«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Он рӯз барои мардум таҳлукаомезу фоҷеавӣ сар шуда бошад ҳам, осмони охири моҳи саратон ғуборе надошт. Хуршед бо нурборони саховатмандона заминро пуртобу таб карда буд. Расо ними рӯз як гурӯҳ навкарон, маҳбусонро дар миёна гирифта, ба майдон бароварданд. Расанеро ба камари ҳар маҳбус ҳалқа карда, дар масофаи якқадамӣ онҳоро ба ҳам баста, ҳар ду нӯгашро ба замин гулмех заданд. Сипас навкарон дар ду тарафашон саф оростанд.
Дар айвони тӯпхона се кас пайдо шуданд. Дар байн – худи шоҳ, дар ду паҳлуяш ҷаллодон Салор ва Эҷаб. Нолаву фарёди хешу ақрабои маҳкумшудагон ба фалак печид.
Бо ишораи Муҳаббатхон Эҷаб камони дасташро ба ӯ дод.
Шоҳ маҳбусонро нишон гирифт ва парронд. Касе ғалтид. Шоҳ натиҷаи амалашро интизор нашуда, камони Салорро ба даст гирифт. То нишон гирифтану тир холӣ кардан аз камони Салор Эҷаб камонашро пур карда, ба шоҳ медод ва баракс. Доду бедод, нолаву зории мардум ва навҳаву лобаи ҷонхароши занон, духтарон ва кӯдакон ба гӯши Муҳаббатхон намерасид. Ӯ он қадар ба шавқу шӯр саргарми тирборон гардид, ки тири охиринро парронда бошад ҳам, боз даст ба камон бурд. Вақте дуди борут пароканд, шоҳ ду-се дақиқа қурбониёни худро, ки дар ҳар ҳолате ба замин афтода буданд, тамошо карду сипас ба тӯпхона даромада, нопадид шуд. Мардум хостанд ҷасади наздиконашонро бигиранд, аммо навкарон бо шамшерҳои бараҳна ҳушдор доданд, ки касе наздик ояд, захм хоҳад хӯрд.
Ин гуна тирборони ваҳшиёнаи одамонро дар Шуғнон касе дар хотир надошт. Мирзоазиз ин ҳама даҳшатро аз болои шах тамошо мекарду дилаш хун мегирист. Дар пеши назари садҳо кас аз дасти як нафар ваҳшии одамсурат ҳалок шудани бандиёнро бо чашмони худ дида, бовараш намеомад, ки мардум дар назди шоҳ ин қадар оҷизу нотавон бошад. Хурдсол бошад ҳам, аз ҳайбати шоҳу ҳалокати одамон наҳаросид. Баракс хунаш чунон ба ҷӯш омад, ки мехост аз шах фарояду рост ба қалъа равад ва Муҳаббатхонро бо ду ҷаллодаш зада, устухонҳояшонро реза-реза кунад. Бо ҳамин изтиробу ҳаяҷон аз шах пойин омаду ҷониби Саройи санг раҳсипор шуд.
Вақте ба майдон наздик омад, шоҳиди фоҷеаи дигар гардид: қозӣ Давруқ ва хоҳари оқсақоли деҳаи Виёд аз ғами кушта шудани фарзандонашон дилкаф шуда мурдаанд.
Шом фаро мерасид, қурбониён дар саҳни майдон ғарқи хоку хун мехобиданду ду ҷасади дигар дар ҳалқаи мардум.
Мирзоазиз аз байни одамон роҳ кушода, худро ба сари мурдаи қозӣ Давруқ расонд. Чакмани дароз ва саллаи мӯйсафедро кушода, болои ҷасадаш партофта буданд. Одамони хасташуда фиғону нола ҳам карда наметавонистанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ ба замин нишаста, зери лаб мемӯиданд. Ин мӯиши паст, ки аз забони даҳҳо нафар марду зан якбора мебаромад, ба ҳам пайваста, оҳанги ҷонгудозе ба вуҷуд овард. Ин забони мотам буд, мотами халқи Шуғнон.
Гоҳе аз гӯшае садои кашшагӯии осмонхароши зан ё марде баланд мешуду сӯзу гудози мардум алангаи тоза мегирифт.
Лаънат ба шаҳе, ки рӯзамон кард сиёҳ,
Дар хонаи мардум аст аз ӯ гиряву оҳ.
Эй Бор Худо, сиёҳрӯзаш гардон – е–е,
Бар хоки сияҳ фикан ту ин тахту кулоҳ.
Ин рубоӣ ба оташи аламу ҳасрати мардум равғани сӯзон рехт.
Оҳу нолаи халқ ба гардунҳо паровар гашт ва марде хитоб намуд:
– Лаънат ба Муҳаббатхон!!
Мирзоазиз ҳам ба ҷамоат ҳамсадо гашт ва баъди чанд бор лаънат фиристодан ба шоҳ худро сабук ҳис кард. Ба назараш чунин намуд, ки бо ҳар бор садо додани ин хитоб қалъаи Баҳрпанҷа ба ларза меояду тире ба синаи Муҳаббатхон холӣ мешавад.
Хуршед домани чун ҷомаи шаҳидон хунолуди худро аз фарози қуллаҳо барчид ва барои торикӣ ҷой холӣ кард. Муҳаббатхон дар хилватгоҳаш масти хоб буд. Пас аз он ки қаҳру ғазаби худро бо тирборон ба сари бандиён рехт ва хунашонро хаёлан нӯши ҷон намуд, асабҳояш ором гирифтанд. Ба ҳуҷраи хоб даромада, амр кард, ки то худ бадар наояд, безобитааш накунанд. Чун шаб аз ғояти асабоният ва ҷӯшиши хашм мижа таҳ накарда буд, дарзамон хобаш бурд. Вале дере нагузашт, ки бо сари гиҷ ва табъи хира бедор шуд. Хоб дид, ки падараш бо ришу мӯйи титу парешон миёни тӯдаи барф нишаста, ҳар замон кулӯлае ба ҷониби ӯ ҳаво медиҳаду фарёд мекашад:
«Номамро ба ёдам расон, ки фаромӯш кардаам».
Муҳаббатхон ҳарчанд фарёд мезад, ки «номат Абдураҳимхон» аст, падар саволашро такрор карда, он қадар барфборонаш намуд, ки то гулу ғарқ шуд. Ҳарчанд даступо мезад, баромада наметавонист. Ин асно бедор шуду эҳсос кард, ки баданашро арақи сард зер кардааст. Аз ҷо барҷаста буд, ки ба гӯшаш шевани мардум расид. Тозон ба даҳлез баромада, садои мардумро возеҳ шунид, ки мегуфтанд: «Лаънат ба Муҳаббатхон!»
– Муборак, ҳо Муборак! – бо хашм фарёд кашид шоҳ.
Дақиқае пас Муборак, ки оқсақоли Синург буд, ҳозир шуд.
– Ин чӣ бемазагӣ?
– Тақсир, маъзарат мехоҳам, вале агар ҳоло халқро пароканда кунем, ба ҷанг даст мезананд. Қозӣ Давруқ ва як зани виёдӣ мурдаанд. Мардум ҷасади кушташудагонро талаб дорад.
Шоҳ каме мулоҳиза карду амр дод:
– Бирав, бигӯ, ки мурдаҳоро бардоранд. Занҷирро даъват кун.
Оқсақол «хуб шудааст» гӯён берун рафт.
Бонак дартоз омада, ба шоҳ чилим дароз кард. Шоҳ дуди онро маззакунон фуру бурд ва бо заҳрханди тунд нимшунаво ғурунгид:
– Фардо модаратонро лаънат хоҳед кард, ки шуморо зодааст. – Ва баргашту чилимдорро тозиёнае кӯфта, бонг зад:
– Зону зану понздаҳ бор худатро лаънат кун!
Чилимдор дузону зад ва гуфт:
– Ман лаънатиам.
Шоҳ дастаи қамчинро ба сараш кӯфт ва дод зад:
– Баландтар!
Чилимдор бо тамоми овоз фарёд кашидан гирифт:
– Ман лаънатиам!
Ин замон Занҷири ҷаллод даромада, дар пушти чилимдор истод. Шоҳ аз китфаш зер карда, ӯро дар паҳлуи чилимдор шинонд ва ишора кард, ки ба лаънатгӯии Бонак ҳамроҳ шавад.
Онҳо «Ман лаънатиам!» гуфта дод мегуфтанду Муҳаббатхон чилим кашида, қадам мезад. Сипас даст бардошт, ки бас кунанд. – Ман понздаҳ маротиба гуфтам, шумо аз бист гузарондед, лаънатиҳо!
– Бибахшед, шоҳам,– гуфтанд бо як овоз ҷаллоду чилимдор.
– Бонак, ту бирав.
Чилимдор рафт. Шоҳ ба Занҷир рӯ овард:
– Чӣ хабар?
– Зани бародари оқсақол Сафар дар ҳақатон шоирии хеле бад гуфт, чунки хоҳари оқсақол барои кушта шудани писарамаки шавҳараш дилкаф шуд. Пас аз он ки ин занак шоириашро хонд, мардум ба лаънатгӯӣ оғоз карда...
– Бас! – наъра кашид Муҳаббатхон, – Боз чӣ хабар? Оқсақол
Сафар буд ё не?
– Албатта, буд, шоҳам. Сарашро дудаста қапида, диккак нишаста буд.
– Ҳо ҳаромзодае, садқаи нону намакам шавӣ..., – аз ғояти ғазаб рагҳои гардани шоҳ дамиданду давоми гапашро гуфта натавонист.
– Боз чӣ?
– Мардум мунтазири иҷозаи шумоянд, ки мурдаҳоро бардоранд.
– Иҷозат.
Муҳаббатхон ришашро дақиқае ханҷол зада, сипас бо овози паст ба Занҷир нақшаи кашидаашро фаҳмонд:
– Шобдулфайзу Сурхонро ҳамроҳат гиру ба манзили мурдадорон равед. Худро ошкор накарда, маълум намоед, ки кадоме аз тирзадагон мурдаву кадоме зинда мондааст. Дар бораи зиндаҳо зуд ба ман хабар расонед. Фаҳмо?
– Бале, тақсир.
– Бидав!
Занҷир дав-давон аз пайи иҷрои супориш шуд. НафРАтзАДАГОН
Ширинбек, оқсақоли Демурғон, дар Рӯшон хешу табори бисёр дошт. Падараш чоснудӣ буду модараш демурғонӣ. Амакаш, ки духтари худро ба шавҳар медод, ӯро ба тӯй даъват кард. Фасл тобистон буду роҳҳо кушода. Ширинбек ҷирани бодпояшро савор шуду савғотии фаровон гирифта, ду рӯз пеш аз сур худро ба Чоснуд расонд. Амакаш Ҳоҷимаҳмад халифаи он мавзеъ буд. Вай на танҳо дар Рӯшон, балки дар Ванҷ, Дарвоз ва Бадахшон ҳам нуфузу эътибори зиёд дошт. Ба ин хотир, аз деҳаҳои дуру наздики Рӯшон, Дарвозу Ванҷ ва ҳатто Файзободу Қундуз ҳам ёру дӯстони қадрдон ба табрикаш омада буданд. Бисёрашонро Ширинбек бори аввал медид. Аҷибаш ин буд, ки вақте амакаш ӯро чун мансабдори шоҳи Шуғнон муаррифӣ мекард, баъзеашон рӯ турш мекарданду иддае зуд аз наздаш дур мешуданд. Ширинбек дар ҳолати ногувор монда, чи карданашро намедонист. Вале пас аз нишасту бархости чандрӯза бо одамони гуногун билохира муаммои канораҷӯии одамонро кушуд: гап дар он будааст, ки онҳо ба Муҳаббатхон нафрати беандоза доштаанд.
Панҷ-шаш сол пеш Муҳаббатхон ва Юсуфалихон бо лашкари гарон аз Бадахшон ба Шуғнон омада, падарашон Абдураҳимхонро маҷбур карданд, ки истеъфо диҳад. Ӯро, ба хотири кӯтоҳ сохтани дасташ аз умури давлатдорӣ ба деҳаи Баҷув бадарға карданд. Бародарашон Амирбек, ки дар Рӯшон ҳоким буд, аз маъзул гаштани падар огоҳ шуда, тарсид ва ба амири
Бухоро паноҳ бурд. Муҳаббатхон ҳукумати Шуғнонро ба даст гирифта, Рӯшонро ба бародараш Юсуфалихон дод.
Амирбек ҳам бекор нанишаст ба поймардии амири Бухоро
Мир Сайид Муҳаммадбек лашкар талабида, хост ҳокимияти Рӯшону Шуғнонро аз нав ба даст орад. Дарвоз тобеи аморати Бухоро буд ва ин амр, албатта, дар мувофиқа бо амири Бухоро сурат гирифт. Амирбек қалъаи Почвари Рӯшонро бо ҷанги кӯтоҳе гирифт ва омодаи набарди ҳалкунанда бо бародарони худ шуд.
Муҳаббатхон ва Юсуфалихон аз бародарони модарҷудои худ
Амирбек ва дигарон бо он мумтоз буданд, ки дар роҳи ба даст овардани мақсуд аз ягон навъ разолату ноҷавонмардӣ рӯ намегардонданд. Ин ду бародар яке аз дигаре золимтар, маккортар ва худхоҳтар буданд. Онҳо баробари хабар ёфтан аз ҳуҷуми
Амирбек ба Рӯшон, нахустин коре, ки карданд, падари худ Абдураҳимхонро аз Баҷув ба деҳаи Барсеми Ғунд кӯчонданд.
– Зимоми сиёсат дар дасти шоҳи Шуғнон Муҳаббатхон буд.
Нақшаи амалро ҳам ӯ тартиб дода, барои он ки боиси ранҷиши хотири Юсуфалихон нашавад, бо ӯ муҳокима мекард, – гуфт дар як суҳбат Ҳоҷимаҳмад, ки аз сиёсату давлатдории шоҳони тамоми минтақаҳои атроф огоҳии хуб дошт. – Амирбек даҳ рӯз дар хонаи ман иқомат дошт. Ман ба ӯ гуфтам, ки «шоҳбача, аз раъят баргард, Муҳаббатхон шахсе нест, ки бо ӯ бозӣ кунӣ».
Шоҳбача аз ман малол шуд ва гуфт, ки амир барои фатҳи Шуғнон дувоздаҳ ҳазор сарбоз додааст. Муҳаббатхон ва Юсуфалихон тамоми Шуғнону Рӯшонро ба по хезонанд ҳам, шаш ҳазор ҷанговар пайдо намешавад. Ман гуфтам, ки дар ҳар сурат, эҳтиёт кунад, ки ҷанг бештар тадбир мехоҳад, то шамшер. Чун толеъномаашро дида будам, иқболи шоҳӣ надошт.
Аммо, медонӣ, Муҳаббатхони дурандеш чӣ кард? Ба Занҷири демурғонӣ пинҳонӣ амр дод ду бародари наврасаш – Абдулғозихон ва Абдулшаҳидхонро, ки аз Сафармо, ҷавонтарин зани падараш, зода шуда буданд, ба деҳаи Чарсеми Ғунд бурда, парронад. Пасон баргашта ба Барсем ояд ва Абдураҳимхонро хафа карда кушад. Занҷир шоҳбачаҳоро дар як бой1 гӯр кард ва мурдаи шоҳ Абдураҳимхонро ба Баҳрпанҷа оварда, гуфт, ки ӯ аз қабзи меъда мурдааст. Муҳаббатхону Юсуфалихон дар Рӯ1. Бой – ғори кӯҳӣ шон дар масофи Амирбек буданд ва амр карданд, ки падарашонро дар деҳаи Баҳшор дафн кунанд.
Лашкари Амирбек то деҳаи Барзуд пеш рафт, аммо аз рӯшониҳо шикаст хӯрда, ба Почвар ақиб нишаст. Муҳаббатхон ба гирифтани қалъаи Почвар даст зад, вале дар чанд ҳамла дастёб нашуд. Амирбек фурсати муносиби ҳуҷум меҷуст. Муҳаббатхон чун дид, ки вақт кашол меёбад ва фатҳи қалъа корест душвор, роҳи макрро пеш гирифт. Ӯ ва Юсуфалихон ба унвони бародарашон мактубе бо чунин мазмун навиштанд, ки ту бародари бузурги моӣ ва ба мо ҳукми падарӣ дорӣ. Моро бо ту дар миён хусумате нест, ҳар чи низоъе буда, мобайни туву падари мо Абдураҳимхон будааст. Ба ҳукми қазову қадар даври салтанати ӯ ба охир омад ва ҳоло аз рӯи инсофу адолат давр даври туст, зеро ба солу таҷрибаи ҳукмронӣ аз мо бузургтарӣ.
Бидон ва огоҳ бош, ки мардуми Шуғнон ҳокимияти моро намехоҳанд ва рӯзу шаб дар садади онанд, ки дар ҷое сустӣ кунему тоҷу тахтро аз мо рабоянд. Агар дар байни мо ҷанги тӯлонӣ афтаду ту ғалаба кунӣ, мо ҷумла асири дарвозиҳо мешавем ва туро низ сари салтанат нахоҳанд гузошт. Чун писари Абдураҳимхон ва бародари моӣ ва ин қонуни нонавиштаи давлатдорист. Раъйи дуруст он аст, ки мо се бародар аз дари сулҳ дароем ва бо ҳам бинишинему маслиҳат бикунем.
Амирбек номаи бародаронашро мутолиа намуда, гапашонро ба ҷон бовар кард. Чун дар охир ба номи Аллоҳу Муҳаммади Мустафо ва чорёри пайғамбар қасам хӯрда буданд. Ғайр аз ин, чунин кушоиши ғайриинтизори қазия ва базудиву осон расидан ба тахти салтанат чашми оқибатандеши ӯро хира сохт. Ва ӯ ба мулоқот ризоият дод.
Рӯзи дигар Муҳаббатхону Юсуфалихон дар соати таъйиншуда бо ҳадяву савғо ва иззату икроми зиёд ба мулоқоти
Амирбек шитофтанд. Дар қадамаш сар монданд, шоҳаншоҳи мулки Шуғнон эълон карданд ва барои ӯ ва аҳли рикобаш дар боғистони лаби рӯд зиёфати пурдабдаба оростанд. Маро ҳам
Амирбек ба ин зиёфат даъват кард. То гашти рӯз базму тараб давом ёфт. Амирбек аз он ки бародаронаш дар мазҳаби суннат пойдор мондаанд, изҳори хушнудӣ намуд.
– Ман ин ҳама солҳои ҳиҷрат гумон мекардам, ки шумо ҳам мазҳаби шуғниҳоро гирифтаед ва ин як сабаби адоватам бо шумо гашта буд.
Муҳаббатхон гуфт:
– Худо нигаҳ дорад. На бобо, на падар, на мо мазҳаби ин осиёнро эътироф накардаем ва фарзандонамон низ. Ин мазҳаб нест, кофарӣ ва берун шудан аз ислом аст.
Ман дигар тоқати шунидани гапи шоҳзодаҳоро накарда, ба баҳонае бархоста, ба хона рафтам. Рӯз торик нашуда, хабар омад, ки Муҳаббатхон ва Юсуфалихон Амирбекро куштаанд.
Онҳо ба як даста сарбозон махфӣ амр додаанд, ки Амирбекро пас аз анҷоми зиёфат, вақте ҷониби қалъа равад, бипарронанд. Навкарон Амирбекро парронда, лашкарашро асир мегиранд. Муҳаббатхон тахти Шуғнонро худ гирифту Рӯшонро ба
Юсуфалихон дод. Чанд сол гузашт, ки ҳирси тоҷу тахтталабии
Муҳаббатхон боло гирифту ба Рӯшон ҳуҷум овард. Юсуфалихон ба Бадахшон фирор кард. Рӯзи сиёҳе, ки Муҳаббатхон ба сари мардуми Рӯшон овард, таърихи олам ёд надорад.
– Эҳсоси мардуми Шуғнону Рӯшонро фаҳмидан мумкин, инҳо табааи Муҳаббатхонанд, аммо дарвозиён бо ӯ чӣ мухолифат доранд, ки аз шунидани исмаш рӯ турш мекунанд? – охируламр саволи чанд рӯз дар хаёлаш пайдошударо ба забон овард Ширинбек.
Халифа Ҳоҷимаҳмад чунин посух дод:
– Писарам, Асфалихон (Юсуфалихонро чунин ном мебурданд) пас аз кушта шудани Амирбек бисёре аз лашкариёни
Дарвозро қатл кард. Онҳое, ки асир афтоданд, азоби дӯзах насибашон гашт. Бародарон иддаеро ба аъёну акобир ба ғуломӣ доданд, бархеро ба Бадахшону Кобул бурда, фурӯхтанд. Барои ҳамин дарвозиҳо тоқати шунидани номашонро надоранд.
– Халифа зери лаб калимаи радди куфр хонда, ба чор тараф пуф кард ва суханашро ҷамъбаст намуд. – Бачам, Муҳаббатхон пушту рӯй надорад, ҳар қадаматро дониста мон, ҳар суханатро санҷида гӯй. Туро ба хотири эҳтиром доштанат дар Рӯшону Дарвоз оқсақол таъйин кардааст. Худатро эҳтиёт кун. Ман бароят ҳайкал1 менависам, то аз офатҳо нигаҳбонат бошад.
Ду рӯз пас аз анҷоми сур Ширинбек роҳи Шуғнонро пеш гирифт. Ҳайкали чармпеч аз китфи рост то зери бағали чапаш ба монанди тасма ҳамоил буд.
Ширинбек шоми танг ба Демурғон расид. Қиссаи бо дасти шоҳ парронда шудани сӣ маҳбусро то ба деҳа расидан роҳгузарон барояш нақл карда буданд. Зану фарзандонаш мотамзадагонро мемонданд. Ӯро бо ҳоли парешон пешвоз гирифтанд.
Занаш баробари салом инони гиряро сар дод:
– Гумон кардам, ки туро ҳам ҳабс карданд. Аз ғусса ба ҷон расидам.
– Ман ягон гуноҳ накарда бошам… Барои сафари Рӯшон иҷозаашро гирифта будам.
– Ширин, хаёл мекунӣ ин маҳбусон гуноҳ доштанд? Худоё, ин чӣ рӯзе буд, ки ба сари халқ омад?!
Оқсақол бори аспашро фароварда, ба зану фарзандонаш ҳадяҳо тақдим кард. Бо омадани ӯ, гӯё дар хона якбора чандин чароғ афрӯхта бошанд, эҳсоси андӯҳ аз дили ҳама бадар рафт.
– Давлатназар куҷост? – писари аз ҳама бузургашро надида, пурсид Ширинбек.
– Чопоре омада, мардумро ба тамошои қатли маҳбусон. Ӯ ҳамроҳи чанд тан ба қалъа рафт. Занаш ширбиринҷ овард ва аҳли хона якҷо сари дасторхон нишастанд.
– Ширин, дар Ёрканд чи зиндагии тинҷу ороме доштем.
На ҷанг буд, на золимӣ. Дар ин ҷо фарзандам қазои ҳоҷат барояд, метарсам, ки улчакиаш накунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё