Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа
IX
Занг садо дод, донишҷӯён ба синф даромада, бо низом дар курсиҳо нишастанд, вале аз устод Ҳакимӣ ҳанӯз дарак набуд. Ин ҳодисаи ғайричашмдошт ҳисоб мешуд барои мо. Аслан Ҳакимӣ мисли баъзе омӯзгорони ҷавон, ки ба хобгоҳ омада бо бачаҳо шинухез, ҳазлу шӯхӣ, баъзан нӯшонӯшӣ ҳам мекунанд, ба мо наздик нест. Гоҳо магар устод лакот мешавад, ё хастагии моро ба инобат мегирад, ки лаҳзаи охири дарс дар бораи одоби муошират, гуфтугӯ дар маъракаҳо, маданияти хӯрокхӯрӣ сӯҳбат меорояд.
«Маданияти одамро аз тарзи роҳгардӣ, салом кардан ва хӯрокхӯрияш ҳам донистан мумкин, − боре гуфт ӯ. − Баъзеҳо дуқад шуда, ба муаллимон салом кардан мехоҳанд. Ин аз рӯи одоб нест. Фарз кардем, ки одами калон ба шумо даст дароз накунад. Шумо дар байни обу оташ мемонед, шарманда мешавед...
Салом додан қарзи инсон аст, вале даст додан ба ихтиёри калонсолон... Пеш аз одами калонсол ҳеҷ гоҳ барои салом даст дароз накунед». Ин суханҳои муаллим ҳадафе доштанд. Дигарҳоро намедонам, ҳангоми аз ин хусус ҳарф задани ӯ Раҳимбек безобита шуд, нигоҳашро аз муаллим гурезонд ва хиҷолатманд cap ба поин афканд. Устод ҳам рамузгирона гапро ба дигар тараф кашид. «Фаразан, дар сари миз ё гирди дастархон дар рӯ ба рӯятон ҷавоне нишастааст. Ба наздатон косаҳои оши угро мемонанд. Ҳа, оши угро. Ҷавон ба ҳеҷ кас эътибор надода, саросема, − гӯё дар бинои умраш хӯрок нахӯрда бошад, − ончунон оши угроро фурӯ бурдан мегирад, ки садои фур-фурашро атрофиён ҳам мешунаванд. Як вақт мебинед, ки угрои мӯй барин борику дароз печутобхӯрон гоҳ ба бари рӯ, гоҳ ба лабу нӯги биниаш расида, муболиға ҳам бошад, ҳатто дар гирди гарданаш як тоб хӯрда, оби хӯрок сарулибосашро доғдор карда... Магар дидани ин манзара хуш аст?... Маълум мешавад, ки ин ҷавон аз кӯчаи одобу назокати тановули хӯрок нагузаштааст».
Чӣ ҷои пинҳондорӣ? Ин ишораҳои зоҳиран ҳазломези устод ҳамаро андаке ҳушёр карда, ба андеша водор месохт. Воқиан, на дар ҳар оила ба одобу назокати сари дастархон нишастану хӯрокхӯрии фарзанд эътибор медиҳанд. Ва баъзан одами хушсуратеро мебинед, ки сарулибоси озода ба тан, соҳиби маълумоти олист, вале фаросати шину хез, одоби муоширату нонхӯрияш ғашовар аст... Аммо ҳоло донишҷӯён гоҳ ба соат, гоҳ ба дар менигаристанд. Ин ҳам сирре дошт. Муаллим Ҳакимӣ рӯзи нахустини таҳсил назди мо чунин шартро гузошт: «Агар мо, донишҷӯён, панҷ дақиқа аз дарс дер монем, беҳтараш ба синф надароем: агар усули дарсгузарии устод ба мо маъқул нашавад, рӯирост эътироз кунем ва баромада равем; агар худи муаллим понздаҳ дақиқа ба дарс дер биояд, мо интизораш нашавем...»
Дар тӯли қариб як соли таҳсил танҳо Латофат маротибае − ин ҳам моҳи аввал буд − аз дарси муаллим дер монд. Вай оҳиста дарро нимроғ карда, ба синф ворид шуд ва нӯг-нӯги по ду-се қадам ниҳода буд, ки муаллим айнак аз чашм гирифта, сӯяш нигарист.
− Бубахшед, муаллимҷон, дар хоб мондаам, − табассумкунон гуфт Латофат.
− Рафта боз камтараки дигар бихобед. Хоб чизи хуб аст, ба саломатии одам фоида дорад... − ҳамчунон бо мулоимат ҷавоб дод устод ва айнак ба чашм гузошта, боз дарсро идома дод...
Баъди ин воқеа то имрӯз на муаллим аз дарс дер мондаасту на мо: ҳатто Латофат ҳам.
Ҳоло ман ноаён синфро аз назар гузаронидам: ду кас набуд: муаллим ва Латофат. Ин ҳам аҷиб.
«Муаллим одами пир, шояд бетоб шуда бошад», гуфтам ба худ. Ана ҳамин лаҳза дар якбора кушода шуд ва Латофат бо шаст вориди синф гашт. Ӯ аз ғояти шодӣ дер монданашро ҳам фаромӯш карда буд. Ҳеҷ кас ягон маротиба ӯро ба ин андоза хушбахту хушҳол надидааст! Духтарак хиромон қадам ниҳода, назди
Назокат омад ва худро рӯи курсӣ партофт...
Одатан ҳастии ин духтарак танҳо зару зевар ва сарулибос аст. Вай мудом аз матоъҳои камёбе либос дӯзонда мепӯшад, ки дигар духтарон орзуяшро ҳам накардаанд. Ва мабодо дар тани духтаре ҳамранги либоси худро бинад, бедимоғ, дилтанг, ҳатто хашмгин мешаваду дуюмбора он пероҳанро намепӯшад.
Рӯзи соҳиби ягон чизи нав шуданаш барои вай базм аст. (Ин хел рӯзҳо қариб ҳар ҳафта, ҳар моҳ дар ҳаёти ӯ рӯй медиҳанд). Вай он рӯз аз хурсандӣ дар курта намеғунҷад ва ба замин чӣ хел пой монданашро ҳам намедонад... Аммо ҳоло дар сарулибоси Латофат дигаргуние ба чашм намерасид: дар тан палтои моҳутии ҷигарранги гиребонаш пусти самур, дар cap кулоҳи зангори сагобӣ, дар по мӯзаи сурх дошт: гарданбандаш гулобии шоҳӣ, гӯшворҳояш тилло, сумкааш ҳам нав не, аз пӯсти тимсоҳ, ки ду ҳафта пеш гирифта буд. Вале аз табъи болидааш маълум, ки бо дастовезе ба дарс омадааст. Инро пеш аз ҳама худи духтарҳо пай бурданд ва атрофашро ҳалқавор печониданд. Латофат бо ҳаяҷон, вале бо овози паст «маро табрик кунед!» гуфту аввал Назокатро ба оғӯш кашида, бӯсаборон кард. Сипас ангуштонашро пеши чашми онҳо дошта, бо ҳамон оҳанг суханашро идома дод:
− Додом тӯҳфа кард... Ҳоло бибию бобокалони ҳеҷ кас ин хелашро надидааст. Нигинаш алмос, тиллояш холис. − Ӯ чунон тез гап мезад, ки нафас дар гулӯяш мепечид. − Акнун шашта шуд. Дута дар ин ангуштам... − Латофат аз нигоҳи ҳасадомези духтарҳо ба ваҷд омад: − Нархи ҳамаи инҳо, − вай панҷ ангуштарияшро нишон дод, − ба ин баробар намешавад... Як мошин... мошини оддӣ ҳам не, як
«Жигули» аст... − Ӯ ба ангуштарӣ, ки нигинаш дар партави нурҳои офтоби саҳарӣ бо ҳазорон ранг ҷило медод, ҳарисона нигариста, хандид. − Назокат, тасаввур мекунӣ, дар ҳамин ангуштак − як «Жигули»!
Дили одамро воҳима пахш мекунад-е... Ҳозир падарам маро бо мошинаш оварда фуровард.
− Ягон посбон киро кунед, − масхараомез луқма партофт Гулсоро: − Эҳтиёт ними ҳаёт аст, дугона.
Моли дунё, зару зевар ба одам ҳеҷ гоҳ хушбахтӣ наовардааст. Ангуштат-ку гапе не, метарсам, ки ягон дузд дастатро аз оринҷ набурад.
− Ин гапи хунука аз даҳонат бод барад, бахил! − оҳиста пичиррос зад Латофат, лекин андомаш ларзид. − Гапаш ҳам худаш барин хунук, заҳри зақум... − ғур-ғур кард ӯ ва пас аз фурсате ба Назокат гӯшакӣ кард: − Додом ҳам саҳар тарсонд... Ягон кавалери (хушдор) мошиндор ёфтан лозим.
Латофат харидорона ба Қайс, ки дастонашро таги фукаш сутунвор монда, аз паси айнак нигоҳи карахту сардашро аз духтарҳо намеканд, чашмак зад.
− Насиб бошад, ягон рӯз мо ҳам ба мурод мерасем, − хамёза кашида, овоз баровард Раҳимбек.
− Орзуи нек ними давлат, − шакарханд ба лаб гуфт Латофат ва бо ишвае афзуд: − Кошкӣ тезтар тӯй шавад. Ангуштарии тӯёнаро худам барои шумо меёбам...
− Не-е, аввал мошин гирам! − сухани Латофатро бурид Раҳимбек, − Тӯй-а, зангирӣ намегурезад...
− О худо, ақлу ҳуши ин бача фақат ба мошин банд, − гуфт ранҷишомез Назокат ва ҷигот андохт.
Раҳимбек таноби гапро ба дигар тараф кашид.
− Ба мактаби шабонаи шофирӣ дохил шудам. Ҳуҷҷаташро гирам, бас − ронданро Қайс ёд медиҳад. −
Ӯ акнун сӯи Назокат чашмак зад ва тамаллуқомез хандид. − Паханат (падарат) аллакай мошин харидагист...
− Кайҳо. Ҳар рӯз чашмаш ба роҳи ту чор аст, − абрӯ гиреҳ андохта гуфт Назокат. − Мошин чӣ киро дорад? Барои ту ҳавопаймо мехарад.
− Ба як ҷавон чил ҳунар кам, − ба сӯҳбат шарик шуд Қайс. − Эҳа, ман ҳини чордаҳсола буданам мошин мерондам. Шофири пахан ёд дод. – Ӯ баногоҳ чунон хандид, ки оби кафколуди даҳонаш аз байни лабҳояш пош хӯрда, ба рӯй ва пешонии Раҳимбек бархӯрд. − Як маротиба говеро чунон кӯфтам, ки тӯб барин ба ҳаво париду афтод ва дар як дақиқа ҷон дод... Даъво? Ҳм, кӣ даъво мекунад? Сад гова мезадам, касе тарафам каҷ нигариста наметавонист. Даъвогар рӯзашро медид... Порсол ин мошинро пахан харид.
− Қайс лаҳзае хомӯш монд. Ӯ бо салобати хоса мӯи ҷингилаашро шона зада, сипас бо ифтихор нақлашро идома дод: − Ба наздикӣ аспи сафеди калон мегирем. Сурхаш ба дил зад, чанггир...
Ногоҳ дар нимроғ шуд ва риштаи сӯҳбати онҳоро барканд. Донишҷӯён пиндоштанд, ки устод
Ҳакимӣ медарояд ва барои эҳтиромаш аз ҷой бархестанд. Не, котибаи декан − зани миёнаумр, лоғар, ки мудом аз серкорӣ шикоят мекард, cap халонд ва ҷиддӣ пичиррос зад:
− Ана ҳамин хел батартиб, хомӯш нишинед, китоб хонед ё оҳиста баромада равед. Домулло Ҳакимӣ бетоб шудаанд, − гуфт ӯ ва баргашт.
Латофату Назокат аз ин хабар шодона қарсак заданд. Онҳо дарҳол сумкаҳоро ба китф ҳамоил карда, нӯг-нӯги по берун баромаданд. Қайсу Раҳимбек дунболи духтарон рафтанд. Баъд носкашу сигареткашҳо паиҳам аз синф баромаданд. Танҳо Насим аз болои китоб cap намебардошт. Гулсоро рӯи муқоваи дафтараш сурати кафтар мекашид. Ин шуғли доимии ӯст.
Ман назди Насим рафтам.
− Чӣ мехонӣ? − кунҷковона пурсидам. Ӯ ҷавоб надод, чашмонашро бо рӯймолчаи оҳарӣ хушконда, ба рӯям нигарист. «Намебинӣ», − хондам аз нигоҳаш.
− Танаффус шуд? − ногоҳ пурсид ӯ.
− Не.
− Бачаҳо куҷо рафтанд?
− Ба ҳар тараф, устод бетоб шудаанд, − ҷавоб додам. − Биё, кӯча бароем, ҳаво бисёр аҷиб, андак саёҳат мекунем...
Насим хомӯш китоб ба китобдон гузошт ва аз ҷояш бархест. Дар саҳни донишгоҳ даме истода, ба
Раҳимбеку Қайс, ки гирди мошини ҷигарранг чархида, ҳар замон бо нӯги по ба чархҳои он мезаданд, зеҳн монд. Қайс дари мошинро кушода, ба паси чамбар нишаст, сигарет даргиронд, баъд мурватро тоб доду савту навои «лайлиҷон» баланд шуд. Раҳимбек бо латтае чанги шишаҳои мошинро пок мекард.
− Раҳимбек ошиқи зор шудааст, − овози нарми Насим ба гӯшам расид. Ӯ ҳанӯз ҳам чашмони пурхаёлашро аз онҳо намеканд ва лабонаш пир-пир мепариданд.
− Ошиқ? Ба кӣ? Ту аз куҷо донистӣ?
− Ба мошини Қайс, − ғайри одат бемулоҳиза ҷавоб дод Насим ва дар лабонаш хандае нақш баст. −
Аслан Раҳимбекро Хусраву мошини Қайсро Ширин гуфтан мумкин. − Ӯ пешониашро молида, даме хомӯш монд. Ман акнун ҷавобе доданӣ будам, ки боз гуфт: − Одам ҳам ба як чизҳое дил мебандад, ки...
Ба фикрам, ин бача шабҳои дароз дар бораи ин мошин фикр мекунаду бас.
− Дар бораи Назокат мегуфтӣ, бовар мекардам, − ин сухани писхандомез якбора аз даҳонам баромад ва пиндоштам, ки Насим акнун гунг мешавад, вале қиёфааш бетағйир монд. Ӯ ҳайкалвор рост истода ба чанорзор, ки як села майна ба шоху навдаҳо нишаста, аз ҳарорати офтоб баҳра бурда, болу парзанон нағмасароӣ доштанд, чашм давонд. Ман дар дил шод гаштам, ки тирам ба нишон расид, дами Насим ба дарун зад.
− Ту гумон дорӣ, ки Раҳимбек Назокатро дӯст медорад? – бо шакарханд пурсид ӯ.
− Ҳм, мардум беҳуда туро гаранг намегуфтаанд, − ҷавоб додам ва масхараомез хандидам. − Ҳама медонад, ки онҳо ошиқанд... Тирамоҳ тӯй мекунанд, − росташ аз мулоимхунукии Насим қаҳрам омад. −
Чӣ, ту аз ин хабар надорӣ?
− Хабар доштан аз бовар кардан фарқ мекунад, − оромона гуфт Насим ва мӯи ба болои чашм ҳамоилгаштаашро бо панҷа ба қафо бурд. − Шахсан ман бовар дорам, ки Раҳимбек бештар ба дарди мошин мубтало гаштааст. Қаҳрат наояд, − ӯ ба ман чашмак зад, − ту ҳам гоҳ-гоҳ гирди ин мошин парвона мешавӣ, − гуфт ва дарҳол таноби суханро ба дигар сӯ кашид. − О вай ягон маротиба аз сидқи дил номи Назокатро ба забон намегирад-ку. Ҳм, сабилмонда ошиқӣ ҳам дарди ҳарина, ҳар хел аст.
Одамро ба як роҳҳое мебарад, ки... Яқин дар хобаш мошин мебинад.
Аламам ба ғазаб печид. «Дамдузд!» гуфтам дар дил ба ӯ ва эҳтиётан ба атроф нигаристам: касе набуд.
Бо вуҷуди ин бо овози паст дил холӣ кардам.
− Насим, аз алам биниатро газӣ ҳам, Назокат аз даст рафт, − бо ришханд гуфтам ба ӯ ва ба рӯяш зеҳн мондам. Ором буд. – Ҳасадхӯрӣ кори мардон набувад, ошно. Ту ҳам писари раис-ку...
Ӯ аввал табассум кард, сипас чашмони сабзтобашро ба ман дӯхта, шояд аз ғояти ҳайронӣ мижгонҳояшро се-чор бор бо ҳам заду якбора хандид, баланд хандид. Ин хел аз таги дил хандидани ӯро бори аввал дидам.
− Хайр чӣ? − ҳамчунон бо қоҳ-қоҳ пурсид ӯ.
− Ба паханат (Ба Қайс тақлид карда, ба ҷои падар пахан мегуфтем), бигӯ, ки бароят мошин бихарад.
Ба дигарҳо ҳасад набар!
− Ба кӣ ҳасад мебарам? − акнун овозаш тамасхуромез баромад. – Ба ҳамон хушомадгӯи муттаҳам. −
Вай ҷониби Раҳимбек ишора кард. − Ҳасад мебурдаам, ки вай хоки пои писари аблаҳи кадом як раисро мерӯбад?
Чеҳраи Насимро якбора сурхӣ фаро гирифт, лабонаш пир-пир париданд. Ман бори дигар ғазаби ӯро дидам ва донистам, ки ин ҷавони гаранг, ки дар тасаввури ман лабашро пашша хӯрад ҳам, кишаш намегӯяд, иззати нафс доштааст, ҳар гапро намебардоштааст.
− Мошин-а? − ғурунгид ӯ ва даст дароз карда, нӯги шохи чанорро шикаст. − Мошин барои ман, ошно, аз ҳамин чӯб ҳам беқадр аст. – Гӯё шохи чанор мисли хор ба дасташ халид, ки бо кароҳат онро партофт.
− Ҳм, ягон вақт мошин ҳам мегирам, вале ин хел ғардил намешавам...
Ман аз ғояти ҳайронӣ муддате забонбаста ба рӯи ӯ нигаристам. Баъд ба худ омадам.
− Ғардил гуфтӣ? Ҳм, як калимаҳое мебофӣ, ки... Ин чӣ маъно дорад?
− Намедонӣ? − акнун оромона пурсид ӯ. − Бародар, ту ҳам донишҷӯ ном дорӣ, китоб хон, луғат омӯз... − Насим рӯ гардонда чанд қадам дуртар рафт. Гумон кардам, ки барои надонистани маьнии ин калимаи сохтааш роҳи гурез меҷӯяд. Не, якбора баргашт ва гапашро идома дод: − Маънияш хушомадгӯй, думбардор, косалес...
Дилам фишурда шуд ва ба тахтапуштам мурғак давид. Оташе вуҷудамро сӯзонд. Чизе гуфтанӣ шудам, лекин овозам дар гулӯям монд. Охир, ман ҳам баъзан дар атрофи мошини Қайс тор метанидам, сурудҳои «лайлиҷон»-ро гӯш карда, гоҳ-гоҳ ба тоза кардани мошин ёрӣ мерасондам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё