Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Муоина

Анамнез

Дар навбат аввал муайян мекунанд, ки пешобкунии тез-тез ва дарднок оё дар асари бемориҳои пешоброҳа ва узвҳои ҷинсӣ ё халалёбиҳои шаҳвонӣ

(сексуалӣ) пайдо шудаанд ё не. Дар ёд доштан зарур аст, ки халалёбиҳои пешобкунӣ дар мардҳои ҷавон хеле кам ба назар мерасад, ва ҳангоми пайдо шудани онҳо, аз бемории бо роҳи ҷинсӣ гузоштагӣ гумонбар бояд шуд.

Ташхиси тафриқӣ ҳангоми пешобкунии дарднок ва тез-тез сабаби аз ҳама имконпазиртар

Систит (махсусан дар занҳо)

Уретрит

Синдроми уретралӣ (махсусан дар занҳо)

Вагинит

Бемориҳои нисбатан хатарнок

Омосҳои бадзоти

масона

ғадуди простата

канали пешоброҳа

Сироятҳо

сўзок

уретрити номахсус

герпеси узвҳои таносулӣ (ҷинсӣ)

Синдроми Рейтер

Бемории санги пешоб, махсусан сангҳои масона

Сарчашмаҳои ташхиси нодуруст

Синдроми климактерӣ

Простатит

Ҷисми бегона дар роҳхои поёнии пешоб

Туршии барзиёд дар пешоб

Табларза Реши маъмулии масона

Дивертикули канали пешоброҳа, карункул

Фуромадан ва афтидани маҳбал

Инсидоди (банд шудани) пешоброҳа

аденомаи ғадуди простата

стриктура канали пешоброҳа

фимоз

стенози сўрохии берунии канали пешоброҳа

Таҳқиқотҳои физикалӣ

Набзро таҳқиқ, ҳароратро чен, фишори шарёниро чен мекунанд.

Шикамро хеле ҷидди мепалмосанд, ба палпатсияи гипогастрия ва гурдаҳо

(халалдор шудани пешобкунӣ метавонад, ки аз бемориҳои гурдаҳо вобаста бошад) диққати ҷиддӣ бояд дода шавад. Камарро муоина ва палпатсия мекунанд.

Дар мардҳо узвҳои берунии ҷинсӣ муоина карда мешавад, таҳқиқоти ректалӣ (рострўда) мегузаронанд, дар занҳо муоинаҳои гинекологӣ анҷом дода шаванд. Ҳангоми муоина кардани узвҳои берунии занҳо инчунин ошкор намудани атрофияи эпителии сўрохии беруни канали пешоброҳа, афтидани девораи канали пешоброҳа, карункул (омосҳои хушсифати канали пешоброҳа, на чандон калон сабук, хунравӣ ва дарднок: дар занҳо дида мешавад) амалӣ карда мешавад.

Таҳқиқотҳои лабораторӣ ва инструменталӣ

Экспресс – таҳлили пешоб бо ёрии тест – хатча

Микроскопия ва кишти пешоб (ҳиссаи миёнаи пешоб ё пешобе, ки ҳангоми пунксияи болоизиҳорӣи масона гирифта мешавад).

Микроскопияи ифрозоти канали пешоброҳа (ҳангоми гумонбар шудан аз бемориҳое, к ибо роҳи ҷинсӣ мегузаранд).

Агар таҳқиқотҳои дар боло зикршуда имконият надиҳад, ки ташхиси пешбинишуда тасдиқ ё инкор карда шаванд, пас таҳқиқотҳои дигари иловагӣ мегузаронанд.

Шабона нигоҳ дошта натавонистани пешоб

Шабона нигоҳ дошта натавонистани пешоб – пешобкунии ғайриихтиёриеро меноманд, ки ҳангоми хоб дар кўдакони аз 6-сола боло, ки дар онҳо аномалияҳои анатомӣи роҳҳои пешоб дида намешавад.

Пешобкунии ғайриихтиёрӣ дар шаб дар 50%-и кўдакони 3- сола, 20%-и кўдакони 4-сола, 15%-и кўдакони 5-сола ва 2% наврасони 14-сола дида мешавад, вай дар писарбачаҳо назар ба духтарҳо бештар аст. Агар шабона нигоҳ дошта натавонистани пешоб дурру дароз нест шуда бошад ва баъдан боз аз нав пайдо шавад, онро такрорӣ ё дуюми меноманд. Шабона нигоҳ дошта натавонистани пешоб аксар вақт аз номукамал будани механизмҳои танзими пешобкунӣ ё паст будани ҳаҷми (зарфияти) функсионалии масона вобаста аст, дар бештарин мавридҳо аномалияҳои анатомии пешоброҳа дида намешавад. Шабона нигоҳ дошта натавонистани пешобро дар писарбачаҳо назар ба духтарҳо бештар дида мешавад. Такроран шабона нигоҳ дошта натавонистани пешоб мумкин аст, ки дар сарбориҳои эмотсионалӣ, таҳлука, масалан аз дуриву ҳиҷрон аз волидайн ё таваллуд шудани боз як кўдаки дигар дар оила, вобаста бошад.

Ташхиси тафриқӣ

Шабона нигоҳ дошта натавонистани пешоб бо бемориҳои зерин ташхси тафриқӣ карда мешавад:

Сирояти роҳҳои пешоб

Диабети қанд

Диабети ғайри қанд

Дисфунксияи нейрогении масона

Аномалияи инкишофи роҳҳои пешоб

Ҳангоми нигоҳ дошта натавонистани пешоб дар кўдакони аз 6-сола боло барои истисно кардани анамалияҳои анатомӣи роҳхои пешоб урографияи экстреторӣ ва УЗИ-и гурдаҳо гузаронида мешавад.

Такроран шабона нигоҳ дошта натавонистани пешоб

Ин ҳолатро дар ҳамаи синну сол дидан мумкин аст ва таҳқиқоти ҷиддиро тақозо дорад. Сабабҳои асоси ин сирояти роҳхои пешоб (махсусан дар пиронсолон), халалёбии неврологӣ, аденамаи ғадуди простата ва садамаҳои рўҳӣ мебошанд. Тарзи табобат аз сабабҳои пешобро нигоҳ дошта натавонистан вобаста аст.

Гематурия

Гематурия – ин омехта шудани хун бо пешоб аст. Макрогематурия (бо чашм дида мешавад) ва микрогематурия (эритроситҳо дар таҳти микроскоп ё бо ёрии тест – хатча) дида мешавад. гемотурияро ҳангоми бемориҳои зиёд дидан мумкин аст. Барои интихоб намудани таҳқиқотҳои иловағӣ анамнези муфассал ва таҳқиқотҳои физикалии ҷиддӣ ёрӣ мерасонанд.

Маълумотҳои умумӣ

Барои пайдо шудани макрогемотурия 1мл хун ба 1л пешоб зарур аст.

Ҳолати патологии онро меноманд, ки (макрогематурия) агар дар

1мл пешоб зиёда аз 1000 эритросит ё аз 5 эритросит дар майдони биниш (зери микроскоп ба калонкунии зиёд) бошад. Микрогемотурияи гузаранда аксар вақт пас аз сарбории вазнини ҷисмонӣ ба назар мерасад.

Микрогемотурия – ин ҳамеша аломати беморӣ (ба истиснои омехтаи хун дар пешоб дар давраи ҳайзбинӣ).

Манбаъҳои асосии макрогематурия ҳамеша аломати бемориянд

(ба истиснои омехтаи хун дар пешоб дар давраи ҳайзбинӣ).

Ҳангоми саратони гурдаҳо макрогематурия дар 40%-и ҳолатҳо, ҳангоми саратони масона бошад, дар 70%-и ҳолатҳо дида мешавад.

Дар байни омосҳое, ки ба гемотурия ҳамроҳ мешаванд, 705-ро саратони масона, 17%-ро саратони ҳавзаки гурдаҳо ва ҳолиб, 5%- ро саратони ғадуди простата ташкил медиҳанд.

Ҳангоми гемотурия ҳамеша гломерулонефритро истисно мекунанд. Барои ин кор фишори шарёниро чен, дараҷаи сафедаи пешоб ва дараҷаи креатинини зардобро муайян мекунанд.

Ба ҳамаи беморони гирифтори макрогематурия ё микронматурияи такроршаванда урографияи экскреторӣ, УЗИ – и гурдаҳо ва систоекопия нишондод (тавсия) мебошад.

Усули нисбатан маълумотдиҳандаи таҳқиқотҳои роҳҳои пешоб, урографияи экскреторӣ мебошад. Агар нисбат ба доруҳои йодӣ ҳассосият дошта бошанд, ҳангоми астмаи вазнини бронхиалӣ ва дигар зиддинишондодҳо барои гузаронидани урографияи экскреторӣ аз УЗИ-и гурдаҳо истифода мекунанд.

Ташхиси тафриқӣ ҳангоми гематурия

Сабаби аз ҳама бештар имконпазир

Сирояти роҳҳои пешоб

Систит ва уретротригонит (дар занҳо)

Уретрит (дар мардҳо)

Простатит

Бемориҳои санги пешоб (санги гурдаҳо, ҳолиб, масона),

Бнмориҳои бештари хатарнок

Бемориҳои дилу рагҳо

инфаркти гурдаҳо

тромбоз вариди гурдаҳо

Омосҳои бадсифат

саратони гурдаҳо

саратони ҳавзаки гурдаҳо, ҳолиб ва масона

саратони ғадуди простата Сироятҳо

эндокардити сироятӣ

сил

вараҷа

Гломерулонефрит

Кафидани варидҳои васеъшуда ҳангоми аденомаи ғадуди простата

Некрози ҳавзаки гурдаҳо

Сарчашмаҳои ташхисҳои ғалат

Афтодани девораҳои канали пешоброҳа, карункул

Гематурияи дуруғ (дар ғизо истеъмол кардани лаблабу, порфирия).

Кафидани рагҳои васеъшуда ҳангоми аденомаи ғадуди простата

Садамаҳо

Ҷисми бегона бемориҳои хун, к ибо хунравӣ зоҳир мешаванд

Гематурия ҳангоми сарбории ҷисмонӣ

Систити шуоӣ

Сабабҳои нодир

гидронефрозгидронефроз

васкулити геморрагӣ

шистосомоз

поликистози гурдаҳо

кистаи гурдаҳо

эндометриози масона

васкулитҳои системавӣ

пешина
аз 37
навбатӣ