Зеҳн
«Сояи нигоҳ»

«Сояи нигоҳ» маҷмӯаи сеюми шоираи хушқалам Шоҳонаи Сулаймон аст. То ин дам навиштаҳояш бо унвони «Хаёли ситорачин» (шеърҳо, нашриёти «Ҳумо») ва «Сад тарона» («Адиб») ба нашр расидаанд. Шоҳона розу сӯзи дӯшизагони кӯҳманзарро рӯйи варақ овардааст, ки самимият ва гармӣ доранд. Умед аст, ки нигоштаҳояш хонандаи закиро хуш меоянд.

Китобдор · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДУНЁИ МАН

Ҳамчу субҳи нав ба истиқболи ту,

Интизорам, ки биёӣ, ҷони ман.

Меҳрубонам, аз Худо мехоҳамат,

Нур бахшӣ бар дару айвони ман.

Навҷавониро кунам қурбони ту,

Як замон фасли хазонам мерасад.

Дер хоҳад шуд, он гаҳ дер-дер,

Боди сарде бар ҷаҳонам мерасад.

Муждае, ки аз баҳор овардаам,

Рангу бӯи ишқи зебои ман аст.

Эй ба ғафлат рафтаӣ, марди ҳавас,

Боз о, дунё, ки дунёи ман аст.

ОТАШИ ИШҚ

Лабонам ёди лабҳои ту дорад,

Гӯшам уммеди гапҳои ту дорад.

Вуҷудам з-оташи ишқи ту сӯзад,

Дилам мастии шабҳои ту дорад.

Марав аз ман, марав, ки бе ту дилгирам,

Биё сӯям, биё, ки бе ту мемирам.

Дили дар кӯча монда нола дорад,

Ғамонаш бар вуҷудам кора дорад.

Чи бераҳмӣ, ки бар ҳоли дили ман

Назора чашми он майхора дорад...

Марав аз ман, марав, ки бе ту дилгирам,

Биё сӯям, биё, ки бе ту мемирам.

ҒУРУР

Эй ёр, эй фасонаи андӯҳи ҷони ман,

Ман бо ғурур тарк туро то намудаам,

Бас солҳо гузашт, ки ранҷат кашидаам,

Як лаҳзае зи ишқи ту шодон набудаам.

Ман сӯхтам зи рашк, замоне ки дидаам

Дастобадаст рафта ту бо ёри дигаре.

Дар сина ғам зи баски гирифтаст маскане,

Бозам кашам зи дасти ту озори дигаре.

Дар оташи фироқи ту ман сӯхтам, Худо

Охир, чӣ чора созаме, ӯро ғамам набуд.

Донам, ки ҳаст моили рухсори гулрухон,

Бо дигарон нишаставу ӯ ҳамдамам набуд.

Оре, ман аз ғурури фузун тарк кардамаш,

Охир, ғурур чист? Маро мекушад ғамаш.

Ҳарчанд дар асорати Шоҳона зиндаам,

Рӯзу шабон нишастаам дар пои мотамаш.

ГУЛРЕЗ САРОПОЯМ

Эй нури дилу дида, ишқи ту ба ҷони ман,

Эй он ки маро Каъба, ҳастӣ ба равони ман.

Ду пой ба занҷирам, дар чорсӯям умре,

Ду чашм ба роҳи ту, аз дида ниҳони ман.

Ман фасли баҳоронам – гулрез саропоям,

Он рӯз мабод, эй дил, ҳангоми хазони ман.

Дилсӯхтаи ишқам, ҳам номвари сидқам,

Ман они ту ҳастам чун, ҳастӣ ту аз они ман?

ОИНА

Туӣ оинаи ман,

Ҷо шудаӣ

Дар қафаси синаи ман

Пеши ту ишва кунам,

Ҷилва кунам, ноз кунам,

Ба мӯю ҷисми наҳиф,

Накҳату анбар бизанам,

То дилат об хӯрад, тоб хӯрам.

Бо ду абрӯву ба чашмони ба ноз олуда,

Вусмаи тар бизанам.

Не, на ман оинабозам

Наравам оинабозор.

Тани ман дафтари шеър аст

Туӣ хонандаи ашъор.

Вале тарсам,

Ки оинаи чашмони ту зангор бигирад,

Натавоним, ки бубинӣ ҳам дар оинаи сар.

Ва дигар оинаро

Дар қафаси сина бишӯям,

Ва бубинам рӯйи ӯ сурати дигар.

ҒАМИ НИГОҲ

Ба муҳаббати ту мастам, ба диёри орзуҳо

Бикушо даричаи дил, биё бар димоғи ман боз.

Ба хиёли ишқи покат дилу ҷони худ бибозам,

Ту биё ба олами ишқ, биё, ба боғи тан боз.

Ба танӯри синаи сард меҳри ту аланга афрӯхт,

Чӣ алангае, азизам, ки тамом пайкарам сӯхт.

Ту ба ҳафт ҳисси зотӣ бинамудӣ орази ишқ,

Ки зи сина ғам бурун шуд,

шодиям ба дил биёмӯхт.

Макунам ту бандаву ром, ки

ғуломи дигарам ман,

Ба мизони ҳуш баркаш, ки ба доми дигарам ман.

Чу фариштаам мабифрӯш ба бозори муҳаббат,

Ба Худо бубахш сад бор, ки

ба коми дигарам ман.

Чӣ кунам, чӣ чора созам, ба вуҷуди пургуноҳам,

Ту биёву нек бингар ба ману ғами нигоҳам.

Чӣ хӯрӣ фиреби рухсору лабони пур зи ханда,

Ки набинӣ ту ба умре на фиғон, на дуди оҳам.

НОЗӢ

«Дӯст дорам зиндагиро бо ҳама буду набуд»,

Бо ҳама он чӣ ба ман бахшиду бо он чӣ рабуд.

Гоҳ дода шодиву гоҳи дигар дарду алам,

Гоҳ хандид ӯ маро, гоҳи дигар дардам фузуд.

Дӯстон бо ноз гӯяндам, ки ҳастам беназир:

«Ишқи ту оташ занад дар сина, эй моҳи мунир»,

Лек онон бехабар аз гиряҳои талхи ман,

Аз вуҷуди саркашам, аз дарду доғам дар замир.

Роҳи ман дар зиндагӣ як ҷодае пур печу тоб,

Бин, ки қисмат мекунад ҳар лаҳза ҷонамро итоб.

Ишқ месӯзад маро бо гардиши хунам ба тан,

Ишқ месӯзад маро дар мавҷҳои изтироб.

пешина
аз 10
навбатӣ