ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
Ширин бари пиёдароҳ, пеши гулбуттаи настарани аз нури фонус заҳирранг даме музтару ҳайрон истода, боз ба атроф чашм давонд. «Шаҳр шаб ба бозори маҳшар табдил меёфтааст, – гуфт ба худ ва иқрор кард: – Мо мисли мурғи қафасӣ аз хона намебароем. Тавба, дар пиёдароҳ одам, дар шоҳроҳ мошин мисли сафи мӯрчаҳо ҳаракат доранд. Неъмати тинҷиву оромӣ». Вай ҳайратзада ба чапу рост нигарист. Ба кадом тараф биравад? Аввал Кӯли ҷавонон, Наврӯзгоҳу Обшор ва
Майдони парчамро аз назар гузаронад ё роҳи Боғи пойтахтро пеш гирад? Солҳои охир дар Душанбе боғу варзишгоҳ, ҷойҳои сайру тамошобоб зиёд шудаанд. Дидагиҳо таъриф мекунанду шавқу ҳаваси бачаҳоро меафзоянд. Чархофалаку мошинчасаворӣ, оббозиву ба ҳайкалчаҳои дар ҳаракати аспу гавазн, хирсу шер савор шудан орзуву ҳаваси бачаҳоро меангезад, онҳоро ба ҳар ҷо кашида мебарад. Кунҷкованд. Мехоҳанд, ки ҳама чизро бубинанду санҷанд, сипас ба дигарон худситоӣ кунанд. «Ман ҳам он ҷо будам. Эҳе, бисёр савор шудам… ба ҳар кадомаш…» Шаҳзод низ чанд карат ба забони ҳол омад. Ва аз падар хоҳиш кард, ки ӯро ягон рӯзи истироҳат ба сайри боғҳо барад. Падар ваъда дод, баумедаш кард, вале аз пуркорӣ аҳд иҷро нашуд… Акнун дар ин шаби шаҳри пурғавғо, ки одам дар пойи одам мепечад, вай чӣ хел ба он ҷойҳо раваду аз байни анбӯҳи одамон Шаҳзодро биёбад? Ё баргашта аз хона пул гираду бо мошини писари ҳамсоя, ки бо пули кирокашӣ рӯзи хонаводаро мегузаронад, ба ҷустуҷӯй биравад?
Модар лаҳзае гиҷу ҳайрон истод, сипас ба ҳоли зори худ талх хандид. Охир бештари умрро дар пойтахт бо шавҳари олимшавандааш дар иҷорашинӣ гузаронд, шаҳрнишин ҳисоб меёбад, лекин ҷуз роҳи мағозаву дармонгоҳ ва бозори маҳалла дигар ҷойҳоро намедонад. Аз рӯйи зарурат ҳатто рӯзона ба ягон гӯшаи шаҳр равад, дар дилаш биму тарс ҷо мегирад, ки вақти бозгашт роҳгум назанад. «Шаҳзод ба ҷойи дур нарафтааст, – худро таскин бахшид модар: – Дар дасташ тӯб дошт-ку…» Вай хотираҳояшро тагурӯ кард ва ба ёд овард, ки боре писараш шодона гуфта буд: «Дар поини маҳаллаи худамон, дар таҳхонаи бинои нави баландошёна ҷойи хуби компютербозӣ кушодаанд».
– Аз куҷо донистӣ? – тунд пурсид падар.
– Бачаҳои ҳамсоя, ҳамсинфонам дидаанд, – аз гуфта пушаймон, беҷуръат посух дод Шаҳзод.
– Ба он ҷо қадам монданатро набинам! – таъкид кард падар ва афзуд: – Бачаҳои оворагард, бесоҳиб он ҷо вақт мегузаронанд. Бозӣ не, парон-парону бераҳмиро меомӯзанд.
– Намедонам, додо, – гуфт Шаҳзод, – лекин гуфтанд, ки бозиҳо пулакианд.
– Аз куҷо пул меёбанд? – аз болои китоб сар набардошта боз тундтар пурсид падар. Шаҳбоз китф дарҳам кашид.
– Дуздӣ, кисабурӣ, – ба саволи худ посух дод падар.
– Худо накунад, – ҳаросон ба суҳбат шарик шуд модар ва Шаҳзодро ба канор кашидаву аз пешониаш бӯсида гуфт: –
Ҷону ҷигари очаш ҳаргиз ба ин хел роҳҳои бад намеравад.
– Оянда инро нишон медиҳад. Эҳтиёт нисфи ҳаёт, гуфтаанд, Ширин, – ба суҳбат нукта гузошта буд падар.
Модар гирифтори сад фикру хаёл, сӯйи бинои баланд, ки тахминан ҷойи онро медонист, мерафту ба ёд меовард: дар деҳа низ гоҳ-гоҳ ғайб задани бачаҳо шомгоҳон падару модаронро ошуфта мекард. Аслан ба дили волидайн аз гум шудани фарзандон алов рехтан азалист. Фарзанд ҳар хеле бошад, пайванди хуну ҷон асту бояд ғамашро бихӯрӣ…Ва бибияш доим таъкид ҳам мекард: «Бачадорӣ ҳам осон нест. Ин гапа баъде, ки писарат кӯчаву бозоррав шавад, мефаҳмӣ. Ҳазору як андеша ба сарат меорад».
Дар як шоми торик, – он солҳо деҳа чароғи барқӣ надошт, – нопадид шудани писари ягонаи амаки Муҳиддин ҳамаро ба по хезонд. Не, вай баъди аз кори саҳро баргаштан, – оброни номдори колхоз буд, – аввал либосҳои дар обу арақ шӯрабастаашро иваз кард, дар оби нарми наҳр сару тан шусту кӯфти кору хастагӣ аз худ дур сохт ва сари хон нишаст. Аммо Шамсиддин набуд, ки бо саволу ҷавобҳои аҷоиб хушҳолаш созад.
Амаки Муҳиддин ҳар лаҳза ба умед сӯйи дарвоза менигарист, ки ҳозир ё замони дигар ба ҳавлӣ ворид шудани зеби хона – писарашро бинад. Лекин пайдо нашуд Шамсиддин. Ба куҷо рафтанашро бибиву модараш ҳам надонистанд. Ба ташвиш афтод падар. Аввал ба хонаи ҳамсинфону ҳамсояҳо сар зад.
«То нимрӯзӣ бо мо буд, баъд надидем», – посух доданд. Бо таҳлукаву хаёлҳои бад фонус гирифта роҳи кинохонаро, ки дар маркази деҳа буд, пеш гирифт. Ҷойи дӯстдоштаи бачаҳост кинохона. То охири намоиши филм сад андешаи азиятовар дар сар, ночор паси дар истод. «Албатта писарашро барои бе иҷозат ба тамошои кино омадан коҳиш медиҳад.
Ҳамин бас. Аз ӯ ин хел умед надошт». Баногоҳ шӯру ғавғо дар толор поён ёфту дари дутабақаи кинохонаро кушоданд.
Анбуҳи бачаҳои аз тамошо шоду масрур «Тарзан-Тарзан!
Зӯр-Зӯр!» гӯён берун баромаданд. Ӯ фонус рӯ ба рӯи онҳо баланд бардошта пурсид:
– Шамсиддини мо ҳам ин ҷост?
– Не, не… Ӯ аз тарси шумо офтоб сари кӯҳ нарасида ба хона медавад.
– Нест дар хона. Куҷо рафта бошад?
– Намедонем…
Ин посухҳо умеди амаки Муҳиддинро барбод медоданд ва биму ҳарос ба дилаш ханҷол мезаданд. «Боз куҷоро бикобам?
Шояд шӯхӣ мекунанд? Мабодо дар курсӣ хобидааст. Баъзан ҳангоми китобхонӣ якбора мехобид». Ӯ ба умед пилтаи фонус баланду рӯшантар карда, ба толор ворид шуда, ҳар як курсиро аз назар гузаронд. Аз Шамсиддин нишоне наёфт.
Гурги ҳазору як гумони бад ба дилаш дандон мезад. Вақти девонагиву хунталабии Сурхоб аст. Ҳар баҳор як-ду кӯдака ба комаш фурӯ бурда нобуд мекунад… Не, Шамсиддин одати ба ҳар ҷо рафтан надошт… Дар пеши хонаашон наҳри пуроб ҷорист…
Амаки Муҳиддин хаставу хашмгин ба хона баргашта, бар хилофи одат бо овози баланду ларзон, чашмони намнок моҷаро бардошт, ба сари ҳамсар ва хурду бузурги хонавода санги маломат борид: «Ғайри хӯрдану ғайбату хобидан парвое надоред. Бача куҷо рафт?.. Худо ба мо як писар дод…
Тамоми дороӣ, умедамон Шамсиддин аст… Аз куҷо меёбедаш?»
– Нимрӯзӣ баъди хӯрокхӯрӣ китобу дафтар кушод, хеле хонду навишт…
– Баъд?!
– Гуфт, ки навбати бозӣ… О ҳеҷ гоҳ аз назди хона дур намерафт-ку, – гиряомез фаҳмонд ҳамсараш.
Дар авҷи моҷарову гуфтугӯ ҳамсоя – бобои Саидмӯъмин сурфида-сурфида ба ҳавлӣ ворид шуда пурсид:
– Тинҷ ҳастед? Одати ҷангу хархаша надоштед-ку. – Шамсиддина гум кардем, – бо алам ва овози гирифта гуфт амаки Муҳиддин: – Дар суроғаш ҳама ҷоро ба як по гаштам. Нест! Дигар куҷоро биковем?
– Шамсиддин? Э хок дар сари пирие! – каф ба пешонӣ зада гуфт мӯйсафед ва хиҷолатманд афзуд: – Шамсиддин бо ман бузғолаковӣ рафта буд…
– Кай? Куҷо? – баробар пурсиданд аҳли хона.
– Бегоҳ… Вақти офтобшиношин. Тарафи кашари Чилла.
– О Худо, – нолид модар, – сагҳои одамхӯр дорад Чилла.
Барои чӣ кӯдака бурдед?
– Ташвиш накашен. Ёвари Чилла танҳо буд. Хоҳиш кард, ки Шамсиддин имшаб ҳамроҳаш истад, қуввати дил… Айби ман, ки аз фаромӯшхотирӣ ин гапа ба шумо барвақт нарасондам. О бараву бузғолаҳотона ман ба ҳавлӣ даровардам…
– Рост?
– Наход ман дурӯғ бигӯям?
– Ай дар ришат садқае! Қариб дилкаф шудем, – гуфт модар ва беҳанг лаби суфа нишаст.
– То ба чашми худам набинам, бовар намекунам, – ғур-ғур кард амаки Муҳиддин ва бо пирамард, ки сагҳои Чилла мешинохтандаш ва чанд бачамарди дигар фонусу машъалҳо ба даст, аз Дараи осиёб сӯйи кашар роҳ пеш гирифтанд. Аҷиб, он замон амаки Муҳиддину хонадонаш аз торикиву камодамии деҳа бим доштанд, имшаб ӯ аз шаҳри пурғавғову чароғистон, кӯчаҳои пурмошину тоифаҳои бадният ва дар рӯзи равшан раҳгум задан…
Дар шаҳр ҳолатҳои нохуш ва аҷиб зиёд рух медиҳанд…
Боре ҳамсояшон Шукур, марди газгӯшту қаддароз вақти говгум дар ҳолати мастӣ ба хандахариши занҳо гирифтор шуд. Онҳо, яъне ҷамъияти занҳои айбҷӯву фошгӯй, болои хараки таги тути ҳавлӣ нишаста, абраву астари касеро бо ғайбат метакиданд, ки Шукур, турхалтаи пур аз бодирингу помидорро алвонҷдиҳон – вай дар ҳар ҳолат бо дастовез ба хона бармегашт, – калавида-калавида наздик шуду аз ҳамсари худаш пурсид: – Эй хола, садқаи зулфот, намегӯйӣ, ки роҳрави хонаи Шукур кадом аст?
Пеш аз посух хандаи занҳо атрофро пур кард.
– Хок дар теппаи сарате! – ханда ба лаб, пешонӣ пурчин ғурид зан ва бо истеҳзо пурсид: – Кӯр шудаӣ?
– Эй бева, ҳақорат накун, – қоматашро базӯр рост карда, дӯғ зад Шукур: – Хола гуфта дар бало мондам? Боз чӣ мехоҳӣ? Ё аз шатта серат кунам?
Коҳ-қоҳи занҳо дубора авҷи тоза гирифт. Ва «хола» лоилоҷ лаб ба ханда моил «гӯрсӯхтае» гуфту бархест ва рафта ба
Шукур ҳампаҳлу шуда, мулоим, дар гӯшаш пичирос зад:
– Рафтем, ҷони хола… Ғамхори бачаҳо… Зеби хонаву маҳалла, қуввати дили мо… Дар хона ба тахтачӯби лаҳад ростат мекунам…
Ширин дар дил аз Худо илтиҷо мекард, ки Шаҳзодро дар ҷойи компютербозӣ биёбад. Аз ин бахт шоду сарфароз, назди бачаҳо ҷазову сазояш намедиҳад. Чӣ лозим пеши чашми дигарон кӯдакро сарпасту шармсор кардан? Вай аз куҷо донад, ки бо ин рафтор ба дилу сари модар чӣ қадар фикру хаёлҳои пуразият овард. Модар пеши назараш чеҳраи писар аз байни одамон мегузашт. Баногоҳ гӯё Худованд ба имдоди ӯ расид ва дар гардиши бино чашмаш ба Шаҳзод расид. Писарак шоду хандон, тӯби пурнақш дар сари панҷа, аз рӯ ба рӯяш меомад.
Ӯ чунон саргарми чизеро ба ҳамроҳҳояш нақл кардан буд, ки касеро намедид. Модар дар ҷояш ҳайкалвор истод ва каф болои сина ниҳод. Тап-тапу бозии дил. «О Худо, писаракам бо пойи худаш омад. Сад шукр. Ҳм, «дили оча ба бача, дили бача ба кӯча» гуфтани пирон ҳамин аст. Чун Шаҳзод ба модар ҳампаҳлу шуд, вай гӯшашро не, банди дасташро оҳиста дошт.
Шаҳзод сар бардошт ва хиҷолатманд пурсид:
– Шумо ба ташвиш афтодед?
– Ба хаёлшон роҳи хонаро гум мекунӣ, – истеҳзоомез гуфт бачае.
Модар ин кинояро гӯё нашунид. Вай писарашро ба канор кашида, аз пешониаш бӯсида пичирос зад: – Қариб маро мекуштӣ. Талхакаф шудаме…
– Бозии зӯр шуд! Ғалаба кардем! – башорат дод Шаҳзод.
– Дар майдони худашон бозиро бохтанд, – ба суҳбат шарик шуд писараки дигар: – Ду тӯб аз зарби Шаҳзод ба дарвоза даромад! Мисли Роналдо, Месси голҳои аҷоиб зад.
– Модарҷон, дигар барои ман дар ташвиш наафтед. О ман дигар кӯдак нестам… Ҳамроҳи ошноҳоям…
Модар ноаён нафаси осуда кашид ва гулханда ба лаб, дар дил «шукри ҷонат» гуфт ва сару шонаҳои Шаҳзоду ошноҳояшро навозишкунон сӯйи хона баргашт.
САЙРИ ВАРЗОБУ
АЁДАТИ УСТОД БОҚӢ
Эҳдо ба профессор Атахони Сайфулло
Зиндаёд Лоиқ бо инсонҳои хушгил ва ёрони ҳамдил дар домани кӯҳсор ё сояи мушкбедҳои лаби рӯди Варзоб маҳфили унс оростанро дӯст медоштанд. Авҷи гармо, ба қавли худашон бо «ҷӯраҳои ҷамолакӣ» аз ҳавои дамгири Душанбе гурехта Варзоб рафтанд. Ҳар дам ғанимат. Ва дар ҷои хушманзара, орому осуда – болои кати сояи зарбедҳои лаби рӯд
«хайма» зананд. Роҳати ҷон, манбаи илҳом. Насими сардакаки мавҷҳои пуршӯри Варзоб тани нимбараҳнаи онҳоро менавозад. Ҳолати гуворо, муҳити дилкашу озод. Пои луч болои реги гарми соҳил қадам задан ҳаловате мебахшид бинтиҳо.
Гардиши ҷому нӯшбодҳо сар метафсонду хотираҳо меангехт ва забони ҳар якеро булбули гӯё мекард. Аз шавқи шеъру байтхонӣ, латифагӯйии пай дар пай, ҳазлу ёд овардани лаҳзаҳои ширин таноби рӯз кӯтоҳ мешуду болои хон аз табақи оши палову сихкабоб рангин. Баногоҳ касе олиҳимматии дӯсташро аз ҳад зиёд ситоид. Устод Лоиқ, ки болои харсанги лаби рӯд нишаста, пойҳои урёнашро гоҳ-гоҳ ба оби сардакак меғутонданд, хам шуда як кафшашро бардошта ба дӯстон намоиш дода ҳазломез гуфтанд:
– Ин хел кафшро дидаед? Камёб аст! Кобед ҳам намеёбед. Як дӯстам аз худи Ватани аслияш – Чехословакия ба ман фиристод. Ана кафши асили чехӣ. Тобистони сӯзон роҳати пост...
– Наход? – дӯстон ба кафшҳои хуштарҳи Лоиқ бо ҳавас чашм давонданд: – Аҷиб... Моли асил...
– Ана ин хел дӯст кирои таъриф мекунад, – шоду мамнун суханашро идома дод Лоиқ. Вай ки аслан ба сару либос чандон эътибор намедод ва худситоӣ ҳам барояш бегона буд, он лаҳза ҳимати дӯсташ, нармиву сабукӣ ва роҳатбахшии кафшҳои чехиро хеле васф кард. Ҳамроҳон шоирро боз гирди дастархон хонданд ва барои ёрони содиқ, ҷонӣ ва боҳимату беғараз пайк бардошта, ба олами суҳбат фурӯ рафтанд.
Қиёми рӯз баногоҳ диданд, ки як кафши зебои Лоиқ болои мавҷҳои рӯди хурӯшон мисли заврақ алвонҷхӯрон шино дорад. Ҳаёҳу барпо шуд. Шоир бархеста лаб-лаби рӯди мавҷмаст бо нияти ба чанг овардани кафш чанде тохт, лекин бефоида... Силсилаи амвоҷ кафшро байни рӯд кашонд. Об мисли ях сард буду Лоиқ аз ҳунари шиноварӣ пиёда. Вай аз тӯъмаи рӯд шудани як пойи кафшаш бедимоғу хашмгин омада боз болои харсанг нишаст ва ба дӯстон, ки аз ин рӯйдод гоҳ механдиданду гоҳ афсӯс мехӯрданд, гила оғозид:
– Чашми бади шумо расид. Бо ҳасад менигаристед ба кафшҳо...
– Э не... Худатон кафшро намоиш дода, моро доғ-доғ кардед. Шояд чашми худатон расид.
– Медонед, кафш аз беэҳтиётӣ обӣ шуд. Ҳо, дарсҳои физикаро ба ёд биёред: нисфи рӯз об аз гармӣ медамад: дар шеърҳоятон «мадду ҷазр» мегӯед-ку... Дарёи дӯстдоратон хотир надида кафшро ба коми худ кашид...
– Лоиқшоҳ, ин ҳам як ғазали зебои дарё шуд. Ба ростӣ ҳеҷ кас мисли Шумо дараву рӯди Варзобро зиёду зебову ошиқона тараннум накардааст. «Ману дарё, ману дарё... Ду девона тани танҳо...» Барои имтиҳони меҳри бепоёнат дарё аз гармии рӯз бехуд шуд, нозу шӯхӣ кард...
Устод як попӯш дар даст, табассум дар лаб бо сари хам, андешаманд ҳазлҳои дӯстонро шунида баногоҳ он кафшашро байни дарё партофта, бедимоғ худ ба худ ғур-ғур кард:
– Рав, ту ҳам шино бикун, ҷуфтатро биёв. Танҳо зиқ мешавӣ... Ришханди бахта бинед: ба дигарҳо аз худситоӣ фоида расад, ман аз таърифи кафшам побараҳна мондам...
Ин рафтори шоиронаи Лоиқ оташи ҳазлу шӯхиҳои дӯстонро аз нав афрухт.
– Ҳай-ҳай, хуб накардед, ҳайф шуд... – Як кафшро ба сарам мезадам?
– Барои музей мемондед. Як нигораи аҷиб мешуд...
– Оре, беҳтарин нигораи рамзнок! Шумо гӯё бо як кафш олами шеърро саросар сайр кардаед...
– Шарҳаш чӣ? Ба мухлисон олам-олам завқ мебахшид.
– Ҳар чизе муфт омад, ройгон рафт, – ба суханҳои нешдору тамасхӯромези дӯстон вай нуқта гузошт: – Халос шудам. Бебозгашт рафт.
Аҳли нишаст саргарми муҳокимаи «нозу шӯхии» ноҷом Варзобрӯд ва кафшҳои нозанини муфт аз даст рафтаи Лоиқ, баногоҳ боз диданд, ки саге дар даҳон як кафши оббурда овезон, лаб-лаби соҳил давдавон меояд. Эҳа, ин магар саҳнаи афсонавӣ нест? Рӯзу лаҳзаи аҷиб. Ин ҳолатро кӣ интизор буд?
Онҳо сархушона бо фарёду даводав ва таҳдиду сангпартоӣ кафш аз даҳони саги мискин афтонданд ва онро оварда ба соҳибаш супориданд.
– Моли ҳалол гум намешавад, – мегуфт яке: – Худат доим мегӯӣ-ку: бачаи барӯзиям.
– Як кафш бори вазнин буд? Чаро партофтияш? – ӯро сазо медод дигаре.
– Ҳа-а, устод, ин саг коре кард, ки ҷои сад кори дигарро гирифт.
– Рост, – гуфтаи мусоҳибро тасдиқ кард Лоиқ ва афзуд: – Аз куҷо медонистам, ки саги ноошно аз ёри хасакӣ вафодортар аст.
Дӯстон ба сухани таҳдори шоир қоҳ-қоҳ хандиданд. Ва Лоиқ акнун аз он ки кафши дуюмро бо дасти худ ба коми дарё партофта буд, пушаймону асабӣ бо ришханд худро сазо дод:
– «Қаҳри дарвеш ба зарари дарвеш» гуфтаанд. Чаро саросема шудам? О ман бачаи берӯзӣ набудам-ку... Дар ноомади кор одам бо дасти худ ба худаш зарар мерасондааст. Акнун инашро чӣ кор бикунам? – Чун хотира нигоҳ доред. Ёдгорӣ аз даҳони саг бо мадади дӯстон, – ҳазломез неш зад яке. – Оянда пайшиносони ҷавон кафши дуюматонро аз поёноб ёфта биёранд, паҳлуяш мегузоред....
Дӯстон аз «тӯҳфа»-и сагу «корнамоӣ»-и худашон хушдилу Лоиқ бедимоғ. Вай меандешид, ки дар ин аҳвол бе попӯшӣ чӣ хел хона меравад? Одамон ӯро пойи урён бинанд, чӣ фикр мекунанд? Боз гапу ғайбатҳои нав. Баногоҳ ӯ кафши саг овардаро тунд байни дарё афканда, баланд гуфт:
– Сари танҳо ба кӣ лозим? Аз хандаву истеҳзои инҳо чӣ фоида? Ту ҳам раву ҷуфтатро биёв...
Ҳамин тавр дӯстон саргарми баҳсу ҳазлкашӣ, аз ғуруби хуршед дар сари қуллаҳо бехабар монданд. Шом фаро расиду дар хомӯшии байни кӯҳҳо «ғазал»-и азалии Варзобрӯд авҷи тоза ёфт. Ҳангоми бозгашт касе гуфт, ки дирӯз устод Боқӣ Раҳимзода баъди ҷарроҳии чашм аз Маскав баргаштаанд. Сари қадам даромада аҳволашона пурсем, шод мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё