ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Муоина
Анамнез. Ҳолати вазнини бемор бисёр вақтҳо имконият намедиҳад, ки анамнези пурра ҷамъоварӣ карда шавад. Ҳатман хосияти, шиддатнокӣ, мавқеъ ва паҳншавии дард, замони пайдошавӣ ва нестшавии он, давомнокии, чӣ дардро зиёд ва чӣ кам мекунад ва ғ.-ро донистан зарур аст.
Мавҷуд будан ё набудани симптомҳои зеринро дақиқ мекунанд:
- беиштиҳоӣ, дилбеҳузуршавӣ, қайкунӣ,
- пешобкунии тез-тез ва дарднок,
- қабзият исҳол.
Маълум мекунанд, кик адом маводи доругӣро бемор истеъмол мекунад. Дар занҳо мунтазам будан ва хосияти ҳайзбиниро дақиқ месозад.
Маводе, ки дарди ошкор ба вуҷуд меоранд:
Алкогол
Антибиотикҳо, масалан эритромитсин
Аспирин
Имипрамин
Кортикостероидҳо
Никотин
Маводи оҳан
Фенитоин
Ситостатикҳо
Муоинаи физикалӣ
Муоинаи физикалӣ аз рўи чунин нақша гузаронида мешавад:
- арзёбии вазъи умумӣ;
- муоина даҳон;
- арзёбии нишондиҳандаҳои асосии физиологӣ (набз, ҳарорат, фишори шарёнӣ, миқдори нафасгирӣ);
- ҳангоми дарди қитъаи эпигастрия – муоинаи дил ва шушҳо, махсусан ҳангоми набудани аломатҳои иллатёбии узвҳои ковокии шикам;
- муоинаи шикам – муоина, палпатсия, перкуссия ва аускултатсия.
Муоинаро дар ҳолати дароз кашидан ба пушт мегузаронанд, шикам бояд пурра луч бошад. - муоинаи ҷойҳои сусти девораи шикам,
- муоинаи набз дар шарёнҳои рон,
- муоинаи қисмҳои синагӣ ва камарии сутунмўҳра (ҳангоми гумонбар шудани аз остеохандроз ё остеоартроз),
дар мардҳо – муоинаи ректалӣ (маъқадӣ), дар занҳо – муоинаи гинекологӣ.
Муоинаи пешоб – муайан кардани лейкоситҳо, эритроситҳо, глюкоза, ҷисмҳои кетанӣ ва порфиринҳо,
Ҷустуҷуи симптомҳои алоҳида, монанди симптоми Мерфи, симптомҳои мушакҳои камар ва сидодӣ (пўшонда0.
Тавсияҳои умумӣ
Шикамро хеле боэҳтиёт палпатсия мекунанд. Ҳвнгоми палпатсия симптомҳои таҳрикоти шикампарда – тарангии мушакҳои девораи пеши шикам ва симптомҳои Шеткин – Блюмбегро ҷустуҷў мекунанд.
Ҷойи нисбатан дарднок, маъмулан ба ҷойгиршавии узви иллатнок рост меояд.
Ҳангоми муоина кардан аз бемор хоҳиш мекунанд, ки ҷойи бештар дарднокро нишон диҳад – ҳангоми таҳрикоти шикампарда (дарди соматикӣ) дард маҳдуд аст, бемор ҷойи дардро бо ангуштонаш нишон дода метавонад: ҳангоми иллатнок шудани узвҳои дарунӣ (дарди висералӣ) дард паҳнёфта аст, бемор ҷойи дардро бо кафи дасташро ба шикам мондан нишон медиҳад
Ҳангоми вуҷуд доштани аритмияи мерсателӣ халалёбии шадиди хунгардиши мезентералиро истисно мекунанд.
Ҳангоми тахикардия сепсис ва гиповолемияро истисно мекунанд.
Ҳангоми шоки гиповолемикӣ хунравии дохили батниро истисно мекунанд.
Нафастангиро ҳангоми сепсис, пневмония, атсидоз мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҳангоми чарбсорӣ, дар пиронсолӣ, ҳангоми бемориҳои вазнин ва истеъмол кардани кортикостероидҳо аломатҳои клиникии шиками сахт номуайян мешаванд.
Муоинаҳои лабораторӣ
Аломатҳои лаборатории баъзе бемориҳо;
- камхунӣ (дар натиҷаи талафоти музмини хун) ҳангоми решмарази меъда ва рўдаи 12-ангушта, ҳангоми омосҳои бадсифату эзофагит пайдо мешавад: - тағйир ёфтани шаклҳои эритроситҳо хоси камхунии ҳуҷайрадастмонанд мебошад.
лейкоситоз ҳангоми апендитсит, панкреатити шадид, мезаденит
(дар шабонарўзи авали беморӣ), холесистити шадид, пиллонефрити дида мешавад,
афзудани СОЭ ҳангоми омосҳои бадсифат, бемории Крон, думали ковокии шикам дида мешавад.
зиёда аз 5 маротиба баланд шудани фаъолнокии аминозҳои зардоб хоси панкреатити шадид аст; фаъолнокии амилаз мумкин аст, ки ҳангоми қатъ кардани ҳомилагии хориҷибачадонӣ, захми шикофкунандаи меъда ё рўдаи 12–ангушта, порашавии эмпиемаи талхадон ё аневрозмаи абҳари шикам низ баланд шавад.
баланд шудани сатҳи В – субхединнтсаи гонодотропини музмин дар хун ва пешоб ҳангоми ҳомилагӣ дида мешавад:
- гемотурия – ҳангоми халаи гурдаҳо (дар асари инсидоди роҳҳои пешоб ба воситаи санг ё лахтаи хун) ва ҳангоми сирояти роҳҳои пешоб ба назар мерасад,
- лейкоситурия – хоси сирояти роҳҳои пешоб ва ҳам аппендитсит (агар аппендикс дар кос қарор дошта бошад) мебошад.
- билирубинурия – ҳангоми бемориҳои ҷигар ва талхадон ба амал меояд,
- барои муайян кардани порфобилиноген дар пешоб (ҳангоми порфирия) ба он реактиви Эрлихро ҳамроҳ мекунан,
- кетонурия – ҳангоми кетоатсидози диабетӣ дида мешавад,
- дар пешоб пайдо шудани газ ҳангоми носурҳои масонаву – рўдаҳо
(оризаҳои дивертикул, думмалҳои кос, омосҳои бадсифат) ба назар мерасад;
- дар наҷосат вуҷуд доштани хун ҳангоми халалёбии шадиди хунгардиши мезентериалӣ, инвагинатсияи рўдаҳо, саратони рўдаи ғафс, дивертикулит, бемории Крон имконпазир аст.
Таҳқиқотҳои инструменталӣ
Рентгенографии ковокии шикам дар проесияи мустақим дар ҳолати рост истодан ё дароз кашидан иҷро карда мешавад. дар он ин чизҳоро дидан мумкин аст:
- санги ҳавзакҳои гурда ва ҳолиб (ureter ё пешоброҳа) (дар 70%-и ҳолатҳо дида мешаванд),
- калсификат ҳангоми аневризми абҳар батнӣ,
- аз газ дам кардани рўдаи сигмашакл ҳангоми тобхўрии он аз газ дам кардани кўррўда ҳангоми ногузаронандагии рўдаи ғафс, - аз газ дам кардани гиреҳҳо бо сатҳи моеъ ҳангоми ногузаронандагии рўдаҳо,
- норавшан будани тарҳҳо (коитурҳо)-и мушаки рости камар ҳангоми аппендитсит (бо ретросекалӣ қарор доштани аппендикс),
- газ дар зери қуббаи диафрагма ҳангоми реши сурохкунандаи меъда ё рўдаи 12-ангушта.
УЗИ (таҳқиқоти ултрасадоӣ)-и ковокии шикам имконият медиҳад, ки инҳо муайян карда шаванд:
- санги талхадон,
- ҳомилагии хориҷибачадонӣ,
- кистаҳои ҳақиқӣ ва дуруғини ғадуди зери меъда,
- аневризми ковокии шикам, метазтази ҷигар,
- ғафс шудани девораи аппендикс ҳангоми аппендитсит,
- парокалит.
Урографияи экстреторӣ.
Ирригоскопия.
Холестсиктиграфия (HIDA – 2,6 – кислотаи диметилимноди сирко истифода мешавад) – ҳангоми гумонбар шудани аз холесисти шадид.
ТК – ковокии шикам.
Усулҳои эндескопӣ - эзофагогастродуоденоскопия, пектороманоскопия, колоноскопия.
Холангниопанкреатографияи ретроградии эндоскопӣ.
ЭКГ.
3.5. Халалдор шудани пешобкунӣ ва тағйирёбии пешоб
Халалёбии пешобкунӣ ба таври васеъ паҳн шудааст – вайро дар 2%-и ҳамаи онҳое, ки ба табиб муроҷиат мекунанд, дидан мумкин аст. Ин патология дар занҳо нисбат ба мардҳо 3 маротиба бештар аст.
Ба халалёбиҳои пешоб метавон пешобкунии дарднок, зуд-зуд пешоб кардан, пешобкунии бодушворӣ, дошта натавонистани пешоб ва ғ.-ро дохил кард бештар пешобкунии зуд-зуд ва дарднокро дучор шудан мумкин аст, вайҳоро дар 1.4%-и одамони ба табиби оилавӣ муроҷиат карда дидан мумкин аст, ин шикоят дар занҳо нисбат ба марҳо 5 маротиба зиёдтар аст.
Дар кўдакон асосан шабона нигоҳ дошта натавонистани пешоб дида мешавад.
Бар иловаи халалёбии пешобкунӣ, бештари вақтҳо тағйирёбии пешоб низ дида мешавад. дар миёни онҳо гематурияро қайд кардан мумкин аст. Пешобкунии тезтез ва дарднок
Дард ҳангоми пешобкунӣ метавонад, ки дар равиши канали пешоброҳа (дар ин маврид беморон асосан аз сўзиш ва хала шикоят доранд) ва поёнии шикам пайдо шавад. Пешобкунии дарднок хоси уретрити шадид, систити шадид, простатити шадид аст. Дард ҳангоми бемориҳо аз он вобастагӣ дорад, ки пешоб луобпардаи осебдидаро ба таҳрик меорад.
Пешобкунии тез –тез ва дарднок метавонад, ки якҷоя бо симптомҳои умумӣ ва гематурия сурат бигирад.
Маълумоти умумӣ
Страгурия – пешобкунии душвор, бо дарди спазматикӣ,
Тенезм – майлҳои дарднок барои пешоб кардан, ки ба хориҷшавии миқдори ками пешоб оварда мерасонад.
Барои илтиҳоби қисмҳои поёнии роҳҳои пешоб пешобкунии тез- тез ва дарднок бо ҳиссаҳои хеле кам ва майлҳои императивии пешобкунӣ.
Ҳангоми уретрити шадид дард дар аввали пешобкунӣ, ҳангоми систити шадид дар охири пешобкунӣ ба амал меояд.
Дард ва эҳсосоти нохуши поёнии шикам хоси систити шадид аст.
Пешобкунии тез-тез ва дарднок, аз канали пешоброҳа хориҷ шудани наҷосату газ, аз маъқад хориҷ шудани пешоб хоси носури масонаву рўдаҳост (масалан, ҳангоми саратони ғадуди простата).
Пешобкунии тез-тез ва дарднок бештар дар занҳои 15-44 сола дида мешавад. Ин шикоятҳоро дар занҳое, ки якчанд ҳамхоба доранд, 4 маротиба бештар дидан мумкин аст.
Пешобкунии тез-тез ва дарднок метавонад, ки аз вагинит вобаста бошад.
Пешобкунии дардманд аксар вақт дар занҳо ҳангоми постлинопауза ба назар мерасад, зеро дар онҳо эстрогенҳо кам буда, ба атрофияи эпитнли асоси масона (пешобдон) ва канали пешоброҳа оварда мерасонад. Чунончи, тақрибан 40%-и ҳолатҳо пешобкунии тез-тез ва дарднокро систити шадиди бактериалӣ, дар 15% - вагинит (ин сабаби асосии пешобкунии дарнок ва тез- тези наврасон аст) ва 5-10%- атрофияи эпителии роҳҳои пешоб дар марҳилаи постлинопауза ташкил медиҳанд.
Ҳангоми вагинит хала ва сўзиш дар аввал ва ё охири пешобкунӣ дида мешавад. беморон гоҳо ишора мекунанд, ки сўзишро «на дар дарун, балки дар берун – дар пўст» ҳис мекунанд. Дар ҳолати гумонбар шудан аз вагинит таҳқиқоти гинекологӣ ва гирифтани дурда (мазок) аз маҳбал барои микроскопия ва кишт тавсия карда мешавад.
Дар постлинопауза ҳангоми аз пешобкунии дарднок ва тез-тез шикоят кардани одамон истифодаи мавзеӣ ё системавии эстррогенҳо тавсия карда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё