НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
ОБИ ПАСТАКОН
Аз таги кўҳи калон
Дар мавзеи Пастакон.
Дарёи Вахш аз туннел
Мебарояд дав-давон.
Дарё мисли аспи маст,
Дорад даву дорад шаст.
Ромаш кардам ба зўрӣ,
Лаҷоми фўлодаш ҳаст.
Мо оби Пастаконро
Аз насос бар каналҳо,
Сар медиҳам меравад,
Туғёнкарда ба саҳро.
Бар дашти Ёвон равад,
Чўлу биёбон равад:
Бар Даҳанакиик
Оби фаровон равад.
Нишебу теппаю ҷар,
Шуд замини босамар.
Меҳнати дасти одам,
Бар дидаҳо ҷилвагар.
Об омад, ободӣ шуд,
Вай боиси шодӣ шуд.
Сад боғу роғи хуррам,
Дар ин дашту водӣ шуд.
ДИДОР
Дина барои Дилдор
Дадом овард аз бозор
Либосҳои матросӣ,
Телпакчаи кокулдор.
Либосро кард ў дар бар,
Телпакро ниҳод ба сар.
Киштичааш дар бағал,
Роҳравиаш шуд дигар.
Аз обу аз оббозӣ
Аввал метарсид Дилдор,
Акнун намешавад дур
Вай ҳеҷ аз лаби ҷўбор.
АРҒУНЧАК
Дар таги бед бойчечак,
Дар шохи бед арғунчак.
Аз зина поён ҷастам,
Ба арғунчак нишастам.
Аз замин боло шудам,
Дар тори ҳаво шудам.
«Ҳа» гуфтаму «ҳу» гуфтам,
Арғунчакро «чу» гуфтам.
Арғунчаки болдор,
Маро болотар бардор!
СИТОРАҲО
Дар осмону гулшан
Дидам ба мисли гулхан,
Ситораҳои алвон,
Ситораҳои равшан.
Ситораҳои кайҳон –
Ситораҳои рахшон.
Ситораҳои хушбўй,
Ситораҳои майдон.
Чидам зи боғ шодон
Ситорагул фаровон.
Ба модарам супурдам
Чун тўҳфа аз дилу ҷон.
Равам агар ба кайҳон
Чинам ситорамарҷон.
Биёрам армуғонӣ
Барои халқи пуршон.
ОЛАМИ БАЧАГОН
Рафта будам соли нав,
Ҳамроҳи очам Маскав.
Даромадем ба метро,
Онро кардем тамошо.
Дидам булварҳояшро,
Ҷоҳои зебояшро.
Дар Маскав барои мо
Аз ҳама ҷои зебо
«Олами бачагон» аст,
Магазини калон аст.
Моли фаровон дорад,
Ҳар чӣ хоҳӣ, он дорад.
Асбобҳои хониш ҳам,
Дафтар, китобу қалам,
Лўхтакҳои бозингар
Маймуну хирсу кафтар…
Ҳар гуна тўҳфаҳоро
Мо харидем аз он ҷо.
Ин «Олами бачагон»
Дорад якчанд ошён.
Дар ҳар ошёнаи он
Ҳаст зинаҳои равон.
Истода дар зинаҳо
Баромадем ба боло.
Ман дар ошёни боло
Шудам ғарқи тамошо.
Очаамро кардам гум,
Мондам дар байни мардум.
Ман шудам қариб гирён,
Мегаштам ҳайрон-ҳайрон.
Як амаки пагондор,
Бишуд ба ман мададгор.
Фарёд кард аз радио,
Омад очам, ёфт маро.
Ҳаст «Олами бачагон»
Мисли бозори калон.
Ту ҳам равӣ ба Маскав,
Аз очат ҷудо машав!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё