ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
Баъди ҳамон мулоқот Малика ҳис кард, ки ҷавон боҷуръаттар гаштааст. Хунсардона аз паҳлуи ӯ меравад, Малика бошад, дасту по гум карда, ҳаросон худро ба канори пиёдароҳ мекашад. Вале рӯзе ҷавон сари роҳаш набарояд, дилаш ноором шуда хаёлаш сӯи ӯ меравад.
\* \* \*
Малика хаставу парешонҳол хамёза кашида, ба берун нигарист. Аз тирезаи кушода, ки бӯи гулҳо бо тафи роҳи мумфарш омезиш ёфта, ба коргоҳ медаромад, як пора осмони нилфом ба чашмаш расид. Аммо дар берун аз нурҳои зиёбахши офтоб нишоне набуд. Духтарак аз ин ҷиҳат ба ташвиш афтод, ки офтоб кайҳо нишастаю ӯ бехабар монда. Охир, вай имрӯз соате барвақтар аз кор рафтанӣ буд, зеро пагоҳ, яъне рӯзи истироҳат дар хонаашон меҳмон даъват кардааст. Ба соаташ нигарист. Не, то анҷоми кор ҳанӯз вақт бисёр. Аз афташ, рӯи офтобро абрпорае гирифтааст. Ҳавои баҳор-да. Дар осмони соф баногоҳ хол барин абр пайдо мешавад. Баъдтар мебинӣ, ки ҳамон хол хирмани пахта барин доман паҳн карда, ними осмон, рӯи офтобро мепӯшонад. Ӯ аз ҷой бархест, риштаву сӯзан ва миқрозу либосвориҳоро ғундошт, мошинро тоза кард, сипас пешдоманашро кушода ба сумкааш андохту рафта дасту рӯй шуст, мӯяшро шона карда, ба тартиб овард.
Ҳамкорон, хусусан булбули маърака – холаи Ошуфтаву Шаҳризодро бори дигар ба хона таклиф кард ва хайрухӯшкунон ба кӯча баромад. Ҳавои муаттари баҳорон ба духтарак ончунон форид, ки қаноатманд аз он қафаси сина пур кард, табъаш болид. Хайр, пагоҳ ҷашни зодрӯз дорад, бояд онро бо дилхӯшӣ гузаронад. Охир, одам ба дунё як бор меояд.
Духтар таги –таги маҷнунбедҳои кокулпарешон хиромон қадам ниҳода, хиёбони Ҳофизро миёнабур карда, сӯи кӯхдомани шаҳр, ки хонаашон он ҷо воқеъ аст, роҳ пеш гирифт.
Дилаш мехост, ки имрӯз дар кӯчабоғҳои сабзпӯш каме сайр кунад, куфти корро барорад ва сари роҳ ба ягон магазин даромада, барои ороиши дастархон ҳар гуна ширинӣ ва қандина бихарад. Вале ногоҳ ҷавони ланг ба ёдаш расиду табассум кард.
«Имрӯз ҳам меомада бошад? – пурсид ӯ аз худ ва ҷавоб дод: – Не, рӯзи таваллуди маро аз куҷо медонад? Ҳм, ширеш барин ба одам мечаспад. Ҷоната маст кунад.. Маҷнуни ланг…» Малика дар банди фикру андеша чӣ хел то тагкӯча омаданашро надонист. Як вақт сар бардошта, ба атроф нигаристу дилаш гум зад. Неъмати ланг, як қабза гул дар даст, канори роҳ меистод. Вай , бо вуҷуди гармии ҳаво кастуми дӯхтаи Маликаро пӯшида, худро чун шоҳ оро дода буд ва духтаракро дидан замон лангон-лангон пеши роҳ баромад. Малика мисли он, ки байни оташу дуд монда бошад, худро аз даст дод. « Ин бача девона шудааст? – пичирос зад зери лаб ва ният кард, ки гардаду қафо гурезад: – Мабодо ягон ҳамсоя ё шинос бинад, чӣ фикр мекунад? Аз ҳар кунҷи ин кӯча сад чашм нигарон..
Баъд ҳар ранг афсона мебофанд…» – пакарнамо аз дил гузаронд ӯ.
Байни онҳо масофа ончунон наздик монд, ки ба назари духтарак шинухези сари синаҳо ва ҳаш-ҳаш нафасгирияшро ҳам ҷавон мебинаду мешунавад. Неъмат қоматашро андаке хам гирифта, гулдастаро тарафи духтар дароз кард. Чашмони онҳо лаҳзае ба ҳам бархӯрданд. Чашмони фаттони духтар моили маломат, азони бача лабрези меҳр.
Воқиан, ҷавони ланг дар ин лаҳза аз дидани дидори духтарак, ки се моҳ боз шабу рӯзаш ба ёди ӯ мегузарад, масту махмур гашта буд. Ӯ чини ҷабин ва нигоҳи маломатомез не, балки танҳо рӯи латифу мӯи анбарин, қомати мавзуни ӯро медиду хаёлан нарм-нарм сила мекард. Мепиндошт, ки ҳоло духтарак бо ду дасти адаб гулдастаро мегирад, ба пеши бар, ба оғуши пурлатофаш пахш мекунаду бо нигоҳи гарми чашмони пурхумор ва шакарханди базебаш ташаккур мегӯяд. Дар ин лаҳза албатта рӯи ӯ ҳам мисли гулҳо мешукуфад ва Неъмат мебинад, ки чӣ хел ҳусни духтар бо ҳусни гулҳо ҷанг мекунад. Не, гулҳо, бешубҳа, дар назди ҳусни расо, холу хати гирои Маликаи ӯ (вай кайҳо боз духтаракро аз они худ мешумурд) хиҷил мемонанд ва шармгинона таъзим ҳам мекунанд.
Аммо ин андешаҳои ҷонпарвар дар дил монданд ва ногоҳ ба гӯшаш гапе мисли тири сӯзон расиду ӯро такон дод.
– Лингата кашида-кашида боз омадӣ? Духтарак аз ин гапи зиёд нагуфт. Ҷавон дид, ки вай лаб газида, давдавон худро ба тангкӯча зад ва дар як он воҳид нопадид гашт. Танҳо садои бонизоми пошнаи кафшҳояш дар гӯши ӯ танин андохт. Вай дар сари тангкӯча хиҷолатманду бедимоғ чӣ қадар истод, худаш ҳам намедонад. Як вақт аз тарафи офтобнишини шаҳр барқ забона зад, раъд ғурид ва ӯ ба худ омада дид, ки гулдаста мисли орзуҳои ширинаш рӯи роҳ афтодааст. Неъмат бо кароҳат ба тангкӯча назар афканд, гуё гунаҳкор ҳамон бошад, баъд бо алам гулдастаро бардошту бедимоғ ба осмон нигарист.
Ду шоха абри сиёҳтоб мисли душманони бадкин аз домани уфуқ сар кашида, гӯё зӯрашонро меозмуданд. Аз дами шамшери онҳо гоҳ-гоҳ шарора мепарид ва аз дидаи аспҳои бофаросоти сурхтобашон қатра-қатра об мечакид… Қатраҳо калон-калон буданд ва ба сару рӯй нарм-нарм мерасиданд.
– Писханд зад! – нидо кард дар дил ва сархаму бохашм ба қафо баргашт.. Аламаш зиёдтар шуд, ки ба пои лангаш нигариста ғурунгид: – Кошкӣ узви одамро ҳам мисли қисмҳои мошин иваз карда мешуд..
Ӯ зери шохборон оҳиста-оҳиста қадам ниҳода, аз чанд кӯча гузашт ва парвое надошт, ки одамони чатр ба сар ба ҳолаш механданд. Аз мӯйҳои ба пешонӣ хамида ва рухсораҳои тафсон, инчунин гулдастаи сарнишеби дасташ оби борон метаровид, кастумаш ҳам шип-шилта шуда буд. Он лаҳза ба гӯшаш танҳо нағмаи оби тираи ҷӯйборони ду бари роҳ мерасид ва дар хаёлаш ӯро дилбардорӣ мекард.
«Ҳоли ошиқ ҳамин, сӯхтану пухтан, ҳаҷру висол дорад…»
Ӯ гарангогаранг аз хиёбон қадам мегузошт. Қандилҳои ду бари роҳ фурӯзон гаштанд ва чашмаш ба телефони сари роҳ бархӯрд, дар ҷояш истод, коҳилона обҳои гулдастаро афшонд. Фикре ба сараш омад ва дар як гӯшаи дилаш оташаки умед дурахшид, лекин худ ба худ онро муҳокима кард:
«Лозим ё не? Чӣ фоида? – мепурсид ними дилаш, ними дигари дилаш боисрор ҷавоб медод: – Хайр, аз карнайчӣ як пуф.
Дил холӣ мешавад-ку.. Андешаи беамал қадре надорад..
Мегӯянд, таваккал нар бувад андеша мода….» «Миёнрави беминнат ин ҷову.. – хаёлан гуфт ӯ ва гӯшаки телефонро бардошт, бофурҷа аз кисааш дутина гирифта, ба пулдон андохт: – Ҳозир ба падар ё модараш гап мезанам..»
Неъмат вазни ҷусса ба пои сиҳаташ бор карда, гулдастаро ба димоғаш наздик оварда,ончунон ки ба хонаи худашон занг мезада бошад, озодона рақам гирифт.
– Лаббай? – пас аз фурсате овози мардона дар гӯшак баланд шуд ва акнун дили Неъматро такопӯ фаро гирифт. Ӯ аз ғояти ҳаяҷон ду бор салом гуфт ва мисли он ки соҳиби овоз дар рӯ ба рӯяш бошад, даст ба сина гузошта, таъзим ҳам кард.
– Мебахшед, амак, ин хонаи кӣ?
– Ба ту хонаи кӣ даркор, писари нағз?
– Ба ман, амакӣ, хонаи Маликабону. Ҳа, Малика, – вай боз вазнашро ба пои лангаш андохт.
Гӯшак дақиқае хомӯшӣ ихтиёр карду тапиши дили Неъмат фузунтар гашт. Ҳолати ногувор
– Илоҳӣ ягон гапи қабеҳ нагӯяд, – гуфт ба худ.
– Малика? – овоз ин дафъа дурушттар баромад.
– Бале, Малика..
– Ба ӯ ягон гап дорӣ?
– Не, бо ӯ гап задан куҷо?! Ба падараш як ду сухан гуфтанӣ будам..
– Ба падараш? – дар овоз оҳанги изтироб ва ҳайронӣ бо ҳам омезиш ёфт: – Ҳм, ман…
Неъмат акнун батамом худро гум кард. Забонаш дар комаш часпид. «Ҷозибаи падари духтар дар телефон ҳам зӯр будааст.. »
– Шумо падари Малика ки бошед.. Ҳа , ҳозир… Ман Неъмат ном дорам. Дар техникуми бинокорӣ мехонам. Инаш он қадар аҳамият надошту гуфтам. Малика ҳозир маро сахт ранҷонд..
– Ранҷонд? О вай дар хона..
– Пеш аз хона рафтанаш..
– Ягон гапи ганда гуфт?
– Ҳа, «ланг » гуфт. Неъмат гумон кард, ки ҳоло мард писхандомез мегӯяд: писари нағз, хафа нашав, дунё ҳамин, кала кал, гунга гунг.. мегӯянд. Не, мард гапи дигарро ба забон овард:
– Барои чӣ ин хел гуфт?
Дами Неъмат ба дарун афтод. Ӯ дар ҷавоб мулзам монд.
Вале бо исрор пурсидани мард маҷбураш кард, ки ноилоҷ иқрор шавад.
– Барояш гулдаста овардам, – гунаҳгорона овоз баровард ӯ.
– Гулдаста овардӣ?! Барои чӣ?!
Овози таҳдидомези мард Неъматро саросема кард.
– Пагоҳ рӯзи таваллудаш..
– Ҳа-а-а! – акнун овози мулоими мард гӯшакро пур кард.
Вай ҳам магар сухан наёфт ё ба андеша рафт, ки даме хомӯш монд. Баъд хастаҳолона нафас кашида, ғур-ғур кард: – Ба ту чӣ гӯям! Пагоҳ хона биё.
\* \* \*
– Ана ошиқ омад! – ҳамин ки Неъмат ба хона ворид шуд, нидо кард Мухтор: – Ана дӯстдорӣ, мана муҳаббат! Маъшуқа ба ошиқ гулдаста бахшидааст, – нештар зад ӯ.
– Худатро оташ заданӣ шудӣ, кӣ ба сарат об рехт? Ё кастуматро шуст?
– Не, шумо нафаҳмидед, вақти пойбус Неъматулло пешпо хӯрда, ба ҷӯйбор афтодааст.. Ишқбозию ҷонбозӣ гуфтаанд, – гуён Ҳофиз ҳам аз ҷояш хест.
Неъмат гӯё талху пичинги онҳоро нашунид. Вай хушҳолона гулдастаро ба гулдони рӯи миз гузошт, тарҳи либос кард.
Баъд ба Ҳофиз гуфт:
– Додар, ягон чизи хӯрданӣ бошад, биёр…Пагоҳ имтиҳон дорем-а?
– Ҳм, имтиҳон ҳам дар ёдаш будаст, – пичинг зад Мухтор.
– Ошно, чунон чизҳои муҳим дар хотири ман меистанд, ки.., – ба китфи Мухтор даст ниҳода, ба курсӣ нишаст
Неъмат. – Момаат коматро бо лоф бардоштааст. Забонат набошад, туро гург мехӯрад,-истеҳзоомез гуфт Мухтор ва кунҷковона пурсид: – Масалан чӣ дар ёдат ҳаст?
– Пагоҳ, баъди имтиҳон хонаи Маликаино рафтан..
– Э бача, кадом рӯз аз дурӯғгӯӣ ҷавонмарг мешавӣ-а? Ту худатро масхара мекунӣ, ё моро?
– Гапи ростро гӯям ҳам шумо бовар намекунед, – ранҷишомез ғур-ғур кард Неъмат.
– Бовар накардан гуноҳи азим.. Мӯйсафед чанд сол боз кафши чӯбӣ пӯшида туро меҷӯяду..
Лаҳзае хомӯшӣ ба миён омад. Неъмат дастархони ба наздаш гузоштаи Ҳофизро кушода, як бурда нон гирифт ва ба рӯи он равған молид, сипас аз термос ба пиёла чой рехту ҷиддӣ пурсид:
– Пагоҳ кадоматон ҳамроҳи ман меравед? – Ӯ ба бачаҳо кунҷковона зеҳн монд: – Шумо дар гап усто.. Гунҷишк барин дилу гурда надоред…
– Ҳавои даҳан накун, ман, – рӯи синааш муште кӯфт Мухтор, – ба қабристон ҳам хоҳӣ, ҳамроҳат меравам!
– Дастатро деҳ, гапи мард якта, – Неъмат ҷониби Мухтор дасташро дароз карда, аммо вай гӯё ягон чизи аҷоиберо ёфта бошад, аз ҷой ҷаҳиду кафкӯбон хитоб намуд:
– Ҳо айёри ҳилагаре! Киро фанд мекунӣ? Аз тарс ҳамроҳ мебарӣ-а?
– Чӣ хел?
– Мабодо ягон бало ба сарат биояд, ман бояд сипар шуда, ҷонатро бираҳонам..
– Тарсончак баҳодурияшро дар хоб мебинад, ҷӯра, – бедимоғ гуфт Неъмат: – Хомкалла, заргӯш барин аз сояи худат метарсиву боз ман аз ту мадад умед мекардаам.. Ҳм, мурдаи
Неъмат, зиндаи туро бор аст…
\* \* \*
Малика, ки шаб бармаҳал хобида буд, офтоб баромадан замон бедор шуд. Рӯи чогаҳ нишаста хамёза кашид, баъд бархеста пардаҳои ҳарирро яктарафа кард, тирезаҳоро кушод, ба берун ба осмон нигарист. Осмон мисли оина беғубор буд ва аз шӯълаҳои нахустини офтоб ба назар зарандуд менамуд.
Духтар бо кафи даст чашмонашро молида, ба ёд овард, ки дина бегоҳ абрҳои сиёҳ осмонро фаро гирфта буданду акнун чун хобу хаёл менамоянд. Аз насими атрбез, ки якбора ба хона даромад, қаноатманд нафас кашид, даструмол сари китф ниҳода берун баромад. Атроф дар назараш бо ҳусну шукӯҳи дигаре ҷилва кард. Пали пиёзу гашнич бо тариву тозагӣ хаёли ӯро сӯи ҳавлӣ ва дигар гулҳои шукуфон, ки рӯи баргҳои нафисашон қатраҳои борон дар зери шуълаҳои офтоби пагоҳӣ гуҳарвор медурахшиданд, пур карда буд. Малика чун одат даме байни гулҳо гардиш кард, баъд омадани меҳмонҳо ба хотираш расиду баргашт. «Аввал гул чидан лозим», – гуфт ба худ ва миқрози токбуриро аз мехи танаи сутун гирифта, як қабза гул чиду бурда ба гулдони бунафшранги хона ниҳод ва назараш ба оинаи қаднамо афтод.
Ҳарчанд мегӯянд, ки духтар аз ҳама чиз дил канда метавонаду аз оина не, Малика аслан дар пеши оина соатҳо нишастану ба рӯяш ҳар гуна сурхиву сафеда молиданро хуш надорад. Лекин ҳоло суханҳои ҳамкорон, хусусан холаи Ошуфта, ки нимҳазлу нимҷиддӣ «рӯз то рӯз, чашм нарасад, як гулат сад гул шуда истодааст..» – мегӯяд, дар гӯшаш садо дод. Духтарак ба хона ва аз тиреза ба берун ҳам чашм давонд, касе наметофт, танҳо додаракаш рӯи кат, курпачаро ба сар кашида хоб буд. Ӯ ба оина наздик шуд ва ба рухсораҳои мисли себи навпухта тару тоза, чашмони ҳалқа-ҳалқаи шаҳло, сафи мижгонҳои дароз, зулфони тобдор, лабони ғунчамонанду синаҳои бардамидааш лаҳзае чашм давонда китф барҳам кашид. Охир, ӯ дар қаду баст ва хату холи худ ягон мӯъҷизаро намедид. Он чи табиат ба ӯ додааст, дигар духтарҳо ҳам доранд. Хайр пӯсти рӯи яке сафед, дигаре гандумгун, мӯи яке дароз, азони дигаре кутоҳтар.. Бо вуҷуди ин кибру ғурури айёми балоғат дар дили духтар ба туғён омад ва ӯ як қабза мӯи дарози майдабофташро аз пушташ гирифта, болои синааш партофт ва қомати мисли химча мавзунашро ин тарафу он тараф ҷунбонид. Ҳамин дам воқиаи шабина пеши назараш омаду ҷигот андохта, худ ба худ гуфт:
– Худат гадову табъат шоҳ.. Дар шаҳр кӣ бисёр, техникумхон. Гумон кардӣ, ки ман ба гулдастаҳои ту мӯҳтоҷам? – Малика нафаси чуқур кашид ва нӯги мӯйҳояшро шоназанон ба хаёл рафт. Аз чӣ бошад, ваҷоҳати ӯ каме дигар шуд: – Зери борон монда тар шудагист, – хаёлан гуфт духтарак ва чизе ноаён дилашро фишурд. Вай ҳоло пай бурд, ки як гӯшаи дилаш ба ҷавон моил аст, барои вай месӯзад. – Бечора.. – пичирос зад ӯ, вале боз ҳамон ғурури саркаш ӯро асири худ кард ва баландтар овоз баровард:
– Афти худат ягон ланг – панга ёбу.
Малика баногоҳ даруни оина дид, ки кӯрпаи болои додараш басо аҷиб меларзаду меларзад. Вай шубҳаомез ба он нигариста, дам фурӯ баст. Вале хандаи баланду ногаҳонии додараш ӯро ба андозае тарсонд, ки шона аз дасташ афтод.
Духтар аз чоки гиребон ба сари дилаш ду-се бор туф карда, ба писарак ҳамлавар шуд.
– Чӣ механдӣ, гунҷишк? Маймун дидӣ?!
Бача мисли гурбаи думаш оташ гирифта бо талвоса аз рӯи кат ҷаст ва «ланг-панг» гӯён сӯи аловхона тохт. Аммо чун дид, ки ба даст меафтад, ҷонсарак фарёд зад:
– Оча-а! Очаҷон, духтарат ме-за-над!
Писарак худро ба бағали модараш, ки ба пойгаҳи аловхона баромада буд, андохт ва чашмони хоболудашро бозӣ доронда, ба сӯи апааш нигариста гуфт:
– Худат ба оина гап задӣ, ланг-панг гуфтиву.. – кӯдак боз завқкунон хандид ва модар ҳам ба шавқ омада, сари ӯро сила кард.
Малика бо баҳонаи шустушӯй сӯи обрез шитофт, то модар аз сурхосафед шудани рӯяш ҳоли ӯро пай набарад. – Духтари калон шуда, ба ҷои ҳавлирӯбиву хӯрокпазӣ бо кӯдак хархаша мекунӣ-а? – гуфт модар ва аз паи кораш рафт.
Малика нафаси осуда кашид, ки модараш таги гапро накофт.
Ӯ бо кафҳояш оби зулолро ба рӯяш мезаду ҳаловат мебурд.
Духтар хуб медонад, ки ин гапҳои модараш рӯидилианд. Вагарна ҳоло ӯ ҷорӯбро бардорад ё сари оташдон равад, вай дилсӯзона мегӯяд, ки худата азоб надеҳ, ин корҳоро худам саришта мекунам, як рӯзи истироҳат дорӣ, дам бигир.
Вале ҳоло модараш аз шафати ӯ гузашта, сӯи ҳезумхона рафт ва бепарво гаперо ба забон овард, ки ҳанги Малика канд.
– Тараддудата бин, духтар. Имрӯз лангат меояд.
Духтар қоматашро аз болои обрез бардошт, мисли каси афсуншуда даме ҳайкалвор рост истод. Вай ҳис кард, ки рӯи дилаш чизи хунуке мисли ях лағжид ва ба пушташ мурғак давид.
«Боз ин чӣ бало бошад? – пурсид аз худ ва барои таскини дилаш илова кард: – Ягон кас хабар кашида бошад? Не, пешпо медодагист». Бо вуҷуди ин ба дилаш оташ афтод ва баробари бо оғӯши пури ҳезум пайдо шудани модараш гулпурсӣ кард.
– Кадом ланг?
– Ланги осмонӣ.. – пичинг зад модар: – Худата ба нодонӣ мезанӣ-а? Неъмат…
Духтарак як қад парид ва ранги рӯяш дока барин сафед шуд. Ба худ иқрор кард, ки дар ин бора лаб накушодан авотар, вале нашуд, бухси дилаш зиёд гашта аранге овоз баровард:
– Кӣ гуфт?!
– Додот…
– До-до-ом? – овози Малика гиряомез баромад: – Аз куҷо дарак ёфтааст? – Ӯ бо панҷаҳояш рӯяшро пӯшонида, ба сутуни ҳавоза такя карда, ҳунгосзанон гиря бардошт: – До-до-ом мана шарманда карданӣ аст-чӣ?
Модар аввал хандид. – Ҳай-ҳай, духтари калона бинанд кӯдак барин гиря мекуна-е,-гуфт ӯ ва ҳезумро пеши оташдон партофта, оҳистаоҳиста назди Малика омад, рӯю мӯи ӯро навозишкунон пичирос зад:-Шаб сағира хона телефон кард, додот гӯшака бардошт.. – Рӯи модарро хандаи базебе фаро гирифт: – Феъли додота медонӣ-ку, як одами аҷиб аст. Аз ту, ки гап сар шуд, ҳуш аз сарам парид, гумон кардам, телефона зада мешиканад.
Ба бахти сағира раги ҷаҳлаш наҷунбид, ё ягон гапаш форидаш.. Ба хона таклифаш кард. Гуфтам, ки мӯйсафед, ба ҳар телефонбози кӯчагӣ гапа ҳаром накун. Мумкин духтарат омаданаша нахоҳад. « Корат набошад, занак. Хӯрока начашида, бенамак нагӯй. Ман одама аз гапаш мешиносам. Агар дар дилаш ғайрат дошта бошад, меояд.. Ман зангирӣ ҷеғаш назадам-ку. Дидану шинохтани ин хел одамҳо хуб асту бад не..» – гуфт. Хайр, гиря накун. Ҳеҷ гап не. Хонаи духтардор мисли бозор аст.. Сад кас меояду меравад… – Модар лаби пали гашнич сари по амонат нишаста, якбарга чид ва кунҷковона овоз баровард: – Чӣ хел одам аст? Мешавад?...
Хандае дар лабони духтар падид омад. Ӯ саросема рӯяшро ба дигар тараф тофта, худро базӯр дошт. «Очам ҳам холаи Ошуфта барин гап мепурсад», – гуфт хаёлан ва бедимоғ ҷавоб дод:
– Намедонам..
– О ҳамон гулдастаи зормондаша мегирифтӣ, дунё чапаву роста намешуд-ку, – модар содадилона хандид: – Худат ҳам тинҷ мегаштиву мо ҳам.. Бача заҳмат кашида, барои ту гулдаста овардааст, ту ноз кардаӣ. Ҳм, падарат дар умраш як гула ба хотири ман накандааст..
Малика сиёҳу сафед нагуфт, модар ҳам дигар тагпурсӣ накард. Духтар аз нав дасту рӯй шуст. Дилаш рафта-рафта сиёҳтар мегашт, ҳазору як андешаи мубҳам ҷисму ҷонашро азоб медод. «Ҳм, ба кадом мақсад ӯро биё гуфта бошад?, – ташвишомез пурсид аз худ. – Боз нимтанаи нотавонро дар пеши чашми меҳмонҳо бо мушту шаллоқ зиёфат карда, бӯзакбозӣ наандозад?» – он лаҳзаро ба ёд оварда, магар дили духтар фишурда гашт, ки чашмонашро беҳолона пӯшида лаб газид.
Ҳа, дили ӯро ҳоло гургон хомталош мекарданд. Охир, ӯ ва ҳатто ҳамсояҳо ҳам тезии падарашро медонанд. Модараш доимо (албата аз пасаш) падарашро қаланфури Ҳиндустон мегӯяд.
Духтарак ҳоло ба хотир овард, ки боре падараш-амаки Шайдо чӣ хел як шофирро барои дар рости духтарҳо истода гап партофтанаш бо асо кӯфта буд.
«Хайр, корат чӣ, ба духтари ту гап назадааст-ку.. Ба ҳар роҳгузари бесатри дайду ҷанҷол бикунӣ, обрӯят мерезад», – маслиҳатомез гуфта буд модараш. Вале падараш бештар оташин гашта буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё