Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Муоинаҳо

Анамнез

Ҳаматарафа ошкор намудани симптомҳое, ки гематурияро ҳамроҳӣ мекунанд, аксар вақт имкон медиҳад, ки аллакай баъди пурсиш ташхис гузошта шавад. Муайян кардани ҳиссаи бо хун олудашудаи пешоб хеле муҳим аст. Чунончи, хунолуд будани ҳиссаи якуми пешоб (гематурияи инитсиалӣ) аз иллати қисм мутаҳҳарики канали пешоброҳа, гарданаки масона, ғадуди сипаршакл гувоҳи медиҳад. Баробар ранголуд шудани ҳамаи ҳиссаҳои пешоб (гематурияи умумӣ) ҳангоми иллаттнок шудани гурдаҳо, ҳолиб, масона ба назар мерасад.

Гематурияро ҳангоми уретрити номахсус, систити шуоӣ, омосҳо ва поликистозҳои гурдаҳо дидан мумкин аст. Гематурия дар якҷоягӣ бо дарди камар ё поёнии шикам хоси гломерулонефрит, сирояти роҳҳои пешоб, бемориҳои санги пешоб, ҳамчунин инфаркт, омосҳо, поликистоз ва садамаҳои гурдаҳо аст.

Ҳангоми ҷамъоварӣ намудани анамнез маълум мекунанд, ки оё беморро бо ситостатикҳо (махсусан сиклофосфамид) ва антикоагулятҳо табобат кардаанд, ё не. Мепурсанд, ки бемор дар шабонарўзи охирин (барои истисно кардани гемотурияи дурўғ) чӣ истеъмол кардааст. Дар ёд доштан лозим аст, ки гематурия метавонад, ки симптоми аденомаи ғадуди простата бошад (хунравӣ ҳангоми зурзанӣ аз сабаби пора шудани варидҳои васеъшуда дар ноҳияи гарданаки масона ба амал меояд).

Анемия (камхунӣ)-и дар асари гематурия ба амаломадаро хеле кам ва танҳо ҳангоми хунравиҳои фаровон дидан мумкин аст.

Таҳқиқотҳои физикалӣ

Фишори шарёниро, набзу ҳарорати баданро чен мекунанд. Пўстро муфассал муоина мекунанд, шояд ва рангпарида бошад ё доначаҳои геморрагӣ ба назар расанд. Баъди ин системаи дилу рагҳоро таҳқиқ мекунанд: гематурия ҳангоми инфаркти гурдаҳо (яке аз эндокардити оризадори сироятӣ) дида мешавад. тарашшуҳоти (экссудати) плевра имкон дорад, ки ҳангоми пиллонефрит ва паранефрит ба вуҷуд биёянд.

Баъди ин палпатсияи шикам анҷом дода мешавад. омосҳои васеи қисмҳои чапи шикам шояд ба назар ҳамчун гурдаи калоншудаи чап ва испурчи калоншуда намудор мешаванд. Калон шудани гурдаҳоро аснои саратони гурдаҳо, гидронефроз ва поликистоз, калон шудани испурчро бошад ҳангоми бемориҳои хун дидан мумкин аст.

Ҳангоми палмосидани (палпатсияи) қитъаи болои зиҳор

(Suprapubicus) дарднокӣ ва калон шудани масонаро маълум кардан мумкин аст. Дар мардҳо таҳқиқоти ректалиро ҳатман мегузаронанд. Ин усул имкон медиҳад, ки калон шудани ғадуди простата (аденома ё саратон) ва дарднокии ғадуди простата ҳангоми палмосида (простатити шадид) муайян карда шавад. Дар занҳо таҳқиқоти генекологӣ гузаронида мешавад, дар ин маврид омосҳои калонҳаҷми коси хурдро ошкор кардан мумкин аст.

Ҳангоми муоина кардани узвҳои берунии ҷинсӣ низ афтидани девораи канали пешоброҳа ё карункулро маълум сохтан мумкин аст.

Фарқ карда тавонистани гурдаи чап ва тахол (испурч) ҳангоми палпатсияи шикам

Испурч Гурдаи чап

Сарҳади болоӣ Ламс намешавад Ламс мешавад Беҷо шудан ҳангоми нафасгирӣ

Ба поён – оҳиста Ба поён

Ковиш (incisura) Ҳаст Нест

Беҷо шудан ҳангоми палмосидан

Ҳаст Маъмулан нест

Садои перкуторӣ дар болои узв

Кунд Маъмулан тимпанит

(гурдаро гиреҳҳои рўда пўшонидаанд)

Шавшуви соиш Мумкин бошад Нест

Таҳқиқотҳои лабораторӣ ва инструменталӣ

Барои муайян кардани сабабҳои гемотурия таҳқиқотҳои зеринро анҷом медиҳанд:

таҳқиқи пешоб бо усули тест – хатча, масалан гемастикс (ба натиҷаи таҳқиқот истеъмоли кислотаи аскарбин)

микроскопияи таҳшини пешоб – имкон медиҳад, ки ошкор карда шавад:

- эритроситҳои тағйирнаёфта

- силиндрҳои эритроситариву эритроситҳои тағйирёфта (ҳангоми гломерулонефрит)

- набудани эритроситҳо (ҳангоми гемотурияи дурўғ)

кишти пешод (гемотурия аксар вақт ҳангоми сирояти роҳҳои пешоб, ҳангоми гумонбар шудан аз сили гурдаҳо ва роҳҳои пешоб киштро 3 маротиба мегузаронанд, барои таҳқиқот пешобро мегиранд, ки субҳ гирифта шудааст, киштро дар муҳити махсус мегузаронанд.

таҳқиқоти ситологии таҳшини пешоб (ҳангоми гумонбар шудан аз омоси роҳхои поёнии пешоб, ҳангоми саратони гурда маълумоти кам медиҳад)

муоинаи умумии хун

муоинаи СОГ

муоинаи АМК ва кератинини зардоб О ва сатҳи компонентҳои камплемент дар зардоб (ҳангоми гумонбар шудан аз гломерулонефрит).

усулҳои визуализатсия:

урографияи экскретерӣ – усули асосӣ

- УЗИ-и гурдаҳо (барои таҳқиқи роҳҳои поёнии пешоб маълумоти кам медиҳанд) - ТК (томографияи компютерӣ)

- ангиографияи гурдаҳо

- пиелографияи болораванда

усулҳои эндоскопӣ – уретроскопия, систоскопия, уретероскопия; систоскопия дар ҳамаи беморони гирифтори гемотурия новобаста аз натиҷаҳои урографияи экскреторӣ гузаронида мешавад

биопсияи гурдаҳо (ҳангоми гумонбар шудан аз гломерулонефрит, махсусан агар дар пешоб эритроситҳои тағйирёфта мавҷуд бошанд).

Гематурияи дурўғин (козиб)

Ин гематурия дар муқоиса аз гемотурияи ҳақиқӣ дар асари сурхранг шудани пешоб на аз эритроситҳо, балки аз моддаҳои дигар сар мезанад. Ин моддаҳо метавонанд, ки инҳо бошанд:

антосианҳо (лаблабу, буттамеваҳои сурх)

рангкунандаҳои сурхи ғизоӣ (қанодӣ)

порфиринҳо

гемоглобини озод

миоглобин (пешоб) ҳангоми миоглобинурия ранги сурх – бўр дорад

баъзе маводи доруворӣ, масалан, феналвателин (ҳангоми вокуниши ишқории пешоб), фенозопиридин

Гематурия ҳангоми сарбории ҷисмонӣ

Гематурия ҳангоми сарбории вазнини ҷисмонӣ ва пас аз он ба амал ояд, вайро дар бисёри варзишгарон дидан мумкин аст, ки соиш хурдани девораи ақиби масонаи холӣ ва қаъри он шуда метавонад. Ҳангоми гематурияи доимӣ, махсусан агар дар пешоб эритроситҳои тағйирёфта бошад, сабабҳои дигари гемотурия, дар навбати аввал гломерулонефритро истисно кардан зарур аст.

Симулятсия (вонамудсозӣ, сохтакорӣ)

Симулятсия ё худ вонамудсозии гематурияро ҳангоми нашъамандӣ

(симулятсияи халаи гурдаҳо) ва синдроми Мюнхоузен дидан мумкин аст.

Агар аз вонамудсозӣ гумонбар шаванд, дар шоҳидии одамон пешобро барои муоина мегиранд. Протеинурия

Протеинурия симптоми хеле муҳим аст ва муоинаи ҳаматарафаи беморро талаб мекунад. Вайро ҳангоми осеб дидан калобачаҳои (тўбчаҳои) гурдаҳо, каналчаҳои гурдаҳо ва роҳҳои поёнии пешоб дидан мумкин аст.

Миқдори сафеда дар пешоб дар давоми шабонарўз доимӣ нест, барои ҳамин ҳам вайро дар пешоби шабонарўзӣ чен мекунанд

Сабабҳои асосии протеинурия

Протеинурияи гузаранда

Аз ифрозоти маҳбал олуда шудаи пешоб

Сирояти пешоброҳа

Токсикози ҳомиладори

Протинурияи доимӣ

Гурдагӣ

гломерулонефрит

синдроми нефротикӣ

тубулопатияи ирсӣ

поликистози гурдаҳо

дисклазияи гурдаҳо

норасоии шадиди гурдаҳо

непрози пистонакҳои гурдаҳо

- ҳангоми истифодаи НПВС ва аналгетикҳо

- ҳангоми диабети қанд

бемории миеломӣ (протеинурия аз рўйи механизми пуршавандагӣ)

осеб дидани гурдаҳо ҳангоми:

- диабети қанд

- гипертонияи шарёнӣ

- бодхўрдаи системавӣ

- омосҳои бадсифат

- истеъмоли пенитеилламин, дорувориҳои тилло

- амилоидоз

- васкулитҳои системавӣ

Ғайригурдавӣ

ортостатикӣ

ҳангоми кори ҷисмонӣ

ҳангоми табларза

баъди ҷарроҳӣ

ҳангоми норасои дил Дар ҳолати меъёрӣ миқдори сафеда дар пешоби калонсолон аз

150мг/ шабонарўз ва дар кўдакони то 10-сола – аз 100мг/ш/р. зиёд нест.

Агар талафоти сафеда бо пешоб 1г/ш/р бошад, пас бемории гурдаҳо мумкин аст.

Дар пешоб вуҷуд доштани сафеда, эритроситҳои тағйирёфта ва силиндрҳои эритроситарӣ хоси гломерулонефританд.

Бо ёрии тести хатчаҳо таҳқиқ кардани пешоб имконият медиҳад, ки протеинурияро танҳо дар ҳолатҳое муайян кунанд, ки агар сатҳи сафеда аз 0,3г/л зиёд бошад.

Протеинурия дар беморони диабети қанд ин аломати барвақти нефропатия аст. Дар чунин ҳолатҳо аксар вақт табобати гипотензивӣ тақозо карда мешавад.

Агар бо ёрии тест – хатча протеинурия такроран муайян карда шавад, пас талафи шабонарўзии сафеда дар пешоб муайян карда мешавад. Агар талафоти шабонарўзии сафеда аз меъёр зиёд бошад, сирояти роҳҳои поёнии пешоб ва аз ифрозоти узвҳои ҷинсӣ олуда шудани пешобро истисно мекунанд. Агар ин сабабҳои протеинурия истисно шуда бошанд, беморро ба қабули нефролог мефиристанд.

Протеинурияи ортостатикӣ

Дар протеинурияи ортостатикӣ пайдо шудани сафеда дар пешоб баъди дар ҳолати вертикалӣ будан хос аст, дар ин ҳолат дар ҳиссаи субҳонаи пешоб, ки пас аз хоб ҷамъоварӣ шудааст, сафеда нест. Протеинурияи ортостатикӣ дар 5-10%-и одамон дида мешавад, вай дар наврасон бештар аст ва худ ба худ нест мешавад. баъдан вай симптоми якуми бемории вазнини гурдаҳо низ буда метавонанд.

пешина
аз 37
навбатӣ