ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
– Чиба корам набудааст?! Вай, аблаҳи бешарм ба ин кораш духтарҳоро бадному сиёҳбахт мекунад.
Хаёлҳо, гумонҳои бад ба андозае зиёд ва азобовар гаштанд, ки духтарак ҳоло барои гулдастаро аз дасти Неъмат нагирифтанаш худро маломат кард. «Ними дили сабилмонда кашид, нимаш накашид, ки гулдастаро гирам. Мегирифтам, хуб мешудааст… Ақаллан таъна намекардам, шояд ин расвоӣ сар намеомад», – гуфт дар дил.
«Ҳм, балое.. рақами телефона ҳам ёфтааст. Боз ба падарам арз карданаша бин? – духтарак даме хомӯш монд, баъд бо ҷавони ланг хаёлан гуфтугӯи таҳдидомезашро идома дод: – Ту ҳоло бо собуни падари ман ҷома нашустаӣ. Аз вай умеди некӣ накун… Хайр, омадан гир, дар ба рӯят кушода. Лекин мурданак шатта хурӣ, аз худат гила бикун»
Ниҳоят нақшае ба ёди духтар расиду дилаш каме таскин ёфт. Вай барои меҳмонҳо дар хонаи кунҷакӣ ҷой тахт кард.
«Аз он ҷо ҳеҷ чизро намебинанд, ягон гапро ҳам намешунаванд,» – гуфт ба худ Малика ва нафаси осуда кашида, ҳамроҳи модараш ба пухтупаз андармон гашт.
\* \* \*
Амаки Шайдо аз бозор дертар, вақте баргашт, ки аллакай базми меҳмонҳои духтараш ба қиём омада буд. Ҳавлиро садои созу навои магнитофон, кафкӯбиву балегӯии духтарон пур мекард. Маълум, ки ягон ҳунарвараш аллакай саҳнаро обод кардааст. «Нағз, бо ҳамин баҳона каме дилхушӣ мекунанд..» – гуфт ӯ хаёлан ва тӯрхалтаи пури бандчаҳои ревоҷу сиёҳалафро аз рӯи одат ба чангаки шохи тут овехту ду-се бор гулӯ равшан кард. Аммо касе аз хона набаромад,ҳатто ҳушу ёди ҳамсараш ҳам ба базму усул банд шудааст. «Мон, тамошо кунад, баъд омада мегирад…» – гуфт бо худ ва даструймолашро бароварда, арақҳои пешонӣ, сару гарданашро поккунон рӯи хараки таги хавоза амонат нишаст. Ӯ ният дошт нафасашро рост карда, сипас ба завҷааш мефармояд, ки ревоҷҳоро рӯи дастархон ниҳаду оши сиёҳалаф пазад. Ҳа, оши сиёҳалаф пас аз сарфи хӯрданиҳои серравған рӯи дили одамро оина барин равшан мекунад, табъро хуш мегардонад. Баъд рафта ба меҳмонон хушбошӣ мегӯяд, ҳамроҳашон каме мешинад.
Вале ба ин фурсат нарасид . Ҳалқаи дарбача зада шуд ва амаки Шайдо ноилоҷ аз ҷой бархест, то дарро кушояду меҳмонони дермонда – дугонаҳои духтарашро ба хона таклиф намояд. Мардак дарбачаро кушода, дар рӯ ба рӯяш ду ҷавони хушсару либосро дид, ки яке дар даст гулдаста, дигаре қандина дошт. Онҳо баробар салом доданд, вохӯрдӣ карданд.
Мард аз ваҷоҳати ҷавонҳо пай бурд, ки зери бори шарм монданд.. Лекин ӯ ҳам, ба ростӣ, сараввал худро гум кард, бо ҳайрат ба рӯи ҷавонҳо дида дӯхт..
– Марҳамат, ҷавонҳои нағз! Дароед, эҳа, боз дасти холӣ ҳам не..
Неъмат ҳарчанд худро дар зоҳир озод вонамуд мекарду аз паси соҳиби хона қадам мениҳод, буни гӯшҳояш торафт арғувонӣ мешуд.. Болои ин сурфаҳои сохтаву масхаромези
Мухтор дар пӯстинаш кайк меандохт ва пушаймонӣ дошт, ки чаро худаш танҳо наомад. Малика, ки имрӯз худро аз чашми падар мегурезонд, ба берун назар афканда, ба талвоса афтод. Аммо чун дид, ки падараш ба тарафи ҳуҷра тоб хӯрд, мисли он, ки бори гароне аз дӯшаш афтода бошад, ноаён нафаси сабук ккашид, вале мисли ҷуволи холӣ дар ҷояш нишаст. Дили вай каме ором гирифта бошад ҳам, бо гӯшаи чашм тез-тез сӯи ҳуҷра менигарист…
Амаки Шайдо дар пойгаҳ попӯшеро надида ҳайрон монд, бо вуҷуди ин дари ҳуҷраро калон кушод:
– Ин духтарҳои шайтон дар куҷо базм доранд? Боз ман гумон кардам, ки ҳамин ҷоанд… – андешаманд ғур-ғур кард ӯ ва баъд фарёд зад: – Ҳо занак!
– Чӣ мегӯӣ? – Занак аввал аз хона овоз баровард, сонӣ дар долони барқад намоён шуд. Ӯ дар даҳон лӯқмаи нон ё пораи гӯшт дошт, ки дарҳол бо гӯшаи рӯймол даҳонашро пӯшид, роҳгардияшро суст кард.
– Меҳмонҳо дар куҷо нишастаанд? – қиёфаашро ҷиддӣ гирифта, пурсид мард.
Занак худро ба карӣ зад, ҷавоб надод. Вай ба саломи ҷавонон бо дили нохоҳам ҷавоб гуфту сар то қадами онҳоро аз назар гузаронд ва аранге овоз баровард:
– Ба хона дароед..
Аммо мард магар ҷавоб надодани завҷаашро нописандӣ шумурд, ки бо тундӣ ғурунгид:
– Дар гӯшат пунба тиқондӣ!
Ранги рӯи занак канд, вале сир бой надода, бо мулоимат боз такрор кард:
– Марҳамат ба ҳуҷра..
– Ҳамроҳи меҳмонҳо.. – маънидорона гуфт амаки Шайдо.
– Хона танг… – рӯй тофта, бедимоғ ғур-ғур кард занак: –
Ун ҷо ҳама занону духтарҳо… – ва давоми суханашро аз дил гузаронд: – «Ба ин мардаки тези хароб чӣ ҷин расида бошад?»
Охир, вай дар тӯли умри бо ҳам дидаашон ин хел рафтори дар назараш беҷои шавҳарашро маротибаи аввал мебинад ва ҳеҷ ақлаш намегирад, ки Шайдои ӯ гапу таънаи мардума наанде178 шида, ду бӯзбалара бурда дар маъракаи занҳо шинонад.
«Хуни зӯъмии ин марадак ҷӯшад, буқа барин якрав мешавад..» – гуфт ба худ зан.
– Дил васеъ бошад, занак, ҷой ёфт мешавад, – бо мулоимат гуфт амаки Шайдо ва ҷониби дигари ҳавлӣ рӯ овард: –
Сарҷамъ нишастан зеби дигар дорад. Биёед, мо ҳам як бор ба маъракаи занҳо шарик шавем, – ӯ аз поймонакҳо солорона боло баромада, сӯи хонаҳои кунҷакӣ роҳ пеш гирифт: – Дил кашад, пой меравад-а, – маънидорона гуфт ӯ ва ду-се бор гулӯ равшан карда, дарро калон кушод. Духтарҳо, ки ба якдигар навбат надода, гап мезаданд, якбора хомӯш шуда, бархестанд.
– Салом алейкум, духтарҳои нағз, – нидо баровард амаки Шайдо ва ба хона ворид шуд: – Хуш омадед, нури дида тоҷи сар. Ба хонаи одами барӯзӣ меҳмонҳо дар як соат меоянд. Дар паҳлуятон моро ҷой медиҳед?
– Албатта! – луқма партофт холаи Ошуфта.
– Боз очаи бачаҳо мегӯяд, ки хона танг.
Духтарҳо пичир-пичиркунон ба якдигар ҷафс нишастанд.
– Барои шумо, амак, доимо дар ҳама ҷо ҷой меёбем, – гуфт холаи Ошуфта.
Амаки Шайдо рӯ ба берун оварда «марҳамат, бачаҳои нағз, дароед, шарм надоред» гуфт. Ҳама чашм ба дар дӯхтанд. Аввал гулдаста, баъд ҷавони лангу рафиқаш ба хона ворид шуданд. Онҳо салом доданд ё не, худашон ҳам намедонанд.
Лаҳзае ҳама шах шуданд. Танҳо холаи Ошуфта боз ба «васвасаи шайтон» гирифтор шуду хандид. Не, амаки Шайдо оқилӣ кард. Худаш қандинаро аз дасти Мухтор гирифт ва нарм овоз баровард:
– Маликаҷон, гулдастаро бигир…
Малика, ки ёрои ҷунбидан надошту ангушташро зери дандон монда, музтарибҳол рост меистод, акнун ба худ омад. Вай нешханди дугонаҳояшро ҳис накард, пеши чашмаш ҳазорон ранг ба ҷилва омад. Ӯ як ба падараш назар андохту сӯи дар қадам ниҳод, дар назараш калавид. Не, худро каме ба даст гирифту дар ин лаҳзаи ниҳоят ҳаяҷоновар коре кард, ки падару модар ва ҳамкорон он тараф истанд, Неъмати ланг моту мабҳут монд. Духтар бо камоли одоб даст пеши бар ниҳода, гулдастаро гирифт, раҳмат ҳам гуфт ва онро бурда, ҳамроҳи гулҳои чидаи худаш дар гулдон гузошт…
– Ана ин гапи дигар, – табассумкунон овоз баровард амаки Шайдо, ки аз фаросати духтараш ҳаловат мебурд: – Чӣ гуфтӣ, холаи Ошуфта?
– Напурсед, гулддаста зеботар шуд, – бо рӯймолча худро бод дода гуфт занак ва илова кард: – Маъракаи мо ҳам ҳусни дигар гирифт…
Неъмати ланг сархаму ноҷунбон меистод ва нигоҳашро аз ҳама, хусусан аз Малика мегурезонд. Дар чашмаш пардаи шарм буду дар дилаш мавҷи шодӣ ба шӯр меомад. Вай мехост ҳоло тохта ба кӯча барояд, кастумашро кашида болои сар алвонҷ диҳад ва ба чор тарафи олам фарёд занад: «Мардум! Бинед ва шунавед: Малика аз дасти ман гулдастаро гирифт, раҳмат ҳам гуфт..»
Не, ӯ мисли одами мехкӯбшуда аз ҷояш наҷунбид ва танҳо як бор ҷониби Мухтор ғолибона назар андохт….
ЁР ДАР БАРИ ЁР
Ёди неки Турсун Ӯлҷабоев Бахту тахт, шодиву рӯзи хуш баногоҳ аз ӯ ва аҳли хона рӯ тофт. Манзиле, ки аз нишот пур буд ва деги зиндагӣ ҳамеша дар он меҷӯшид, ба ғамхона табдил ёфт, сарду дилгазон шуд.
Дару дарвоза баста, рӯз офтобиву сафед, вале дилҳо сиёҳу торикистон. На посбонҳо монданду не хизматгорҳо. Ба хушомадгӯён низ гӯё якбора офат расид, ки пайи пояшон аз ҳавлӣ канд, гуми гум шуданд. Дастгоҳҳои телефон чӣ?
Булбули гӯё буданд. Ба назараш байни онҳо баъзан худнамоӣ оғоз меёфт: сафед занг мезад, ки сурх, бонги сиёҳ қатъ нашуда, бо изтироб ҷарангоси дастгоҳи сабз ӯро сӯяш мехонд. Мард гӯшӣ пайи гӯшӣ мебардошт ва гоҳе бо салобат, баъзан бо сиёсат, мешуд, ки бо табассум ё ханда посух медод ва мӯйи сип-сиёҳу зичи мавҷдорашро бо панҷа молида, бо ин васила ба худ оромӣ мебахшид. Акнун телефонҳо хомӯшу гунгу мотамзадаанд мисли соҳибашон: ноқилҳоро буридаанд.
Дар ҳавлӣ пашша пар намезанад, хонаҳо дар чашмаш сарду таъзиқовар метобанд. Дастҳо паси пушт ва ё як каф ба пешонӣ, аз ҳуҷраи пазироӣ, ки мизу курсиҳо ба назараш ҳайрон метобанд, ба даҳлез мебарояд, даме дар кафшкан ба сукут мераваду зуд пас гашта ба шабистон медарояд. Хоб низ ба дилаш задааст. Гоҳе беихтиёр сӯйи ҷевони пури либосҳои наву ҳарранга қадам мениҳад, вале ба дастаки дари он ангушт нарасонда рӯ мегардонад ва сурати худро дар оинаи барқад мебинад: Худоё, ба чӣ аҳволе афтодааст! Ранги гандумгуни рӯяш коҳида, чеҳрааш пажмурда, ришаш расидаи хокистарранг, – худаш барояш ношинос менамояд, – магар пеш чунин сурат дошт? Халтаи варами таги чашмон кабудфому намоён.
Бо ин аҳвол либоси нав пӯшидан киро дорад? Хуб, агар сару тан бишӯяд, риш битарошаду худро бо атри беҳтарин хушбӯ созаду либос бипӯшад, куҷо меравад? Чандест майдони сайри ӯ аз ҳуҷраҳои дар назараш мисли шаби дайҷур сиёҳ то пеши дарвоза асту ҳамсуҳбатони сарипоияш зану фарзандон. Бо онҳо низ кӯтоҳ ду-се сухан мегӯяду бас. Зоҳиран аз гап мегурезад… Эҳа, пеш баъзан ҳафтае як-ду маротиба бо самалёт Маскав рафта меомад; сафари расмӣ, хидматӣ. Рӯзаш бо суҳбатҳои телефонӣ ба роҳбарону вазирони марказ ё шахсони воломақоми республика мегузашт. Завҷааш низ – зани нозанину ботамкин, азоб дорад; мисли ӯ азияти бехобӣ мекашаду ноаён оҳи бадард. Чини ҷабину гиреҳи абрӯ ба андомаш соя афкандааст. Чораи дигар ҳам надорад: ҳамнафасу ғамшарик аст, бовафову ғамгусор буданашро дар ин рӯзҳои бебарориву дилтангӣ бештар эҳсос мекунад. Гоҳо аз чашмони ӯ пинҳон бесадо ашк мерезаду лаб зери дандон ноаён оби дида пок мекунад, лекин чун овоз ё садои пойи мардро шунавад, бо табассум наздаш ҳозир мешавад. Вай дили ғамгину ҳолати вазнини занро мефаҳмад, лекин ёрои дилбардорӣ кардан надорад: кӯшиш ва кори зиёдатӣ. Чӣ лозим ба захму ҷароҳати қалби дардманди ӯ намак пошидану талх гиристанашро тамошо кардан? Нигоҳи саволомези фарзандонро ҳам мебинад: чаро падарашон хомӯшу хаёлӣ шудааст? Чаро дигар аз хона намебарояд? Чаро амакҳои меҳрубони шофир дигар бо мошинҳои озода пеши дарвоза пайдо намешаванду онҳоро бо шӯхиҳои дилнавоз ба сайри дараи Варзоб, бӯстонсарову тамошои сирк намебаранд? Пеш касе аз аҳли оила бетоб мешуд, беҳтарин табибон бо парасторон бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ зуд мерасиданд. Акнун… Саволҳои беҷавоб ё ҷавобталаб бешуморанд; ҳам дар дили ӯ, ҳам дар қалби зану фарзандон, ҳам дар сару забони соҳибмансабони ҳанӯз аз курсӣ наафтода ва мардуми кӯчаву бозор. Бо соҳиби курсии баланду тахт шудан дӯстони нониву забонӣ ва душман пайдо бикунӣ, аз шикасту нокомӣ сад ранг афсонаи даҳони мардум мешавӣ.
Гунгу парешонҳол назди саги занҷирбанди сурхранг рафт.
Зоти беҳтарини афчаркои немисист. Вақти кучукияш дӯсти воломақоме аз Маскав туҳфа оварда буд. Хонапарвард аст. Ӯ рӯ ба рӯи вафодор дикак нишаст. Ҳайвон сар аз рӯйи дастҳояш хастаҳол бардошта, маънидорона ба чашмони ӯ нигарист ва дум ҷунбонд: «Чӣ гап шуд? Чӣ кор кунем?» Чашмони саг нишоту фурӯғе надоштанд ва косааш низ аз устухонпораҳо холӣ буд. Эҳе, пеш агар ҷониби саг қадам мениҳод, ҳайвон ҳангомае барпо мекард: бо дарозии занҷир боло-боло меҷаҳид, худро сад хел тоб дода мерақсид; фук ва рӯ ба туфлиҳои ӯ молида мебӯидаш ва чун панҷаи навозиши мард ба тахтапушташ мерасид, садоҳои шодиовари ғалатӣ мебаровард. Акнун ҷонварак хаставу ором, балки ғамзадаву андешаманд ба ӯ менигарист. Ҳайвони ҳассос нохуширо ҳис карда, беҳаловат, бо авзои гирифта изҳори таассуф ва ғамшарикӣ менамояд. Вафодор аст, вафодор!
Корҳо дар ҳама соҳаҳои хоҷагии республика бобарор, пешрав, назаррас, ситораи иқболаш чун котиби аввали ҳизби коммунист дурахшон, муносибаташ бо сарвари ҳизби коммунисти давлати Шӯравӣ чунон наздики наздик буд, ки ба қавле аз байнашон мӯ намегузашт. Ба гуфти ҳолдонҳо ӯ бо дидадароӣ чунон дар дили Одами аввал ҷо ёфт, ки писархондаш пазируфт. Дил ёбу қанд хӯр. Ин имконро на барои худ, балки ба хотири замина гузоштан ба ояндаи неки Тоҷикистон истифода бурд. Нияти нек – ними давлат. Албатта як худаш не, бо имзои ҳамсафон, роҳбарони дурандешу воломақоми республика ба умеди дар оянда бунёд кардани иншоотҳои бузург ба
Маскав номаву ҳуҷҷат пешниҳод кард. Замина фаровон аст, мавқеи ҷуғрофӣ мусоидат мекунад. Маблағ диҳанду созанд, ба Тоҷикистон манфиат, ба давлати Шӯравӣ дар олам шуҳрат мебахшад. Пешниҳод қабул шуд. Аз ин комёбӣ чашми ҳамсангҳои минтақавӣ сих зад, дар пӯстинашон кайк даромад. Бахилӣ, ҳар хел баҳона ва зиддият авҷ гирифт. Дар як ҷумҳурии хурдакак бунёди бузургтарин нерӯгоҳи обии барқӣ; бастани пеши дарёи Вахш, байни кӯҳҳо ба вуҷуд омадани обанборе шабеҳи баҳр. Ҳайратангез, афсона менамуд. Ин амали ӯро нописандӣ, гарданшахиву аз худ боло паридан, даъвои оянда шахси якатози минтақа шудан низ ҳисобиданд.
Як республикаи хурдакаки назарногир, ки аҳолии начандон зиёдаш аслан ғаллаву пахтакор, боғу чорвопарваранд, магар аз ӯҳдаи сохтани ин хел иншоотҳои муҳташам мебарояд?
Хаёли хом. Дарғоти баландтарини олам пеши рӯди Вахшро хоҳад баст ва нерӯгоҳи азимтаринро ба кор хоҳад даровард.
Манбаи барқ. Сипас бунёди заводи бузурги арзиз ва силсилаи корхонаҳои нодири кимиё дар водии Вахш оғоз хоҳанд ёфт.
Ояндаи дурахшон. Ҷаҳиш! Сохтани ин корхонаҳо акнун гапи ҳавоӣ ё хобу хаёл нестанд, ба Нақшаи фаъолияти созандагии даҳсолаи ояндаи давлати Шӯравӣ ворид шудаанд. Сохтмони умумииттифоқӣ! Месозанд онро.
Луқмаи бузургро аз даҳони наҳангҳои минтақа кашида гирифт, хашму алами онҳоро ангехт. Дар замоне, ки як иморат ё роҳу пуле бе иҷозат, имзо ва ҳисобу китоби Одами аввал, мақомоти олӣ, вазорату идораҳои соҳавии Маскав бунёд намеёфт, сохтмонои азим бо пешниҳоди ин роҳбари 45-сола ба Нақшаи созандагии давлати абарқудрат ворид шуд. Бешак, бунёди силсилаи иншоотҳои бузурги саноатӣ дар оянда ба болоравии иқтидори иқтисодӣ, раҳидан аз муҳтоҷиву дастнигарӣ, хуб шудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат мекунад. Тавонист! Донист, ки дар худат набошад, дар олам нест. Мубориза бурд, замина гузошт. Ободӣ, чароғон шудани саросари Тоҷикистон, афзун гардидани корхонаҳои саноатии боиқтидор, обшор кардани заминҳои ташналаб, ба вуҷуд омадани майдони касбу кор ва тарбияи мутахассисон…
Ба иродаи устувор, забонёбӣ, ҷонбозиву ҷояш ояд, гиребонгирӣ ва сурху сафед шудан, ҳаққи ҳалоли республикаву халқатро аз чанги шеру палангҳо гирифтан осон аст? Сад бадхоҳи миёншикан пайдо мекунӣ… Пешниҳод ба Нақша даромад. Пирӯзии бузург, таҳкурсии дилпуру пойдор барои ояндаи неки диёр! Ин комёбӣ рашку ҳасад, сиёҳкориву пешиподиҳии бадхоҳонро афзуд. Аслан ҳамнишиниву дӯстӣ бо сарвари аввали давлат ҳасади баъзе атрофиёни мансабталошро чунон ангехт, ки… Иқболу шуҳрат ба кас дар баробари шодиву пешравӣ хатару ғам низ меовардааст. Муборизаҳои ниҳонӣ: дар лаби рақибон мавҷи табассум, дар забонашон шаҳди сухан асту дар дилашон кирми адоват меҷӯшад. Ва сояи «рақиб»-ро бо ҳар дастур аз девор метарошанд. Табиати инсонҳои шуҳратхоҳ. Ҳикмати қадимаро борҳо аз китобҳо хонда буд: ҳамнишинӣ бо шоҳ оташбозист, сӯхтан дорад, дурияш бими аз сармо мурдан. Вале курсии баланди мансаб, хуни гарму ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, қаробату дӯстдории муншии аввали Ҳизби Коммунисти давлати бузург, ки ба муроди дил буд, ҳаргиз шикаст аз гӯшаи хаёлаш намегузашт. Мепиндошт, ки дунё ҳамеша ба муроди ӯ мечархад. Ана ҳамон айём дар қалбаш орзуе ҷо гирифт, ки барои ободии қисмати ақибмондаи Тоҷикистон – ҷануби он, коре бикунад арзанда.
Мансаб, ному шуҳрат ба хотири мардум ва замину оби ҳамин диёр аст. Ӯ чун фарзанд, парвардаи нону намаки халқ агар садоқаташро бо хизмате арзанда нишон диҳаду ёдгоре аз фаъолияти сарварияш ба мерос гузорад, аҷаб мешавад. Номи неку шараф. Аммо бе талош муроде ҳосил нахоҳад шуд. То кай фикру зикри ҳар роҳбар аз поин то боло ва деҳқони хокпоши саҳро шабу рӯз танҳо пахта бошаду ҳисоб кардани кӯрак, барзиёд иҷро намудани нақша. Дар ҳама ҷо як шиор садо медод: «Пахта обрӯ ва шаъну шарафи республика!» Чор фасли сол дар гармову сармо ҷони сиёҳ кандан, арақи ҷабин рехтан, зери офтоби сӯзон сӯхтану аз доруҳои химиявӣ заҳролуд шудан ва боз дар минбарҳо таҳқиру носазо шунидан барои ҳамин «тиллои сафед» буд. Кӯчондани мардуми кӯҳистон аз ҷойҳои хушобу ҳаво ба таҳдашт ё водиҳои саросар найзору ботлоқ, пурмагасу хомӯшак ба хотири заминкушоӣ ва ба пахтазор табдил додани ҳар ваҷаб замин қаҳрамонӣ ҳисоб меёфт. Бешак, он амал, бо вуҷуди аз неши ҳашарот, обгардиш ё табдили обу ҳаво ба беморӣ гирифтор шудану фавтидани хурду бузург, ногузир буду муфид. Бе бохт бурд ба каф намеояд. Маҳз талоши дурандешонаи роҳбарон, азобу шиканҷаи деҳқону деҳқонзодаҳо водиву заминҳои асрҳои аср пурзаҳу шӯразор ва макони ҳайвонҳои ваҳширо ба деҳаву шаҳракҳои обод ва киштзорони сарсабзу пурҳосил табдил доданд. Эҳа, ин дастовард боиси унвонҳои олии давлатӣ, ҳатто қаҳрамони меҳнат шудани раисону роҳбарон шуд. Ӯ хост, ки қолаби ин тарзи кору зиндагии якрангро каме шиканад, аз фарзандони деҳқони ин гӯшаи Тоҷикистон дар оянда, ба истилоҳи он замон, синфи бошуури коргару мутахассисон ба воя расонад. Ба ин армони нек замина ҳам гузошт, аммо баногоҳ косаи бахт сарнагун афтоду шикаст, пора-пора шуд.
Росташ, ки миш-мишу тафтиш ва айбҷӯиҳо бемаҳал оғоз ёфтанд. Изофанависӣ. Ба рӯйхати сиёҳ афтод. Падархонд рӯ тофт, пуштибонҳо ношинос шуданд. Ва рақибон аз як гиребон сар бароварда, теша ба решааш заданд. Ҳуҷуми оштинопазир. Дар олам кадом роҳбар беҷурм аст? Кам пахта чидаанд; ҳосили зормонда ночиз будааст, вале ба хазина даҳ не, сад не, ҳазорҳо тонна бардурӯғ пахта супорида, пул ва обрӯ гирифтаанд. Нафси бад балои беҳисоб овард. Дуздӣ, фиребу ғорати давлат! Паст, ба хоки сиёҳ баробар кардани шаъни ҳизби коммунист. Чандин раиси номдор, қаҳрамони меҳнат зиндонӣ шуд. Шумораи зиёди роҳбаронро бо ин гуноҳ аз сафи ҳизб ронданд. Шармандагӣ! Пайравони Ленини муаззам бандаи нафс шуда, ба роҳи каҷ рафта, ба чашми давлату халқу ҳизби ҷоноҷон хок пошидаанд. Гуноҳи азим. Онҳоеро, ки то ин дам касе сӯяшон ҷуръати каҷ нигаристан надошт, бо амру дастури Маскав пайи ҳам дар маҳбасҳо шинонданд.
Роҳбароне, ки чанде пеш нозпарвар буданд, акнун дар зиндонҳои тангу тор ба ҷойи баракабобу гӯшти будана ғаму хуни дил мехӯранду равғани шикаму гардан об мекунанд. Онҳо ҳангоми тафтишу мурофиа аз ӯ домангир шудаанд: супоришу фармон дод. Сарвар буд. Ба варта ки афтодӣ, ба умеди раҳоӣ ба буттаи бақуввату решадор панҷа мезанӣ… Раисе соҳибному унвондор аз водии Вахш бори фишору бадномӣ набардошт ва худро нобуд кард. Магар ин ҳангомаҳову гирудор ва ғавғову чакчакзанӣ дар кӯчаву бозор ӯро ором мегузорад?
Азоби равону виҷдон. Дур не, чанде пеш бо ин бадномҳо ҳамсафу ҳамкоса буд ва мешуд, ки бо як ишорае ё супориш онҳоро аз сахттарин ҷазо бираҳонад. Акнун… олам пури гап, дилаш аз зиндагӣ сард ва хона ба назараш тангу тор ва мисли мазор хомӯш менамояд. Ӯро низ пас аз пурсишу муҳокима ва сурху сиёҳ карданҳо чун роҳбари фориғболу ноуҳдабаро аз сафи КПСС ронданд.
Ҳама дару дарвозаҳо ба рӯяш баста шуд ва рӯзҳои даҳшату дарду алам пеш омаданд. Дареғу сад дареғ! Поят ки лағжид, афтодиву бадном шудӣ, худиву бегона, наздиктарини наздикҳо аз ту рӯ метобанду мекебанд. Ана аз ҳамон лаҳзае, ки сиёҳ шуд ва гӯё пояш аз замину дасташ аз осмон барканд, на танҳо соҳибмансабони гуногунсоли зинаҳои поину боло, ки баҷову ноҷо худро шогирд, ҳамшаҳр ва дӯсту бародари қиёматияш мешумориданду мисли кана ба ӯ мечаспиданд, балки чанд чоплусаки базлагӯ, ки ҳамеша бо ҳар баҳона занг зада, бо ситоишҳои беҳисоб ӯро ба арши аъло бардошта, шеърҳои пурмадҳаш хонда ё латифаҳои нав гуфта механдонданд, – оҳ, хушомадгӯро бад бинанд ҳам, дар дил ҷо мегирад, – сипас гӯё дар омади гап хешону ошноҳояшонро ба ин ё он мансаб пешниҳод мекарданд, аз бими зери шубҳа мондану зараре дидан кару гунг ва гуми гум шуданд. Гӯё вуҷуд надоштанд, вале ӯ гоҳе чун хобу хаёл онҳоро ба ёд меовард.
Саг нигоҳи камфурӯғу хаста аз ӯ наканда, нолишомез садое баровард ва гӯё ба андешаҳои талхи соҳибаш ҳамдилӣ изҳор кард. Сипас нимхез шуд ва бори сару гардан ба дастҳо афканда, тахтапушташро ёзонда бардавом хамёза кашид.
Мард нигоҳи вафодорро сарду норизо ва хамёзаашро нохушӣ пазируфт. Бо каф боз сару гардани вафодорро молиду зери лаб гуфт: «Дилтанг нашав. Чӣ илоҷ? Дар хати пешонӣ ҳамин будааст. Мегузарад…»
Хониши ҷуфте сор, ҷик-ҷики гунҷишкакон, ку-куи фохтаҳо ширин-ширин гӯшҳояшро пур карданд. Сар бардошт ва нигоҳаш аз байни шохи дарахтон ва навдаҳои ток ба вусъати осмон шитофт. «Пеш ҳам ин мурғакон дар ин ҳавлӣ вуҷуд доштанд?» Ӯ магар парандагонро дар боми хона ва шохи дарахтони ҳавлӣ медиду овозашонро мешунид? «Бандаву гирифтори вазифа…» Тарбияи фарзандон, назорати таҳсилашон, Худо шоҳид, ба зимаи зан буд. Ӯ ҳамеша ташвишу ши187 тоб дошт ва алҳол ба ёд оварда натавонист, ки боре бо бонуяш ба театр рафта ё дар боғу гулгаштҳо сайр карда бошад.
Худнамоӣ чӣ лозим? «Фидоӣ!» Ва акнун ба меҳри гарму ҳунари пухтупази бонуяш қоил шуд. Пеш мепиндошт, ки ороиши хону лаззати ғизоҳо заҳмати дигарҳост.
Баргашт, ки шабистон раваду болои кат биосояд. Рӯ ба рӯяш завҷаашро дид: чашмонаш намдор, чеҳрааш туруш.
Нафоридаш. «Ҳаминаш намерасид», – нолид дар дил.
– Бас аст. Аз вазифа маро гирифтанд… Ба дор намекашанд-ку… Пеши чашми кӯдакҳо… Нағз не… – гуфт коҳишомез ӯ. Лекин аз ошпазхона садои дардомези ҳамсарашро базӯр шунид:
– Ба гуфтан осон. Бирақсам? Хонаи бадхоҳ бисӯзад… То кай дар кунҷи хона мешинед?
Ба ҳайкал табдил ёфт. Ёд надорад, ки боре ҳамсараш бо ин оҳанг ба ӯ ҳарф зада бошад.
– Чӣ кор кунам?!
Лаҳзае хомӯшӣ ба миён омад. Не, хониши мурғакон идома дошт. Ва боз овози зан ба гӯшаш расид:
– Берун бароед… Осмон ба замин наафтодааст-ку… Дӯсту душман бинад, ки озодед… Гапу калоча, ғайбату бадгӯйӣ кам мешавад, – гуфт ҳамсараш ва боз оҳ кашида афзуд: – Худатона ба даст гиред. То кай ба ин аҳвол мешинед?.. Шумо ба мардуми як республика роҳ нишон медодед.
– Дарди сар, гуноҳи азим шуд роҳнишондиҳӣ, – бо хандаи талх ғурунгид ӯ ва ба даҳлез даромад. Ва худро дар оинаи бари девор дида, бо ришханд гуфт: – Бо кадом рӯ берун бароям?
Хурду калон бо чор чашм сӯям нигариста, ишора мекунанд: ҳамон аст! Котиби якум… Аҳволаша бинед…
Пас аз чанде завҷааш бо шиму куртаи нави дарзмолкарда ба ҳуҷра ворид шуд ва либосҳоро батартиб ба гӯшаи кат ниҳода нарм, балки хоҳишомез гуфт:
– Риш тарошед… Бо ҳам берун мебароем.
– Э не, – ғурид ӯ: – Чӣ хел мешавад? Нағз не… Куҷо меравем? – Дур не, дар ҳавои тоза қадам мезанем… Дар ягон ҷо каме мешинем.
Дудила шуд. Пешниҳоди ҳамсарашро пазирад ё не? Ӯ боре аз шавҳар хоҳише накардааст. Ва боз дар ин рӯзҳои дилтангиву саргумӣ ӯ ғайри ҳамин зану фарзандон ғамхору ҳамрозе надид. Ҳамин зан ёри вафодори ӯ монду ҳамнафасаш. Агар хоҳишашро рад бикунад, албатта меранҷад, хиҷолат мекашад…
Падари раҳматияш мегуфт: «Мард шоҳ асту зан вазир.
Шоҳ бояд бо ақли худ кору рафтор бикунад, лекин дар мавридҳои зарурӣ маслиҳати хуби вазир шоҳро аз ҳолатҳои ногувор мераҳонад. Зани донову бофаросат давлати мард аст…»
Сару тан шуст ва пеши оинаи хурд истод, ки риш битарошад. Эҳе, ба мӯйҳои сару тораҳои ришаш гӯё гарди орд нишаста. Дилаш таҳ рафт. Нишонаи азоби ботинӣ, ғаму бедорхобӣ. Бо ҳиссиёте ноошно риш тарошиду либос пӯшид ва рафта боз худро дар оинаи қаднамои даҳлез дурусттар тамошо кард; бо шона мӯйи сар батартиб овард. Ранги нуқрафоми мӯйҳо бештар намуданд, халтаи пӯсти зери манаҳаш хеле овезон шуда. Осон аст? Баногоҳ аз курсии баланди баланд ё ҳангоми ба шаст давидан аз сари асп сарозер ба пастӣ афтод.
Бадхоҳони хомхаёл мепиндоштанд, ки дилкаф шуда мемурад.
Не, аз алам, озори нешу тамасхур коҳидааст. Магарам дар сина дил, дар рагҳо хуни гарми одамӣ надошта бошӣ ё беимону мисли санг беҳис бошӣ, ки ин ҳама шикасту бадномӣ, ҷазову сазои ҳамсафонро бепарво нодида бигирӣ ва худро шоду фориғбол бо рӯйи сурх байни мардум намоиш бидиҳӣ. Бозори муҳокима ва таънаву маломат авҷ гирифт, – ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Маскав. Ана ҳамон рӯзҳо бисёр ҳамсафон ниқоб аз рӯ гирифта, чеҳраи зишти аслиашонро нишон доданд. Ҳатто онҳое, ки то дирӯз аз ӯ бут метарошиданд, барои ба Маскав садоқат нишон додану курсии ӯро соҳиб шудан, мисли зоғу занбӯр ба сараш ҳуҷум оварданд. Ҳм, агар имкон меёфтанд, гӯрашро бо дасти худ канда, таги хокаш низ мекар189 данд. Ӯ ҳангоми муҳокимаҳои шадид теғи нигоҳ гоҳ-гоҳ ба он айбҷӯҳо афканда, аз дил мегузаронд: «Кар ҳам заду кӯр ҳам зад, пасмонда кулӯх ҳам зад». Ва боз худро сазо медод, ки бо чунин кафтормиҷозон бовару кор кард.
Садои по ва овози ҳамсарашро аз даҳлез шунид. Вақти рафтан расид. Ӯ андешаманд баргашта ба ӯ нигарист. Либосҳояш чун ҳамеша одиву шинам. Бофаросату зебост бонуяш. Аз худнамоӣ мепарҳезад. Сумкаяке дар даст дошт.
– Шумо пеш дароед, – овози нарми зан ӯро ба худ овард.
– Хуб, хуб, – оҳиста пичиррос зад мард ва ба фарзандон, ки дар хараки сояи себ менишастанд, нигарист. Салом доданду бархестанд. Бо ханда посухи салом гардонд ва «чӣ хелед, ширинакҳои додо?» пурсид. «Нағз, нағз!» – тӯтивор ҷавоб доданд. Ба дилаш рӯшноие роҳ ёфт ва рафта аз рухи ҳар яке бӯсиду дасти навозиш ба сарашон ниҳод. Онҳо чашмаконашон рахшон, ба лаб табассум, оҳи сабук кашиданд. Ҳафтаҳои охир ин зайл муносибати пурмеҳри падарро бори аввал медиданд.
– Мо ҳам нағз, ҷонҳои ширин, – гуфт ӯ ва шӯхиомез пурсид: – Иҷозат медиҳед, ки ман бо модаратон берун бароям?
– Албатта! – баробар ҷавоб доданду пурсиданд: – Мо чӣ кор кунем?
– Дарро аз дарун қуфл кунеду китоб хонед, сурат кашед ё ба ягон бозӣ машғул шавед, – таъкидомез гуфт модар: – Мо зуд бармегардем…
Лаҳзаяке ба саг чашм давонд: ҷонвар бархесту наҷвое баровард. «Ту ҳам ба ташвишу азоби ман шарик шудӣ. Аз сад дӯсти нониву забонӣ беҳтарӣ…» – гуфт хаёлан ва аз дар баромада, ба атроф назар афканд. Эҳе, пиёдароҳу гулгашт дар назараш бештар озодаву дилкаш намуданд. Чашмаш ба пиразану мӯйсафеде бархурд, ки ба хараки сояи дарахти тӯбӣ осудаҳол нишаста суҳбат доштанд. Дилаш гум зад, ҳавасаш омад. Хотири ҷамъу дили беғам барои одам беҳтарин давлат будааст.
Хомӯшона паҳлу ба паҳлу қадам мезаданд: зан бо сари бо190 ло, ӯ хиҷолатманд аз пеши пояш чашм наканда. Гоҳе медид, ки сӯяш роҳгузарон кунҷковона менигаранд: пиру барно.
Баъзеҳо бо имои сар бо эҳтиром салом ҳам медоданд, ӯ низ бо ҳамон дастур посух мегардонд ва аз ин ба дили торикаш нуре роҳ меёфт. Ноаён аз қафаси сина нафаси тӯлонӣ баровард:
«Шукр! Худо рӯсиёҳ накунаду аз меҳри мардум бенасиб».
Аз шафати бинои муҳташами Кумитаи Марказӣ гузаштанд. Ин ба ӯ нафорид. Дару дарвозаҳои ин бино чанде пеш рӯзу шаб барояш кушода, бузургтарин ҳуҷраву баландтарин курсӣ нишастгоҳаш буд. Оҳо, вақти ба дарвозаи ин бино наздик омадани мошинаш ё ҳангоми ба он ворид шудан даводаву ҳангомае барпо мешуд: низомиён қоматро най барин рост кардаву по ба по зада, даст ба чакка мебурданд. Кормандон мекӯшиданд, ки ба чашмаш нанамоянд. Аммо… Косаи навбат… Хиёбони Ленинро убур карда, рӯ ба рӯи фавҷи одамон рафтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё