ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
– Кӣ модарат? Ҳамон деви сиёҳ? Ин қадар ширин шуд? Ун кӯрбарзангира мо дар гирди дастархон роҳ намедодем, – якбора ба ғазаб омад Сарвмоҳ. Аз чашмони ӯ акнун ба ҷои меҳр шарораи кинаву нафрат мерехт, ларзиши дастонаш аёнтар мешуд. – Ман дард кашида, мурдаву зинда шуда туро зоидаму ғами ӯро мехӯрӣ?
Ана ин таънаву маломати Сарвмоҳ Ҳалимро ҳайрон кард, балки чашмонашро кушод. Вале дар ин ҳолат ҳам ӯ оромона гуфт:
– Вай ҳам модар ҳисоб аст…
– Модар не, модарандар! Гӯри модарандар сӯзад! Кадомаш бо некӣ ном баровард, ки боз ту ӯро таъриф мекунӣ?
– Ман ӯро ҳеҷ гоҳ модарандар нагуфтаам, забонам намегардад…
– Ман ба ту кӣ мешавам?
– Фаҳмидам! Падари нимтанаи бадафтат солҳои сол дар гӯшат маро бадгӯӣ карда, – якбора ба хашм омад Сарвмоҳ: –
Мурад, ки аз оши худоияш хӯрам, дар дилам армон намемонад…
Дили Ҳалим мисли як пора ях дар қафаси сӯзони синааш лағжид. Вай дандон ба дандон монда, теғи нигоҳ ба модар афканд. Ҳалим аввалин бор дар ҳаққи падараш ин хел алфози бад шуниду аз қаҳру алам ларзид.
– Бадгӯйӣ накун… Дар гӯшам чӣ хондааст?!
– Чӣ мехонд?! – Сарвмоҳ бо хашм мисли касе, ки пеш аз қатл ба гуноҳаш иқрор мекунад, бо талвоса суханашро идома дод: – Гуфтааст, ки очат сабукпо, ҳаром, ноасл, тардоман аст!
Туро партофта, думболи марди савдогаре рафт. Медонам, вай дилсиёҳи парзадарӯи биҷирӣ сад бор туро гандамодар ҳам гуфтааст! Лекин инро дониста боз мепурсӣ… Ҳа, насибаю тақдир ки буд, мани гумроҳ аз паси ҳамин мардак омадам.
Хайр, Худо ақламро дуздид, ки туро наовардам. Эй бача, асп бо чор пояш баъзан пешпо мехӯрад, одам-ку…
Бадани Ҳалим аз арақи сард тар шуд. Ба назараш чунин намуд, ки хона ба сараш фурӯ меафтад: карахт, ҳайкалвор аз
Сарвмоҳ чашм намеканд. Ҳусну назокат, табассуми латифу базебаш пеш аз суханронӣ акнун ғайб заданд ва ӯ ба як шабаҳи зишту кароҳатоваре табдил ёфт. «Шояд ҳамин ҳусни бозоргиру табассуми назарфиреб боиси бадбахтиаш шуда», – аз дил гузаронд Ҳалим ва гапи мӯйсафеде дар гӯшаш садод дод:
«Зани зебо моли мардум аст, – мегуфт ӯ ва шарҳ медод: – Худо ба яке сурати зебо мебахшаду ақли расо не, ба дигаре сарват медиҳаду ҳиммат не».
«Ана, сирру савдои онҳо чӣ будааст! – ба худ гуфт Ҳалим ва дилаш аз хиҷолату дарди ноаёне сӯхту тапид. – Гунаҳгор ки ҳаст, аз сояи худаш шубҳа мекунад! Кошкӣ гунг мешуду ин гапҳоро намегуфт… Кошкӣ ин қиссаро Моҳҷабин ҳаргиз нашунавад…»
Вале Ҳалим намедонист, ки падараш тифлаки ширхора ва шишаи шир дар оғӯш, бист сол пеш аз ноилоҷӣ аз деҳи кӯҳистон роҳи дарозро гоҳ савораву гоҳе пиёда тай карда, ҷуста-ҷуста ба ин ҳавлӣ ба умеде омада буд, ки ин зан фарзандашро дар хориву зорӣ нагузошта, мегирад ва то раҳгарду нонхӯр шудан бо меҳр ӯро шир мемаконаду тарбия мекунад.
Аммо Сарвмоҳ натанҳо кӯдакро мисли бузи бачабезор напазируфт, балки бо қабеҳтарин алфоз, бо исёну валвала пеши чашми ҳамсояҳо марди тифлдорро шармандавор аз ҳавлӣ ронда, аз пасаш як тағора хокистар ҳам пош дод, ки қадамаш ҳеҷ гоҳ дигар ба ин ҳавлӣ нарасад.
Ҳалим хомӯшона чашм аз Сарвмоҳ намеканд. Лекин зан нигоҳ аз ӯ мегурезонд. Ҷавон хотираҳои айёми таифлиашро боз тагурӯ кард. Вале лаҳзаеро наёфт, ки касе аз неку бади модараш ҳарф зада бошад. Танҳо чеҳраи нуронии момаи
Нусха пеши чашмаш падидор гашт, ки дар лаби чашма ё кӯча сарашро силакунон мегуфт:
– Ҳалими ҷун, барои ҳамин пирбузи ман доим беминнат алаф биёр. Дар кӯча тарафаш ҳеҷ гоҳ санг напарто. О, ту бо шири ҳамин буз калон шудаӣ… Хок дар теппаи сарат, булҳавасе! Ба хотири кафшу рӯймолу гӯшвор кӯру тираақл шудӣ, худата шармандаву рӯсиёҳ кардӣ… Охир ба нохуни ин бачаи нозанин зор мешавӣ…
Ҳалим он вақт парвои гапи баду нек надошт ва маънии суханҳои кампиракро намефаҳмид. «Ана он суханҳо чӣ маъно доштаанд!» гуфт ба худ ва бо алам аз модараш пурсид:
– Хайр мақсадат чӣ?
– Мақсадам? Мақсади модар ҳеҷ гоҳ ба зарари бача нест, – боз ҳамон табассуми малеҳ, вале дар назари Ҳалим акнун шерозаи заҳрогини макр, гирди лабони Сарвмоҳ печид. – Гӯш кун. Аз моли дунё ҳама чиза дорам… Лекин гуфтам-ку, сари танҳо мондам. Танҳо! – овози зан ларзид, чашмонаш намнок шуданд: – Мехоҳам, ки омада соҳиби давлату сарват, хонаву дар шавӣ. Охир, ту ғами онҳоро нахӯр. Як пода сағира доранд. Бе ту ҳам рӯзашон мегузарад. Баъд, фаромӯш накун: бачаи худаш, ки ба зангирӣ расад, вай сиёҳдев аз хона пешат мекунад. Беҳтараш, аз ҳозир биёву ин ҷо реша давон… Агар хушрӯйтарин духтари шаҳра тӯй карда, ба ту надиҳам, номамро дигар мекунам. Ана, ин мошин ҳам азони ту, – ӯ калидеро пеши Ҳалим партофт ва гапашро идома дод: – Сарамро дар санг мезанаму бароят кори нағз меёбам… Як умр хӯрдаву пӯшида, кайфу сафо карда мегардӣ…
Сарвмоҳ интизори посух даме хомӯш истод. Ҳалим ҷавобе надод. Модар давоми суханашро гӯё касе мешунида бошад, оҳиста ба забон овард:
– Парвои ин мардака накун. Вай саги паси дар барин гап.
Ту ки омадӣ, такягоҳу қуввати дилам шудӣ, ҳафтаи дигар аз пасаш ду лагад зада пешаш мекунем. Даҳони маро танҳоӣ да рондааст, танҳоӣ! Ту дар барам бошӣ, ин мардаки лаин аз тарс саг барин дум меҷумбонад… Гӯрсӯхтаи занҷалоб боз як беваи нав ёфтааст, ҷавон... чизу чораро мисли муш дуздида мебарад. Метарсам, ки мошин, қолинҳо, хонаро тороҷ мекунад.
«Ана, дардаш чӣ будааст? Ман барои чизу мошини бегона аз падару модарам рӯ гардонам?» – авзояш беҷо, сараш аз дард гиҷу вазнин аз худ пурсид Ҳалим ва нарм гуфт:
– Ба ман мошин, пулу моли муфт лозим нест! Сарам, падару модарам, додару хоҳаронам сиҳат бошанд, ҳамаашро меёбам.
Гӯё тарбуз аз бағали Сарвмоҳ афтид. Ӯ даме хомӯшу сархам истода, бо ангуштон рӯи гилем хатчаҳо кашид. Сипас сар барошта, оҳи бадард кашид ва бо аламу дард гуфт:
– Гумон кардам, ки ту ақлу фаросат дорӣ, сиёҳа аз сафед фарқ мекунӣ. Ризқата пеши по намезанӣ, омада сурхии чашмам мешавӣ, – ӯ даме ба сукут рафт, сипас сар бардошту таҳдидомез пичиррос зад: – Лекин фаромӯш накун: ман туро зоидаам, ман модарат ҳастам! Агар ширҳои додаамро набахшам, кӯр мешавӣ…
– Ширҳои додаатро?! Бузи момаи Нусха ҳам зинда мебуду забон медошт, аз ту зиёдтар даъво карда метавонист, – гуфт оромона Ҳалим ва якбора хеста майли рафтан кард. Аммо
Сарвмоҳ худро пеши пои ӯ партофт ва чун одаме, ки дар лаби ҷар овезон асту бо умеди охирин буттаеро медорад, ба почаҳои шими Ҳалим чанг зад. Ҷавон чашмонаш намнок, пайкараш ларзон, оҳи дарде дар дили захминаш ниҳон, ноилоҷ хам шуда аз бозувони модар гирифта, оҳиста ӯро бархезонд….
МАКТАБИ ШОҲТУТ
Ба деҳаи Шоҳтут расидан баробар лабу лунҷи Ҳасан овезон шуд. Сабаб: аз мошин фуромад буд, ки хоки кӯча то буҷулаки пойҳояш расид. Вай мисли мурғобӣ якта-якта қадам партофта, ғур-ғуркунон ба лаби роҳ баромаду почаҳои шимашро афшонд.
Табиати аҷибе дорад ин бача: агар ба сару либосаш андаке хок расад, ҷонаш намебарояду халос. Неъмат тахмин мекунад, ки шаҳр ва муҳити аз ҳад зиёд тозаву озодаи оила ӯро чунон озук кардааст, ки дӯғро пуф карда мехӯрад.
– Ҷои кору хобатон мактаб..-роҳравон гуфт роҳбалад: –
Асбобу белу каландро пагоҳ мефиристем… Зиқ намешавед ин ҷо, – вай ба деҳа, ки аз долу дарахти зиёд хонаҳояш базӯр менамуданд ва ба талу теппаҳои сабзпӯш ишора карда, гапашро идома дод: – Деҳа зебо, хушобу ҳаво-а? Кӯҳҳо ҳам тамошобоб.. Ҳам кор, ҳам истироҳат мекунед.. Шоҳтутиҳо меҳмоннавозанд, бачаҳо, шӯхиву ҳазла дӯст медоранд. Нағз муомила кунед, некӣ мебинед. Ҳа, боз як чиза ба шумо гуфтанӣ будам: ба деҳаи мо ҳанӯз барқ нарасидааст…
– Ӯ-ҳӯ! Асири вайрона шудем, гӯй? Не, дасту поямро банданд ҳам, ман саҳар гашта меравам! – якбора ба шӯр омад Ҳасан.
– Ин гапа нагӯ, бача, ки айб мешавад. Агар равӣ, аз кор тарсид, мегӯянд, – ришхандзанон гуфт мӯйсафеди мактаббон ва дасти Ҳасанро, ки дилу бедилон барои салом ҷониби ӯ дароз карда буд, дар кафаш маҳкам дошта бо таъкид афзуд: –
Дила васеъ гир, бача. Мо солҳо боз бе барқ ин ҷо зиндагӣ дорем…
– Медонӣ, ҳазрати Фирдавсӣ «Шоҳнома» – ро чӣ хел навишта буд? – пурсид Мирзо.
– Он замонаҳо гузаштанд. Ҳозир асри илму техника… Мо ба маданият расидем, ба замони Фирдавсӣ не, ба пеш меравем! – бедимоғ гуфт Ҳасан: – Фирдавсӣ? Корам ба вай чӣ?
– Бачаҳо, як моҳ –ду моҳ ҳеҷ гап не.. Шумо ба мардуми ин ҷо хонадомод шуданӣ нестед-ку. Мактаба созеду ҷавоб, – боз гуфт роҳбалад ва ҳамчунон ба ҳазл илова кард: – Духтарҳои Шоҳтута бинед, ҳуш аз саратон мепарад, барқа фаромӯшу роҳи шаҳра гум мекунед.
Хаёли шаҳрравӣ ҳафтаи аввал аз сари Ҳасан дур намешуд.
Вай ҳар бегоҳ дағ-даға мекард, ки пои қадамашро аз ин ҷо меканад ва агар бачаҳо ба шиносҳои шаҳрияшон ягон пайғом фиристоданӣ бошанд, фаромӯш накунанд.
– Ту, мурғи нозпарвари шаҳрӣ, тоқати гармию сардӣ надоштаӣ. Аз истоданат фоида не, зарар аст, доим миёни корро мешиканӣ. Тезтар рав, ки шаҳр нагурезад. Ба ҷоят худамон кор мекунем, – Маҳмуди сардорамон ранҷишомезу гуфт ба ӯ.
Ҳасан шод гашт. Бегоҳӣ хоку чанги сумкаашро тозакунон афсӯс хӯрд, ки шимашро дарзмол карда наметавонад. Ӯ собуну дандоншӯяк ва сачоқ гирифта, ҳамроҳи Неъмат барои шустушӯ лаби чашма рафт. Лекин баъд чӣ шуду чӣ гузашт, ки саҳар аз шаҳрравӣ даст кашиду бо дили гарм ба кор часпид.
Ҳоло Ҳасан кулоҳи худсохти коғазияшро якшоха монда, гиторашро, ки ба такяи дарахти себ меистод, гирифту лаби суфа амонат нишаст. Ӯ хаёлмандона ба тарафи деҳа нигариста, ба торҳои гитораш нохун зада, ин сатрро пайваста замзама кардан гирифт.
Ошиқӣ, эй дардмандон, дарди бедармон будаст.
Посбони мактаб – бобои Саидаҳмад аз дур намоён шуд.
Вай сӯи мо меомад. Ин пирамарди резапайкару айёрнамо рӯз ба рӯз дар дили мо ҷо гирифта, чеҳрааш ба назарамон бануртар мегардад. Агар рӯзе мо ӯро набинем ва суханҳои талху ширинашро нашунавем, зиқ мешавем. Нону намакашро ҳам борҳо хӯрдаем… Ҳоло бобои Саидаҳмад омада, дар рӯи ба рӯи Ҳасан истод ва ба асояш такя карда, ба ӯ нигаристу бо ришханд гуфт:
– Сад дареғо, бача ҳайф шуд, шӯхи ба шӯхӣ ба дарди бад гирифтор шуд… Аввал аз Шоҳтути мо роҳи гурез меҷӯст.
Ҳолӣ, ба дидори шарифатон қасам, ки хоки кӯчаҳои Шоҳтута ба чашмаш тутиё мекунад. Маҳмуд, бовар бикун, ба гардани ин бача занҷир баста, кашола кунӣ ҳам, аз инҷо намеравад.
Ҳа, равад ҳам, ними дилаш мемонад…
– Наравад, фоидаи шумо, – шарики гап шуд Неъмат.
– Чиба? – пурсид мӯйсафед.
– Як духтари деҳаатон шавҳардор мешавад. Гуфтед, ки гӯсолабон кам, – Неъмат ба гӯшаи чашм ба Ҳасан назар афканд: – Ҳасанбой бо гитораш гӯсолабонӣ мекунад. Ин ҳазл не. Фермаатон, бобо, дар тамоми республика намуна мешавад. Ба вай маош ҳам лозим нест, модараш пули нафақаашро мефиристад…
Ҳасан гӯё кар буду ин суханҳоро намешунид. Ӯ гӯшашро ба торҳои гитор наздик оварда, рез менавохт ва лабонаш ҷунбида, овозаш аранг – аранг мебаромад.
Бевафо ёрам,
Пурҷафо ёрам.
Бишнав, эй ошно,
Аз дили зорам.
Бобои Саидаҳмад ришашро ҳилол кашида, табасум дар лаб, нигоҳи роздорашро аз Ҳасан гурезонда ба Неъмат гуфт:
– Ошно, биё, як маслиҳати мардона кунем. Мегӯянд, ки ҷӯрагӣ – ҷурагию ҳисоб раҳи рост. Гуфтӣ, ки очаи Ҳасанбой бешавҳар аст: бисёр нағз. Ман безан.. Хеш шавем, чӣ?
Суруду навои Ҳасан якбора барканд. Вай аз қаҳр гиторашро ба лойхона партофт ва хурӯси ҷангӣ барин сурх шуда, ба Неъмат ҳамла овард. Вай хандакунон тарафи чашма гурехт.
Димоғи Ҳасан сӯхт, балки ӯ сахт ранҷид. Охир, падараш зинда, одами обрӯманд, директори як заводи калони пойтахт аст. Неъмат ҳазли ноҷо кардааст.
– Бобо, кори нағз нашуд, Ҳасан ранҷид.
– Аз чӣ ранҷид? Аҷоиб бача будааст. О модараш дар шаҳр, ҳоли зани ман нашудааст-ку, – хушҳолона гуфт пирамард ва ҷониби деҳа рафт.
Фардо мо бо бобои Сайдаҳмад хайрухуш карда, аз ин макон меравем. Корро нағз ба субут расонидем: се синф сохтем.
Меҳнат, обу ҳавои тозаи кӯҳистон ба зоҳири ҳар яки мо нақше гузоштааст. Аммо аз ҳама бештар Ҳасан дигаргун шудааст. Чеҳраи сафедтоби ин ҷавони шаҳрӣ, ки солҳо боз дар гулгашту сояи серуни дарахтон тобистонро мегузаронд, аз офтобу шамоли кӯҳистон сурхчатоби дилкаш шуда, рагу пайи дастонаш ҳам акнун менамоянд. Пеш, дастонаш мисли гиёҳи зери дарахт руста борику заиф буданд. Ҳоло, ба иқрори худаш, чунон тануманд шудааст, ки либосҳояш базӯр дар баданаш меғунҷанд. Лекин аз ҳама аҷибаш ин ки Ҳасан мӯи сарашро кутоҳ кард. Аз ин рафтори ӯ ҳама гаранг шудем, чунки дар донишкада барои дарозии мӯяш боре ӯро муҳокима карда буданд. «Аз мактаб пеш кунед ҳам, яктора мӯямро кутоҳ намекунам», – қатъӣ гуфта буд ӯ. Вале се ҳафта пеш вай аз Мирзо хоҳиш кард, ки бо дукорд мӯи сарашро кутоҳ кунад.
Гӯё ин воқеаи аҷибе бошад, бачаҳо сабаб пурсиданд.
– Хоку чанг бисёр, ҳаммом нест.. – забон хоида гуфт Ҳасан.
Ба ин гапаш аввал бовар кардем. Лекин баъдтар фаҳмидем, ки дар таги коса нимкосае будааст.
Бобои Саидаҳмад муҳобот намекардааст: духтарҳои Шоҳтут зебо буданд. Ба гуфти шоирҳои гузаштаамон як тарафи рӯяшон моҳу тарафи дигараш офтобро мемонад. Ҳамин, ки дар кӯча рӯ ба рӯ оянд, кас намедонад, ки ба кадоми онҳо нигарад. Қади мавзуну лабу рухсораҳои гулгун, абрӯҳои пайваста, чашмҳои шаҳло доранд онҳо. Ҳар яке аз дигаре баҳусну дилкаш. Ба гуфти Ҳасан, агар онҳо сару либоси шинам пӯшанд, ҷавони аз осмон омадагиро ҳам шефтаю шайдо мегардонанд. Лекин оддӣ, кушодарӯю шартакигӯянд. Барои онҳо кори вазнину сабук як аст, бо пойдосҳои дастадароз алаф медараванд, подабонӣ мекунанд, бор ҳам мебардоранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё