Зеҳн
«Сояи нигоҳ»

«Сояи нигоҳ» маҷмӯаи сеюми шоираи хушқалам Шоҳонаи Сулаймон аст. То ин дам навиштаҳояш бо унвони «Хаёли ситорачин» (шеърҳо, нашриёти «Ҳумо») ва «Сад тарона» («Адиб») ба нашр расидаанд. Шоҳона розу сӯзи дӯшизагони кӯҳманзарро рӯйи варақ овардааст, ки самимият ва гармӣ доранд. Умед аст, ки нигоштаҳояш хонандаи закиро хуш меоянд.

Китобдор · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

АНДӮҲ

Маро аз ман раҳо кун, эй дили ман,

Маро, ки ҷуз ту ғамхоре надорам.

Маро, ки дар раҳи армони дунё

Ба ҷуз ту бо касе коре надорам.

Ба ҷонам шӯълае аз ишқ афкан,

Ки донам дарди ошиқ зӯр будаст.

Диле дар синаву дур аз муҳаббат,

Ба мисли зиндае дар гӯр будаст.

«Магар, Шоҳона, шарми ту наомад,

Ғуруратро шикастӣ ин қадар зуд,

Куҷо панди падар, уммеди модар»,

Ба сад андӯҳ мепурсам ман аз худ.

Миёни чор деворам аз андӯҳ

Парешону пурармону гирифтор,

Чаро арзон бидодӣ ишқи худро

Ба он марди ҳавасрони харидор?

ИШҚИ НОЗ

Ман ишқи ту давои дили реш мекунам,

Оҳанги ту ба рағми бадандеш мекунам.

Нашнидаӣ фасонаам: бо шоҳ мезанам,

Оташ ба кундаи дили дарвеш мекунам.

Ай бехабар, зи ишқи дили меҳрбори ман,

Дар баҳри ғуссаҳои ту хомӯш мондаам.

Ҳастам гадои дарбадари ишқи поки ту,

Маҳруми гармии туву оғӯш мондаам.

Ҳар як садо, ки мерасадам ҳамчу ҳарфи ту,

Дил дар даруни сина чу он ғунча во шавад.

Эй бехабар зи ҳоли ману ишқи поки ман,

Аз меҳрубониҳои ту дардам даво шавад.

Бо тӯшае, ки омада, ҷуз ишқи ноз нест,

Дилро ба ҷуз муҳаббати худ ҷонамоз нест.

Дар шаҳри ишқи мо биё, ҷойи ту холӣ аст

Ҷое марав, ки баҳри ту сӯзу гудоз нест.

НОЗ МЕОӢ

Бар яхистон пайкари сардам,

Ишқат омад, офтоб овард.

Бо нафасҳо зинда мегардам,

Инқилобу инқилоб овард.

Марҳабо, бар диёри сабзи дил,

Эй ки бо хандазор меоӣ.

Бо дусад бӯса гулфишонам кун,

Марҳабо, эй баҳор меоӣ?

ОИНАИ ТАНҲОӢ

Зиндагӣ хорам кард

Бо дили савдоӣ.

Ҳай чи ночорам кард

Аз ғами танҳоӣ.

Ошиқе гавҳари моро нашинохт,

Дилам аз дард гудохт,

Оина шуд.

Рӯ ба ин оинаи танҳоӣ,

Ду танем,

На ман ӯро мешиносам, на маро.

Акси мо об шуду рехт

Бари домонам…

Аз ҳамон дам, ки дигар доғ ба тан мегардам,

Рӯ ба танҳоияму сурати зан мегардам.

АНДӮҲИ ДИЛ

Хаёлам мешавад парпечи армонҳо,

Хаёлам меравад бар дуриҳои дур.

Хиёлӣ гаштаам аз ишқи носурам,

Ду рухсорам бишӯяд ашкҳои шӯр.

Худоё, ин чӣ дунёест, ман дорам,

На ёреву намедонам, ки душман кист?

Дилам дар банди садҳо ғусса мехонад

Тамоми он наво оҳанги якрангист.

Саропо гаштаам афсуну афсона,

Намедонам, чаро аз ман гурезонӣ.

Ману бахти маро, эй носипоси ман,

Ба рӯи раҳ задӣ, қадрам намедонӣ.

Ба «қоқ» арзон харидӣ ному нангамро,

Дигар обе намонд дар чоҳи чашмонам.

Суроби ту, дили садфитназои ту,

Ҳаккокӣ мекунам бо оҳу афғонам.

АФСОНА

Туро мехоҳам, эй афсонаи ишқ,

Туро, эй ёр, аз дунёи пуршӯр.

Бикун меҳмони ҷонам ҷони худро,

Ки ин дунёст бе ҷони ту ноҷӯр.

Бубин, ки пеши ту ман зора дорам;

Маро бар пои ишқат зор манмо.

Дили афсонахоҳи содаамро

Ба гулзори ҷавонӣ хор манмо.

Пас аз ҳар шодмонӣ, шодиёна

Ту ёде аз дили ношоди ман кун.

Вазад ҳар гоҳ агар боди муродат,

Ту ёд аз умраки барбоди ман кун.

Бисоз афсонавӣ дунёи дилро,

Аё, эй ҷовидон афсонаи ман.

Магӯ бисёр ҳарфи дӯстдорӣ,

Бигӯ танҳо, бигӯ: «Шоҳонаи ман…»

пешина
аз 10
навбатӣ