Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷаҳонгир дар суфаи айвон нишаста, бо синҳораш суҳбат дошт. Бори чандум буд, ки бо Азизмо дар хусуси зиндагии ояндааш гап мекушод. Дилаш ба ин зан, ки дар бисту чорсолагӣ бева монд, падарвор месӯхт. Намехост, ки ҷавонии Азизмо дар хонаи ӯ хазон гардаду ӯ зомини бахташ бошад. Аммо ҳар бор, ки аз ин мавзӯъ гап мекушод, синҳораш сар пеш афканда, ангуштшиканӣ мекард ва ба насиҳатҳои ӯ як хел ҷавоб медод:

– Татҷон, ман дар ҳамин хона бахтамро ёфтам. Аз ин ҷо фақат мурдаи маро мебароранд. Шавҳарам шаҳид шуда бошад ҳам, ту ва писараки ширинам ҳастед. Барои ман дигар чизе ва касе лозим нест. Ҳазор марди зиндаро ба мурдаи Маҳмаднасим иваз намекунам.

Ин ҳангом Мулло Хишол ҳамроҳи Мирзоазиз ба ҳавлӣ даромаданд. Азизмо ба пешвозашон бархоста, аз суҳбати барояш нохуш раҳо ёфт.

– Ман бароятон шикана1 мебиёрам, – гуфт Азизмо пас аз салом бо Мулло Хишол ва ба ошхона рафт.

Чаҳонгир ҳам хурсандона ба пешвозашон бархост ва Мулло Хишолро ба паҳлуяш шинонд.

– Аҳволат, иншооллоҳ, хеле беҳ шудааст, – ба оҳанги дилбардорӣ забон кушод Мулло Хишол, – хеле хушҳол шудам.

– Аз дирӯз ин тараф сари ҳол омадам. – гуфт паҳлавон, – хайрият, ғубори ҳаво пасанда шуду дилам ҳам равшан гашт.

Қозӣ Давруқ инсони шариф буд, бо ӯ бештар аз панҷоҳ сол дӯсту бародар будем. Худо худаш хоста, ки дар мансубааш2 иштирок ва чароғашро зиёрат кунам. Кӣ мегуфт, ки дар сӯги фарзандонаш бо чунин хориву зорӣ ҷон медиҳад…

Пас аз сарфи таом Ҷаҳонгир савори асп ва Мирзоазизу Мулло Хишол пиёда дар рикоби ӯ ҷониби деҳаи Вуж равон шуданд.

Дар роҳ одамони бисёре пиёдаву савора ба онҳо пайвастанд.

Мардум ғамзадаву афсурда барои таъзия ба хонаводаҳои шаҳидон мерафтанд. Ҷо-ҷо гурӯҳи занони сиёҳу кабудпӯш дучор меомаданд, ки бар сар табақҳои дасторхонпеч, ба ғамхонаҳо сокт3 мебурданд. Ин манзараҳои ҳузнангез Ҷаҳонгирро сахт андӯҳгин сохтанд.

– Абдураҳимхон ҳам золим буд, вале ин падарсаг аз ҳад гузаронд. Ҳоло афсӯс мехӯрам, ки тамоми неруи ҷавониамро беҳуда сарфи нигоҳ доштани ҳукумати инҳо кардам, – оҳи сард кашида, гуфт Ҷаҳонгир. – Вақте Абдураҳимхон дар Ёрканд фирорӣ буд, ман бо паҳлавонони худам рафта, ӯро ба Бадахшон бурдам, ки аз он ҷо ба тасхири Шуғнон биёяд. Дар роҳ сарбозони манҷурӣ ба корвонамон ҳамла карданд. Се рӯз бо онҳо ҷанг кардем. Ман сад навкар доштаму онҳо аз панҷсад зиёд. Дар рӯзи чорум маҷбурашон кардем, ки рӯ ба гурез оранд. Дувоздаҳ нафар паҳлавони шуғнӣ кушта шуд, ман аз шонаам тир хӯрдам.

Мо панҷоҳу се манҷуриро куштем. Он вақт аз куҷо медонистем, ки ин Абдураҳиму фарзандонаш балои ҷони мардуми Шуғнон мешаванд? Бовар доштем, ки агар ҳоким шаванд, халқамон осуда мегардаду мулкамон обод. Вой бар мо… – Паҳлавони пир, аз шиддати ғазаб муштонашро гиреҳ баста, ба сандуқи синааш зад.

Сипас хеле сукут кард ва пурсид:

– Оқсақоли Виёд чӣ ҳол дошта бошад?

– Паҳлавон, оқсақолро дирӯз шоҳ ба дарё афканда, ғарқ кард, –посух дод Мулло Хишол.

– Чӣ хел? Барои чӣ? – аз ин хабари нохуш Ҷаҳонгир чунон моту мабҳут шуд, ки ҳатто лаҷоми аспашро кашид.

– Сабабашро возеҳ намедонам, вале шогирдонам гуфтанд, ки Муҳаббатхон ӯро қамчинкорӣ карда, аз болои шахи Саройи санг ба дарё партофтааст.

– Оҳ, хонаат бисӯзад, хони модарбахато! – нидо дод Ҷаҳонгир,

– Ин падарлаънат тамоми одамони баномуси моро нобуд сохт.

Мӯйсафед дигар ҳарфе назад. Саллаашро боз намуда, ба гардан овехт ва гашти аспашро тезонд.

– Охон, ин хабари шумро намегуфтӣ, беҳтар буд, – аз авзои бади бобояш мутаассир шуда, гуфт Мирзоазиз.

– Фикр кардам, ки дониста бошад, беҳтар, – ҷавоб дод Мулло

Хишол, ба дурустии ин амали худ чандон бовар надошта бошад ҳам.

Деҳаи Вуж байтулҳазанро мемонд. Даҳ хонавода мотам дошт. Чун имкон набуд, ки ҳар хонавода маросими мотамро алоҳида гузаронад, калонтарони деҳа салоҳ донистанд, ки фотеҳахониву чароғравшанро дар назди остон1 барпо кунанд.

Мардон дар як тараф, занон дар тарафи дигари остон ба мотам нишаста буданд. Фотеҳахонҳо меомаданд, ояте қироат мекарданд, ҳамдардӣ менамуданд, занон зор-зор мегиристанд, мардон дарун-дарун месӯхтанд ва барои дигарон ҷой холӣ карда, мерафтанд. Бо дидани паҳлавони овозадор мардон аз ҷо бархостанд ва бурда, дар паҳлуи халифа шинонданд.

Халифа Шонасим бо паҳлавон дастбӯс2 кард. Ҷаҳонгир дузону зад ва оят хонд. Халифа такбир кард, издиҳом омин гирифт.

– Ин қадар қурбонӣ…– ба оҳанги надомат дар бехи гӯши паҳлавон гуфт халифа ва ду қатра ашки ба ришаш шоридаро бо остини рағзааш пок карду афзуд: – Чӣ хатои бузурге аз мо гузашта…

– Бале, хатои бузурге кардем…– гуфт Ҷаҳонгир ва гӯё давоми гапашро фаромӯш карда бошад, чашм ба одамони навомада дӯхт.

Мулло Хишол ва Мирзоазиз ҳам дар байнашон буданд. Хизматгорон охонро шинохта, барои эҳтиромаш ӯ ва ҳамроҳашро ба нишастгоҳи халифа бурданд. Чун расми салому таъзияро баҷо оварданд, халифа аз Мулло Хишол хоҳиш кард, ки оят бихонад. Овози нарму хушоҳанги охон баланд шуду шеваи хонишаш ҳамаро мафтун сохт. Хондани ӯ он қадар дилкашу ҷолиб буд, ки одамон эҳсос мекарданд чи тавр ғаму ғусса майда-майда тору пуди вуҷудашонро тарк намуда, ҷойи онро ҳарорати гарми умед ба зиндагӣ пур месозад.

– Ин гуна лаҳҷаи ширинро бори нахуст мешунавам, – ба

Мулло Хишол рӯй овард халифа Шонасим. – Худованди таоло ҳафт пуштатро раҳмат кунад, бародар.

– Мулло Хишол мояи ифтихори деҳкадаи мост, халифа, – бо ифтихор гуфт Ҷаҳонгир. – Барои ҳамин мо ӯро аз Поршинев ба Демурғон оварда, барояш хонаву дар сохтем. Ҳоло бачаҳои моро сабақ медиҳад.

– Медонам, паҳлавон, медонам, – тасдиқ намуд халифа, – аз деҳаи мо ҳам ду писарро ба шогирдӣ қабул кардааст. Афсӯс мехӯрам, ки даврони шогирдиам гузашт, вагарна илми қироатро дар назди Мулло Хишол азбар мекардам.

Аз ин таърифҳо Мулло Хишол ноҳинҷор шуд ва азми рафтан кард:

– Паҳлавон, медонам, ки шумо шаб меистед, ба ману Мирзоазиз иҷозат диҳед.

Ҷаҳонгир розӣ нашуд:

– Мулло, шаб дар маърака меистем. Саҳар, пас аз чароғравшан, ҳар сеямон якҷоя меравем.

Халифа Шонасим ҳам монеи азми Мулло Хишол гашт:

– Тақсир, ғами мардумро қироати диловезат сабук мегардонад.

Ин кори бисёр савобест, ки ҳоло барои мусулмонон карда метавонӣ.

Торикӣ фаромад. Пас аз адои намоз маърака сар шуд. Халифа амр кард, ки барои Мулло Хишол рубоб биёранд. Навбати аввали мадҳияхониро ба ӯ доданд. Мулло Хишол асбобро ҷӯр намуд ва ниёишро бо ин рубоиҳои ҷигарсӯз оғоз кард:

Ман бандаи Мавлои Муҳаммад бошам,

Девонаи шайдои Муҳаммад бошам.

Рӯзе, ки қиёмат ошкоро гардад,

Ман хоки кафи пои Муҳаммад бошам.

Ё Раб, бирасон ба ҳазрати соҳибро,

Фарзанди Алӣ ибни Абутолибро,

К-аз дурии ӯ ҳамеша фарёд занам,

Монанди саге, ки гум кунад соҳибро… Овози дилнавози Мулло Хишол ба савти ҷонгудози рубоб омехта, дилҳои аз ғаму ғуссаи марги ҷигарбандон зардобгаштаи садҳо марду зани дар гирди остон ба мотамнишастаро гоҳ мефишурду гоҳ сар медод. Аз байни нишастагон гоҳ-ногоҳ фарёди ҷонхароши зане баланд мегашт ё марде ба ёди шахси шаҳидаш наъраи пурдарде аз умқи ҷигар бармекашид, чандон ки акси он ба кӯҳҳо меафтод. Кӯҳҳои солору боҳашамат низ гӯё ихтиёр аз даст медоданд ва он садои ҷигарсӯзро чанд маротиба бо навои ҳузн такрор намуда, дар авроқи сангини хеш сабт мекарданд.

пешина
аз 44
навбатӣ