ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
Дар деҳа ҳангомаи омад-омади пода, фарёди пурсурури бачаҳо, хандаи хушҳолонаи занону духтарони аз дарав баргашта ба фазо мепечид. Аз хонаҳо ба атроф дуди нафис ва бӯи хуши нони гарм паҳн мегашт. Аз боғ бо вазидани бод садои паи ҳам афтодани себу нок аҷаб хушоҳанг ба гӯш мерасид. Ва ҳамаи инҳо андак-андак кӯфти роҳ кам карда, занги дили Ҳалимро шустанд. Ӯ сар рӯйи болиштҳо ниҳода, ба осмони софу беғубори деҳа назар афканд, ба нағмапардозии булбулону хониши мурғон гӯш андохт.
– Бача, шалпар менамоӣ. Соат ҳам ёздаҳ шуд. Ҷогаҳ андозанд, бихоб. Боз саҳар барвақт мехезӣ, – пас аз дастархонро ғундоштан гуфт маънидор падар ва ба ҳамсараш нигариста афзуд: – Ҷои хоби маро ҳам дар ҳуҷра андоз, паҳлуи Ҳалим…
Ҳалим, сар дар болин, чашмҳо пӯшида, вале дилаш бедор, чӣ хел кушодани нӯги гапро меандешид. Аммо падар пешдастӣ кард.
– Серташвиш менамоӣ, бача, – гуфт ӯ: – Тинҷ ҳастӣ?
Ҳалим якпаҳлу гашт, табассуми хиҷолатомез ба лаб, дар ҳуҷраи соярӯшан он чӣ дар дил дошт, ба падар гуфт. Интизор буд, ки ӯ ба ҳолаш механдаду мегӯяд: «Ин гапа аз очат пурс, вай туро зоидааст…» Вале падар карахту ноҷунбон, рӯяш ба ширмаҳтоб, ки нурҳои зарҳалинаш аз тирезаҳои кушода ба хона мерехтанд, хомӯш меистод. Ниҳоят вай бо садои базӯр шунаво пурсид:
Чӣ ном дорад?
– Сарвмоҳ, ҳа, Сарвмоҳ…
Ҳалим дар равшании нури моҳ аранге дид, ки ваҷоҳати падар чӣ хел тағйир ёфту рӯяш пурчин шуд. Захме, ки аз як кунҷи лаб то буни гӯшаш мерасид, барҷастатар гашт.
– Сарвмоҳ ном дорад, гуфтӣ? –ҳайратомез боз пурсид ӯ.
– Ҳа, Сарвмоҳ…
Падар маънидорона сар ҷунбонд, вале овоз набаровард.
Гӯё чизи ниҳоят талхе ба комаш расида бошад, чеҳрааш турштар гашт. Ҳалим пиндошт, ки вай хотираҳояшро тагурӯ мекунад, то хубтар ба ёд орад, ки Сарвмоҳ кист.
– Нав ба ёдаш расидӣ? – дар кунҷи лабони мӯйсафед заҳрханде ҳувайдо гашт.
– Ба ёди кӣ?! Он занро мешиносӣ? Ба ман чӣ дахл дорад? – якбора нимхез шуда пурсид Ҳалим ва ба рӯи падар чашм дӯхт. Мӯйсафед риши мошубиринҷашро палмосида, нигоҳ ба паҳнои боғи дар нури моҳ ғарқ афканд. Гоҳ-гоҳ хати куҳнаи захми рӯяшро бо нӯги ангуштон молида гӯё аз он чизи ниҳонеро меҷуст.
– Модарат мешавад, – зери лаб пичиррос зад мӯйсафед: –Туро ҳамон зан зоидааст.
– Кӣ?!
– Сарвмоҳ… Барои ҳамин суроғат кардааст.
– Падар! Шумо ҳам маро мазоҳ мекунед? – Ҳалим музтару ҳайрон ба чашмони падар нигарист.
– Ҳаққи гап ҳамин, – мӯйсафед нимхез шуда ба болиштҳо такя кард ва бо таҳаммул афзуд: – Модарат ҳамон…
Гӯё ба сари Ҳалим яхоб рехта бошанд, баданашро сардӣ фаро гирифт, карахт шуд.
– Чаро то ин вақт Шумо ба ман инро дарак надодед?
– Дарак? Хайр, ана худаш суроғ кард, дарак ҳам ёфтӣ, – зоҳиран бепарво гуфт мӯйсафед: – Умре интизори ҳамин соат будам… Нафас дар гулӯи Ҳалим гиреҳ зад, карахт шуд. Пайкараш акнун дар оташи шарм, дарду алами дигар ба сӯзиш даромад.
«Бистсола шуда бошию кӣ будани модаратро надонӣ», – аз дил гузаронд ӯ ва чашмонаш оҳиста-оҳиста лабрези ашк шуданд. Ва ниҳоят ӯ ларзиши китфонашро дошта натавонист.
– Беғайрат! Гиря мекунӣ? Ҳай-ҳай-ҳай. Марда таги дор баранд ҳам, оби чашм намерезад! – коҳишомез гуфт падар. –
Хайр, модарат суроғ кардааст, хафа мешавӣ? Хуб кардааст, саҳар рафта бубинаш. Ҳа, адреси хонаша дорӣ?
Ҳалим бо аломати тасдиқ дар фазои соярӯшани ҳуҷра сар ҷунбонд.
– Ҳеҷ гап не, бачам, пагоҳ ягон туҳфаи нагз гирифта меравӣ, – нафаси тӯлонӣ кашида оромона гуфт мӯйсафед ва кӯрпаро болои сар кашид.
То як поси шаб ба чашми Ҳалим хоб меҳмон нашуд. Аз дили ӯ ҳазору як хаёл гузашт. Сабаби ҷудо шудани падару модарашро донистан мехост. Ва аз дил мегузаронд, ки носозӣ, дилсардӣ, хушунату гуноҳеро падар ё модар содир мекунад, вале бори азият, хиҷолату дарбадарӣ, чашидани талхиву шӯрӣ умре бар дӯши фарзанд меафтад.
\* \* \*
– Бихез, паҳлавони оча, офтоб ба мобайни осмон расиде.
Ҳеҷ вақт ин қадар зиёд намехобидӣ-ку? Бихез, ҷонам, дар боғ бигард, аз оби чашма дасту рӯ бишӯй, сабук мешавӣ. Хоби саҳар ширин аст, лекин ланҷ мекунад одама, хез, – овози нарму панҷаи навозиши Нафиса, ки акнун барои Ҳалим ба ҳукми модарандар буд, ӯро бедор кард. Вай саросема рӯи ҷогаҳ нишаст. Нафиса бо меҳр ба ӯ нигариста, ташвишомез пусид:
– Барои чӣ чашмот варам аст? Шамол хӯрдӣ? Бихез. Як коса шири гарма дам бикаш, нағз мешавӣ…
Ҳалим чашмони хоболудашро бо каф молида, «ҳеҷ гап не, мегузарад» гуфт ва суҳбати шабинаро ба хотир оварда, хиҷолат кашид. Ӯ мехост, он чиро шунида буд, чун хобу хаёли бад аз сар дур кунад. Вале падарашро, ки дар як гӯшаи боғ ҷун буҷӯл дошт, диду сухани ӯ дар гӯшаш садо дод: «Модарат мешавад…» Бори аввал хост чун писарандар ба рӯи Нафиса нигарад, ӯро дар дил модарандар хонад. Вале нигоҳи гарму пурмеҳри зан ончунон модарвор истиқболаш гирифт, ки
Ҳалим барои ин нияти қабеҳ ба худ нафрат хонд ва ба ҷои бахшиш нидо кард:
– Оча!
– Ҷони оча!
– Очаҷон!
– Ширини оча!
Ҳар ду хомӯш, нигоҳҳо савол, ба чашми якдигар нигаристанд.
– Як чиза пурсам, оча!
Нафиса кӯрпаи чорқатро болои курсӣ гузошт ва рӯ ба рӯи ҷавон истода, интизори саволи ӯ шуд. Ҳалим лаҳзае ба пеши пояш нигарист ва якбора сар бардошт:
– Модари маро ягон бор дида будӣ, оча?
– Модаратро?! – овози Нафиса базӯр ба гӯшаш омад, лекин шакарханде гирди лабонаш давид.
– Чӣ хел одам бошад? Чаро аз падарам ҷудо шудааст?
Чеҳраи шукуфони Нафиса якбора ҷиддӣ шуд, ханда лабонашро тарк кард. Гӯё мадораш суст шуд, ки оҳиста рӯи кӯрпачаҳои нимғундошта нишаст.
– Аз падарат напурсидӣ?
– Пурсидам. Ҷавоб дод, ки аз модарат пурс, – шарҳ дод Ҳалим маҳзунона.
– Ҳм, сирру савдои онҳоро худашон медонанду Худо, писарам, – гуфт Нафиса ва ба андеша ғӯтавар шуд: – Ман аз моҷарои онҳо огоҳ нестам. Дили одам, писарам, хазинаи роз аст…
\* \* \*
Ҳалим, дастовезе аз қандинаву либосворӣ дар сумка, аз шоҳроҳ ба дасти рост тоб хӯрда ба тангкӯча ворид шуд ва пас аз чанд қадам назди дарвозаи кабуди боҳашамате дудила истод. Деворҳои ду тарафи дарвоза гулобӣ буданд. «Бе рангу бор ҳам бошад, шиғ зеби дигар дорад. Навдаҳои кадуву лӯбиё, гули ошиқи печон рӯ-рӯи шохҳо давидаву ҳамоил гашта, бо шукуфаҳо ҳама ҷоро дилкашу зебо мегардонанд.
Саҳар кас гулҳои ботароват, сабзаҳои шабнамзадаро дида, дилаш боғ-боғ кушода мешавад», – аз дил гузаронд Ҳалим, ки доимо шаҳрро бо деҳа муқоиса карда, манзараҳои онро ба хотир орад, дилаш гум мезанад. Ҳоло ҳам чашмаш ба дару дарвозаи боҳашамат, боғу ҳавлии худашонро ба ёд овард, сипас нишонаи рӯи лифофаву навиштаи дарвозаро аз назар гузаронд. «Ҳм, ҳамин», – гуфт ба худ ва дилашро ҳаяҷон фаро гирифт. Охир, ҳоло ӯ бо модараш, бо зане, ки аз батни ӯ ба дунё омадаст, рӯ ба рӯ мешавад, дидорашро мебинад.
Ҷавон бо ҳаяҷон тугмаи занги дарро пахш кард. Саги занҷирбанд аз паси дар бадхашмона аккос зад. Пас аз фурсате даричаи дарвоза нимво шуд ва зане сар ба берун баровард.
– Кӣ даркор, бача?
– Соҳиби хона, Сарвмоҳ, – гуфт Ҳалим.
– Ту кистӣ, бача? Ман Сарвмоҳ…
Ҳалим саропо ҳайкали ҳайрат гашта ба рӯи зан нигарист.
«Ана модари ман!» – шодона дар дил нидо кард ӯ.
– Э, бача, гунг шудӣ-чӣ? Тезтар бигӯ: ба ман чӣ гап доштӣ?
– Ман Ҳалим, – овози ӯ каме ларзид, чеҳрааш арғувонӣ шуд.
– Ҳалим?!
– Ҳо…
Сарвмоҳ аввал майли берун баромадан кард. Вале бо чӣ андешае якбора пас гашт. Баъд гиребони кушодаи куртаашро бо тугма маҳкамкунон берун омад. Дар чашмони ӯ ашк ҳалқа мезад, лабонаш пир-пир мепариданд, рӯяш ранг мебохт. Ӯ дастони ларзонашро якбора ба гардани Ҳалим партофта, фиғон бардошт, аз ҳуш рафт. Ҷавон худро гум кард, хост модарашро ба такяи девор гузорад. Вале марди сиёҳтоби лунҷовезоне «чӣ гап шуд?» – гӯён аз ҳавлӣ давида омаду
Сарвмоҳро ба канор гирифт. Ду-се ҳамсоя ҳам бо ташвиш аз ҳавлиҳо баромаданд. Касе як коса оби хунук оварда, ба рӯи зан пошид. Сарвмоҳ ба худ омад ва гиряолуд лаб ба гуфтор кушод:
– Ҳамин ҳам бачагиву очагӣ шуд? Ҷавони калону мактабхон шуда, як бор ба суроғам наомадӣ…
Вуҷуди Ҳалим дар панҷаи ҳиссиёти аҷибе афтод. Вай дар ҳолате, ки дилаш мисли гунҷишкак парпарак мезад, дуздидадуздида ба модараш нигарист. Сарвмоҳ, зани газгӯшти аспинарӯ, чашмҳои шаҳлои сиёҳ, абрӯҳои борик, бинии боқаламкашидае дошт. Нигоҳи пурмеҳри маҳзунаш ба рӯи коҳида ва заҳири ӯ ҳусни тоза меафзуд. Пеш аз сухан оғозидан дар лабони ӯ мисли шӯълаи яклаҳзаинаи шамъ табассуме медамид, ки ин ба Ҳалим бисёр хуш афтод. Вай аз нигоҳи аввал дар гуфтор ва шишту хези модар нуқсоне надид, ки боиси дилхунук шудани падараш бишавад.
Онҳо ба ҳавлӣ даромаданд. Саги занҷирбанд аз назди мошини латтапӯш хашмгинона аккос зада, ба одамон ҳамлавар мешуд. Аз афташ, вафодор дар ин ҳавлӣ ғайр аз соҳибонаш дигаронро надидаасту роҳ доданӣ ҳам нест. Ва агар раҳо ёбад, бегонаҳоро пора-пора мекунад… Ҳамсояҳо пас аз фурсате паи ҳам баромада рафтанд. Дар хона се нафар монданд.
Ҳалиму падарандараш гӯё қаҳрӣ бошанд, ба якдигар пурсупос ҳам накарданд. Сарвмоҳ баробари давуғеҷ гоҳ-гоҳ гап мепартофт, хурсандиашро аз омадани писар ошкор мекард. Ӯ дастархон кушод. Шавҳараш, дам ба дарун, ҷабинаш пурчин, бо баҳонаи коре баромада рафт. Чеҳраи ӯ ғамолуд буд. Ин ҳолати падарандар ҳайрати Ҳалимро фузуд. Модар, пас аз он ки чойнакро рӯи дастархон гузошт, рафта ба даричаи дарвоза занҷир гузаронду баргашта рӯ ба рӯи писар нишаст ва аз нав пурсупос оғозид:
– Аз Душанбе омадӣ?
– Не, – Ҳалим аз сумка дастовезро бароварда ба гӯшаи дастархон ниҳод.
– Аз боло? – Сарвмоҳ бо гӯшаи чашм ба коғазпеч нигарист: – Чӣ овардӣ? – Ширинӣ… Барги сабз, – шармгинона посух дод Ҳалим ва пай бурд, ки модараш боло гуфта, деҳаро дар назар дорад, бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.
– Аввал падарама хабар гирифтам, бигӯ?
– Ҳа, падарама, очама, додару хоҳарома…
– Чанд додару хоҳар дорӣ?
– Шашта. Се писар, се духтар, – хушнудона ҷавоб дод Ҳалим.
Чеҳраи Сарвмоҳ ноаён тағир ёфт. «Се писару се духтар?
Агар бахтамро пушти по намезадам, ҳозир соҳиби ҳамин қадар фарзанд мебудам», – аз дил гузаронд ӯ ва пурсид:
– Ба ту меҳр доранд, монанд ҳастанд?
– Боз ба кӣ монанд мешуданд? Фарзанди падар ҳам бемеҳр мешавад? Ҷону ҷигаранд…
Сарвмоҳ нобоварона ва ҳасратомез ба писараш нигарист.
– Барои ин ҷо омадан аз падарат иҷозат пурсидӣ? Ҳеҷ чиз нагуфт?
Ҳалим ҷавобе надод. Ва хост сабаби мактуб навиштани ӯро фаҳмад. Аммо Сарвмоҳ боз таноби суханро ба даст гирифт.
– Мегӯянд, ки боло ободтар шудааст, дар кӯҳу пуштаҳо ҳам боғу роғ сабзондаанд…
– Ҳама ҷо обод… – маънидорона гуфт Ҳалим ва бо гӯшаи чашм ба модараш нигарист. Сарвмоҳ магар аз начаспидани суҳбат дилгир шуд, ки оҳи сарде кашида ба сари мақсад омад:
– Илоҷи дигар наёфтам. Аз писари ҳамсоя хоҳиш кардам, аз номам ба мактабат ду нома навишт. Аз ту гила кардам…
Чанд маротиба ба воситаи шиносҳо ба деҳа пайғом фиристодам. Аз падарат андеша карда, ҳеҷ кас магар ба ту хоҳишама нарасонд, ки… Ҳа, аз мактабат як кас омада буд…
Ин гапи модар рӯзи муҳокимаро пеши назари Ҳалим ҷилвагар сохт. Пас аз хомӯшии зиёд ранҷишомез пурсид:
– Худат хона мерафтӣ, ягон ҷоят кам мешуд?
– Чӣ, то ҳамин вақт дарак надоштӣ, ки ман модарат ҳастам, яккаву танҳоям? – ҳайратзада пурсид Сарвмоҳ ва худ ба худ «Бачаи содда! Ман ба кадом рӯй он ҷо равам? Поям барои рафтан кӯтоҳӣ мекунад» – гуфт.
– Не, чӣ хел яккаву танҳоӣ? – оромона пурсид Ҳалим ва ба чор тарафи хона чашм давонд. Деворҳо қолинпӯш, ҷевонҳо пури чойнику пиёла, қадаҳу лаъливу гулдони булӯрин.
Сарвмоҳ бо рӯймол ашкҳояшро поккунон нолишомез пичиррос зад:
– Мо дар ҳамин ҳавлии калон сари танҳо мезием. Ана ҳамон саги занҷирбанд ғаму дарди очата медонаду бас. Касе дарамонро намекушояд…
Дили Ҳалим ба ҳоли модар сӯхт, ба чашмонаш нам низ давид. Вай пай бурд, ки ӯ дигар фарзанд надоштааст. Вале ҳисси кунҷковӣ ӯро маҷбур сохт он розро, ки падару модарандар аз ӯ пинҳон карданд, аз худи модараш фаҳмад.
– Барои чӣ ҷудо шудед? – беҷуръатона пурсид Ҳалим.
Сарвмоҳ безобита гашт. Ранги рӯяш канд, оби чашмонаш хушкид. Вай, сарҳисобаш гум, хӯшаҳои рӯмолашро байни ангуштонаш бозикунон, нигоҳ аз чашмони Ҳалим гурезонд:
– Худата ба нодонӣ назан, бача, – канда-канда ғурид Сарвмоҳ ва давоми суханашро дар дил гуфт: «Аз падараш як мӯ кам не. Худашро ҳамин хел орому бепарво нишон медиҳад, ки гӯё аз чизе хабар надорад».
– Чӣ хел нодонӣ?
– Ҳама чиза сад бор шунидаиву боз мепурсӣ.
– Ҳеҷ чизро нашунидааму намедонам…
– Надонистанат беҳ, –мулоим гуфт модар.
– Ҳм, лекин донистан мехоҳам…
– Дилама хун накун, азобам нате, – оҳ кашида гуфт Сарвмоҳ ва ашкрезон шиква оғозид: – Ба ҷое, ки аҳволама пурсӣ, хурсанд шавӣ, ки дар зиндагиам маро ёфтиву дидӣ, коҳи куҳна бод медиҳӣ. Гӯш кун, ман ба ту гапҳои бисёр дорам. Чанд рӯз меистӣ?
Ҳалим лаҳзае ҳайратзада аз рӯи модар чашм наканд. Сипас нимшунаво гуфт:
– Ҳозир бармегардам. Пагоҳ бояд Душанбе равам. – Не, имшаб дар назарат кӯҳи Қоф намояд ҳам ист. Бо пои қадами ту ҳамсояҳо ба хонаи мо дароянд, бинанд, донанд, ки ман чӯби хушк не, бача дорам. Душанбе намегурезад. Аз дидорат сер шавам... Пагоҳ аз ин ҷо рафтан осонтар, – илтиҷоомез гуфт Сарвамоҳ
– Модарамро Душанбе барам… Ваъда додам… – Ҳалим шарҳ надод, ки Нафиса рафта бояд арӯсшавандааш Моҳҷабинро бубинад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё