Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шоҳам, – ба гап ҳамроҳ шуд девонбегӣ, – албатта, гапатон дуруст аст, вале душманӣ бо Ҷаҳонгир ҳам кори андак нест.

– Ту чиҳо мегӯӣ, Қозӣ? – оташи ғазаби шоҳ якбора аланга зад.

– Шарм намедорӣ? Наход девонбегии ман дар ҳалқаи ин қадар навкару акобир аз як моҳии сари сангов ва як кафлесак тарсад?

– Шоҳам, ман ҳақиқатро мегӯям, – эътироз кард Қозӣ. – Гап дар тарси ман нест… Бимам аз он аст, ки дар муқобили Ҷаҳонгир ҳеҷ кас истода наметавонад.

– Бас кун! – шоҳ наъраи баланде зад, ки ангор садопардааш ҳам харош ёфт. – Бас! Ту маро таъна мекунӣ, тарсуи нобакор?! Ту ҳам чунин фикр мекунӣ, Занҷир?

Занҷир ду даст ба камар зад ва гуфт:

– Шоҳам, афсӯс мехӯрам, ки Қозӣ чунин буздилӣ дорад.

Ман бо ҳамин дастонам каллаи Ҷаҳонгирро канда, ба дарвозаи қалъа меовезам.

– Шунидӣ? Дидӣ? – хитоб кард Муҳаббатхон ба девонбегӣ. – Ана, инро дилу гурда мегӯянд.

– Агар ту каллаи Ҷаҳонгирро канда тавонӣ, ман номамро дигар мекунам, – гуфт бо зарда Қозӣ.

– Номатро дигар намекунӣ, Қозӣ, – гуфт шоҳ, – ман донам, ки бо ту чи кунам! – Ихтиёр турост, шоҳам. Худат аз ман беҳтар медонӣ, ки

Ҷаҳонгир дар майдондорӣ ҳамто надорад. Ман чун наздиктарин дӯст вазифаи худ медонам, ки туро ба коми хатар тела надиҳам. Боқӣ ту донӣ.

– Ҳайронам, ки барои чӣ девонбегӣ тарафи ин шӯрапуштонро мегирад? – аз бими он ки мабодо бо ин суханон

Қозӣ шоҳро аз раъйаш нагардонад, Занҷир лаҷоми гапро ба дасти худ гирифт. – Ҳоло ки сари вақт аст, инҳоро маҳв кардан лозим, шоҳам. Метарсам, ки Мулло Хишол барин муллоҳои бадтинатро ба тарафи худ кашида, шоҳро байни мардум бадном кунанд.

– Мулло Хишол? Инаш боз кист ва чӣ кор кардааст? – гӯшбақимор шуд Муҳаббатхон.

Занҷир аз хами саллааш коғазе бароварда, ба дасти шоҳ дод.

– Шоҳам, худат бихону қазоват кун. Ман чизе намегӯям.

Шоҳ коғазро боз карда, чашм давонд. Бо хондани ҳар хат рӯяш туруштар мешуд ва рангаш аз хашм сурхтар.

– Инро аз куҷо ёфтӣ? – ғазаболуд савол кард шоҳ пас аз мутолиаи коғаз.

– Аз мактаб, шоҳам.

– Нависандааш кист?

–Ҳамон охон, номаш Хишол. Вай шеър ҳам менависад.

– Ту ин коғазро хондаӣ? – шоҳ ҳарчи оромтар ба Қозӣ рӯй овард.

– Не, шоҳам.

– Бихон, – шоҳ коғазро ба девонбегӣ дароз кард. – Лекин дар дилат, ки нашунавам.

Қозӣ ба хати резаи зебои рӯйи коғаз дида дӯхт.

Мулк вайрон шуд, туро номус ку?

Халқ ҳайрон шуд, туро номус ку? Бо қироати ҳамин ду мисраи аввал дили девонбегӣ ларзид. То мисраи охирро хонд, ки пушташро арақи сард зер кард.

– Акнун фаҳмат расид, ки охону шогирдаш дар мактаб чӣ кор мекардаанд, девонбегӣ?! – бонг зад шоҳ

Қозӣ сар ҷунбонд ва ҳарфе назад.

Шоҳ суханашро давом дод:

– Барои ҳамин ба Отизул расон, ки агар Ҷаҳонгир ба дарбор ояд, ба гарданаш занҷир зада, ба зиндон афканад. Қозӣ, худи ҳозир навкар бигиру ба ватанат ҳуҷум кун ва исёнгаронро шикаст бидеҳ. Дар акси ҳол ман ба ҷойи онҳо туро ба дор меовезам.

Девонбегӣ чизе гуфтанӣ шуд, вале шоҳ даст бардошта, изн надод.

– Гап якто, Худо якто. Дигар ба ман халал нарасонед, ки ба ҷойи охон ҳар дуятонро сари тир накунам!

Занҷиру Қозӣ боргоҳро холӣ карданд.

Мирзоазиз чашм боз карду нигоҳаш ба сақфе бархӯрд, ки вассаҳои қиргунаш дар пушти тори захими анкабут аранге сиёҳ метофтанд. Тӯрҳои ғуборолуди тортанак кӯтоҳу дароз қад-қади тиру вассаҳо шилшила баста, осмони абролуди зимистонро ба ёд меоварданд. Сараш сахт дард мекард. Ангуштони пойи росташ месӯхтанд. Ӯ ба дастонаш такя зада, аз ҷо бархостанӣ шуд, вале сараш чарх заду сари по нишаст.

– Худоро шукр, ба худ омадӣ, – гуфт Мулло Хишол, ки дар паҳлуяш нишаста буд. – Агар дар ин ҷо монем, ҳолат бад мешавад.

– Мебароем, ҳатман мебароем, охон, – дардолуд овоз баровард Мирзоазиз, – ҳоло камтари дигар қувват гирам, дарро мешиканам.

– Не, бачам, хомхаёлӣ накун. Каме сабр, бобоят, албатта, ба талаби мо меояд, – аз нийяти Мирзоазиз тарсида, гуфт Мулло Хишол.

– То бобоям меояд, ки аз ин бӯйи бад дамамон мегирад.

– Тоқат кун, Мирзо, Худо бо собирон аст.

Мирзоазиз сарашро дошту сукут кард.

– Саллаи худатро ба сарам бастӣ, охон, – Мирзоазиз дасторро даст-даст карда нимовоз хандид.

– Захматро бастан лозим буд, дастори сарам кор дод.

– Агар бо санг ба сарам намезад, мурдаҳошонро рост мекардам, охон. Лекин ин ҷаллод маро номардона зад.

– Қуввататро биафзояд, бачам, ман медонистам, ки диловар ҳастӣ, вале ба ин дараҷа ҷанговар буданатро тасаввур намекардам.

– Илме, ки ин ҳама сол бобоям ба ман омӯхт, кор дод. Чи марди оқилест бобом! Ман хеле беҳуш хоб кардам?

– Ду ош пухтан1 гузашт. Вақте моро оварданд, чошт буд, ҳоло офтоб сари сангҳост.

– Агар бобоям огаҳӣ ёфта бошад, ҳамин замон бояд расад.

Худо кунад, ки ин гапро ба модарам набаранд.

– Ин ҳангома ҳоло ба тамоми Шуғнон паҳн шудагист. Даҳони мардумро баста намешавад.

Охону шогирд сукут карданд. Мирзоазиз ҳоли модарашро тасаввур карда, ғам мехӯрду Мулло Хишол аз фарҷоми ҳодиса дар ташвиш буд.

Сукутро Мирзоазиз шикаст.

– Охон, ба як саволам ҷавоб деҳ. Борҳо аз бобоям пурсидан хостам, ҳама вақт чизе халал мерасонд.

– Бипурс.

– Сайид Фаррухшо кист?

Мулло Хишол аз ин пурсиш тааҷҷуб кард ва пурсид:

– Ин савол аз куҷо дар дилат пайдо шуд?

– Бобоям дар суҳбат номи ин мардро бисёр ба забон мегирад. Дар назари ман одами афсонавӣ метобад.

– Афсонавӣ нест, вале одами одӣ ҳам нест. Сайид Фаррухшо пири муътабари мост.

– Яъне дар мӯяш ягон тори сиёҳ нест? – бо содалавҳии бачагона пурсид Мирзоазиз, ки «пир»-ро ба маънои аслияш фаҳмида буд.

Аз ин гапи Мирзоазиз баҳри дили Мулло Хишол кушод.

Вай аввал самимона хандид, пасон даҳонашро бо остинаш дошта, чанд бор атса заду гуфт:

– Тори анкабут рост ба гулуям даромад. Тфу, тфу! – Ва гапашро давом дод: – Пир пешвои дин аст, бачам. Мардум ба ӯ эътиқод доранд.

– Чӣ коре мекунад вай барои мардум?

– Ба роҳи дин даъват мекунад, рост зистан, некӣ кардан, шинохтани Худоро меомӯзад.

Мирзоазиз гапи охонашро хеле мулоҳиза карду гуфт:

– Одами аҷиб будааст. Вай зӯр ё Муҳаббатхон?

Мулло Хишол чунин саволро интизор набуд. Даме фикр карду бо қатъият гуфт:

– Албатта, Сайид Фаррухшо зӯртар аст. Ӯ ба дин такя мекунад, Муҳаббатхон ба гумроҳӣ.

– Вай зӯр бошад, барои чӣ шоҳро насиҳат намекунад, охон?

Охон ба ин савол ҳам ҷавоби омода надошт. Боз андеша карду чунин посух дод:

– Бачам, шоҳ ҷоҳил аст, одами ҷоҳил насиҳатро намегирад.

– Охон, оё Сайид Фаррухшо наметавонад ба шоҳ китоби зӯре диҳад, ки вай хонаду бадкориашро бас кунад.

Мулло Хишол аз саволҳои содалавҳонаи шогирдаш лаззат бурда, хандид, вале ҳамоно даҳонашро дошт: ҷоғи зарбхӯрдааш дард кард. – Албатта, Сайид Фаррухшо ин хел китоб дорад, лекин гап дар он ки Муҳаббатхон китоб намехонад, – посух дод охон.

– Аҷаб ноодаме будааст ин шоҳ. Наход одам шоҳи мамлакат бошаду китоб нахонад?

– Дунё ҳамин хел аст, бачам, – гуфт охон ва мавзӯъро дигар кард: – Боз ягон ҷоят дард мекунад?

– Поям месӯзад, охон.

Мулло Хишол пойи дардёфтаи Мирзоазизро ба даст гирифт.

– Ангуштонат варам кардаанд, намакоб бастан даркор.

– Санг теппаи сарамро харошида, болои поям афтид, – шарҳ дод Мирзоазиз. – Ҳеҷ гап не, мегузарад. Туро куҷоят дард мекунад, охон?

– Ба ман он қадар мушту шаллоқ нарасид. Ҷоғам каме дард ёфт, тамом. Ба ту хеле ҷабр шуд.

– Бобом мегӯяд, ки ҷанг бе захм ҷанг нест. Одам чи қадар зарба хӯрад, ҳамон қадар тавоно мешавад.

– Рост мегӯяд. Худи ӯ чи ҷароҳатҳое бардоштааст! Лекин ягон бор тан надодааст.

– Мегӯяд сахттарин ҷароҳатро вақте бардоштааст, ки амакамро куштанд. Як соли тамом мадор аз дасту пояш рафтааст.

– Рост мегӯяд бобот. Амакат чи шахси нозанину паҳлавоне буд. Ман вайро равшан дар ёд дорам.

– Охон, кушандааш Манзаршо ном мардаки рӯшонӣ будааст. Ман ӯро, албатта, ёфта мекушам.

Ин сухани шогирд дили охонро такон дод. «Чи бачаи ҷасурест. Аз бобову падараш камӣ надорад».

– Мирзо, дар ин бора аз бобоят маслиҳат пурс. Кори дунё мураккабиҳои зиёд дорад. Чизе ки мегӯяд, ҳамон тавр кун.

– Чанд бор пурсидам, посухи дурусте надод.

– Боз як бори дигар бипурс. Ҳатман ҷавоб медиҳад.

Ҳуҷраи бадбӯй соат ба соат ториктар мешуд. Офтоб бо сайёраи пурҳаводиси Замин падруд мегуфт. Аз Ҷаҳонгир дараке набуд.

Ба ҷуз киломуни1 куҳансол дарахтони дигари боғ бо шохаҳои пурмеваи сабз, нилӣ, арғавонӣ, хокистарӣ, бунафш – ба як сухан, ҳазорранги худ ҷилванамоӣ доштанд. Дар ин боғ тамоми анвои дарахтони мевадору бемеваи иқлими Шуғнон мавҷуд буданд. Ба ғайр аз чанд намуд себу зардолу, олуву гелос, ноку чилгӣ, чормағзу тут Ҷаҳонгир якбехӣ вину қарақот ва ду бех ток ҳам шинонда буд. Ҳамаи онҳо ҳар сол ҳосил медоданд. Киломун солбаҳра буд. Ин дарахт ҳамсоли ӯст. Онро падараш як ҳафта пас аз таваллуди Ҷаҳонгир чун ҳадя барои ӯ мешинонад. Соле, ки киломун нахустин бор мева баст, падар хатнасури Ҷаҳонгирро барпо карда, бо себи аввалини он коми писарашро ширин намуд.

Синҳораш хӯроки дӯстдоштаи ӯ – арзанатолаи ғафс пухта бошад ҳам, дили Ҷаҳонгир фақат мева мехост. Барои ҳамин, табақи калони чормағзиро бардошту ба боғ омад. Дақиқан ҳар сол дар ҳамин шабу рӯз шавқи хӯрдани мева вуҷудашро фаро мегирад. Баъзан се рӯз, гоҳе панҷ рӯз ин эҳсос давом мекунад.

Паҳлавон дар ин муддат ба ғайр аз мева дигар чизе хӯрда наметавонад.

пешина
аз 44
навбатӣ