Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ як табақ мева чида, дар ҷараёни об шуст ва дар лаби ҷӯй нишаста, ҳарисона хӯрдан гирифт. Мехӯрду ҳис мекард, ки чи гуна нафсаш ором мегирад, чи сон ҳар пораи фурубурда хуморашро мешиканад, дилаш таскин меёбад. Чи лаззате дорад меваи кӯҳистон!

Ҷаҳонгир аз ҷо бархоста буд, ки писараке ҳарсосзанон ба боғ даромада, рост назди ӯ омад.

– Бобо, Мирзоазизро ҳабс карданд! – хитоб кард писарак.

Сиву ду рагу пайи Ҷаҳонгир таранг шуд, ангор ба дилаш наштар заданд.

– Чӣ хел ҳабс карданд? Кӣ? Барои чӣ?

– Навкарони шоҳ ба мактаб омада, бо охону Мирзо ҷанг карданд.

– Охон дар куҷост? – Ҷаҳонгир нафаси жарфе кашида, худро ба даст гирифт.

– Охонро ҳам бурданд.

Ҷаҳонгир сари писаракро сила кард ва меваҳои боқимондаро ба домани ӯ рехт.

– Ту писари кӣ?

– Набераи Исҳоқ.

– Барака ёб, бачам. Бобот рафт?

– Ҳа, саҳари барвақт рафтааст. Ман дар хоб будам.

– Акнун бирав, рост ба хонаат бирав, бачам.

Писарак домани пурмеваашро қапида, тозон аз боғ баромад.

Ҷаҳонгир зери лаб дуои «Ноди Алӣ»-ро хонд. Ҳар гоҳе нийяти ҷанг кунад, ҳамин дуоро се бор ба забон меовард. Сипас нимшунаво хитоб намуд: «Ҳалло, Муҳаббатхон, аҷаб иштибоҳе кардӣ! Фикр кардӣ, ки ман аз кор мондаам?»

Ҷаҳонгир ба хона даромад, силоҳ гирифт ва барои он ки синҳорашро аз воқеа огоҳ накунад, гуфт:

– Духтарам, ман Мирзоро аз мактаб гирифта, ба Сарчашма меравам. Мо шоми торик бармегардем, баъд арзанатолаатро мазза карда мехӯрем.

Дурдонамо, ки ба давуғеҷҳои ногаҳони хусураш одат карда буд, аз чизе пайхас набурда, гуфт:

– Худо нигаҳбон, падар, роҳи сафед, оби соф1. Абзори ҷангро чаро гирифтед, ягон воқеа рӯй дод?

– Духтарам, ҳозир ҳар рӯз як воқеа рух медиҳад. Беаслиҳа гаштан хатарнок шудааст.

Ҷаҳонгир савор шуд, бо аломати хайрухуш даст бардошту аспашро резачорпо давонд. Аввал ба хонаи халифа рафт, ӯро дастур дод, ки сӣ нафар ҷавони ҳузарбро мусаллаҳ карда, ҳарчи зудтар аз паси ӯ ба Саройи санг фиристад.

– Вақти шуғнизарба расид, андувол. Сӣ нафарро фирист, дигаронро омода соз. Яке кор сахт шавад, дар ғафлат намонем.

Паҳлавони солманд кулаҳхуд ба сар, зиреҳ бар тан, шамшер дар ғилоф, шивезн ба даст, сипар бар қоши зин овезон бо аспи сурхранги зотии худ, чунон ки мегӯянд, чун кӯҳе бар кӯҳе нишаста, ба дарвозаи Саройи санг расид. Посбонон роҳро бар ӯ гирифтанд.

– Роҳро холӣ кунед, ман ба назди шоҳ медароям.

Сардори даҳа ва чанд нафари дигар ӯро шинохтанд.

– Иҷоза нест, паҳлавон! Шоҳ истироҳат дорад.

– Ман омадаам, ки хобашро ҳаром кунам. Одам фирист ва бигӯ, ки Ҷаҳонгир гапи муҳим дорад.

– Паҳлавон, шоҳ дастур дод, ки маҳз туро ба пешаш раҳ надиҳам, – гуфт афсар. – Барои ҳамин бозгаштанат беҳтар аст.

– Хуб аст, ки шоҳ омаданамро медонистааст. Пас бирав ва ба ӯ бигӯ, ки ман ҳамон Ҷаҳонгири деринаам, агар омадам, ҳатман медароям.

– Паҳлавон, ту танҳоиву мо бисёрем. Худро гирифтори бало накун, баргард, – истодагарӣ кард даҳа. – Шоҳ на гапи моро мегирад, на гапи туро.

Ҷаҳонгир кулаҳхуд аз сар гирифт ва лаҷоми хандаро сар дод. Мӯйҳои ширранг аз зарби ханда то китфонаш парешон гашта, ҳайбати ӯро бештар сохтанд. Қоҳқоҳзании Ҷаҳонгир дар сукути мурдавори рӯзи орому ғажжони1 тобистон ангор дару девори кӯшкро ба ларза овард.

– Ҳалло, ин Муҳаббатхони модарзинокун шояд андешид, ки Ҷаҳонгир дар пастӣ афтод? Ё гумон дорад аз бистари беморӣ дигар барнамехезам?! Бигӯ, ки омадам!

Паҳлавон хандаро қатъ кард ва кулоҳ пӯшиду шивезнашро барафрошт. Навкарон даст ба камон бурданӣ шуданд, ки Ҷаҳонгир чун барқ аспашро рост ба сӯяшон давонд ва дар як дам чор нафарро ба замин афканд. Шивезнаш дар ҳаво бозӣ карда, ба сару тани навкарон фаромадан гирифт. Пас аз ду-се дақиқа фақат афсар, ки ба пушташ лагади ҷонкоҳ хӯрда буд, нимхез сари по истода буду бас.

Афсар фарёд кашид:

– Ҷони худоӣ, паҳлавон, ҷони худоӣ!

Ҷаҳонгир аз болои асп ба пайкари чун бед ларзони афсар бо истеҳзо нигаристу бонг зад:

– Акнун фаҳмидӣ, ки ман кистам? Ин бозии таёқам буд, агар шамшер аз ғилоф баркашам, ба додатон фақат селаи каргасҳо расида мерасонанд. Медонӣ, Шоҳносир дар ҳаққатон чӣ гуфтааст?

Яке зи мову ҳазор аз шумо, агарчи шумо

Чу мору мӯр чи бисёру мо на бисёрем.

Сипаҳ набошад понсад сутур бар як мард,

Раво бувад, ки шуморо сипоҳ нашморем!

Акнун, эй чахти бахтбаргашта, ҷонатро бигиру дарун бирав ва шоҳро бигӯ, ки Ҷаҳонгир ба ҷангат омадааст!

Афсар тозон пеши дарвоза рафт ва саросема онро кӯфт.

Вале дар он сӯй гӯш ба карӣ андохта буданд. Паҳлавон чун дид, ки аз дасти афсар коре намеояд, аз асп фаромаду наздаш омад, дастори ӯро аз сараш гирифта, арақи сару гардан пок кард ва гуфт:

– Ором шав, андувол. Мардонагии шоҳу навкаронаш ҳамин қадар аст. Каме дам мегирем, хиради тираамонро равшан мекунем, баъд пайи тадбир мешавем.

Ӯ дар паҳлуи афсар нишаст, кулаҳхудашро кушод ва афсарро аз доманаш кашида, нишонд. Навкарони зарбахӯрда як-як ба худ омаданд. Ҷаҳонгир гуфт:

– Касе намурда бошад, агар ҳаракати ноҷое кард, ҳатман мемурад. Беҳтараш, ба сояе хазеду дардатонро гӯш кунед.

Навкароне, ки ҷунбида метавонистанд, худро як-як ба сояи девор кашиданд. Ин асно гурӯҳи синафараи ҷавонон низ савору пиёда бо сарварии Гулпочо – бародарзодаи Маҳмадзиёи шаҳид, расиданд. Онҳо, ҳоли зори навкаронро дида, ҳайрон шуданд. Гулпочо аз асп фаромада, дасти паҳлавонро бӯсиду хитоб кард:

– Ба назарам, дер кардем, кори инҳо тамом шуд.

Ҷаҳонгир, бархоста, бо ҳамдеҳони худ як-як салом кард.

– Не, кор акнун сар мешавад, бачаҳо. Дарвозаро кушода, қалъаро гирифтан даркор, – нидо дод Ҷаҳонгир. – Аслиҳаи навкаронро байни худ тақсим кунед.

Баҳшориён дар они воҳид навкаронро бесилоҳ карданд.

Аз даҳ навкар ду нафар мурда буд.

– Паҳлавон, дарвозаро бо ин аслиҳае, ки дорем, кушода наметавонем, – гуфт Гулпочо, – тадбири дигаре бояд.

Ин ҳангом аз болохонаи қалъа садои тирпаронӣ ба гӯш расид. Азбаски шӯришчиён ҳамагӣ дар зери девор буданд, касе ҷароҳат набардошт.

Ҷаҳонгир камони мошадори англисии худро гирифту амр дод:

– Касе камон дошта бошад, омода шавад. Ҳамин ки парронданд, зуд бо ман панҷ кас бист қадам, ҳӯ, то он ҷо медавем ва даррав ба болохона шиллик мекунем. Боз панҷ кас аз қафо биёяд ва сӯйи душман шиллик карда, даҳ қадам дар пушти мо ҷой гиранд. То онҳо шиллик меандозанд, ки мо тир пур карда, мепарронем. Ин асно гурӯҳи сеюм барояд ва шиллик андозад.

Гурӯҳҳои якуму дуюм тир пур карда парронанд. Ба ҳамин тартиб, пушти ҳам панҷнафарӣ ба майдон баромада, душманро нобуд мекунем. Натарсед, ки ҳангоми номус аст.

– Паҳлавон, Мирзоазиз ва охон дар ин ҷо нестанд. Онҳоро ба Баҳрпанҷа бурдаанд, – хабар дод Гулпочо.

Ҷаҳонгир хабарро мулоҳиза карду гуфт:

– Яқин аст?

– Бале, бисёр касон, аз ҷумла ин ду ҷавон ба чашми худ дидаанд. Онҳоро се навкар ҳамроҳи Занҷири демурғонӣ ба Баҳрпанҷа бурдаанд.

– Занҷир? – ғуррид Ҷаҳонгир, – Занҷири каллабур?

– Худи худаш, – гуфт ҷавоне, ки шоҳиди воқеа буд, – ман дар боғ будам, ки Занҷиру се навкар онҳоро дастбаста ҷониби қалъа бурданд.

– Акнун кафанатро сиёҳ мекунам, Занҷири хоҳарбадном, – дандон ба ҳам совид Ҷаҳонгир ва амр кард: – Ба ҳамин тартибе, ки гуфтам, аз майдон мегузарем. Панҷ нафар, пас аз шиллики гурӯҳи дуюм, аспҳоро давонда, дар назди боғ моро интизор шаванд.

– Бо навкарон чӣ кунем? – пурсид Гулпочо.

– Бигзор бошанд, куштани асир ҷавонмардӣ нест.

Ҷаҳонгир гурӯҳҳоро худаш панҷнафарӣ ҷудо карду ба ҳар гурӯҳ бори дигар шеваи рафторашонро фаҳмонд ва дар охир таъкид намуд:

– Ба ёдатон бошад: агар тартибро вайрон кардед, душман якҷоя тир мекушояд. Он гоҳ на ҳама ҷон ба саломат мебарад.

Ҷаҳонгир бо гурӯҳи аввал давида, пас аз даҳ-дувоздаҳ қадам истод ва ҷониби болохона оташ кушоданд. Навкарони шоҳ сар паноҳ карданд. Ин дам гурӯҳи дуюм расид ва ба душман фурсати сар боло кардан надода, боз шиллик андохт. Бо тадбири сипаҳсолори ҷангозмуда тамоми шӯришгарон ва сутурони онҳо зиндаву саломат қитъаи тиррасро тарк намуданд. Раҳоӣ аз Мулло Хишол пойи зарбхӯрдаи Мирзоазизро хеле палмосиду муоина кард.

– Захмат сарбаста аст, бачам. Хунаш мерафт, беҳтар буд, – хулоса кард охон. – Марҳам бандӣ, дар ду рӯз сиҳат мешавад.

– Дарро аз кафлакаш барорам охон? – пурсид Мирзоазиз.

– Нишастан дар ин оғил ба дилам зад.

– Ками дигар сабр кунем, бобоят меояд, – шогирдро аз раъйаш гардондан хост охон. – Дарро шикаста, бароем ҳам, қалъа пури навкар, мекушандамон.

– Охон, ман сари ҳол омадам. Дигар роҳи маро касе гирифта наметавонад. Қалъаро бар сарашон калатон2 мекунам!

– гуфт бо қатъият Мирзоазиз ва ҷониби дар рафт.

– Бачам, биист! Чӯбдасте ҳам надорӣ, чӣ хел ба ҷанг мебароӣ?

Мирзоазиз дарро ҷунбонду мустаҳкамии онро санҷид ва гуфт:

– Охон, ана, ҳамин дар гурзи ман мешавад. – Дари ҳуҷра аз панҷ-шаш тахта сохта шуда, роғҳояш шаҳодат медоданд, ки он қадар мустаҳкам нест. – То навкарон даст ба аслиҳа мебаранд, ки мо бод барин мегурезем.

– Охир, қалъа дарвозаи калони чилманӣ дорад, аз он чӣ хел мегузарем?

– Мегузарем, охон, мегузарем, – бо итминон гуфт Мирзоазиз. – Посбонҳо берун аз дарвоза намеистанд-ку? Дар дарун бошанд, кор осон. Ту аз қафои ман бидав, тамом!

Мирзоазиз нафаси жарфе гирифту ба кунҷи ҳуҷра рафт.

Сивуду рагу пайашро таранг карда, башаст давида, бо ду пояш дарро чунон зарбае зад, ки он фиғоне бароварду берун парид.

Худ низ ба пушт афтид.

– Рафтем! – хитоб кард ӯ ва аз ҷо барҷасту дарро бардошта, ҷониби дарвоза давид.

Мулло Хишол ҳам аз қафои шогирдаш ҷонҳавл бадар рафт.

Онҳо бе монеа ба назди дарвоза расиданд, зеро касе фикр намекард, ки бандиён ба чунин ҷуръат қодиранд.

Се нафар посбони ғафлатзада коре карда натавонистанд.

Ҳатто пай набурданд, ки чи ҳодиса рух дод. Ду нафар, ки дар лаҳзаи охири ба сарашон бархӯрдан дари парронро дида буданд, ҷобаҷо афтиданд. Посбони сеюм, ки дар намоз истода буд, дар ҷояш шах шуда, аз забон монд. Ҷаҳонгир дарро партофта, бе овоз ба ӯ амр кард, ки дарвозаро кушояд. Навкар бе чуну бе чаро дарвозаро кушод ва ба сараш мушти обдоре хӯрда, ҷобаҷо афтид.

пешина
аз 44
навбатӣ