«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
– Нор, – Ширинбек занашро, ки Гуланор ном дошт, кӯтоҳ чунин меномид, – дилам нашуд, ки хонаву ҳавлии падарамро бесоҳиб гузорам. То ман зиндаам, хоре ба поятон намехалад.
Гуланор дасторхонро бардошта буд, ки Давлатназар даромад. Вай имсол ба ҳабдаҳ қадам мегузошт. Ҷавони баландболо, сабзина ва ҷасуре шуда буд. Давлатназар падарро оғӯш гирифта, пас аз ҳолпурсӣ хоҳиш кард:
– Татҷон, берун бароем, коре пеш омад.
Ширинбек ба рӯи ҳавлӣ баромаду суроби одамеро дар торикӣ дида, пурсид:
– Ин кист?
– Ҳамсояамон Диноршо.
Диноршо худро ба пойи оқсақол афканда, фиғон баровард:
– Ширинбек, ман гуноҳе надорам. Мани фақир куҷову қасди ҷони шоҳ кардан куҷо?! Ба арвоҳи ҷадди бузургат ба зану фарзандонам раҳм кунед.
Ширинбек Диноршоро ба по рост кард ва бо ҳайрат пурсид:
– Давлат, ин мард аз куҷо пайдо шуд? Магар дар қатори маҳкумшудагон набуд?
– Буд, аммо тир ба танаш нарасидааст. Вақте ба Демурғон даромадем, аз худ дарак дод.
– Зинда буданашро кӣ медонад?
– Ҳамаи онҳое, ки ҳамроҳи мо буданд.
– Шаби сиёҳ ду қаламам кунад, агар гуноҳ карда бошам, – боз ба илтиҷо даромад Диноршо. – Оқсақол, охир ту фарзанди ҳа1. Тāт (шуғнонӣ) – падар мин деҳаӣ, падарам пиди1 модари раҳматиат буд, ману ту бародарем...
Барои Ширинбек чун рӯз равшан буд, ки Диноршо ягон гуноҳ надорад. Шоҳ барои тарсондани чашми мардум ба чунин қабоҳат даст зад. «Аз намурдан мурданаш беҳтар буд», – дар умқи дили Ширинбек чунин андеша барқ зад ва ӯ худро барои чунин фикри зишт ноҳинҷор ҳис кард. Шоҳ аз зинда мондани
Диноршо ҳатман огоҳ мешавад. Агар оқсақол пинҳонаш созад, ба ғазаби шоҳ дучор мегардад. Агар ба ӯ ёрӣ нарасонад, байни хешу табор обрӯяш мерезад.
– Ту ба хона даро, хӯрок хӯру дам гир, ману Давлат барои талаби афват ба назди шоҳ меравем.
– Ҷонам қурбонат, Ширинбек, – дар дили Диноршо шуълаи умед дурахшид. – Як умр ғуломат мешавам.
Диноршоро ба хона дароварданд. Ширинбек қазияро кӯтоҳ ба ҳамсараш тавзеҳ дод, таъйин кард, ки ҷабрдидаро сер кунаду дар даҳлез ҷогаҳи хобаш андозад.
Ширинбек мутмаин набуд, ки гапаш ба Муҳаббатхон мегузарад. Аз ин рӯ, қарор дод, ки ду шахси бонуфузтарини деҳаро ҳамроҳ гирад.
– Бачам, Сарҳадбеку Мироншоро бо худ гирифтан лозим.
Шоҳ гапи моро намегирад.
– Гапи онҳо чӣ қурбе доштааст? – пурсид Давлатназар.
– Вақте Муҳаббатхон дар Шохдара ҳоким буд, Сарҳадбек барояш айёрӣ мекард. Мироншо дар куштани девонбегӣ
Муҳаммадкарим корнамоӣ карда буд. Ҳар ду дар пеши Муҳаббатхон азизанд. Шоҳ ба ҳар ду дар деҳаи мо замин ҳадя кард, вагарна инҳо демурғонӣ нестанд.
Нахуст ба хонаи Сарҳадбек даромаданд. Ӯ чун аз муддаои оқсақол огоҳ шуд, гуфт:
1. Пид – касе, ки чодари арўсро дар рӯзи сур бардошта, рўяшро мекушояд ва падари ў эълон мегардад. – Меравем, албатта, рафтан даркор. Лекин Диноршоро танҳо гузоштан лозим нест.
– Барои чӣ? – пурсид Ширинбек.
– Муҳаббатхон ниҳоят бадкинаву сипоҳ аст. Ба куштани
Диноршо ҷаллод фиристоданаш мумкин.
– Вай дар хонаи ман аст, – гуфт Ширинбек.
– Барои шоҳ чӣ фарқ дорад, ки хона аз кист. Беҳтараш ту ба хона баргарду ҳушёр бош. Гапи маро нагирад, гапи Мироншоро мегирифтагист.
Ширинбек ба хона баргашт, Давлатназару Сарҳадбек Мироншоро гирифта, ба Саройи санг рафтанд.
ДАР меҳмОНИИ шоҳ
Шоҳ Муҳаббатхон чилими тоза кашид, бар бистари мулоим пушт зад ва ноҷунбон ба гирдоби андеша фуру рафт.
Ҳодисаҳои рӯзонаро як-як пеши назар оварду эҳсоси гуворои ғалаба ба ҷонаш роҳат бахшид. «Имрӯз ҳукумати маро тамоми
Шуғнон ҳис кард. Бигзор донанд, ки ман на Асфалихонам, на Абдураҳимхон. Ман МУ – ҲАБ – БАТ – ХОН – ам! Бигзор, муҳаббати маро истифҳом кунанд, аз тарсу ваҳм ба ман муҳаббат варзанд. Ин мардум чунинанд: ҳар қадар сахташон бигирӣ, ҳамон қадар дӯстат хоҳанд дошт.
Бонаки чилимдор дар кӯфт ва хаёлоти фараҳбахши шоҳ парешон шуданд.
– Чӣ мегӯӣ, Бонак?
– Шоҳам, валъамат1 Сарвиноз мунтазири амр аст.
– Биёяд.
Зани нозукандоми хушқаду қомат аз паси пардаҳои даромадгоҳ хиромон назди шоҳ омад ва таъзими зебое кард. Муҳаббатхон аз остинаш гирифта, ӯро рӯи ҷогаҳ нишонд.
1. Валъамат – хонум, хитоб ба зан дар Шуғнони он давр – Дарди сарат монд, азизам? – пурсид шоҳ бо оҳанги нарму навозишомез.
– Ду рӯз боз худро беҳтар ҳис мекунам, – хеле паст ҷавоб дод зан ва сарашро поин андохт.
– Нигоҳатро надузд, ҷонам. Дар ин ҷаҳон боиси дилхушии ман ҳамин нигоҳи туст. Медонӣ, вақте зани падарам будӣ, ҳар гаҳе туро медидам, ба чи ҳоли баде меафтидам! Шабу рӯз чеҳраи зебою қомати дилрабоят аз пеши назарам дур намерафт. Гӯё девонае будам. Он вақт намедонистам, ки муҳаббат чист. Муҳаббат туӣ, Сарвиноз! Оё медонӣ чи қадар дӯстат медорам.
Шоҳ аз кисааш шаддаи муҳра бароварда, ба Сарвиноз дароз кард.
– Шоҳам, ин чист?
– Ин ҳамел танҳо ва танҳо зеби гардани Сарвиноз аст.
Муҳраи дурахшоне, ки байнашон мебинӣ, лаъл аст, лаъл!
Шоҳ шаддаро ба гардани Сарвиноз овехта, ӯро ба оғӯш кашид. Сарвиноз бо ишва худро аз оғӯшаш раҳо карда, таъзиме намуд.
– Арзе дорӣ, азизам?
– Оре.
– Бигӯ, қурбон.
– Шоҳам, дигар зани қумоӣ1 будан намехоҳам. Аз муносибати мо панҷ сол гузашт. Духтарамон чорсола шуд. Дигар тоқати шунидани пичингу ғайбати мардумро надорам. Тассадуқ.
Муҳаббатхон гирди бистар се бор давр зада, рӯбарӯи Сарвиноз сари по нишаст ва гуфт:
– Рост мегӯӣ, валъамат, ҳафтаи оянда никоҳ мекунем. Тамом? Қонеъӣ?
Сарвиноз бархосту таъзим кард. Шоҳ ӯро рӯйи бистар кашиданӣ шуд, ки зан ангушт ба лаб бурда, ширин хандид ва гуфт:
1. Қумоӣ – зани беникоҳ – Шоҳам, акнун ман номзади туам. Як ҳафта муддате нест, ки тоқат накунӣ.
Шоҳ дасташро бӯсид ва фарёд кард:
– Бонак, валъаматро ба ҳарам бар.
Чилимдор дарро кушод ва аз паси парда овоз дод:
– Мунтазир, шоҳам.
Сарвиноз боз таъзими зебое кард ва бо ишваю ноз бадар рафт.
Пас аз муддате Бонак даромад ва гуфт:
– Шоҳам, Занҷир пушти дар истодааст.
– Дарояд.
Занҷир даромад, таъзим кард ва мунтазири амр истод.
– Чӣ хап истодаӣ, гап зан!
– Шоҳам, Мазҳабшову писараш Маҳмадзиё зинда мондаанд.
– Тамом?
– Таҳқиқро то субҳ давом медиҳем.
– Эҷабро ҳозир кунед.
Бонак Эҷабро овард. Шоҳ амр кард:
– Одам бигиру ба хонаи Мазҳабшо рафта, ӯ ва писарашро кушед.
Эҷаб пурсид:
– Шоҳам, ба шамшер ё ҳалқовез, ё...?
– Бо шамшер пора-пора кунед.
Муҳаббатхон бо хашм дасташро шамшервор чанд бор болову поин бурд. Ҷаллодон рафтанд. Муҳаббатхон чилим хост ва рӯбарӯи Бонак истода, гуфт:
– Аз дасти ман ҷон ба саломат бурдан осон нест, Бонак! –
Шоҳ чилимашро чанд бор ба синаи ӯ бо нармӣ кӯфт, – Бояд донанд, ки Муҳаббатхонро касе фиреб дода наметавонад.
Бонак сар ҷунбонда, ҳар як суханашро тасдиқ мекард. Аз тарс дастонаш меларзиданд.
– Масалан, куштани ту ва ҳамдеҳагонат барои ман душворие надорад. Ё не?
– Надорад, шоҳам, албатта, надорад. – Шумо – хуфиёнро барои мардуми хуб буданатон ба хизматам роҳ додаам. Агар дар бораатон сухане шунавам, ҳо – оо
– о, модар набинад дарди фарзанд. Воқеан номи аслиат чист?
– Меҳрубоншо, шоҳам.
– Бонак, – шоҳ зери лаб хандид, - Бонак, Бон-ак, а?
– Оре, шоҳам, – хандаи ночаспоне кард Бонак ва дам ба дарун зад.
– Медонӣ, қавмат барои чӣ дар хизмати ман аст?
– Бале, шоҳам, барои супурда натавонистани хироҷ.
– Хуфиён шабу рӯз бояд дар ҳаққи ман дуо кунанд, ки онҳоро ба фурӯш надодам.
– Тасаддуқ, шоҳам, тасаддуқ.
– Бин, каси борхоҳ ҳаст ё не?
Бонак ҷониби дар шитофт ва зуд баргашт.
– Шоҳам, аз Демурғон Сарҳадбек бо ду кас омадааст.
– Дароянд.
Сарҳадбек пеш-пеш, Мироншову Давлатназар аз паси ӯ ворид шуда, салом доданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё