НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
ҚИССАИ ПИСАРАКИ ҚАФАСФУРЎШ
Ман ҳамон вақт чордаҳсола ё понздаҳсола будам.
Падарам маро ба наздашон хонда гуфтанд:
- Алиҷон, ту агар синфи ҳаштумро бо баҳои аъло тамом кунӣ, велосипед харида медиҳам.
Ман дар мактаб пешқадам будам. Аз дарсҳои муаллимон баҳои паст намегирифтам. Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекардам. Орзуи ягонаи ман он буд, ки велосипеди мотордор харам.
Суханони падарам ба ман рўҳу қувваи нав бахшиданд. Ман тамоман ба хондан дода шудам.
Реҷаи рўз сохта, мувофиқи он дарс тайёр мекардам.
Ба падару модарам ёрӣ медодам. Кўшиши ман беҳуда нарафт. Мактаби ҳаштсоларо бо баҳои аъло тамом намудам.
Падарам ба аҳдашон вафо карданӣ шуданд.
Маро ҳамроҳ гирифта ба велосипедхарӣ баромадем. Тамоми магазинҳои районамонро кофтем. Дар толеъи ман велосипеди мотордор наёфтем. Падарам аз ноомадии кор дар хиҷолат менамуданд. Таклиф карданд, ки ба бозор равем.
Ман бозори велосипедфурўширо медонистам.
Борҳо ба он ҷо барои тамошои велосипедҳо рафта будам. Мардум велосипедҳои худро рангу бор карда, оро дода, ба бозор медароварданд.
Ман, ки дар дил ҳаваси велосипедсаворӣ доштам, мехостам ҳар чи зудтар велосипед харам. Онро ба ҷўраҳоям нишон диҳам. Ман ба маслиҳати падарам розӣ шудам. Ҳар ду ба бозор рафтем.
Дар шафати бозори велосипед бозори қафасфурўшӣ воқеъ гардида буд. Қафассозҳо аз симу химча, аз тўру фанер қафасҳои гуногун сохта, ба ин ҷо оварда мефурўхтанд. Дар байни қафасфурўшҳо писарбачае бо қафасҳои рангину зебояш диққати одамонро ба худ ҷалб мекард. Дар онҳо паррандагони хушхони зеборо дошта меандохт. Сонӣ ҳар як кадоми онро бо паррандааш бо пули калон мефурўхт.
Дидам, ки марди либоси ҳарбипўше ба назди писараки қафасфурўш омад. Писарбача дар наздаш ду қафас дошт. Қафасҳо саъва доштанд. Одамон ҳар кадоми онро 7-8 сўмӣ мепурсиданд, писарбача розӣ намешуд. Нархашро аз даҳ сўм кам намекард.
Шахси либоси ҳарбипўш ба писарак наздик омада, бо ў ҳамсўҳбат шуд.
- Қафасҳоро кӣ бофтааст?
- Падарам,- гуфт писарак.
- Саъваҳоро кӣ қапид?
- Ман…
- Аз куҷо доштӣ?
- Аз боғҳо. Ман аз қишлоқ мешавам. Дар он ҷо паррандагон бисёранд.
Маълум гардид, ки писарак аз боғу чаманзорҳои деҳа ҷонваракони хушхонро дошта, ба хонаашон меовадааст. Падараш қафас бофта, ба ў медодааст.
Писарак ҷонварони бечораро ба қафас андохта, ба бозор оварда пул мекардааст.
Шахси либоси ҳарбипўш ба писарак ду даҳсўма дода, қафасҳои ўро харида гирифт. Ў ҳар як саъваро аз қафас бароварда, ба рўи кафаш гузошта, ба ҳаво сар дод. Саъваҳо дар ҳавои кушод худро озод ҳис намуда, хурсандона пару бол кушода, ба сўи арчаҳои баланди боғи шаҳр парида рафтанд. Он мард ба писарак гуфт:
- Ҳунари хуб надоштаӣ, додарам. Паррандагон ҳам мисли ману ту озодиро дўст медоранд.
Сонӣ шахси либоси ҳарбипўш қафасҳои холиро бо пошнаи мўзаҳояш маҷақ карда, аз бозор баромада рафт.
Падарам ба ман велосипеди мотордор харида доданд. Ман ҳар боре, ки бо он ба бозор мерафтам, мехостам писараки қафасфурўшро бинам. Аммо ўро дигар надидам. Қафасфурўширо тарк намуда буд…
Инак, ман дар посбонии Ватан ҳастам. Сарҳадчӣ шуда хизмат мекунам. Гоҳ-гоҳ паррандагони дар ҳавои кушод парвоз кардаистодаро дида, писараки қафасфурўш ва он марди либоси ҳарбипўшро, ки саъваҳоро харида, аз қафас озод намуда буд, ба хотир меорам. Ва осуда нафас кашида мегўям: «Дар ҳақиқат ҳам барои инсон ва ҳам барои ҷонварон дар дунё аз озодӣ дида дигар чизи азизтар нест!»
СИРРИ ЛАҚАБ
Салим-бобо одами аҷоиб аст.Синну солаш аз ҳаштод гузашта бошад ҳам, асо гирифта намегардад. Ҳатто дар вақти роҳравӣ қоматашро мисли ҷавонҳо рост мегирад. Ришашро кўтоҳ қайчӣ карда, бурутҳои шофашро ба боло тоб дода мемонад.
Дар беруни дарвозааш, аз тарафи чап саҳне ҳаст.
Дар зимистон гилем густурда, баромада мешинад.
Чӣ тавре ки худи ў мегўяд: «Офтобхўрӣ» мебарояд.
Ҳамин ки Салим-боборо дар офтобрўя дидем, дар гирдаш ҷамъ мешавем.Салим-бобо бачаҳоро бисёр дўст медорад. Вай аз саргузашташ ба мо ҳикоятҳо гуфта медиҳад.
Салим-бобо дар ҷавониаш одами бақувват, нотарс ва чусту чолок будааст. Дар гирду атрофи саҳни нишастгаҳи ў сангҳои калон-калоне ҳаст.
Падарам мегўяд, ки ана ҳамон сангҳоро Салим- бобо аз канори дарёчаи байни қишлоқ ғелонда овардааст. Мо дар бораи чусту чолокӣ, нотарсию далерӣ ва зўрию паҳлавонии ў ҳикояҳои бисёре шунидаем. Аммо як чиз барои мо, бачаҳо, нофаҳм буд. Мардум Салим-боборо дар ғоибаш «Салими хукбоз» ҳам мегуфтанд.
Боре мо, бачаҳо, сабаби чунин лақаб доштани ўро аз худи вай пурсидем.Ў ин тавр ҳикоя кард:
- Колхозамон нав ташкил ёфта буд. Колхозчиён дар замини паси қамишзори Марғузорак гандум кориданд. Гандум бисёр нағз шуд. Онро даравида, ҳар ҷо - ҳар ҷо ғарам кардем. Ғаллаи даравидаро кашонда овардан даркор буд. Барзагови корӣ намерасид, ки чигина бандем. Аввали тирамоҳ буд.
Дар қамишзор хўкҳои ёбоӣ пайдо шуданд. Хукҳо шабона ба гандумзор меомаданд. Дарзаҳоро аз ғарамҳо канда, чошу пош мекарданд ва хўшаҳои гандумро мехўрданд. Як пагоҳӣ раис маро ҷеғ зада гуфт:
- Полвон. Нобуд кардани хукҳоро ба ту месупорам. Меҳнати колхозчиён барбод рафта истодааст. Камонатро гиру рафта ғарамҳои гандумро бонӣ кун.
Ман камони кўҳнаамро гирифта, ба он ҷо рафтам. Ба болои ғарами гандум баромада, поида нишастам ва хобам бурда мондааст. Қариби саҳар як гала хукҳои ёбоӣ омаданд. Онҳо қасд кардагӣ барин ба ғараме, ки ман дар рўяш мехобидам, ҳамла карданд. Бо фукҳояшон дарзаҳоро ба ҳар тараф тит мекарданд. Бозикунон ба сарашон бод мекарданд, мехўрданд. Ман бошам, дигар чи кор карданамро намедонистам. Поида-поида нохост худро ба болои яке аз хукҳо партофтам ва аз ду гўшаш маҳкам доштам. Вай ҳаллос зада, маро афтонданӣ мешуд, вале натавонист. Хукҳои дигар ба қамишзор гурехтанд. Ман аз гўшҳои хук маҳкамтар доштам, пойҳоямро ба биқинаш ҷафс кардам. Гардани хук кўтоҳ аст. Ба зудӣ ба ақиб тоб хўрда наметавонад. Гўшҳои вай дар дасти ман мисли рули велосипед маҳкам буд. Онҳоро ба кадом сўе тобам, хук ба ҳамон тараф тоб мехўрд.
Қишлоқ он қадар дур набуд. Хукро рост ба қишлоқ овардам. Сари онро ба сўи дари масҷид тоб додам. Хук зада ба масҷид даромад. Мардум барои хондани намози бомдод ҷамъ меомаданд. Одамон аз ҳар тараф ба хук ҳуҷум карданд. Яке бо асо, дигаре бо санг, сеюмӣ бо оташгирак ба сари хук мезаданд. Онро дар масҷид зада куштанд.
Дар вақти аз дари масҷид даромаданам худро аз болои хук ҳаво дода будам. Лат хўрда беҳуш шудам. Баҳуш омадам. Одамон дар болои сари ман маро «кофир» мегуфтанд. Масҷид –хонаи Худо, ба хуни хук олуда шуда, аз зикр монд. Муаззин дари онро қуфл зад. Сонитар онро колхоз анбори чўбу тахта кард.
Мардуми қишлоқ то хеле вақт бо ман гап намезаданд. Даст дода салом намекарданд.
- Салим кофир аст. Дастонаш макрўҳ шудааст, - мегуфтанд. Ман хукҳои боқимондаро ҳам ба ғаллазор роҳ надодам. Ғарамҳои гандумро ҳамон сол то охир посбонӣ кардам. Раис дар ҳама ҷо ҳомии ман буд. Ў маро таъриф мекард. Рафта-рафта одамон боз ба ман гап мезаданд, вале лақаби «хукбоз» ба ман часпида монд,- гуфт дар охири нақлаш Салим-бобо. Ҳамин тавр, лақаби хукбозии Салим-бобо ба мо равшан гардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё