НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
ПАЛАВИ БОМАЗЗА
Уҳумбаҷон, уҳумба,
Доғ шуд равғани думба.
Сонӣ аз сабзии нав
Ман пухтам оши палав.
Бар табақча кашидам,
Оши сергўшту равған.
Модарам хўрда аз он
– Бомазза! – гуфто ба ман.
ЧӢ ОМАД?
Гурум-гурум чӣ омад?
Ҳо ана, ким-чӣ омад.
Тирезаҳо ларзиданд,
Паррандаҳо тарсиданд.
Аспи масти Нуралӣ,
Канда гурехт аз ҳавлӣ.
Гурба аз тарсаш нахуфт,
Боре «мияв» ҳам нагуфт.
Баромадем бачаҳо,
Дар ду бари кўчаҳо.
Ҳама ҷо пур аз одам,
Тори дарахти тут ҳам.
Сари девори бобом,
Ҳам рўи ҳавлию бом.
Кампирҳо «оҳ» мегуфтанд,
«Ин чӣ бало!» – мегуфтанд.
Гурум-гурум чӣ омад?
Ҳо ана, як чӣ омад!
Ба деҳа кран омад,
Крани садман омад.
Крани гардандароз,
Гарданаш гардани ғоз,
Шохи чормағза ларзонд,
Анча чормағза резонд.
Мо бачаҳо давидем,
Чормағзакоя чидем.
Гурум-гурум боз омад,
Як корвони соз омад.
Сонӣ омад тройлер,
Наъра зада мисли шер.
Мошинаҳои бисёр,
Бордонашон пури бор.
Ҳам мошини «МАЗ» омад,
Аз пасаш «КРАЗ» омад.
«Диду-диду-дид» карданд,
Хишту семент оварданд.
Борҳои онҳо ҳар хел, –
Тахтаю чўбу панел.
Гурум-гурум чӣ омад?
Ба деҳа ҳар чӣ омад.
Хонаи чархдор омад,
Якта не, бисёр омад.
Онҳо бинокор доранд,
Устои ҳар кор доранд.
Ҳар хел ҳунар оварданд,
Аз худи шаҳр оварданд.
Дар ду соҳили дарё,
Фароварда борҳоро.
Дар бари теппа даррав,
Бино шуд деҳаи нав.
Гурум-гурум чӣ омад?
Ба деҳа ҷарчӣ омад.
Дар ин ҷо бинокорон
Месозанд ГЭС-и калон!
АРЗАНБОНӢ
Колхози мо пурзўр аст,
Ғаллакори машҳур аст.
Қад-қади роҳи оҳан,
Корид имсол ҳам арзан.
Ҳар ҷо-ҳар ҷо бачаҳо,
Таги дўлонаҳоро,
Аз алаф тоза кардем,
Капаю коза кардем.
Ҳар ҷо хўсаҳо сохтем,
Поёну боло сохтем.
Чақ омаду чуқ омад,
Бисёр чумчуқ омад.
Чумчуқҳоро «ҳой» гуфтем,
«Равед аз ин ҷой» гуфтем,
Гунҷишкҳо тарсиданд.
Сўи тепа париданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё