Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

НОН

Зеби дастурхони мо,

Ҳурмати меҳмони мо.

Обрўю эътибор,

Қуввату дармони мо.

Резаҳояшро чида,

Мемолам ман ба дида,

Дил мезанад беқарор

Бўи нонро чашида.

Меҳнати деҳқон аст он,

Ҳам шуҳрату шон аст он,

Неруи бозую даст,

Ҳаёти инсон аст он.

Аз неъматҳои дунё,

Аз шираю шарбатҳо

Ҳеҷ кадомаш мисли нон

Ширин не, дар коми мо.

ДОНАИ ГАНДУМ

Ба дастам донаи гандум,

Бувад вазнин ба мисли сурб.

Ба пешаш тангаву тилло,

Надорад заррае ҳам қурб.

Ба дастам донаи гандум,

Бипошам дар замини нарм.

Фитад дар хоку ҷон гирад,

Ба ў форад ҳавои гарм.

Ба дастам донаи гандум,

Намоён хўшаи заррин,

Намоён серии мардум,

Ҳаёти хурраму ширин.

Ба дастам донаи гандум,

Бикорам, марди деҳқонам,

Замину меҳнату гандум,

Диҳад дони фаровонам.

КАРАМ

Тухми карам коридем,

Дар хоки нам коридем.

Cабзид карам бармаҳал,

Зери шиша рўи пал.

Ниҳолҳоро овардем,

Дар замин кўчат кардем.

Карами печон будаст,

Тухми Марғелон будаст.

Баргаки паҳну сафед

Болои ҳам, ки печид,

Калон-калон карам дод,

Тўби ғелон карам дод.

Ҳар каллааш ҷўраҳо,

Мешавад як дег шўрбо.

КАДУ

Таги гандума кофтем,

Як дона каду ёфтем.

Сап-сафедак барф барин,

Тугмаи садаф барин.

Бобо ба ман замин дод,

Як рўи пал барин дод.

Онро мулоим кардам,

Тухми каду корридам.

Баъди борон як cаҳар,

Донаи ман кашид сар.

Ниҳолаки кадуро

Ман додам обу ғизо.

Калон бишуд ниҳолак,

Давон ба ҳар сў палак.

Якташ ба сари девор,

Баромад ба сафедор.

Якташ ба болои дар.

Печид ба шохи ар-ар,

Каду якбора гул кард,

Хостаи мо шуд заб-зард.

Долу дарахти бобом,

Болои девору бом,

Аз каду пурбор шуданд.

Монанди гулхор шуданд.

Калон-калони ширин,

Тарбузи Ёвон барин.

ГАНДУМ ВА ТАКТАК

Як тактаки ришдароз

Гуфто ба ишваю ноз:

–Ман донаи хушрўям,

Накорида мерўям.

Дар чўлу дар биёбон

Ҳосили ман фаровон.

Кўмочи мардон манам, ўмочи тафсон маннам.

Гуфто ба Тактак Гандум:

–Эй нишони рўзи шум!

Ҳар ҷо ки қаҳтӣ бошад,

Дони туро мепошад.

Ман ошаму ман нонам,

Ман неъмати деҳқонам.

Донаи ман заррин аст,

Ошу нонам ширин аст.

Дида баҳси онҳоро,

Деҳқон-амак бигуфто:

–Номи Талхак шавад гум,

Нишонаи рўзи шум!

Нонаки тактакиро

Дигар набинам асло.

Шиками сери мардум,

Нонаку оши гандум.

Гандум фаровон шавад,

Олам гулистон шавад.

ДУ ПУНДОНА

Ду донаи пундона

Баромаданд аз хона.

Аз ҳама ҷудо шуданд,

Дар як ҷо баҷо шуданд.

Нарафта сўйи майдон,

Нарафта сўйи деҳқон

Бригадирро наёфта,

Агрономро накофта,

Дар пуштаки бошишгоҳ

Бихобиданд як бегоҳ.

Ба рўшон борон борид,

Борони найсон борид,

Ду донаи ҳамсоя

Бисабзиданд якҷоя.

Намуданд онҳо гумон

Зиндагишон шуд осон.

Ҳар ду то охири сол

Сабзанд акнун бемалол.

Деҳқон наомад ин ҷо,

Оброн наомад ин ҷо.

Аз гармои тобистон

Зери офтоби сўзон,

Тафсида ташна монданд,

Ҳар ду ҳам гушна монданд.

Аз назди онҳо Зафар,

Як рўзе шуд раҳгузар.

Аҳволи онҳоро дид,

Ҳуш аз сараш парид.

Каландашро оварда,

Бехашонро нарм карда,

Бо сатилча ба онҳо

Даррав об доду ғизо…

Дар тирамоҳ, албатта,

Оранд як доман пахта.

пешина
аз 32
навбатӣ