣ, дар шароити дармонгоҳ бурдан мумкин аст, чунини мебошад (нақшаи тахминии табобати бемориҳо аз рӯи номгӯи дорувориҳои иҷозатшуда дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замима оварда шудааст) : мебошанд. барои шахси калонсол - амписиллин 500 мг ҳар 4 соат, ё эритромисин 250 мг ҳар 1 соат ё рондомисин 300 мг ҳар 12 соат (метаксилин) ё вибромисин 200 мг рӯзи якӯм ва 100 мг рӯзҳои оянда (доксасиклин), ё бисептол бо 2 кулчадоругй ҳар 12 соат рӯзи аввал ва 1 кулчадору рӯзҳои оянда, то пурра сиҳат шудани бемор; имконият ва лозим бошад — дар беморхона, бо усулҳои тазриқӣ табобатро давом медиҳанд.
Дар ҳама давраи баланд будани ҳарорат ва заҳролудии бадан, бемор бояд дар ҳолати бистарӣ бошад, гоҳ-гоҳ холаташро иваз намояд: бинишинад ва ё хеста, бо ғайрат сулфа карда, балғам ҷудо кунад, бисёртар нӯшокиҳои ишқордор истеъмол намояд.
Аз табобатҳои аломатӣ доруҳои бронхвасеъкунанда, балғамро мулоим ва ҷудокунандаро кор мефармоянд. Агар сулфа сахт, бемоя ва озордиҳанда бошад, хаббаҳои либексин ё мукалтин таъин менамоянд.
Нишондодҳо барои ба беморхона фиристонидани бемор:
Газаки шуши ҳолати вазнин ва миёна;
Газаки шуши паҳншуда (газак якчанд ҳиссаи шушро фаро гирифтаст);
Газаки шуши дутарафа: хусусан, агар табобати газики шуш бо доруҳои аз даҳон қабул мекардагӣ фоида набахшад.
Баъд аз сар гузаронидани газаки шуши шадид, бемор бояд дар давоми 6-12 моҳ, дар назорати диспансерӣ бошад. Дар ин марҳала истифодаи усулҳои табобат бо варзиш, физиотерапия, табобати иқлимӣ, санаторӣ- курортӣ ва хӯрокиҳои аз сафеда ва витаминҳо бой аҳамияти хеле калон дорад.
Экпертизаи корношоямии бемор. Давомнокии корчошоямии бемор аз омилҳои зерин вобата мебошад:
хусусиятҳои ҷараёни беморӣ; сари вақт ва пурра гузарондани табобати антибактериявӣ;
дараҷаи вайроншавии вазоифи нафаскашӣ;
мавҷудияти касалиҳои ҳамроҳшавандаи узвҳои шуш, дил;
синну соли бемор.
Давомнокии мӯҳлати корношоямии муваққатии беморони гирифтори газаки шуши сабукравиш ба ҳисоби миёна 3 ҳафта мебошад.
Баьд аз шифоёбии бемор, барои ба кор шурӯъ намудан иҷозати табиби оилавӣ лозим аст ва ӯ, бояд инҳоро ба назар гирад: мӯътадил шудани аломатҳои клиникӣ-рентгенологӣ; мӯътадил шудани натиҷаҳои ташхиси лаборатории биохимиявӣ; касб ва шароити ҷои кори бемор.
Аз рӯи ин нишондодҳо табиби оилавӣ метавонад барои ба кор шурӯъ намудан иҷозат диҳад, лекин аз машгулиятҳои иловагии кор дар давоми як — ду моҳ боз озод намояд. Агар шароити ҷои кори бемор носоз бошад, ӯро аз комиссияи духгурӣ-назоратӣи кардан, дар давоми 1-6 моҳ ба кори сабуктар ва ё ба кори мувофиқ гузаронидан мумкин аст. Ин имтиёзҳо барои аз нав авҷ нагирифтан ва ё ба ягон ориза нарасонидани беморӣ заруранд.
Ба ташхис ва табобати кӯдакон табиби оилавӣ аҳамияти махсус дода, бо духтури кӯдакон якҷои вобаста аз ҳолати бемор ва намуди газаки шуш табобатро барад. Табобати кӯдаконро дар ҳар ҳолат, аз сабаби зиёд будани оризаҳои ин беморӣ, махсусан дар давраи аввали кӯдакӣ, дар беморхона, дар таҳти назорати доимии духтур, бояд сар намуд.
Баъд аз табобат дар беморхона, табиби оилавӣ ин беморро ба қайди назорати диспансерӣ гирифта барои пешгирӣ намудани оризаҳои беморӣ чораҳо андешад. Ба чунин кӯдакон хӯрокҳои пурғизо, табобати физиотерапевтӣ, осоишгоҳӣ, машқҳои махсус таъин карда мешаванд.
Пешгирии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас. Ин чорабиниҳо асосан дар байни одамони солим, хоҳ хонанишин, хоҳ коргар бошанд, дар байни сокинонл маҳаллаи худ гузаронида мешаванд. Табиби оилавӣ вазифадор аст, ки дар байни ҷомеаи маҳалла худ бештар бошад.
Табибони оилавӣ дар вақти мулоқот ба аҳолӣ фаҳмонад, ки муборизаи яктарафаи табибон бо касалиҳо ночиз асг ва натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, то вақте, ки худи шахсҳимоятгари саломатии худ ва аҳли оилаааш нашавад. Дар мубориза ба муқобили ҳама гуна касалӣ бояд дар ҷои аввал худи бемор гузошта шавад, баъд ёрии духтур ва иштироки фаъолонаи аҳли оилаи мариз. Ана, дар ин муборизаи фаъолонаи сетарафа, дар заминаи беҳтар сохтани муҳити зисти бемор касалиро ҳам пешгирӣ ва ҳам табобат кардан имконпазир мешавад.
Табиби оилавӣ бояд ҳамаи донишу маҳорати хешро кор фармуда, саҳми дониши мардуми маҳаллаи худро дар соҳаи тиб баланд бардорад.
Масалан вай метавонад, дар маҳаллаи худ гурӯҳҳои солимӣ ташкил намояд, дар байни онҳо машғулиятҳои амалии тандурустӣ гузаронад, дар хусуси мубориза бо омилҳои касалиовари маҳз ҳамин маҳалла номаҳои маслиҳатию насаҳатӣ иншо намуда, онҳоро бо тарзи боварибахш фаҳмонида диҳад ва дар амал иҷро кунад.
Табобат бо доруҳои антибактериявӣ.
Дар замони ҳозира шумораи зиёди бактерияҳои ва дигар намуди микроорганизмҳо - ангезандагони бемориҳо мавҷуданд, инҳо: enterobacteriaceae (klebsiella, enterobacter spp.), pseudomonas aeruginosa, staphylococcus spp., staphylococcus aureus, escherichia coli, klebsiella pneumonia ва ғ. мебошанд. Доруҳои антибактериявӣ пеш аз ҳама ба агентҳо- бактерияҳое ки сабабгори беморӣ мебошанд, таъсир мерасонанд ва аз ин лиҳоз хуб аст, ки то таъин намудани онҳо табиби оилавӣ намуди инҳоро муайян намояд. Аммо, на ҳама вақт муайян намудани намуди бактерияҳои касалиовар дар таҷрибаи корӣ, бо сабабҳои гуногун, имконпазир аст. Аз ҳамин сабаб табобат бо антибиотикҳо ба таври тақрибӣ - эмперикӣ таъин карда мешавад ва дар ҳар ҳолат синну соли бемор, шакл ва вазнинии беморӣ, таъсири дору ба бемор ва оқибатҳои онро табиб бояд ба назар гирад. Дар ин ҷо қайд кардан зарур аст, ки аз сабаби дар бисёр ҳолатҳо бе маврид истифода бурдани антибиотикҳо, (масъалан дар вақти бемориҳои вирусӣ – зуком, газакҳои роҳҳои нафас ва ғ.) бактерияҳое пайдо мешаванд, миндбад ба онҳо антибиотикҳои груҳҳои аввал – пенисиллин, левомиситин, эритромисин ва ғ. таъсир расонида наметавонанд ва бо антибиотикҳои боз ҳам нави пурқувват аз гурӯхи сепоринҳо, макролидҳо табобат кардан лозим меояд. Дар шароити дармонгоҳӣ бемориҳоро аз табобати як намуди антибиотик сар карда, онро на зиёд аз як ҳафта давом додан лозим аст. Паст шудани ҳарорати бадан, кам шудани аломатҳои беморӣ, ба меъёр омадани шумораи лейкоситҳо – ин нишонаи хуби таъсири антибиотикҳо ба беморӣ мебошад. Агар ин нишондодҳо пас аз се рӯзи сар кардани табобат тағир наёбанд, антибиотики таъиншударо бо дигараш иваз намудан лозим аст. Дар вақти дурру дароз, бо сабабҳои гуногун (вазнин гузаштани беморӣ, пайдо шудани оризаҳои ва ғ.) истеъмол намудани доруҳои номбаршуда, ба бемор доруҳои зидди замбӯруғӣ (противогрибковые препараты) таъин намудан лозим аст. Табобатро бо антибиотиҳо, махсусан дар шароити дармонгоҳӣ, зина ба зина бурдан мумкин аст. Дар зинаи аввал антибиотикҳоро ба бадан бо сӯзандору гузаронидан мумкин ва дар зинаи дуввум, баъд аз кам шудани аломатҳои беморӣ, бо намуди ҳабба таъин кардан лозим аст. Дору бояд таъсири хуб, истеъмолаш нисбатан содда, таъсири манфиаш кам ва нисбатан нархи паст дошта бошад.
Таъин намудани антибиотикҳо ба кӯдакон бояд баъд аз ташхиси пурраи беморӣ ва аломатҳои он, ва махсусан ташхиси лабораторӣ – муайян намудани намуди бактерияҳои касалиовар ва ҳассосии мушахасси онҳо ба антибиотики маълум, оғоз шавад. Бе сабаб таъин намудани антибиотикҳо ба бемориҳои аллергӣ ва оризаҳои гуногун оварда мерасонад.
Ба таъин кардани антибиотикҳо ба кӯдакони соли якӯми ҳаёт бояд хеле ҷиддӣ муносибат намуд. Табиби оилавӣ бояд донад, ки таъин намудани антибиотикҳои зерин: аминогликозидҳо (гентамисин, канамисин ва ғ.), тетрасиклинҳо (тетрасиклин, доксисиклин, юнидокс ва ғ.), левомеситин ба кӯдакони синну соли хурд тавсия карда намешаванд. Ин антибиотикҳо ба равнақи баъзе узвҳои бадани кӯдакони хурдсол таъсири манфӣ мерасонанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё