Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

НЎЪМОН РОЗИҚ

ҲИКОЯ, АФСОНА, ХОТИРАҲО

КАБКИ МАҶРЎҲ

Мову Мирзоалиино ҳамсоя будем. Падаронамон ҷуфтронӣ мекарданд. Ману Мирзоалӣ ҳар рўз баъди пешин ба сари замин меомадем. Онҳо моро дида, барзаговҳоро аз зери юғ раҳо мекарданд.

Говронаҳояшонро ба дасти мо дода, барзаговҳоро месупориданд.

Мо барзаговҳоро дар ҷойҳои сералаф бурда мечаронидем. Онҳо, ки аз алаф сер мешуданд, пеш аз ғуруби офтоб ҳай карда, ба хонаҳоямон гирифта меовардем.

Барзаговбонӣ ҳам ҳаловате дошт. Болои сабзаҳои навдамида даву тоз мекардем. Пўдинаю ҷамилак, rоrуву шибит чида мехўрдем ва аз онҳо даста баста ба хона меовардем. Ба хониши мурғони даштӣ гўш дода, мафтуни овози онҳо мешудем. Нағмаҳои чулик ном ҷонварак ба ман бисёр маъrул буд. Вай ҷулулукунон ба осмон мебаромад. Ваrте ки аз болобароӣ монда мешуд, рост ба замин фаромада, дар зери буттае мух мезад, яъне пинҳон мешуд. Ба ҳоли вай раҳми ман меомад. Ўро дар бехи бутта беҳуш гумон карда, рафта доштанӣ мешудам, вале наметавонистам. Ҳамин ки ба он наздик мешудам, вай фиррӣ карда парида мерафт.

Дар ҷое ки мо барзаговбонӣ мекардем, кабк бисёр буд. Онҳо баҳс мабаҳс rаҳ-rаҳа зада, хониш мекарданд. Боре ба кабке воrеае рўй дод, ки ман онро асло фаромўш нахоҳам кард. Дар осмони лоҷвардӣ паррандаи калоне пайдо шуд.

- Калхот омад! - нишон додам ба Мирзоалӣ.

Мирзоалӣ, ки нисбат ба ман ду-се сол калон буд, паррандаи пайдошударо мешинохтааст, онро дида гуфт:

- Калхот не, уқоб! Паррандаи аз ҳама зўру нотарс. Вай ба ягон ҷонвар ҳамла карданист.

Мирзоалӣ миёнбандашро, ки аз матои сурх дўхта шуда буд, кушода, ба сари говрона мисли байрақ баст. Ман аз кори вай чизеро нафаҳмидам.

Ҳаракатҳои уқобро мушоҳида мекардам. Уқоб дар болои теппаи баланд як давр заду болҳояшро ба баданаш ҷафс намуда, ба тарафи дўлона сарозер омад. Ман гумон кардам, ки омада боз ба дарахт мешинад. Аз байни шохаҳои дўлона овози пурдарди «қив -чув» баромад ва дидам, ки кабке ба сўи мо парида омад ва дар бехи буттае афтид…

Уқоб ба кабк ҳамла карда будааст. Шохаҳои дўлона ба вай имконият надодаанд, ки сайдашро гирад. Уқоб худро ақиб гирифта, аз тарафи чапи дўлона парвоз карда, ба кабк ҳамла карданӣ шуд.

Мирзоалӣ байрақ дар даст ба пешвози уқоб бархест. Байрақро алвонҷ дода, ҳаёҳуй кард. Уқоб аз лаппиши байрақ буд, ё аз овози Мирзоалӣ, ки тарсид. Дигар наздик наомада, аз баҳри сайдаш гузашт. Ба сўи кўҳи Сирзор парвоз карда рафт.

Ман аз ҳамлаи уқоб дар ҷоям шах шуда мондам.

Мирзоалӣ давида ба ҷое, ки кабк афтида буд, рафт онро дошта омад. Уқоб ба як чанг задан думи кабкро канда гирифта ва дар пушташ аз думғозааш болотар изи як нохунашро гузошта буд. Кабк аз ман намехўсид. Вале аз тарс чун барги бед меларзид.

Мирзоалӣ кабкро ба ман дод ва гуфт:

- Ма, бурда шўрбоча паз!

Баъд ў дар бораи уқоб, тезчанголии он ба ман ҳикояҳои бисёре кард.Вай гуфт, ки уқоб гурусна бошад, ҳатто ба бачаҳои хурд ва барраю бузғолаҳои навтаваллудшуда ҳуҷум мекунад.

Онҳоро бардошта мебарад. Пешакӣ байрақ тайёр кардани Мирзоалӣ ҳам барои муҳофизат будааст.

Ман кабки маҷрўҳро ба хона овардам. Барои куштани он дилам нашуд. Модарам дид, ки ман кабкро куштанӣ нестам, равғани зарди кўҳна ёфта дод. Онро ба захми кабк молидам. Кабкро дар болохона сар дода, ба пешаш обу дон гузоштам.

Захми кабк оҳиста-оҳиста сиҳат шудан гирифт. Пас аз шаш моҳ тулак кард. Парҳояшро партофта, пари нав баровард. Думаш сабзида, хушрў шуд…

Кабк ба мо унс гирифта, тамоман ром шуда монд.

Аз ҳавлӣ берун намебаромад.

ФАРОШТУРУКҲО

Баҳорон як ҷуфт фароштурук дар шифти айвони мо лона монда буданд. Онҳо ҳар сол аввали баҳор парида омада, лонаашонро андаке таъмир карда, тухм мегузоштанд, бача мебароварданд.

Лонаи онҳо оддиякак дар синҷи айвон часпида меистод. Яъне лонаи фароштурукҳои мо аз лонаи дигар фароштурукҳо тамоман фарқ дошт. Се тарафаш кушода. Фароштурукча тухмҳояшро пахш карда хобад, сару думаш аз ду тараф намуда меистод .

Ҳар вақте фароштурукҳо аз тухм баромада, сихпар мешуданд, лона пур мешуд. Онҳо сарҳои бемўйи худро аз сари девори лона берун карда, роҳи падару модари худро интизор шуда меистоданд. Аз омадани онҳо, ки огоҳ мешуданд, нўлҳои зардаки худро баробар во мекарданд.

Фароштурукҳо бошанд, хўроки овардаашонро бонавбат ба нўли бачаҳояшон гузошта, зуд парида боз ба хўроккобӣ мерафтанд.

Фароштурукчаҳо, ки калон мешуданд, падару модарашон ба онҳо парвозкуниро меомўхтанд.

Гоҳо сари меху сари тор пур аз фароштурукчаҳо мешуд. Се моҳи баҳору се моҳи тобистон дар айвони мо ҳаёт ҷўш мезад. Таронаи паррандагон танинандоз буд.

Имсол ҳам аввали баҳор фароштурукҳо, мисли ҳарвақта аз ҷануб парида омада, ду-се рўз ҷумбуҷул намуда, лонаашонро таъмир карданд. Пахоли тоза оварда, фарши онро мулоим намуданд. Дар тараддуди бачамонӣ буданд, ки ба лонаи онҳо як ҷуфт майна меҳмон шуда омад.

Меҳмонҳо мизбонҳоро аз лона пеш карда, ба он соҳиб шуданд. Фароштурукчаҳои бечора шабро дар сари мехҳо рўз карданд.

Ман майнаҳоро аз лонаи фароштурукҳо зада, пеш карданӣ шудам. Модаркалонам намонд.

- Кордор нашав, мон ҷанҷолашонро худашон ҳал кунанд,-гуфт.

Фароштурукҳо рўзи дигар ҳам барои лонаашон анча мағал бардоштанд. Вале фоида набахшид. Майнаҳои беор ин дафъа онҳоро аз айвон бароварда пеш карданд. Лона аз они майнаҳо шуд.

Фароштурукҳо ҷонварони меҳнатдўстанд. Онҳое, ки дар ҳавлии мо одат карда буданд, дур нарафтанд. Тамоми хонаҳоро давр зада баромаданд. Ин дафъа шифти меҳмонхонаро интихоб намуданд. Фароштурукҳо миёнро маҳкам баста, ба лонасозӣ сар карданд. Онҳо аз лаби ҷўйбори ҳавлӣ лой оварда, болои ҳам гузошта девор карданд. Чунон саргарми кор шуданд, ки сурудхониро ҳам фаромўш намуданд.

Лонаи аввалаи фароштурукҳо, эҳтимол аз рўи камтаҷрибагиашон бошад, ки болояш кушода, бе шифту бом буд. Онҳо аз тарси майнаҳо ин дафъа лонаашонро хеле мустаҳкам ва болопўшида сохтанд. Ба он фақат як роҳи дарову баро гузоштанд. Даҳони дарашро мувофиқи ҷисми худашон танг сохтанд. Ҷонварони аз онҳо калонтар ба он дигар даромада наметавонистанд.

Меҳнати пухтакоронаи фароштурукҳо барабас нарафт. Онҳо акнун дар лонаи мустаҳкам ҳар дафъа тухм карда, беофат бача мебароранд. Ҳоло лонаи онҳо пурбача аст. Фароштурукҳо аз меҳнати ҳалоли худ розианд. Онҳо пас аз анҷоми кору меҳнат дар сари симчўбҳои рўи ҳавлӣ нишаста истироҳат мекунанд. Суруди шодӣ месароянд.

РЎБОҲИ МАККОР ВА ЗАФАРҶОНУ ҲУШЁР

Дар поёни қишлоқи Чинорак ғоре ҳаст. Дар он рўбоҳе зиндагӣ мекард. Вай ниҳоят маккор буд.

Шабона ба деҳаҳои гирду атроф баромада, ба ҳавлии одамон даромада, мурғдуздӣ мекард.

Мардум аз дасти рўбоҳи маккор ба дод омада буданд. Одамон барои дастгир кардани рўбоҳ ҳар чӣ қадар, ки чора ҷустанд, онро дошта натавонистанд.

Рўбоҳи маккор ба роҳгузарҳо ҳам оромӣ намедод. Агар роҳгузаре дар зери чанори қади роҳ дам гирифтанӣ шавад, вай оҳиста - оҳиста омада, бору халтаи ўро мекофт. Чун хўрдание меёфт, онро дуздида мебурд.

Боре Зафарҷон ном ҳамдеҳаамон барои хабаргирии тағояш ба шаҳр рафтанӣ шуда, то роҳи мошин пиёда ба роҳ мебарояд. Вай ба бачаи тағояш Раҳмонҷон кабки ромкардаашро, ки дар қафас буд, савғо мебурдааст. Зафарҷон дар роҳ монда шуда, зери ҳамон чинор дам мегирад. Кабкро бо қафасаш рўи санг монда, худаш ба рўи сабзаҳо якпаҳлў мезанад. Кабк аз боду ҳавои тоза ва саҳрои хуррам ба шавқ омада, ба хониш медарояд. Зафарҷонро оҳиста хоб зер мекунад.

Рўбоҳи маккор хониши кабкро шунида, поида- поида он ҷо ҳозир мешавад ва мебинад, ки Зафарҷон хоб аст, қафасашро бардошта, ба хонааш мебарад. Кабкро ҳамроҳи бачаҳояш мехўрад.

Зафарҷон аз хоб хеста, на кабкро мебинаду на қафасро. Вай зуд мефаҳмад, ки ин кори рўбоҳи маккор аст. Хеле алам мекунад.

Зафарҷон ба ҳавлиашон баргашта, сагчаашро, ки тозии чолок буду Ҳушёр ном дошт, ба сандуқча ҷой мекунад. Дари сандуқчаро маҳкам карда, онро ба халта меандозад ва баргашта ба роҳ медарояд.

Ў ба таги чинор омада, сандуқчаро аз халта мебарорад, занҷирашро кушода, онро ба рўи санг мегузорад ва худро ба хоб меандозад. Пас аз андак, рўбоҳи маккор боз пайдо мешавад. Вай поида- поида меояд. Сандуқчаро бардошта, ба сўи хонааш тохтанӣ мешавад. Дар ҳамин вақт дари сандуқча кушода шуда, аз даруни он Ҳушёр давида мебарояд ва ба рўбоҳ дармеафтад.

Зафарҷон, ки худро ба хоб андохта буд, ҳаракатҳои рўбоҳро мушоҳида мекард. Ҳамин ки рўбоҳ сандуқчаро бардоштанӣ мешавад, ў чўбдасташро бардошта, давида ба назди рўбоҳ меояд. Рўбоҳ зўр зада, худро халос карда, гурехтанӣ мешавад, вале аз чанголи Ҳушёр халос хўрда наметавонад. Зафар бо зарбае онро нимҷон мекунад. Зафар рўбоҳро ба сандуқча ҷо намуда, пушт карда ба қишлоқ меояд. Рўбоҳи сахтҷон намурда будааст, ҷон гирифта, аз нав зинда мешавад.

Хабари рўбоҳи маккорро доштани Зафарҷон дарҳол ба деҳа паҳн шуд. Бегоҳӣ бачаҳо ба ҳавлии Зафарҷонино ҷамъ омаданд. Ин шаб гап фақат дар бораи рўбоҳи маккор ва корнамоии Зафарҷону

Ҳушёр мерафт.

Рўзи дигар Зафарҷону ҷўраҳояш Ҳикматҷону Аҳмадҷон рўбоҳро ба боғи ҳайвоноти шаҳр бурда супориданд. Ва дар бозгашт ба ҳавлии тағоии Зафарҷон даромада, ин ҳикояро нақл карданд.

пешина
аз 32
навбатӣ