Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Отизул фарёд кашид:

– Исён ба муқобили шоҳ кори нобахшиданист! Шарм намедоред, ки ҳамдеҳаатон девонбегии мулк асту шумо обрӯяшро ба хоки сиёҳ мезанед?!

– Барои мо чӣ фарқ дорад, ки золим кист: шоҳ ё девонбегӣ, бегона ё худӣ, – посух дод Хуршедшо, – Ба девонбегӣ расон, ки Муҳаббатхонро аз одамкушиву одамҷаллобӣ нигаҳ дорад, вагарна савганд бар шеби ливои ҳазрати Алӣ, қалъаро ба қабристони ӯву золимонаш табдил медиҳем.

Отизул ба дастааш фармони пас гаштан дод. Вай бошитоб асп меронд, то қазияро ҳарчи зудтар ба девонбегӣ расонад.

Вале дидани ҳодисаи дигари нохуш ӯро интизор буд. Дар назди дарвозаи Баҳрпанҷа сарбози бемадоре бар сари ҷасади навкаре меистод. Отизул аз асп фаромада, бонг зад:

– Ин чӣ бемазагӣ? Чӣ гап шуд?

– Заданд, – бемадорона ҷавоб дод навкар, – пуштора карда овардам.

– Кӣ, дар куҷо?

– Дар Баҳшор.

– Батафсил гап зан, падарсаг.

– Сойиб, – канда-канда сухан оғоз кард навкар, – моро ба Баҳшор фиристоданд. Чор нафар будем. Ба ҷамъу гири гунаҳкорон сар кардем, ки як мӯсафеду набера ё писараш расида, моро заданд. Ду навкар гурехт, ҳамроҳамро куштанд. Маро чунон зад, ки дунё дар чашмам торик шуд.

– Мӯсафед?

– Не, ҷавонписар. Мӯсафед инро зада буд, – ба ҷасади навкар ишора кард сарбоз. – Гарданашро шикаст.

– Ҷавон? Мӯйсафед? – аз ғояти хашм овози Отизул дупӯста баромад: – Ин чӣ лашкару лашкардорӣ, ки як писараку як мӯйсафед чор навкарро шикаст диҳанд? Кӣ будаанд онҳо?

– Намедонам, сойиб. Мо аз Қундуз омадаем, ягон касро намешиносем.

Отизул амр дод, ки мурдаро ба қалъа дароранд. Худ рост ба назди Қозӣ рафт. Вай сипаҳсолорро дидан замон пурсид:

– Шер ё рӯбоҳ?

– Рӯбоҳ, аз рӯбоҳ ҳам батар, – ҷавоб дод бо хашм Отизул.

– Ин ҳамдеҳагонат ҳамагӣ девона шудаанд.

– Чӣ карданд?

– Ҳамакаса даст ба исён задаанд. Силоҳ гирифта, сари роҳамон истода будаанд.

– Наход? – девонбегӣ аз ҳайрат зуд-зуд мижа задан гирифт,

- ту-у-б-а…

– Ҳа, ҳамин хел. Гуфтанд ба девонбегӣ бигӯ, ки агар даст аз ҷони халқ бознадоранд, қалъаро ба гӯристон табдил медиҳанд. Ман фармони ҷанг кардан надоштам, барои ҳамин пас гаштам.

Девонбегӣ чунин ранг гирифтани воқеаро чашмдор набуд. Пушти сар хорид ва гуфт:

– Шоҳ дар тараддуди никоҳ. Тоби гӯш кардани чунин хабари бадро надорад...

– Ин яктоаш, – гапи ӯро бурид Отизул, –бадтарашро ҳоло нагуфтаам.

Қозӣ даст ба зону зада, бо овози паст пурсид:

– Аз ин бадтар чӣ буда метавонад?

– Дар Баҳшор чор навкарро кӯфтаанд, мурдаи якеашро ба қалъа даровардем.

– Ваҳ рӯям сиёҳ, онҳоро оқсақол Исҳоқ барои овардани осиён фиристода буд. Дар он ҷо ҳам мардум бархостааст?

– Не, навкаре, ки мурдаи ҳамроҳашро овард, гуфт, ки як мӯйсафеду як ҷавон онҳоро задаанд.

– Ҷавон? Боз ҷавонписарак? – норозиёна ғурунгос зад Қозӣ, – наход як писарак ҳоли навкарони ҷангозмударо чунин табоҳ кунад?

– Ин бор мӯйсафед ҳамроҳаш будааст, сойиб, – луқма партофт Отизул.

– Мӯйсафед?! – ангушти ишораташро чангаквор ба лаб ниҳода, нидо баровард Қозӣ. – Мӯйсафед, … наход Ҷаҳонгир бошад? Бале, Ҷаҳонгир! Дигар кӣ ин хел дилу гурда дорад?

– Ҷаҳонгир? – беқарор шуд Отизул, – Ҷаҳонгири номдор?

– Яқинан Ҷаҳонгир, – қатъӣ хулоса баровард девонбегӣ. – Вай ба майдон баромада бошад, Худо зад гуфтан гир.

Отизул дар айёми наврасӣ борҳо Ҷаҳонгири гурдро дида буд. Он замон ӯ сипаҳсолори Шуғнон буду писараш Маҳмадазим паҳлавони номдор. Аз ҳайбати онҳо дар тахтапушти замин ларза меафтод.

– Ҷавон, бешубҳа, набераи ӯ Мирзоазиз аст, – суханашро давом дод Қозӣ. – Аз дасти каси дигар чунин кор намебарояд.

– Чӣ кунем? – пурсид Отизул.

– Бо Ҷаҳонгир сар ба сар шудан аз рӯи хирад нест. Ҳоло коре бояд кунем, ки сури шоҳ вайрон нашавад, – посух дод Қозӣ.

– Дар ҳар сурат, шоҳро огоҳ кардан даркор.

– Бале, – лаб хоида, дудила гуфт девонбегӣ. – Пас аз ҳаммом дар майдон бандиёнро нарх мегузорад. Дар ҳамон ҷо мегӯем.

Ғазанфар назди хонаи дар иҳотаи дарахтони сершоху барг нопадиди Ширинбек истода, ба ҳамсафаронаш гуфт:

– Ман ҷамъияти шуморо тарг мекунам. Хеле сарфарозам, ги бо шумо барин одамони дилсофу боинсоф шинос шудам.

Ғазанфар дар фаровардани ҳезум ва чизу чораашон ба онҳо ёрӣ карду роҳи сафед хост. Сипас аспҳоро ба дарахтон басту ба хона даромад ва касеро пайдо накарда, рӯйи ҳавлӣ зери дарахти тановари бед мунтазир нишаст.

Ғазанфар ва Ширинбек дар Ёрканд шинос шуда буданд.

Падараш ӯро ҳар сол ду-се бор ба тамошои ин мулк мебурд.

Онҳо дар хонаи Ширинбек меистоданд. Падари Ширинбек – Назарбек устои хонасоз буд. Соле чор-панҷ хона месохт ва аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меовард. Мардум вайро барои ҳунармандӣ, меҳрубонӣ, фурӯтанӣ ва порсоияш дӯст медоштанд. Назарбек аслан аз Демурғони Шуғнон буд. Вале ҳангоми як подшоҳгардиш, вақте шоҳи Шуғнон Қубодхони III таҳти фишори мири Қундуз ба Ёрканд фирор мекунад, ӯро бо аҳли оилааш бо худ мебарад. Пас аз се сол Қубодхон ба Шуғнон бармегардад. Усто Назар ба хотири раҳо ёфтан аз хизмати шоҳ дар Ёрканд хонаву дар карда, муқими ин водии хушобу ҳаво мегардад.

Ғазанфар аз бекорӣ чӯбдаст гирифту ба шохи пурбори тут зад. Тути бисёре ба замин рехт. Онро дар ғирбол ҷамъ оварда, маззакунон хӯрдан гирифт. Чӣ таъми гуворое дорад тути музаффарӣ! Ғазанфар аз лаззати он чашмонашро нимпӯш карда, ҳамзамон афсӯс мехӯрд, ки ин меваи биҳиштӣ дар ватанаш намерӯяд. Ғирбол ним шуд. Онро як тараф гузошту бархост ва аз шаршараи пастаки ҷӯй об нӯшид. Сар бардошту чашмаш ба зардолуи нав рангбастаи маъмурӣ афтод, ки меваҳояш дар шуълаи офтоб ба монанди тилло медурахшиданд. Хост чанд зардолу ҳам бихӯрад, вале аз бими он ки дарунрав нашавад, аз нияташ гашт.

«Аҷиб, инҳо хонахез гуҷо рафта бошанд? – худ ба худ савол дод Ғазанфар, – агар ба ҷойи дур мерафтанд, дари хонаро ё луг мегарданд, ё мебастанд»

Аз ҳамсоя ҳам пурсидани суроғи онҳо имкон надошт, чунки наздиктарин ҳавлӣ аз хонаи оқсақол камаш чорсад қадам дурӣ дошт.

Боз чанде мунтазир истод. Чун дид, ки вақт беҳуда мегузарад, кӯлбори сафариашро кушода, аз он як пойи гов бароварду ба ошпазхона гузашт. Азбаски борҳо ба хонаи дӯсташ омада буд, медонист, ки чи дар куҷо воқеъ аст.

«На ман, на дӯстам дер боз танӯргабоби уйғӯрӣ нахӯрдаем. Дигар гай фурсат даст медиҳад?» – гуфт дар дилаш меҳмон ва дасту остин барзад. Ҳезум шикаст, дег шуст ва гӯшт реза кард. Дегро аз об пур карду оташ даргиронд. Бо шохаи зардолу танӯрро тафсонд. Об ҷӯшид. Товҳои аз орди боқило хелидаи занашро низ аз кӯлбор бароварду ба ҷӯши он партофт. Ош тайёр шуд. Пас аз фурсате танӯрро бо сафедкунак тоза карду парчаҳои гӯштро қатор часпонд. Сипас кунҷу канори ошхонаро кофта, қурут пайдо кард. Ба он каме об ҳамроҳ карду қатағ сохт ва онро даруни ош рехт.

Ғазанфар корсонро ба суфаи таги бед бурд ва дасторхон густурду болои он гузошт. Гашта ба ошхона даромад ва кабобро кофт. Бӯйи гуворои он ҳавлиро фаро гирифт. Лаҳмеро канда, ба хонтахта гузошт ва бо корд пора карду мазаашро чашид.

Ҳезуми зардолуӣ хушбӯяш карда буд. Сипас ҳамаи кабобро аз танӯр канда, ба дег андохту қумғонеро аз об пур карда, миёни лахчаҳои пурсӯз гузошт.

Гурусна бошад ҳам, даст ба хӯрок набурд. Дар суфаи зери бед якпаҳлу зад ва ғанабаш бурд.

Соате пас аввал кӯдакон ба ҳавлӣ даромаданд. Онҳо одами бегонаро дида, аз шавқун бозистоданд. Аз паси онҳо Гуланор бо духтару синҳораш даромаданд.

– Касе гӯшт пухтааст, – бо ҳайрат овоз баровард Мисринамо.

Ғазанфар, ки аз ҳаёҳӯи кӯдакон бедор шуда буд, бархост ва ба пешвози соҳибони хона қадам гузошт.

– Марҳамат, нури дида, тоҷи сар. Қадами сафо овардед, аз гуҷо омадаед? Аз боло омадаед? Аз поён омадаед? Аз гуҷое, ки омадед, хуш омадед…

Гуланор Ғазанфарро дида, аз хурсандӣ бо нидои «Вай, амакҷон!» худро ба оғӯшаш андохт. Ғазанфар сари ӯро ба синаи фарохи худ пахш карда, навозишкунон гуфт:

– Ҳоло ҳам ёд нагирифтаӣ-а? Ман амаг не, падарат мешавам. Гасе рӯйи арӯсро гушояд, падар ҳисоб мешавад, на амаг.

– Узр, чанд сол надидаем, аз ёдам қариб рафтааст, – гуфт

Гуланор. – Моро чи қадар хурсанд кардӣ, падарҷон! Бовар кун, дарду ғамамро фаромӯш кардам. Бишин, падарҷон, офтоб аз куҷо баромад, ки ба дидорат расидем?!

Аз шодии ногаҳонии Гуланор баҳри дили духтару синҳораш кушода шуд.

– Магар падар вақти шиштан дорад? Барои духтару набераҳоям ошу габоб пухтам, – гуфт шӯхиомез Ғазанфар.

– Танӯркабоб? –хушҳолона садо баровард Гуланор. – Ҷонам ба қурбони ин хел падар! Танӯркабоби кошғариро чи қадар ёд кардаам!

Ғазанфар ба ошхона рафт. Ҳама аз паси ӯ кашола шуданд.

Вай сарпӯши дегро бардошт. Бӯйи хуши кабоб ба димоғҳо заду иштиҳоро кушод. Кӯдакон бо ҳайрат исту бисти марди ношиносро, ки аз пайи қадамаш вақти бибии беморашон якбора чоқ шуд, тамошо карда, вақте ӯ ба ҳар кадомашон яктоӣ қанд дод, дар гирдаш парвона шуданд.

Ин асно Ширинбеку Давлатназар низ расиданд ва баробари аз асп фаромадан садои хандаву шодии аҳли хонаводаро шунида, ҳайрон шуданд. Давлатназар ду аспи бегонаро, ки аз турба ҷав мехӯрданд, дида, пурсид:

– Ду нафар меҳмон дорем, аҷиб, киҳо бошанд?

– Аз зини кошғарии аспонашон маълум, ки якеаш Ғазанфар аст, – посух дод Ширинбек. Падару писар ба ошхонаи тобистонӣ, ки дар пушти хона воқеъ буд, шитофтанд.

Ширинбек дӯсти овони ҷавониаш – Ғазанфарро дар ҳалқаи аҳли хонаводааш дида, синааш лабрези фараҳ гашт. Ғазанфар ӯро пас аз дастбӯсӣ оғӯш гирифта, ба сараш борони лутф рехт:

– Чи мардуми саргаштаед, шумо – галонҳо! На шаб роҳат доред, на рӯз. Тамоми хонаатонро пуштора гунанд ҳам, дараг намеёбед. Бигардум шуморо, бигардум. Ин духтари нозанини маро ба чӣ ҳол расондаӣ-а?! Омадам, ги ӯро бо худ барам…

Ширинбек аз дидори дӯсти хушсуҳбаташ бениҳоят шод гашт. Чеҳраи занашро кушодаву табъашро хуш дида, дилаш боғ-боғ шукуфт.

– Аз куҷое омада бошӣ, хуш омадӣ, дӯстам, – гуфт Ширинбек. – Чашмҳо равшан. Ҳоло духтарат бароямон чизе мепазад.

– Хӯрок тайёр, Ширин, то омадани мо пидам бекор нанишаста, танӯркабоб пухтааст.

– Ана инро мардак мегӯянд! – хитоб кард Ширинбек, – ману писаронам ҳатто об ҷӯшонда наметавонем.

Ғазанфар бо Давлатназар ҳам бағалкаш салом карду мардон ҳар се ба дакони таги бед рафтанд. Давлатназар корсони ошро дида, ҳайрон шуд:

– Инро ҳам худат пухтӣ?

– Дар ин хона ба ғайр аз ман дигар пазандае мебинӣ? – ҷавоб дод бо шӯхӣ Ғазанфар, – легин, хари сиёҳ шавам, агар бе шумо маззаашро чашида бошам.

– Бовар мекунам, Ғазан, – лақаби кӯдакии Ғазанфарро ба забон оварда, гуфт Ширинбек. – Дастат ба ҳама кор мечаспад.

Онҳо сари дасторхон нишастанд. Ширинбек меҳмонашро муроот кард:

– Ҳарчанд мо меҳмон шудему ту мизбон, ба ҳар ҳол бисмиллоҳ бигӯ. Ҳамроҳат дар куҷост?

Ғазанфар «бисмиллоҳи раҳмонирраҳим» - гӯён як чиб ошро фуру бурду гуфт:

– Ягон ҳамраҳ-памраҳ надорам, Ширин. Яг сар ба ду гӯш1 омадаам.

– Акнун як асп боратро бардошта наметавонад бигӯ, – нӯшханди базебе зад Ширинбек.

– Аспи дуюм ҳам аз они худам. Чӣ гунам, дарвеш ҳамин қадар дорад, – лабханд зад Ғазанфар ва афзуд: – Ҳоло ошро бе гап ошомем, ташнагиам, ги шигаст, рози аспи бесаворамро мегушоям.

пешина
аз 44
навбатӣ