«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Ӯ дар сари қабри танҳои хоҳараш муддате истод. Ҳарчанд чашм пӯшида, тарҳи рӯйи ӯро ба ёд овардан хост, муваффақ нашуд. Ба ҷойи сурати Лолабону дар лавҳи хотирааш ҳар гуна симоҳои номуайян ларзидаву лағҷида, дар кадом гӯшаи зеҳнаш нопадид мешуданд. Дилаш мехост дар ҳаққи хоҳараш дуо кунад, аммо азбаски ягон ояву такбирро азбар намедонист, аз баҳри ин нийят гузашт. Ба ҷойи калимоти муқаддаси дуо шоҳи оворагард нимшунаво гуфт:
– Ҳо, хуфиёни бадбахт, рӯзатон сиёҳ мешавад. Коре кунам, ки ҳазор пуштатон номи маро гирад, ҷигараш об шуда, аз дидааш резад.
Муштҳояш гиреҳ хӯрданд, дандонҳояш шақаррос заданд, чашмонаш дурахшиданд. Дилаш ба ёди Қалъаи Баҳрпанҷа ва тахти аздастрафта гум зад.
Юсуфалихон ҳеҷ гумон надошт, ки ба ҷойи ӯ бародари разилаш Мухаббатхон тахти Шуғнонро ба даст меорад ва ӯро ба Рӯшони дур ҳоким мегуморад. Барои шикаст додани бародараш чи азобҳое кашид, худаш медонаду Мир Манзаршо. Ду соли дароз лашкар машқ доданд. Аммо бозии тақдирро бинед, ҳамагӣ ним рӯз муқовимат карданду халос. Аҳолии Хуф ба шуғниҳо раҳ нишон доду онҳо ба воситаи кӯҳ гузашта, аз ақиб ба лашкари ӯ зарба заданд. Рӯшониён байни ду оташ монда, рӯ ба гурез оварданду тамоми орзуву омоли Юсуфалихонро барбод доданд. Ӯ борҳо саҳнаи муҳориба бо лашкари Шуғнонро бо тамоми ҷузъиёташ дар лавҳи хотир такурӯ карда, боз ҳар бор ба ин хулоса расидааст, ки гунаҳкори асосии шикасташ ҳамоно хуфиёнанд.
Соате пас Юсуфалихон ба кӯшк баргашт. Занаш дар ҳуҷраи таомхӯрӣ сари дасторхон мунтазираш буд. Юсуфалихон донист, ки ҳамсараш гапи муҳиме дорад. Ӯро одат чунин буд, ки дар шабистон бо шавҳараш ягон гапи муҳимро ба миён намегузошт. Агар табъи Юусуфалихон мебардошт, бо ӯ шӯхӣ мекарду латифа мегуфт, агар не, то саҳар ноҷунбон мехобиду гапе аз даҳонаш намебаромад. Боре Юсуфалихон пурсид, ки барои чӣ ӯ ба мисли занони дигар дар бистар ҳалли ягон масъаларо аз ӯ хоҳиш намекунад. Ниёзбегим посух дод, ки зани ҳақиқӣ дар бистари шавҳараш бояд зан бошад, на каниз. «Дар ҳама ҳол иззати худро нигоҳ медорад, – пеши худ иқрор мекард Юсуфалихон, – тарбияи ин мардум дигар аст».
Дар сари ширбиринҷи бомазза Ниёзбегим гуфт:
– Шоҳам, медонӣ, бадгӯйӣ хислати ман нест, лекин тақдири фарзандамон маро водор менамояд, ки арзе карда бошам.
Юсуфалихон гӯш ба қимор шуда, сар ҷунбонд, то зан мақсадашро гӯяд. Ниёзбегим афзуд: – Шоҳам, писарат Қубодхон ба майхорагиву айёшӣ даст задааст. Ӯро чанд бор дар кӯчаи Қаландарон дидаанд.
Юсуфалихон чӣ шуҳрат доштани кӯчаи Қаландаронро медонист, вале ягон зарра аломати ҳайрат дар ҷабинаш пайдо нашуд.
– Яъне чӣ? – китф дарҳам кашид Юсуфалихон.
Ниёзбегим тааҷҷуб кард:
– Шоҳам, чанд бор ба кӯчаи бадахлоқон рафтани писарат магар боиси ташвиш нест?
– Албатта, Қубодхон кори хубе накардааст, вале ин барои як ҷавони безан беобрӯйӣ ҳам нест, – ором посух дод Юсуфалихон, –мушавваш нашав, валъамат.
Зан норозиёна гуфт:
– Шоҳам, Қубодхон чи коре кунад, ихтиёр дорад, агарчи ба шаъни шоҳзода ин амал зебанда нест, аммо ӯ Асламхонро ҳам ду рӯз пеш бо худ бурдааст.
Луқмаи Юсуфалихон дар гулуяш дармонд. Ӯ бо хӯрдани як пиёла об онро фуру бурда, бо камоли нобоварӣ пурсид:
– Асламхон?... Наход...?
Асламхон – писари ӯ ва Ниёзбегим нав ёздаҳсола шуда буд.
Модараш бисёр мехост, ки баъди Юсуфалихон на Қубодхон, балки Асламхони ӯ ба тахти Шуғнон нишинад.
– Ин гап рост аст ё овоза? – пурсид шавҳар.
– Аз рӯз равшантар, шоҳам. Парер рӯзи дароз бедарак шуда буд ва шаб ҳам наомад. Ба ҷустуҷӯяш одам мондам. Дирӯз пас аз зуҳр ӯро аз хонаи Ишратии ғаммоз пайдо карданд. Тагпурсӣ карда фаҳмидам, Қубодхон ӯро бо худ ба он манзили ҳаромон бурдааст.
Юсуфалихон медонист, ки агар ин гап ба шоҳ расад, паёмади баде хоҳад дошт.
– Валъамат, ин хабар ба шоҳ нарасад, беҳтар. Ман Қубодро гӯшмол медиҳам.
– Аз атрофиёни худ дилам пур аст, вале даҳони ҳамаро баста наметавонам. Шоҳам, оё ӯро аз Файзобод ба ҷое фиристода наметавонӣ? – андешаи чандрӯзаашро сари забон овард зан.
– Ба куҷо?
– Медонам, дар Шуғнон қабулаш надоранд. Ёрканд дур асту роҳаш пурхатар. Як ҳафта пас гурӯҳе сафари ҳаҷ мекунад.
Ӯро ба зиёрати Каъба фиристем, кори савобе хоҳад шуд.
Юсуфалихон даҳонашро дошта, заҳрхандае кард. Занаш асабӣ шуд.
– Ҳаҷ рафтан чӣ ҷойи ханда дорад? – ва чун дид, ки шавҳараш ҷавоб доданӣ нест, афзуд: – Ё дар Шуғнон ҳоҷӣ эҳтиром надорад?
Шоҳ даҳону ришашро бо дасторча пок карду гуфт:
– Ниёзбегим, албатта, ҳаҷ рафтан савобтарин амал аст.
Дар Шуғнон ҳам ҳоҷиёнро ҳурмату иззат мекунанд. Лекин гап дар сари он ки оё Қубод хоҳиши ҳаҷ кардан дорад ва агар ҳаҷ кунад, оё ба номи ҳоҷӣ иснод намеорад? Ман ба ношудии писарам механдам, валъамат, на ба гапи ту.
– Шоҳам, яке ба ҳаҷ раваду ақл кунад, – аз раъяш нагашт
Ниёзбегим, – яке Худованд дар дилаш равшанӣ андозад.
– Хуб, дар ин бора ҳам бо ӯ гап мезанам. Лекин гӯянд, ки
«хар агар Макка равад, боз ояд хар аст». Пас аз соате Манзаршо меояд, мегӯям Қубодро ҳам даъват кунанд.
Зан бархоста, нимтаъзим карду гуфт:
– Шоҳам, дар охир як хоҳиши дигар.
– Бигӯ.
– Чанд бор илтимос кардам, ба ёдат намеистад. Маро ба исмам ном набар. Яке дар назди мардум номамро гуӣву шармандаам кунӣ.
Шавҳар пешониашро молиш доду гуфт:
– Ростӣ, ҳеҷ одат карда наметавонам. Охир дар Шуғнон калон шудаам. Дар он ҷо мардум занро ба номи худаш мехонанд.
Ҳарчанд кӯшиш кардам, туро ба номи писарат хонда наметавонам. Забонам намегардад. Ниёзбегим гуфт:
– Шоҳам, вақте ба Шуғнон рафтем, ихтиёрат. Лекин аз ёд набарор, ки ману ту дар Файзободем.
Юсуфалихон табассуме карду сар ҷунбонд. Ниёзбегим рафт.
Пас аз муддате шоҳ Мир Манзаршо ва Камонгирро ба ҳузури худ қабул кард. Камонгирро фармуд, ки Қубодхонро даъват намояд. Камонгир рафт. Шоҳ ва сипаҳсолораш танҳо монданд.
Шоҳ аз бадкирдории писараш забони шиква кушод ва дар охир гуфт:
– Ҳатто Асламхонро бероҳа карда, ба хонаи Ишратии амрад бурдааст. Ин гап ба гӯши шоҳаншаҳ расад, медонӣ ҳоли мо чӣ мешавад?
– Медонам, шоҳам, медонам, – гуфт Манзаршо.
– Чӣ кор кунем? – пурсид шоҳ.
– Ҳар чи зудтар бояд Шуғнонро тасхир карда, ба ватанамон соҳиб гардем, шоҳам. Он вақт аз пушти шоҳзода касе шикоят ҳам намекунад.
Шоҳ ба танаи себи пурғӯра такя зада, ришашро хилолкунон ба хаёл рафт. Сипас бозуи Манзаршоро қапида, каме фишурд ва гуфт:
– Рост мегӯӣ, андувол, вале тасхири Шуғнон кори осон нест. Ин бетармолиро1 фақат заҳр дода, куштан лозим. Ҷанг бо ӯ кори беҳуда аст. Мири Қундуз дар пушти сари ӯст.
– Лекин коре бояд кард, шоҳам. Шунидам, ки ҳокими Чорвилоят ба Бадахшон ҳуҷум карданист. Агар дар ин ҷо монем, маҷбурем ба ин ҷанг ҳамроҳ шавем. Худо медонад, оқибаташ чӣ хоҳад буд?
Юсуфалихон даҳон ба гӯши Манзаршо наздиктар бурд ва гуфт:
– Ту хаёл мекунӣ, ки ман дар ин фикр нестам? Панҷ рӯз пеш ба Дӯстаки хуфӣ нома равон кардам. Навиштам, ки агар он бетармолиро заҳр дода кушад, оқсақолии Хуфу Баҷӯвро ба ӯ медиҳам. Заҳр ҳам фиристодам.
– Ман Дӯстакро намешиносам, шоҳам. Оё ӯ барои анҷоми чунин кори мушкил сабабе дорад?
– Дӯстак ҳоло анбордори бетармолист. Ба худи ӯ ягон қасде надорад. Лекин оқсақоли Хуфу Баҷӯв будан ҳам ба ҳар кас муяссар намешавад.
Манзаршо лабхоён гапи Юсуфалихонро дар тарозуи ақлаш санҷиду гуфт:
– Хуфиён халқи хеле зираканд, шоҳам. Ба фикрам, одами дигаре пайдо кардан лозим аст.
Аз ин гап Юсуфалихон рӯ турш карда бошад ҳам, чизе нагуфт.
Шоҳ бошад ҳам, ба чи анҷомидани корро, албатта, намедонист.
– Пас чӣ фикр дорӣ, ба кӣ такя кунем? – шоҳ нигоҳҳои доиман нобоваронаи худро ба Манзаршо равона кард.
– Намедонам, шоҳам. Агар Рӯшон мебуд, илоҷашро меёфтам. Мардуми Шуғнонро намешиносам, – ва сукуте варзиду афзуд: – Ягон шахси наздик, вале аз Муҳаббатхон норозиро ёфтан лозим.
– «Бетармолӣ» бигӯ, ношукр, аз кай боз номи он бадбахтро вирд кардаӣ?! – хашмашро нигоҳ дошта натавониста, овоз баланд кард Юсуфалихон.
Манзаршо гунаҳкорона сар хам кард. Аз ёдаш баромада буд, ки Юсуфалихон номи бародарашро ҳанӯз дар Рӯшон ба забон намегирифт ва ӯро ба лақаби «бетармолӣ», ки чи маънӣ доштани онро касе дуруст намедонист, мавсум карда буд.
– Яке аз даҳонам баромад, узр, шоҳам, – ва чун дид, ки шоҳ мунтазири давоми гапи ӯст, илова намуд: – аз дохили худи қалъа ҷустан даркор.
Юсуфалихон гуфт:
– Дар ин бора ман ҳам фикр кардам, лекин ба ягон кас дилам гарм нашуд. Ҷосусам баргардад, қазия равшан мешавад. Он гоҳ боз маслиҳат мекунем. Ҳоло мехоҳам дар бораи Қубодхон гап занем. Ман ӯро ба ту супурдам, ки ҳунари масоф омӯзад, мардум ӯро дар кӯчаи Қаландарон мебинанд? Ин чӣ бемазагӣ?!
Манзаршо медонист, ки гапи шоҳзода ҳатман ба падараш мерасад, бинобар ин, қаблан ба ин савол посух омода карда буд.
– Шоҳам, агар дар ҳақи шоҳбача бадгӯӣ кунам, забонам бурида бод, аммо он чи шунидаӣ, дуруст аст. Арз кунам, ки ӯ хуши машқу қавоид надорад. Чӣ кунам, намедонам.
– «Намедонам», «чӣ кунам»… Лекин бояд барвақт ба ман мегуфтӣ.
– Шоҳам, худам ду рӯз пеш хабар ёфтам.
– Шароб мехӯрад?
Ин саволи шоҳ сипаҳсолорро даме дудила кард.
– Бадбахтона, шоҳам… – Манзаршо давоми суханашро фуру бурд.
– Фурумояи нолоиқ, – аз ғазаб дандон совид шоҳ. – Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл? Ӯ ба оқсақолии як деҳа намеарзад, ман валиаҳди Шуғнонаш кардаам.
Қубодхон ва Камонгир ҳам расиданд. Шоҳ саломи писарашро алек нагирифта, ба рӯяш торсакии базарбае фаровард.
Қубодхон сарашро дошта, ба замин нишаст.
– Фақат гумон накунӣ, ки Манзаршо туро фурӯхтааст. Шабравиат ба хонаи Ишратии ҷалаб ба худи шоҳи Бадахшон маълум шудааст. Аз он ҷо ишора шуд, ки нафсатро ҷилав занам.
Хабисӣ аз ин зиёд мешавад? Пасти фурумояи модарбахато, бори дигар қадами беҷое гузорӣ, бе корд пӯстатро меканам.
Юсуфалихон аз шиддати ғазаб шоҳбачаро лагаде заданӣ шуд, ки Манзаршо пеши роҳашро гирифт.
– Ҳамин Манзаршо дар пеши чашми худат ба мартабаҳо расид. Ту кӯдак будиву ин мард сагбонӣ мекард. Ин сагбон миру сипаҳсолор шуду туи хасмодар ба ҷойи он ки шоҳзода шавӣ, ҳоло ба сагбонии ман ҳам лоиқ нестӣ! Барои ҳамин шуғниҳо гуфтаанд, ки «хаспадар бошу хасмодар не». Занат форад, чанд духтар хоҳӣ, дар ихтиёрат мегузорам. Наход зори даргоҳи даюсону беномусон шуда бошӣ?
Шоҳ аз шиддати хашм беқарор қадам зада, борони маломату ҳақоратро ба сари писараш рехт ва дар охир хулоса кард:
– Пас аз ҳафтае ё зан мегирӣ ё ба ҳаҷ меравӣ! Аз ду якеро интихоб кун.
Аз ин пешниҳоди ногаҳонии шоҳ ҳама ҳайрон шуданд.
– Гап зан, кадомашро интихоб мекунӣ? Зан ё ҳаҷ?
Қубодхон аз ҷо хест. Чун дарк намуд, ки роҳи халосӣ аз вазъият танҳо посухи бетаъхири ӯст, овоз баровард:
– Зан мегирам.
Шоҳ гиребони ӯро маҳкам фишурд ва дод зад:
– Аз ҳудуди Боғи баланд қадам фаротар намемонӣ. Агар ба ихтиёри ман мебуд, ин Ишратии хонасӯхтаро худи ҳозир дар пеши чашмат ба дор мекашидам.
Сипас гиребони писарашро сар доду даст афшонд ва шитобон ҷониби кӯшк рафт. Қубодхон бо ранги паридаву бадани ларзон боз сарашро қапида, ба замин нишаст.
Отизул бо навкаронаш ба деҳаи Вуж расид. Вуж деҳаи хурдест дар ҳудуди деҳкадаи Сарчашма. Сайидонаш насаби худро ба Сайид Шоҳи Кошонӣ мерасонданд. Азбаски Шоҳи Кошонӣ даъвои ҳокимият накард, халқ ба авлодаш чун ба тақводорони мустаҳақ ва сарсупурдаи дин эҳтиром мегузошт. Барои ҳамин, дар муддати қариб сад сол қозиёни Шуғнонро мардум аз ҳамин авлод интихоб мекард. Шоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ дар кори интихоби қозӣ ҳаққи дахолат надошт. Қозии Шуғнон пас аз интихоб шудан дар қаламрави кишвар гашта, дар мувофиқа бо халқ ва пирони мулк қозиҳои маҳаллиро дар Рӯшон, Дарморахт, Чоснуд, Сучон, Ғунд, Шохдара, Поршинев ва гоҳе Ғорон таъйин менамуд. Дар маҳалҳо низ қозиҳо ғолибан аз авлоди шоҳикошониён интихоб мешуданд. Ба ин тариқ, қозиҳо пас аз пирон дуюмин қуввае буданд, ки мустақиман ба шоҳ итоат намекарданд. Шоҳ ҳақ дошт ҳукми қозиро бекор созад, вале танҳо вақте ки масъала барои давлат аҳамияти фавқулода дошт.
Отизул медонист, ки халқи Сарчашма ғаюру гарданшаханд.
Инро ҳам медонист, ки Муҳаббатхон махсус писарони Қозӣ Давруқро бо туҳмати исён қатл кард. Бад-ин васила мехост қозигариро аз дасти авлоди ӯ гирифта, ба дасти одамони дилхоҳи худ диҳад. Вай қозӣ Давруқро бидуни мувофиқа бо касе аз мансаб барканор намуд. Ҳатто бо Сайид Фаррухшо, ки бонуфузтарин пири мардуми Шуғнон буд, як даҳан маслиҳат накард.
«Лоақал дар рӯзи сур ба асиргирӣ амр намедод, – бо кароҳат аз дил гузаронд Отизул. – Сипаҳсолориамро расман эълон накарда, асиргирӣ фиристод. Ба гуфти шуғниҳо, бузи худро дар сури мардум куштан».
Бо ҳамин андешаву хаёл Отизул ба Вуж расид. Ба навкаронаш амр дод, ки аввал ба хонаи Давруқ ҳуҷум оранд. Аввал аҳли хонаводаи ӯро асир гиранду баъд бар исёнгарон тозанд.
Вале дар марзи деҳа мардони мусаллаҳро дида, лаҷоми аспҳоро кашиданд. Отизул хитоб кард:
– Шумо кистед ва чӣ мехоҳед?
Ҷавонмарди камондоре пеш баромад ва ҷавоб дод:
– Мардони Вуж ва Таҳмев ҷамъ омадаанд, то дасти хунолуди Муҳаббатхонро аз гиребони фуқаро кӯтоҳ созанд.
– Ту кистӣ? – аз чунин ранг гирифтани кор сари калобаашро гум кард Отизул.
– Ман Хуршедшоям, сипаҳдори халқи Сарчашма. Мо ягон нафарро ба шумо намесупорем. Беҳтараш баргашта равед.
Отизул андешид, ки агар ба ҷанг даст занад, аз ин мардуми ташнаи қасос мағлуб шуданаш баъид нест; ғайр аз ин, барои ҷанг бо мардуми як деҳкадаи калон дастури шахсии шоҳ лозим аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё