«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Аҳли дарбор ҳамагӣ дар тараддуди сури шоҳ Муҳаббатхон буд. Мувофиқи амри ӯ, рӯзи панҷшанбе маросими никоҳ, рӯзи ҷумъа сури арӯсӣ баргузор мешуд. Хароҷоти базм бар уҳдаи оқсақолони деҳоти атроф фаромад. Малакбоз, меҳмондори дарбор, бо амри шоҳ ба Шева, Рӯшон, Шохдара, Ғунд, Сучон ва ҳатто Дарвоз ҷаҳтгар1 фиристод, то аъёну акобири ин мулкҳоро ба сур даъват кунанд.
Ҳар як бунаи деҳаҳои атрофи Баҳрпанҷа то Поршиневу
Шидвуд вазифадор карда шуданд, ки то рӯзи чоршанбе ба қалъа яктоӣ гӯсфанд ё буз, ду тафсин2 равған, як банд ҳезум, ним пуд3 ҷав, як пуд орд, як ғирбол табағӣ4, як сабад коҳи сафед сурона бурда, ба хазинадор таслим намоянд. Мосалон5 деҳа ба деҳа гашта, иҷрои амри шоҳро назорат мекарданд. Дар иҷро накардани амр ягон узр қабул намешуд. Хонаводае, ки аз нодорӣ сурона дода наметавонист, ба фишори сахт, ҳатто нозири амвол қамчинкӯбии мосалон гирифтор мегашт. Бинобар ин, маҷбур мешуд, ки қарзу қавола карда, ҷони худро аз ин азоби алим халос намояд.
Ду канизаки ҷавон Сарвинозро ба гармобаи ҳарам дароварданд. Гармоба хонаи васеъ буд. Дарозии деворҳояш ҳафтҳашт ва баландиашон тахминан чаҳор қулоч андоза дошт. Аз оби гарму гуворои ҳавзи сангини ҳуҷра бӯйи хушу фараҳбахши карафсу райҳон ба димоғ мерасид. Канизон чолок либоси арӯсро кашида, ӯро рӯйи даст бардошта, ба ҳавз дароварданд.
Аввал бо сеҷиби1 чӯбин ба сараш об рехтанд, сипас ба молиш додани пайкари сафеду нозукаш пардохтанд.
Ин бори дувум буд, ки Сарвинозро дар ҳамин ҳавз барои арӯс шудан обтанӣ медиҳанд. Бори нахуст барои падар, ин бор барои писар. Расо ҳафт сол пеш, айнан ба мисли ҳозир, ду канизак ӯро шустушӯ дода, барои даромадан ба оғӯши шоҳ Абдураҳимхон омода карданд. Он вақт оби гармро ду канизаки дигар аз берун мекашонданд, чунки дегхона дар пушти гармоба воқеъ буд. Аммо ду сол пеш устое оварданд, ки девори ҷониби ҳавлиро канда, гӯлах сохт ва онро ба воситаи мӯрӣ ба гармоба пайвасту дар дохили гармоба дегдоне иморат кард.
Бар ин дегдон деги бузурги чилманӣ шинонданд. Вақте дар он сӯйи девор дар гӯлах оташ меафрӯхтанд, обаш гарм мешуд ва аз таъсири ин гармӣ ҳавои дохили бино ҳам ҳамеша барои обтанӣ мусоид буд.
Он замон Сарвиноз ҳамагӣ понздаҳ сол дошт. Як субҳи наҳси тобистон қирғизони Марғов соате пеш аз хурӯсбонг ба деҳаашон Сарез ҳуҷум оварданд. Аҳли деҳ дар хоби ширини саҳарӣ, посбонони қалот2 ҳам бонги хатар назаданд. Шояд қирғизон онҳоро ҳам ғофилгир карда буданд. Сарвинозро овози ҷонхароши модар бедор кард. Падараш дар суфаи айвон бо касе афтударафт дошт. Дар нимторикӣ ғел зада, якдигарро мекӯфтанд. Модараш «ёрӣ диҳед, қирғизҳо!» гӯён ҳар замон дод мезад. Сарвиноз ҳам ба доду фарёди модар ҳамроҳ шуд. Ин асно саворае расиду ба замин ҷаст ва бо қамчин ба пушти сари Пасор зарбае зад. Ӯ овоз набароварда, аз суфа ба замин ғалтид. Қирғизон модару духтарро кашолакунон ба аспҳо шинонда, аз деҳа берун бурданд. Савор Сарвинозро бо дасти чап ба синаи худ пахш карда, бо дасти рост асп меронд.
Духтар ҳарчанд зӯр зад, фишори ҳалқаи дасти қирғизро суст карда натавонист. Вай марди лоғарандому сабуквазн бошад ҳам, чолоку бӯзина1 буд. То намози шом дастаи қирғизон, бисту панҷ – сӣ савор, аспҳояшонро якзайл резачорпо ронда, ба деҳаи Аличур расиданд. Саркардаи ин роҳзанон Муҳаммадкарим будааст. Ӯ марди миёнсоли болобаланди шонапаҳни сурхинае буд бо чашмони ғазаболуд, пешонии дунг ва гӯшҳои ғайриодӣ калон. Баракси қирғизони дигар, ки ҳамагӣ қалпоқ доштанд, телпаки пӯсти барра ба сар ва чакмани хушбофти қирмизиранги тоҷикӣ ба бар дошт.
Роҳзанон ғаниматҳои овардаашонро як-як ба қӯрбошӣ (онҳо Муҳаммадкаримро чунин ном мебурданд) таслим намуданд. Сарвиноз чизу чораи аҳли деҳааш – хурма, шап2, гоҳвора, табар, чӯби вассаву тир, меваи хушк, сандуқ, анвои ғалла ва ҳоказоро дар гирду атрофи хаймаи қӯрбошӣ дида, аз дидааш хун боронд. Аз сокинони деҳа ҳамин ду нафар – Сарвинозу модараш Гулнозро асир оварда буданд.
Ду рӯз дар Аличур истоданд. Рӯзи савум Муҳаммадкарим бо даҳ нафар роҳзан роҳи Шуғнонро пеш гирифт. Тамоми ға1. Бӯзина (шуғнонӣ) – одаме хурдҷусса, вале тавонову варзида ниматро ба се шутур бор карданд. Сарвинозу модарашро ҳам ба шутуре дар каҷоваҳо шинонданд. Аҷибаш он буд, ки қирғизон ба онҳо меҳрубонона муносибат мекарданд. Дар корвон ҳамроҳашон ду зани қирғиз ҳам буданд, ки баробари эълон шудани таваққуф ё шабхобӣ ба назди онҳо меомаданд, ҳолпурсӣ мекарданд ва, ҳарчанд аз гулуяшон чизе намегузашт, пешашон хӯрдание мегузоштанд.
Қирғизон ба забони шуғнонӣ озод гап мезаданд, ҳатто нафароне ба порсӣ суруд мехонданд. Вале ин муносибатҳои хуш заррае на ба модар мефориданд, на ба духтар. Ба замми ин, дар куталҳои осмонбӯс дилашон аз нарасидани ҳаво мешӯрид, гӯшҳояшон ғуввос зада, баъзан зангулазанон садо мекашиданд, сарҳо дард мекарданд. Дили модару духтар ба ёди шавҳару падар, ёру диёр ҳар лаҳза хун мешуд ва ашки ҳасрату надомат пайваста аз чашмашон шашқатор мерехт.
Модари зор бо ҷигари сӯхта, ба расми зане, ки аз паси ҷаноза овоз меандозад, дар кӯҳу пуштаҳои бефарёдраси Помир нола мекашид:
Э-э-эй, садбарги сафеда бин, чӣ ҳоло дорад,
Тақдири Илора бин, чӣ коро дорад.
Гуфтум биравум пеши фалак нола кунум-е-е-е,
Аз гиряи ман фалак чӣ парво дорад!
Бо рубоихонии модар аз дили ба ёди падар порагаштаи Сарвиноз қатра-қатра хун мезаҳид ва ӯ сари овози модарро мегирифт:
О-о-о, андӯҳу ғам аст дар диёрум, чӣ кунум?
Ин ашк ба ҳоли ӯ биборум, чӣ кунум?
Ҳар лаҳза зи ғам як хабаре мешунавум-е-е-е,
Гардида хазон гули баҳорум, чӣ кунум? Корвон дар дуроҳаи кутали Харгӯшӣ ба чап, ҷониби водии
Шохдара тоб хӯрд. Вақте ба Ҷавшангоз расиданд, нафаскашиашон сабук шуду аз дидани сабзаву гиёҳ чашмашон андаке равшан гашт.
Рӯзи чорум ба Шуғнон расиданд. Дар қалъаи Баҳрпанҷа асирон фаҳмиданд, ки саркардаи роҳзанон қӯрбошӣ Муҳаммадкаримхон пас аз шоҳ шахси дувуми дарбор, яъне девонбегӣ будааст!
Девонбегӣ модарро худ ба занӣ гирифту духтарро ба шоҳ Абдураҳимхон тортуқ кард. Шоҳ, пас аз як соли хуфтухез бо Сарвиноз, ба ӯ чунон дил баст, ки як ҳафта суру шодмонӣ эълон намуда, ӯро ба никоҳи худ даровард. Баъдҳо, вақте ки Сарвиноз дар дарбори Абдураҳимхон одами худӣ шуд, фаҳмид, ки Муҳаммадкаримхони девонбегӣ соле ду маротиба ба Помир сафар карда, бо дастаи роҳзанонаш сокинони ин сарзаминро ғорат намуда, ғанимати бадастовардаашро ба шоҳ месупурдааст. Шоҳ ҳам барои ин «корнамоӣ» - ҳояш ӯро дар мансаби девонбегӣ нигоҳ медоштааст. Умури идораи мамлакат амалан дар дасти ин қирғиз буд. Ӯ ҳарчи мехост, бо мардум мекард.
Ҳар ҳукме, ки мебаровард, Абдураҳимхон қобили қабул медонист. Нуфузаш дар давлат ба андозае афзуд, ки ҳатто писарони шоҳ ба ташвиш омаданд. Бинобар ин, вақте ки Муҳаббатхон ҳокими Шохдара буд, бо бародараш Юсуфалихон ба маслиҳат нишастанд ва шабе ба Баҳрпанҷа ҳуҷум оварда, Муҳаммадкаримро ба қатл расонданд.
Баъди ин воқеаи мудҳиш модари Сарвиноз бе шавҳар монд. Бо миёнравии Сарвиноз Абдураҳимхон иҷозат дод, ки ӯ ба зодгоҳаш – деҳаи Сарез баргардад. Ду навкаре, ки Гулнозро аз роҳи Рӯшон ба Бартанг мебурданд, пас аз як ҳафта баргашта, хабар оварданд, ки Гулноз ҳангоми гузаштан аз дарё ғарқ шудааст. Ин мусибат Сарвинозро ба дараҷае маъюс сохт, ки се соли тамом либоси сиёҳ ба бар кард, аз хушиҳои зиндагӣ даст бардошт ва ба мотами модараш нишаст. Ин мотами дарозмуддат эътироз ва эътисоби ҷиддии Сарвиноз буд ба шавҳари золимаш Абдураҳимхон. Зеро ӯ яқинан медонист, ки он ду навкар модари азизашро бо амри махфии шоҳ дар роҳ ба ҳалокат расондаанд. Гулноз асрори зиёде медонист, вале шоҳ, албатта, намехост, ки сирри хонаводааш аз забони шоҳиди зиндае ба мисли Гулноз дар даҳони авом афтад.
На модар, на духтар аз шавҳарони худ фарзанд наёфтанд.
Сабабаш шояд он буд, ки ҳардуяшон ин золимони таҷовузкорро сахт бад медиданд, бо тамоми вуҷуд ба онҳо нафрат доштанд ва барои ҳамбистарӣ накардан бо онҳо ҳазору як баҳона пеш меоварданд. Гулноз ҳамоно ба ёди шавҳари ба ҷону дил баробараш – Пасори хоксору меҳрубонаш месӯхт ва муҳаббати поки ӯро бо худ ба дунёи бақо бурд. Ӯ то вопасин нафас намедонист, ки шавҳараш он субҳи наҳс ҳалок гардид ё зинда монд. Дили Сарвинози ҷавон, баракси модараш, аз муҳаббат холӣ буд. Ӯ ҳанӯз ба дарки муъҷизаи ишқ нарасида, ба таҷовузи шоҳи Шуғнон, ки бисту панҷ-сӣ сол аз ӯ бузургтар буд, гирифтор омад. Аз ин рӯ, ба ҷинси мард нафрат пайдо кард ва обистан шуданро ба шаъни худ таҳқир медонист…
Оби ширгарму хушбӯйи истахр ва молиши гуворои канизакон пайкари Сарвинозро роҳат бахшид. Исфанҷу собуни муаттари ҳиндӣ на танҳо бадан, балки дилашро ҳам ба наҳве мулоим карданд. Ӯ фармуд, ки духтарашро ба гармоба оранд. Пас аз таваллуд кардани духтараш дили Сарвиноз ба зиндагӣ андаке гарм шуд. Духтарак ягона василаи дилхушии ӯ дар дарбори маҳбасмонанди шоҳи Шуғнон буд. Вақте ки Муҳаббатхон пас аз мурдани падараш ба зани ӯ, яъне модарандари худ, чашм ало кард,
Сарвиноз намедонист аз шарму ҳаё сарашро ба куҷо занад? Вале Муҳаббатхон аз байни тамоми занони ҳарами худ ба ӯ майли зиёд дошт. Вай ҳавои ишқи ин ҷавонзани чун ҷӯҷаи парӣ зебои бартангиро аз рӯзи аввали ба дарбор оварданаш дар сар мепарварид ва акнун ки ҳокими мутлақи мамлакат гашт, мехост, ки ӯро – ягона зани дар тамоми олам дӯстдоштаашро ба мартабаи шоҳбонуи дарбор расонад. Аз он ки Сарвиноз зани қонунии падараш буд, Муҳаббатхон парвое надошт.
Муҳаббати шӯрангези Сарвиноз чашмонашро кӯр ва гӯшҳояшро кар карда буд. Дар моҳи сеюми ҳукуматаш бо меҳрубониву ҳадяву хушомади бисёр Сарвинозро ба худ моил намуд.
Бо кушта шудани Абдураҳимхон дар дили Сарвиноз шуълаи умед барқ зад, ки акнун Муҳаббатхон ӯро ба мисли дигар занони падараш ё озод мекунад, ё ба ягон муқаррабаш мебахшаду ниҳоят аз ин зиндони дилгиркунанда ба олами фарох мебарояд. Вале тақдир ин бор ҳам барои Сарвиноз пешомади дигаре омода сохт. Муҳаббатхон қариб тамоми шабҳояшро бо ӯ мегузаронд. Гоҳ-гоҳ ва он ҳам дилу бедилон ягон зани дигарашро ба хонаи хобаш даъват менамуд, то қоидаи заношавҳариро риоя карда бошад. Ин ҳама таваҷҷуҳу меҳрубонӣ дар дили Сарвиноз беасар намонд. Ғунчаи дар айни навбаҳори ҷавонӣ пажмурдаи ишқу муҳаббат дар кадом як гӯшаи вуҷудаш сабз гардид. На, ӯ иқрор карда наметавонист, ки Муҳаббатхонро дӯст доштааст. Навозишҳои самимии ошиқонаи шоҳ каме ҳам бошад, вулқони нафрати ӯро ба дарбору дарбориён коҳиш дода буд. Дар моҳи ҳаштуми ба тахт нишастани Муҳаббатхон Сарвиноз обистан шуд. Вақте бо ҳарос ин хабарро ба шоҳ расонд, ӯ ҳарчанд мехост хурсандиашро пинҳон дорад, натавонист ва Сарвинозро ба оғӯш гирифту гуфт:
– Бисёр мехоҳам аз ту фарзанд дошта бошам. Фарзандат ҳам ба мисли худат бароям азиз хоҳад буд.
Чунин рафторро Сарвиноз аз шоҳ интизор надошт. Вай чунин меандешид, ки ӯ ба шоҳ танҳо барои хуфтухоб лозим асту бас, вақте фарзанд кард, Муҳаббатхон аз баҳраш мегузарад; ҳатто шояд аз дарбор биронад ва ниҳоят ба орзуи ягонаи зиндагиаш – раҳо ёфтан аз қайди қафаси дарбор бирасад. Медонист, ки шоҳони Шуғнон занони беникоҳи худро ба маҳзи бачадор шуданашон ба деҳаҳои дурдаст мефиристоданд, аммо фаромӯш намекарданд. Оқсақолонро ба нигоҳубини онҳо мегумоштанд.
Фарзандони аз занони қумоӣ зодаро «шаҳна» мегуфтанд. Онҳо аз мардуми одӣ дар зинаи баландтар меистоданд ва мансабҳои гуногуни маҳаллиро аввал ба онҳо медоданд.
Сарвиноз ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки фарзанди як зани одии бартангӣ ва он ҳам беникоҳ, барои шоҳи Шуғнон ин гуна азиз буда метавонад!
– Духтар бошад, чӣ? – боэҳтиёт тагпурсӣ кард Сарвиноз.
Ӯ бисёр мехост, ки тифли батнаш духтар бошад ва номи модари азизашро тоза кунад.
– Духтар бошад ҳам, – кӯтоҳ ҷавоб дод шоҳ.
Ин ҷавоби шоҳ Сарвинозро ба риққат овард. Ӯ ҳеҷ тасаввур намекард, ки дар паҳлуяш золимтарин шахси Шуғнон хоб асту чунин гапи аҷиб аз даҳони ӯ мебарояд. Шоҳ мӯйи Сарвинозро байни ду ангушташ ҳалқа кардаву беозор кашида, ӯро навозиш мекард.
– Охир, мо никоҳ надорем, шоҳам, – бо овози ларзон беҷуръатона пичиррос зад ӯ дар баногӯши Муҳаббатхон.
– Никоҳ…? – гӯё аз кадом як гӯшаи дуродури замин нидо баровард шоҳ, – Никоҳ.., чӣ аҳамият дорад он?
– Охир…– «ман зани қонуниат нестам» гуфтанӣ шуд Сарвиноз, вале дарзамон дарк кард, ки ин сухан густохист ва лаб фуру баст. Яке аз суннатҳои қадимии мардуми Шуғнон. – Ту зани манӣ, Сарвиноз, – шоҳ посухи саволи надодаи занро сари забон оварда, ин бор ҳам ӯро дар ҳайрат гузошт ва давом дод: – Никоҳ чӣ аҳамият дорад ? Вақташ расад, мекунем.
Гӯё сӯзани ноаёне ба кадом риштаи гиреҳхӯрдаи дили зан барқосо халиду он худ ба худ боз шудан гирифт. Аз тамоми сиву ду рагу паяш забонаҳои оташ ҷониби гулу ҳаракат карданд ва дар ғабғабаш ҷамъ омада, гулуяшро фушурданд. Гиря вуҷудашро ларзонд. Аввал кӯшид худро ба даст гирад, вале бо тӯфони дар замираш бархоста муқобилат карда натавонисту рӯяшро байни ду каф пинҳон намуда, овозашро сар дод.
Гӯё ҳамин замон падар ё модараш мурда буду дар сари ҷисми беҷони вай бехудона навҳа мекашид. Гиристу гирист, нолиду мӯйид, мӯйиду нолид.
Шоҳ аввал бесаранҷом шуд, вале вақте дарёфт, ки Сарвинозро меҳрубонии ғайричашмдошташ ба чунин амал таҳрик додааст, сари ӯро ба синааш пахш карду босаброна мунтазир шуд, ки ғаму ҳасрати худро бо охирин ашк аз сина берун оварда, ором гардад. Сарвиноз расо ним соат гирист. Сипас дастонашро ба гардани шоҳ ҳалқа карда, ба хоб рафт.
Ӯ тамоми дарду алами дар тӯли панҷ-шаш соли дар қалъаи Баҳрпанҷа дар вуҷудаш ҷамъомадаро он шаб, ба навиди обистан шуданаш бо ин гиряи дурударози худ фуру нишонд ва дар тамоми ин муддат бори нахуст аз ғаму ғуссаи олам озод ба болин сар ниҳод…
Каниз духтарашро овард. Сарвиноз фармуд, либоси кӯдакро кашиданд ва ӯро ба дасташ доданд. Гулноз худро ба оғӯши модар зад, сипас дастаку почакзанон бо оби ҳавз ба бозӣ даромад. Шавқуну дилхушии Гулноз ба модараш фараҳ бахшид.
Эҳсоси гуворои хушбахтӣ вуҷудашро фаро гирифт. Аз он ки пас аз зуҳр Муҳаббатхон ӯро ба никоҳи деринтизори худ медарорад, дилаш ширин-ширин гум зад. Тамоми бадбахтиҳои ба сараш омада ин лаҳза ӯро канор гузоштанд; балки ба тӯли солҳои дароз аз вай фосила гирифтанд. Сарвиноз духтараки хушбахту бепарвояшро ба сари сина пахш карда, аз чашмонаш бӯсид ва фармуд, ки барояш собуни хушбӯ бидиҳанд, то пайкари наҳифи тифлашро бо дастони худ бишӯяд.
Шуғнон ба азои шаҳидон нишаста буду шоҳи Шуғнон тараддуди сур дошт. Субҳи рӯзи панҷшанбе меҳмонон аз ҳар ҷо ба қалъаи Баҳрпанҷа омадан гирифтанд. Муътабартаринашонро Муҳаббатхон худ бор медод, суронаашонро қабул мекард ва амр медод, ки барояшон дар меҳмонсаройи қалъа ҷой омода кунанд. Меҳмонони дувуму сеюмдараҷаро Малакбози хонсолор мепазируфт, ҳадяву суронаи овардаашонро дар дафтаре менавишт ва онҳоро ба деҳаҳои атроф – Демурғон ё Баҳшор ба ихтиёри оқсақолон мефиристод.
Офтоби тобистон мобайни осмон расида буд, ки Муҳаббатхон оқсақоли Баҳшор – Исҳоқро ба ҳузур хонд.
– Супоришам дар ёдат ҳаст? – пурсид пас аз ҷавоби сард ба саломи ӯ.
– Оре, шоҳам.
– То чоштгоҳи пагоҳ зану фарзандони ҳамаи онҳоеро, ки куштам, дар майдони Саройи санг ғун карда, ба Файзобод ҳаракат мекунӣ. Касе зану фарзанд надошта бошад, падар, модар, нашуд, бародар ё хоҳарашро багир меорӣ.
– Тасаддуқ, – буғзи дар гулу дармондаашро базӯр фуру бурда тасдиқ кард Исҳоқ.
– Гуноҳат дар назди ман рӯз то рӯз на кам, балки зиёд мегардад. Аз куштани бандиҳо сар боз задӣ, агар одамони ман рафта Мазҳабшову писарашро ёфта намекуштанд, аз зинда мондани он сагон огоҳам намекардӣ. – Шоҳо, ман… – оқсақол дар ҳимояи худ чизе гуфтанӣ шуд, ки шоҳ по бар фарш кӯфта, хиррос зад:
– Ман-ман накун, кӯр нестам, ҳамаро мебинам. Имрӯз никоҳ дорам, фардо арӯсӣ. Ҳадяи бузурги ту ба рӯзи хурсандиам ҳамин мешавад, Исҳоқ! Бо Эҷаб биншину рӯйхат созед ва мувофиқи он шӯрапуштонро даст баста, ба Саройи санг оред.
Агар донам, ки ягон кас аз чашмат афтод ё гурезондаӣ, ба дасти худам аввал каллаи худатро мебурам, баъд авлодатро ба молики дӯзах месупорам!
Шоҳ аз шиддати хашм дупӯставу нимовоз тавре гап мезад, ки гӯё оқсақол кайҳо хиёнат кардаву ӯ ба қасди буридани сар ба гулуяш ханҷар гузошта бошад. Аз ин эҳсоси мағшуш банди ҷигари Исҳоқ ларзид. Вай бо чашмони шахси ба қатли фаврӣ маҳкумшуда, маъюсу бефарқ, ба рӯйи зишти Муҳаббатхон нигоҳ мекарду ба толеи шумаш нафрин мехонд, ки дар дарбори чунин даррандаи одамсурат амалдор шудааст.
– Ҳар як ёғиро шахсан худам нарх мегузорам, аз он баландтар фурӯхтӣ, ҳаққи ҳалоли худат, харҷи сафаратро мебарорӣ.
Ҳамагӣ як моҳ муҳлат дорӣ. Ин суфоришро хуб иҷро кардӣ, мансабатро аз нав соҳиб мешавӣ, накардӣ, дигар дар тамоми Шуғнон ҳатто сагон ҳам аз сари роҳат мегурезанд. Фаҳмидӣ?!
Оқсақол сар ҷунбонд.
– Фаҳмида бошӣ, парсими кор шав.
Исҳоқ базӯр аз ҷой баланд шуд ва бо қадамҳои вазнин ҳуҷраро холӣ кард.
Шоҳ чанд дақиқа пасупеш дар пушти тахташ қадам зад, риши то сина расидаашро даст-даст кард, мӯйи сарашро, ки ёзида буд, дақиқае палмосид ва тасмим гирифт, ки соати пӯшидани либоси домодӣ ҳам расид.
– Бонак! – фарёд кашид шоҳ.
Бонак чун гурба беовоз пайдо шуд ва дар ҳоли нимтаъзим чилими зарҳалиро ба ӯ дароз кард. – Не, намекашам, се рӯз ин маразро ба ман нишон надеҳ.
Муборак дар куҷост?
– Ҳамроҳи Малакбоз дар хидмати меҳмонони қалъа.
– Даъваташ кун.
Бонак баромад. Муҳаббатхон сандуқи чӯбини кошинкориро, ки дар пушташ буд, боз кард. Атри фарангӣ бароварда, се-чор қатра ба сару ришаш пош дод ва ба шишаи нилифоми шашқираи он даме назар дӯхт. Лавҳи зарҳалии шишача ба лотинӣ ҳуруфе дошт, ки Муҳаббатхон хонда наметавонист. Ин атрро тоҷири англисе дар Файзобод ба ӯ ҳадя кард. Чанд рӯз пас, ҳангоме ки Муҳаббатхон азми сафари Шуғнон намуд, он тоҷир ба ӯ боз як шиша атри дигар овард ва гуфт:
– Ҷинабе Муҳаббатхан, ин атр бараи занан мибашад, инра ба зане дӯстдаштаат тағдим кунид, бавар дарам ик умр шумара дӯст дарад.
Муҳаббатхон он атрро соли ҳафтум аст, ки барои рӯзи сури маҳбубаи ба ҷону дил баробараш Сарвиноз нигоҳ медорад. Ӯ коғазқутии бунафши атрдорро аз сандуқ баровард, бӯй кашид, чор тарафашро тамошо кард ва боэҳтиёт боз ба ҷояш гузошт.
– Ҳай хурсанд мешавад Сарви пурнози ман! Ҳай фараҳ меёбад! – нимшунаво гуфт Муҳаббатхон худ ба худ.
Шоҳ аз овони наврасӣ, ҳар гоҳе ки бо Сарвиноз рӯбарӯ меомад, дар ҷояш карахт мешуд. Хун ба сараш мезаду тапиши дилаш чунон суръат мегирифт, ки хаёл мекард тамоми аҳли дарбор дар дуртарин гӯша ҳам садои онро мешунаванд. Сарвиноз чунон зебо, чунон нозукбадан буд, ки ҳар марди боре ӯро дида ба як нигоҳ дил мебохт. Ӯ аз Абдураҳимхон бист-бисту панҷ сол ва аз Муҳаббатхон ду-се сол хурд буд. Яке аз сабабҳои нафрат варзидани Муҳаббатхон ба падараш ҳамин Сарвиноз гашт.
Шоҳбача аз фарти ишқи бепосух ба модарандари худ дар дилаш меандешид, ки падари пираш зомини бахти ӯ шудааст. Агар Сарвиноз зани падараш намебуд, Муҳаббатхон ба ҳар қимате ин кабки хиромони дариро ба доми худ медаровард. Ҳар боре ки Абдураҳимхон Сарвинозро аз ҳарам ба ҳуҷраи хоб металабид, Муҳаббатхон дар оташи рашк месӯхт. Он шабро бедорхоб саҳар мекарду чанд рӯзи дигар бедимоғ мегашт. Бародараш Юсуфалихон ба ин заъфи Муҳаббатхон пай бурда буд ва ошкоро набошад ҳам, гоҳе бо суханҳои таҳдор ӯро маломат мекард. Муҳаббатхон ҳам медонист, ки бо чунин андешаи хомаш сазовори ҳама гуна маломат аст, вале коре аз дасташ намеомад.
Ишқ бар дил мениҳад бунёдро,
Охир, эй ҷон, аз кӣ хоҳам додро?
Хусраву Ширин ба ҳам дар ишратанд,
Нолаву зориву ғам Фарҳодро!
Баракс, оташи иштиёқи дидор ва ҳатто васли модарандар рӯз ба рӯз дар синааш бештар забона мезад. Ҳатто вақте ки издивоҷ намуду тахти шоҳӣ ба даст овард, чанд зани аз Сарвиноз ҷавонтар гирифт, бо дӯшизаҳои бисёр ҳамхоба шуд, меҳри Сарвинозро аз дил берун карда натавонист.
Бонак занҷир ба дар заду ҳамроҳи оқсақоли Синург (қарияи марказии Қалъаи Баҳрпанҷа ва атрофи он) Муборак ворид шуд.
– Муборак, меҳмондориатро ба каси дигар супору дар тараддуди никоҳ бишав.
– Фармонбардорам, – Муборак таъзим намуд.
– Сайид Фаррухшо дар куҷост?
– Аз рӯйи шунидаам то дирӯз дар хонааш буд.
– Худи ҳозир бихезу ба Саройи Баҳор гузар. Бигӯ, ки шоҳ мехоҳад хутбаи никоҳашро худи Сайид бихонад. Ҳамроҳи худат бигиру биёр. Ғайр аз ин, раҳбараҳ мушоҳида кун, ки авзои мардум чи хел аст.
Муборак рафт. Бонак хеле мунтазир истод, сипас бо сулфае гулу равшан карду гуфт:
– Шоҳам, чилим биёрам?
– Чанд бор гӯям, ки то сур нагузарад, даст ба чилим намезанам?! Ё ту ҳатман айши пеш аз хурсандии маро талх кардан мехоҳӣ? – ситеза кард шоҳ.
– Худо нигаҳ дорад, шоҳам, – гардан даруни китфҳо кашида, бо ҳаяҷон садо баровард Бонак. – Ман… росташ, бовар намекунам, ки ту…
Ӯ давоми гапашро фурӯ бурду бо ҳарос ба рӯйи шоҳ чашм дӯхт.
– Ман ҳам бовар намекардам, – лабханд зад Муҳаббатхон ва ҷабинаш лаҳзае кушода шуд. – Лекин охир вай… бӯйи чарсро намебардорад…
Бонакро аз шодмонии лаҳзаинаи шоҳ фараҳ ба дил роҳ ёфт. Каме шерак шуда гуфт:
– Шоҳам, хазинадор мехост суронаи мардумро нишон диҳад.
– Ин корро баъди никоҳ анҷом медиҳем. Ҳоло барои ман касе лозим аст, ки мӯю ришамро дуруст кунад.
– Симаки хуфиро даъват кунам?
Шоҳ хеле фикр кард ва гуфт:
– Аз дарбориён касе наметавонад?
– Салори ҷаллод сартароши хубест, шоҳам.
Муҳаббатхонро ин сухан нафорид. Рӯ турш кард ва гуфт:
– Лелаи кӯтоҳақл, мехоҳӣ ҷаллод сари маро тарошад? Нест шав ва Симаки хуфиро ҳозир кун!
Бонак танҳо акнун чи пешниҳоди шум карданашро дарк намуд. Аз ин рӯ, ба чунин осонӣ аз дасти шоҳ халос хӯрданашро толеи нек шумурду дарро беовоз кушода, гурехт.
Соате пас Симаки хуфӣ, ки аслан фаррошӣ мекард, бо миқрозу покуву шона ришу мӯйи Муҳаббатхонро ба тартиб овард. Шоҳ баракси расми мардуми таҳҷоӣ мӯйсарашро покиза наметарошид, балки ба андозаи як ангушт ҳамеша нигоҳ медошт. Ришашро аз як ваҷаб зиёд намемонд.
Вақте ки Симак корашро анҷом дод, Муҳаббатхон ҳамроҳи Бонак ба гармоба даромад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё