ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
– Пешниҳоди хуб. Ҳатман меравем. Дуои устодро гирифтан ғанимат аст.
– Кайҳо пазмони дидору суҳбаташон шудаам. Лекин ман пои урён чӣ хел хонаи устод равам? – ошуфтаҳол пурсид
Лоиқ ва ба ҳоли худ хандид: – Ба болои ҳама гапҳои росту дурӯғ ҳаминаш намерасид...
– Парво накунед. Шаб аст. Устод Боқӣ, ки чашмонашонро ҷарроҳӣ карда бошанд, пойлучии шуморо чӣ хел мебинанд?
– Дуруст! Кӣ ба пои лучи Лоиқшоҳ менигарад? Ҳама мафтуни сару ҳунаранд...
– Бале, шеърҳои нағз аз ҳамин сар баромадаанд... Аз дил низ...
– Лекин айбҷӯ ба по менигараду дӯст ба сар, – бо қоҳқоҳ гуфтанд Лоиқ.
– Садқаи дилу саратон шавем. Дили бузург дорӣ, мағзу ҳунари беҳамто... О ин ҷо бо пойи урён истодан чӣ фоида? Биё, ба мошин мешинему меравем ба зиёрати устод Боқӣ. Аз он ҷо боз ба мошин мешинему меравем хона ба хона...
– Рост... Худо раззоқ аст.
Устод Лоиқ аз хоҳиши дӯстон сар напечид, – дигар бе онҳо куҷо ҳам равад? – ва меҳмонони азизу нохонда шомгоҳ ба ҳавлии чароғони устод Боқӣ ворид шуданд. Пазироии булаҷаби ғайричашмдошт пеш омад. Хурду бузург аз ташрифи меҳмонони нохонда мамнун. Устод Боқӣ либоси раҳ-раҳи шинам ба тан, тоқии чоргули чустӣ ба сар, айнаки сазфом ба чашм, чеҳраи офтобиаш нурбор, лабонаш пуртабассум, аз хона баромада, дар саҳни ҳавлии озодаву пургул ҳар якеро падарвор ба оғӯш кашид ва худашон пеш даромада онҳоро ба кати гӯшаи боғ ҳидоят кард. Ҳолпурсӣ акнун авҷ мегирифт, ки болои хони ҳамеша кушодаро нозу неъмат, нӯшокиву газзакҳои беҳтарин оро дод. Суҳбати саршор аз лутфу зарофати устод Боқӣ чун ҳамеша аз дидаву шунида шира басту шогирдонро мафтун кард. Танҳо Лоиқ чун дар болои хор ноҳинҷору хомӯш менишаст ва мекушид, пойҳои урёну хоколудашро тарзе пинҳон бикунад, ки ба чашми устод Боқӣ ва аҳли хонадонашон наафтанд. Ва дам ба дам ӯ ба ишораи чашм аз дӯстон хоҳиш мекард, ки зуд бархезанд.
Аз устод Боқӣ рухсат хостанд.
– Як дами дигар, тақсирҳо. Куҷо мешитобед? Ташнаи дидору суҳбататон шудаам. – бархеста гуфтанд устод ва афзуданд: – Ман давида-давида ба ҳамин рӯз расидам... Аввал иҷозат диҳед, ки як сари қадам ба ҷое, ки шоҳон пиёда мераванд, рафта биоям...
– Борон шарар мешавад-чӣ?
– Напурсед... Худатон аҳли фаҳмед, медонед-ку.
Лоиқшоҳ, ба шумо чӣ шуд? Чаро хомӯшед? Ба худатон монанд нестед, тақсир. Ё боз ягон «корнамоӣ» кардед?
Фурсате пас устод Боқӣ бо ҳамсарашон Соробону баргаштанд ва ба меҳмонон хушомадед гуфтанд. Бархестанд. Ҳолати нобоби Лоиқро худаш медонисту бас. Вай худро ба сояи дӯстон кашида, ноаён аз ҳавлӣ баромадан мехост.
Ҳамсари устод Боқӣ бо чеҳраи кушоду лабони пуртабассум коғазпечеро кушод ва як ҷуфт кафши навро бо ҷӯробҳо пеши Лоиқ ниҳоду нарм гуфт:
– Тӯҳфа, барои шумо, Лоиқшоҳ...
– Ваҳ, пойҳои лучи маро чӣ хел дидед?
– Лоиқшоҳ, пӯшед, насиб кунад, – бо шакарханд гуфтанд устод Боқӣ ва афзуданд: – Ман ҳусни ҷинсҳои латифу пой лучи шогирдонамро дарҳол мебинам...
Мавҷи хандаи осмонкафон ҳавлиро пур кард.
ВУЛФ ПЕТРОВИЧ
Ба ёди Бӯстони ҷавонмарг
Рӯзноманигори боғайрат ва ҷавонмарди беҳамто шодравон
Бӯстон Шукурӣ, ки падараш Достон Шукуров умре мусаҳҳеҳи маҷаллаи «Садои Шарқ» буд, чанде вазифаи раиси идораи Хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагонро ба дӯш дошт. Боре Бӯстон бо Абдураҳмон Абдуманнонов – муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагон, бо сафари хидматӣ шаҳри Маскав рафтанд. Абдураҳмон чун ҳамеша як-як ба аёдату дидорбинии дӯстону устодони масковияш меравад ва албатта, Бӯстонро бо худ мебарад. Зимни ташриф ба чунин як меҳмонӣ дар роҳ Бӯстонро меогоҳонад:
– Дар хонаашон саг доранд, саги калони бадвоҳима. Ту натарс, сагашон аҳл аст, намегазад, лекин шояд шӯхиву бозӣ бикунад.
– Чӣ хел?
– Аз дар ки даромадед, шояд пойҳоятонро бибӯяд ё ба қадатон рост хезад.
– Воҳ! Аккос ҳам мезанад?
– Агар хушаш ояд… Дар ин ҳолат номашро бигирӣ, навозишаш бикунӣ, тамом, ошноят мешавад.
– Чӣ ном дорад сагаш? – бо ҳаяҷон ва биму ҳарос мепурсад
Бӯстон.
– Вулф. Вулф-Вулф бигӯӣ, ором мегирад.
Чун аз дар ворид шуданд, баробари пиру кампир саги палангнамои бузургҷусса пешвозашон гирифт, кунҷковона ба онҳо нигарист ва як-ду маротиба ав-ав ҳам кард. Абдураҳмон сари сагро силакунон ҳамроҳашро ба мизбонон шиносонд ва ному насаби онҳоро ба Бӯстон ёдрас кард.
Пас аз ҳолпурсӣ гирди хони зиёфат нишастанд ва суҳбати гарму ҳазлу шӯхӣ, ёди рӯзҳои гузашта шира баст. Азизи хонадон Вулфи пиру фаҳул мисли нозир гоҳе ба давра наздик мешуд ва ба хӯришҳои болои миз ҳарисона чашм дӯхта, лабу лунҷи овезонашро лесида Бӯстонро безобита мекард. Саги барзангӣ, чашмонаш дар назари Бӯстон хунгирифтаву хашмгин, аз гармии ҳавои манзил бедимоғ, гоҳе даҳонашро калон кушода, хамёза ҳам мекашид ва дандонҳои нӯгтезу муқтадирашро гӯё намоиш медод. Дар ин маврид ба дили Бӯстон боз биму ҳарос панҷа мезад, ки зуд аз саг рӯ тофта нигоҳ дигар сӯ мегурезонд. Вале Абдураҳмон аз вазъи ноороми ҳамроҳаш бехабару бепарво, саргарми суҳбату қадаҳгардонӣ. Ниҳоят меҳмонон бархестанд. Бӯстон аз ин дар таги дил шод, ки оқибат аз таъқибу нигоҳи саг мераҳад, дар даҳлез борониашро пӯшида, банди кафшҳояшро баста, акнун қомат бардошт, ки саг бо як ҳаракати нарм рӯ ба рӯяш хеста, ду даст сари шонаҳои ӯ ниҳода, даҳони воз, забони сурхи овезон, дандонҳои аррамонандаш ба фуки меҳмон расам-нарасам, ба вай чашмаки ман чашмаки ту кард. Эҳе, ҷон аз тани Бӯстон напариду бас. Вай бо талвоса номи сагу насаби пирамард ба забон оварда дод зад:
– Вулф Петрович! Вулф Петрович!
– Вулф-Вулф, шӯхӣ бас! – амр кард пиразан ва афзуд: –
Натарсед, ин саги мо танҳо бо меҳмони дӯстдоштааш ин хел муносибат мекунад…
Ба Абдураҳмон, ки ҳазлкаши гузарост, худо дод. Акнун барои дилхушӣ қатори дигар дӯстон боз як қаҳрамони нав пайдо кард. Минбаъд Бӯстонро дидан замон Вулф мегӯяд ва он манзараи ғалатӣ пеши чашмонаш ҷилвагар шуда механдаду механдад. Ва Бӯстони хиҷолатзада бо ташвиш ба атроф нигариста, (мабодо ин ҳолатро боз касе бубинад!) шояд тамоми умр аз ин Вулфи зормонда бори гарони тамасхуру қимобӣ мекашад. Оре, аз Абдураҳмон ба осонӣ раҳидан мушкил. Бӯстон инро нағз медонад. Чӣ бояд кард, ки вай сирро фош насозад? Бӯстон ҳангоми бозгашт ба Абдураҳмон таваллоомез гуфт:
– Устод, зиёфат медиҳам, зиёфати зӯр… Чӣ хеле хоҳед.
Фақат ҳамин чизро ба касе нагӯед…
– Ин чизро не, Вулфро… – Э монед, илтимос…
– Душанбе равем, маслиҳат мекунем…
Баъди бозгашт ин «савғотӣ ё бозёфт»-и аҷиб дар дили Абдураҳмон нағунҷид, ки нағунҷид ва ӯ онро бо шарти ниҳон доштан ба ману Гулназар «тӯҳфа» кард. Шод гаштем. Дар он рӯзҳои пурҳодисаву ғамзо ин хел василаи дилхуширо аз куҷо меёбӣ. Ва чун Бӯстон пайдо шуд, бо табассуми роздор, албатта гарму самимӣ аз аҷоиботи дидаву шунидаҳояш дар Маскав пурсидем.
– Устод Абдураҳмонро дидед? – ташвишомез пурсид Бӯстон.
– Не…
– Нағз-нағз… – қоҳ-қоҳ хандида гуфт ӯ ва номаълум роҳи дафтари Абдураҳмонро пеш гирифт. Чанде пас Абдураҳмон хушҳолона мужда расонд:
– Фардо Бӯстон ош меорад, бо равғани зағир, коняку арақ ҳам. Хоҳиш мекунам, ҳангоми зиёфат сир бой надиҳед, ки сахт меранҷад.
Рӯзҳои ноорому пурғавғо. Дар майдонҳо одам меҷӯшад ва баландгӯякҳо гӯш кар мекарданд. Авзои ҳама ноҷӯр. Дар ин ҳолати хастагиву дилтангӣ гирди табақи ош даме сар ба сар нишастану суҳбат оростан ҳам ғанимат... Дар дафтари Гулназар, ки дар кунҷи аз ҳама хилвати Иттифоқ ҷой дошт, мунтазири ҳамин лаҳзаи гуворо, чашм ба дар нишастаем... Баногоҳ Бӯстони чорпаҳлӯ, чолоку серҳаракат, чашмонаш рахшону лабонаш пуртабассум, бо дастархону халта ворид шуд. Ва дар як лаҳза бо дасту панҷаҳои гиро дастархон кушод. Бӯи хуши зира ва ошу равғани зағир ба иштиҳо нохун зад. Болои хонро табақи пурош, атрофаш ҷо-ҷо сабзавот, турбу чака ва бодирингу помидори шӯр ҳусн бахшиданд. Пиёлаҳо низ пуру холӣ мешуданд. Нӯшбод ба саломатии Бӯстону хонуми меҳрубонаш, ки оши хоса пухтааст, нӯшбод барои хуб анҷом ёфтани сафари аҷиб.
– Лекин сабаби зиёфатро нафаҳмидем, – кунҷковона луқма мепартоям ман. – Э харбуза хӯред шумо, коратон ба полез чӣ? – чеҳрааш арғувонӣ бо қоҳ-қоҳ бебокона мегӯяд Бӯстон.
– Донистан беҳтар буд, – бо табассум маро тарафдорӣ мекунад Гулназар.
– Монед-е, ин сирри махфӣ… – аз ин кунҷковии мо нигоҳ ва чеҳраи Бӯстон якбора ҷиддӣ мешавад. – Устод Абдураҳмон, маслиҳат чӣ буд? Қавл дода будед-ку…
– Ман чизе нагуфтаам, – зиракона ба Бӯстон чашм медӯзад Абдураҳмон.
– Хайр, як чиз гӯед, – хоҳиш кард Бӯстон.
– Бо қадаҳ?
– Албатта!
Абдураҳмон, ҷом дар даст, оромона бархест ва гуфт:
– Барои Вулф Петрович!
Қоҳ-қоҳ дафтари Гулназарро ларзонд. Бӯстон аз ҷояш боло ҷаҳид ва музтарибҳол, балки маъсумона ба мо нигарист ва пурсид:
– Ғайри шумо ин қиссаро боз кӣ медонад?
– Ҳеҷ кас.
– Рост?
– Бале…
– Гапи мард якта! Ба ҳар кадоматон алоҳида-алоҳида зиёфат медиҳам, ба шарте, ки ин гапа назди дигарон нагӯед…
МАРСИЯИ ПОИЗ
Тирамоҳ бо ҳангомаи шамолаки сарди баргрезон аз авҷи худ башорат дод. Ва шаҳриён гӯё якбора чашм кушода диданд, ки долу дарахтон ва талу теппаҳои атроф бо ҳазорон ранг наққошӣ шудаанд. Мавҷи ҷунуни рангҳо, забонаи пурпечу тоби шуълаҳои хазон, баргҳо ва киштзорони чун рӯи моҳ заринтоб, оби нилобии ҳавзу рудҳоро ҳамранги худ сохта, касро бо андешаҳои андӯҳзо мекашанд. Аз ҷониби кӯхсорон, ки лаккаҳои нуқрафоми пирях ҷо-ҷо аранге намоёнанд, боди тандхӯ ва худсару бахил дурушту густохона вазида, шохаҳои ба ҳам такязадаи дарахтони ғанабрафтаро меларзонад, меҷунбонад, метаконад. Ва аз ин шӯхии беҷо ё ғилғилчаки пири хунукрӯ навдаҳо ибтидо бо ноз хамёза мекашанду китфу бозу меафшонанд, сипас баргҳои зард дар гӯши ҳамдигар бо забони зард пичи-пичи тилоранг меоғозанд: ибтидо хоболуду норизо, пасон бо шӯру исён ва печону рақсон. Ва ҳарфҳои зарди шохаҳо бодбараки заринбол ё парандаҳои тиллогун шуда, ҳазор андар ҳазор рӯ-рӯи шаҳр ва кучаву бозор, гулгашту хиёбонҳо бол мекушоянд, танга – танга мерезанд.
Осмон бо ҳама паҳноварияш ранги заъфаронро мегирад.
Хуршед аз ин ҳангомаву худнамоии пуршукӯҳи фасли поиз ҳайратзада, шабеҳи пири хаставу бедимоғ ба домони уфуқ такя зада, ноаён сӯи абрпораҳо мелағжад…
Кашокаш ва гирудори шабонарӯзӣ ҳатто чанористонҳои ҷонсахти шаҳрро ноором, бемору каҳраборух сохтаанд. Шонаҳои пуразамат ба тундии бод тоб наоварда, мисли зане айғоқ меошӯбанд; китфу бозу ва танаи дарахтонро ханҷолкашон бо иллату танбеҳ баргҳои панҷамонанди хешро бедареғ пош медиҳанд. Аҷиб, баргҳои аз банду асорат раста, чун пирзолҳои зарҳалпӯши арғӯштӣ аз ин озодӣ шоду бехуд, бо ҳазорон печу тоб ҷилваву бозӣ меоғозанд; дар оғӯши сардбоди ошиқ, сарҳисобашон гум, дороии аз хоку чанги чандмоҳа ғункардаро сармастона пош дода, худро ба дару девор ва кӯчаву бозор зада, аз ин пириву хартозӣ дар як нафас дилбазану шумрӯ низ мешаванд. Ангезаи хор-хори гулӯву димоғ шаҳрро пур аз атсаву сурфа, фаху фих мекунад. Одамон дар гулгашту пиёдароҳ ва манзилу толорҳо чунон силсиладор апшу-апшу ва аҳу-ҳу меоғанд, ки дар чашмашон ашк ҳалқа мезанад.
Пиру барно, алалхусус касони диққи нафас ва душизаҳои нозуктабъ аз чангу ғуборафшонии дарахтон норозиву хашмгин, гила меоғозанд. Ва бо кароҳат боғи онҳоеро, ки шаҳр ба чанористон табдил додаанд, сангборон мекунанд.
– Дар олам ба тухми дигар дарахт қирон расида буд? – гулӯяшро бо ангуштони ларзон молидаву ҳаш-ҳаш нафаскакшон бо овози хиррӣ менолад пиразане: – О ин чанори исқотиро фақат дар мазору саҳни масҷид ё сари роҳ мешинонданд. Одамҳои боақл ин дарахта ба деҳа роҳ намедоданд.
Хизмати хирсонаро бубинед; як шаҳр пур аз чанор, пур аз офату балои ҷони одам аст.
– Акнун баргсӯзӣ оғоз меёбад. Шаҳрро дуд пахш мекунаду доғҳои сиёҳ… Туфу… Дуди баргаш ҳам заҳри қотил аст…
– Магар калонҳои шаҳр бедимоғанд ё сӯрох надорад бинияшон? Ё чангу ғубори ин чинорҳои касофат ба онҳо таъсир намекунад? – баъди атсаву сулфаи силсиладор бо даструймол лабу лунҷашро поккунон хашмолуду эътирозомез ба худ меғуррад марди лоғарандоми асабӣ: – Буридан лозим! Якта намонда решакан бояд кард!
– Э мардуми ношукре… Воҳима накунед. Одам аз ҳамаи махлуқҳо сахтҷон аст. Умре байни пахтазор ба сари мо самолёт заҳр пошид, нафас гирифтему намурдем; умре оби заҳролуд хӯрдему зиндаем. Шумо аз дуди барги чинор мемурдаед?... О бе сояи ин чинорҳо тобистон шаҳр мисли дӯзах чунон тафсад, ки… Э носипосҳое, на аз сояи дарахт миннатдоред, не аз хидмати роҳбарҳо, – мӯйлабҳои ғулияшро тобдиҳон бо ришханд посух медиҳад марди бардаму кулоҳдор ва меафзояд: – Кошкӣ тобистон як соатак дар гармии биёбонҳои Шаҳритус меҳмон мешудед. Ҳо, мағзи саратон, ки аз тасфи ҳаво мисли дӯғи туруш пит-пит ҷӯшад, баъд ба қадри сояи чанор мерасед. Чатри беминнат, роҳати ҷон аст сояи чанор…
Дарахтони хазонрасида хаставу ноҷӯр, ба ин гуфтугӯҳо бепарво, лек аз ҳуҷуми ногаҳонии боди тунд ошӯбзада, ба са-240 ру қудуми роҳгузарон бо саховати беандоза тиллобарг нисор карда, ба ҳама ҷо фарши зарҳалӣ мегустурданд. Баргҳои зард сари шоху навдаҳо ва рӯи кафи боди худсар бо забони зарду ҳарфҳои тиллогун дар мотами якдигар ва фасли ранҷуру пурнози поиз бо ранги зангор марсияи зарҳалин ифшо карда, бо ҳаёҳӯй ва кафкӯбиву наҷвои каҳрабоӣ онро бе замзама месароянд. Абрҳо аз чор самт бо ҳар дастур, бовиқор, хашмгин, хаставу бетоб сар кашида, ба осмон ҷомаи тирафом пӯшондан мехоҳанд, шӯълаҳои офтобу шохи абрҳо шабеҳи гургу меш якдигарро чашми дидан надоранд. Афтударафти бод, абру офтоб соат ба соат шадидтар мегардад. Ва дар ин мубориза гоҳ-гоҳ аз дидаи абрҳо сиришк низ мечакад; аз мижгони хуршед сар-сари ёлаву болои ҷангалистонҳо даста-даста нур мерезад ва ё мӯқлами зарҳаландуди ин шоҳи нодиркор, шукӯҳи ҷилои рангҳоро дучандон меафзояд. Шаҳру талу теппа ва кӯҳдомани атрофи он тасма-тасма, қитъа-қатъа рангрезу зарнигор, балки дар оғӯши оташранг хомӯшу андешаманд, ба ғанаб мераванд. Вале ҷавонони зебову хушлибос, аз гармӣ ва шавқи савдои ишқ хушбахту бепарво, ҳусну ҷамоли тирамоҳро ба шукӯҳи баҳор ҳамсон шуморида, баҷои гул дар даст зеботарин хазонбарги чанор паҳлу ба паҳлу бо дӯшизаҳои ҳурлиқо сайр доранд. Дилбохтагони поиз, онҳое, ки ин фаслро чун мӯъҷиза аз дилу ҷон пазмонанд, аз лаззати ҳусн ва базми рангини дарахтон қаноатманд, аз сӯҳбати зарҳалпечи баргҳо чун гуфтугӯи пурмағзи пирони рӯзгор шоду мамнун, ба андеша меғӯтанд. Вале занону мардоне ранҷуру умрдида аз ошӯби боди хазону чангу ғубор нохуш бо каф гулӯ ва сандуқи дил молида, ё бо дастрӯймол пеши димоғ баста, ба хирмани хазонҳои сӯзони бари роҳ ва дуди талху доғҳои сиёҳ бо нафрат нигариста, кашмакаши боду талоши баргҳои заъфаронии хушҷилои кафи бодро шабеҳи хона равшан кардани инсони аз умру заҳмати беҳисоб ва бемории дуру дароз хаставу дар табу тоб меҳисобанд. Вале поиз давр меронду марсияи зарҳалини худро замзама мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё