Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

X

Аз рӯзе худро мешиносам, ин хислат мисли кана ба ман часпида, мудом озорам медиҳад, лек онро тарк карда наметавонам. Хайр, дил ки одат кард, аз дасти одам чӣ меояд? Гап байни худамон монад, мабодо касе ягон сухани нештардор бигӯяд, дарҳол ба дилам алов мерезад ва ба худ сад саволи «Чаро?

Барои чӣ?» медиҳам. Баъд рафта-рафта нам мекашам ва аз одаме, ки маро ранҷондааст, ба ҳар восита ниқор гирифтанӣ мешавам. Барои ҳамин одатам дар муҳити оила ва мактаби деҳаи худамон худ аз худ соҳиби лақаб шудам: намкаш. Оё шумо медонед, ки бардоштани лақаб чӣ андоза мушкил аст? Ҷои дарднок, ҷароҳати бедаво аст лақаб. Масалан, дар саҳни мактаб ё майдон саргарми бозӣ ҳастӣ, ки овозе ба гӯшат мерасад?

− Намка-аш!

Ҳарчанд худро ба нодонӣ ва гӯш ба карӣ мезанӣ, гӯё осмон омада ба сарат меафтад ва аз хиҷолат сурх мешавию сафед, кабуд мешавию сиёҳ, вале ба куҷо пинҳон шуданатро намедонӣ... Як ҷиҳати хурсандиям барои ба хонаи амакам омадан раҳоӣ аз ин азият буд. Вале нашуд. Боз айб аз худам гузашт.

Сари дастархон Зарринаву Мушкинисо кашокаш карда, чойро резонданд. Модарашон онҳоро танбеҳ дод, аммо авзои ман беҷо шуд, дарҳол аз хӯрокхӯрӣ даст кашидам. Амакаму завҷааш ҳар қадар исрор карданд, дигар ба дастархон нанигаристам. Амакам норозиёна ба ҳамсараш теғи нигоҳашро афканд. Вай бошад хандон-хандон рӯйрост гуфт, ки аз раҳматӣ бобоям ба ман ҳам як қамчин расида будааст.

− Ман таърихи ҳафт пушти шуморо аз рӯи гуфти падару модарат омӯхтам, − гуфт кушодадилона ӯ. –

Раҳмати бобоят ҳамин хел нозуку девори намкаш будааст. Хулқу атвори инсон, ҳатто шаклаш ҳам баъди ҳафт пушт боз такрор мешавад. Инро илм исбот кардааст. Хафа нашав, мулло Наим, росташро гӯям аз ҳамон ганҷи бобоӣ ба ту ҳам як хирвор расидааст. Ё нодурусг мегӯям? − пурсид ӯ ва сарамро модарвор сила кард. Дилам таҳ кашид ва дар баданам арақи хунук пайдо шуд. Охир, ин гап талху аламовар ҳам бошад, ҳақ аст ва борҳо дигарон низ онро ба ман гӯшрас кардаанд.

− Ҳарчанд мероси аҷдодон азиз аст, − боз гуфт вай, − аз ин хелаш бояд даст кашид.

Гоҳо аз алам месӯзам ва худ ба худ мегӯям:

− Чаро ба дигарон аз аҷдодонашон молу сарват мерос мондаасту ба ман ҳамин хислати бад. Камгапии амакам, корчаллониву пулдӯстӣ ва бодигариҳои акаи Абдухолиқ мероси кӣ аст?

Ба ин саволҳо алҳол ҷавоби аниқ наёфтаам...

Ҷӯраҳоям мабодо ҳазле карданӣ шаванд, мегуфтанд, ки «пешакӣ огоҳ мекунем: девор нам накашад; ин гапҳо ба каси дигар дахл доранд». Ҳамин гап ҳам дар дилам як дунё шубҳа меандохт, озорам медод.

Баъд сели кудурат ба туғён меомад ва ниҳоят бо баҳонаи дигар бо муштзаниву либосдаронӣ анҷом меёфт.

Дар хонаи амакам мудом эҳтиёт мекардам, ки ин хислатамро касе нафаҳмад. Охир, ин нуқсони ман аст. Кӣ мехоҳад, ки ҷурмаш фош шавад. Ғайр аз ин бачаҳо доим барои масхара кардани ман баҳона меҷӯянд. Шояд дар ҷойи бегона ба назарашон мисли гӯсолаи ало менамудам.

Ду-се моҳи аввал аз онҳо канораҷӯӣ кардам. Вале ниҳоят ба маҷрои зиндагии ин ҷо дохил шудам.

Хайр, то ба кай мисли чуғз сари танҳо умр мегузаронӣ?

Боре баъди дарс футбол бозӣ карда, шалпару гурусна шудем. Бачае аз рӯи одат, нидо кард:

− Дар таги пои ман чист?

− Нахӯд! − ҷавоб дод бачаи дигар.

− Ҳар кас ба хонаи худ! − хитоб кард сеюмӣ. Ва бачаҳо пароканда шуданд. Ману Султону Акрам дар оби ҷӯй дасту рӯй шустем.

− Ҳозир як табақ палов мебуд, − гуфт Султон, − ҳамаашро мехӯрдам. Шикамам чунон гурусна ки...

− Хонаи мо наздик, биё, рафта бо ман ягон чиз хӯр, ки то хонаатон зинда бирасӣ, − гуфт Акрам ҳазломез.

− Ба хӯрдани оши хонаи бегона одат накардаам, − бадоҳатан ҷавоб дод Султон. − Аз гуруснагӣ мурам ҳам, нони бегона аз гулӯям намегузарад.

− Гурусна ба шер мезанад, мегӯянд, − ҳозирҷавобӣ кард Акрам. − Шикамат, ки аз гол сер шуд, назарбаландӣ мекунӣ. Ҳм, саги сер кай парвои нон дорад...

Аз ин пичинг Султон заррае ҳам наранҷид. Вай хандон-хандон сӯи хонаашон рафт. Аммо дили ман мисли таги дег сиёҳ шуд. «Ҷои худамон мебуд, забонатро аз ҳалқат кашида мегирифтам», − гуфтам ба худ ва бо дили хиҷил хона омадам.

Пас аз ин гуфтугӯ ду ҳафтаи расо мурғи курк барин аз хона набаромадам ва бо ошноҳои навам, ки ҳар рӯз маро ба футболбозӣ даъват мекарданд, гап назадам. Амакам магар инро пай бурд, ки боре кунҷковона пурсид:

− Мулло Наим, чаро бо ҷӯраҳоят дигар бозӣ намекунӣ?

− Намехоҳам, − мубҳам ҷавоб додам ба ӯ ва баҳона овардам, ки китоб хондан авлотар аст.

− Дуруст, китобхонӣ беҳтар, донишу саводат комил мешавад. Лекин аз ин гапат, мулло Наим, бӯи дурӯғ омад, − гуфт амакам ва рамузгирона табассум кард. − Росташро бигӯ, чаро аз бачаҳо мекебӣ?

− Ҳар хел гап мезананд... − ноилоҷ иқрор кардам.

− Ба ту? Чӣ мегӯянд? − амакам ба ҳайрат афтод.

− Не... байни худашон. Ба ман чӣ кор доранд? − оҳанги гапро дигар кардам. − Дилам ба бозӣ кашол нест.

− Хайр ту ҳам гап зан, − гуфт амакам ва пас аз андешаи зиёди дилсӯзона афзуд: − Ҳамин хислатат, мулло Наим, ба ман тамоман маъқул не. Одам ҳар гапа ба дил намегирад, − хайрият, ӯ девори намкаш нагуфт, − ту мард шудаӣ. Ин одат азобат медиҳад, мудом шармсорат мекунад.

«Ба худам ҳам маъқул не ин хислат, лекин чӣ кор кунам? Биниро узви ганда гуфта бурида намешавад-ку», − дар дил гуфтам ба амакам. Ва ҳамон лаҳза қавл додам, ки минбаъд сухани ягон касро ба худ накашам. Хайр, чаро ҳамин чизро дигарҳо метавонистаанду ман не? Воқиан, аз ҳар гапу калоча заҳри зақум хӯрда, обу адо шудан чӣ фоида? Лекин аз мероси бобоӣ ҳам даст кашидан амри муҳол будааст... Ба ростӣ, он рӯз димоғам аз Насим сахт сӯхт. «Аз соддагӣ доим ҷонат дар азоб, − хаёлан худамро сарзаниш кардам. − Дигар одам наёфтӣ, ки Сагпараста кашола карда берун баровардӣ? Ана, мукофоти некхоҳиат...»

Ҳамин хел, чанд рӯз худамро дарун-дарун хӯрдам.

«Ин муғамбири Сагпараст маро косалесу хушомадгӯй номид, − хулоса баровардам ба худ. − Хайр, чаро заҳрашро ба онҳо неву ба ман чаконд? Ҳм, аз онҳо метарсад. Не, аз бахилӣ. Худаш писари раис бошад ҳам, ягон кас писандаш намекунад. Барои ҳамин рашк мебарад, ҳасуд аст... Боми пастакатро ёфтӣ!

− хитоб кардам дар дил ва хуни ниқорталабиям ҷӯшид. − Эй Сагпарасти бахили авбоши мардумгурез, ягон рӯз аз ту чунон интиқом гирам, ки тамоми умр фаромӯш накунӣ...»

Ҳамон нисфирӯзӣ бедимоғ ба ошхона даромадам. Табъи одам хуш набошад, иштиҳояш мегурехтааст.

Вале аз рӯи одат, дурусттараш, барои фиреби шикам ягон чиз хӯрданӣ будам. Ошхона мисли бозор пурғавғо буд. Китобдонамро рӯи курсие гузошта, коҳилона ба навбат истоданӣ будам, ки овози

Раҳимбек ба гӯшам расид.

− Ҳо Махсуми хоболуд, ин чо биё!

Гӯш ба карӣ андохтам. Охир, имрӯз худро аз ӯ ва Қайс дур гирифтанӣ будам.

− Ҳе Махсуми хоболуд, кар шудаӣ! − бо овози баландтар фарёд зад ӯ.

Атрофиён шубҳаомез ба якдигар нигаристанд.

− Ин махсуми навбаромади хоболуд кӣ бошад? Ҳм, аз ин тайёрхӯрҳо дар ягон аср ҷои гурез набудааст-дия, − худ ба худ ғур-ғур кард ҷавони тоссари лоғарандоми асабинамо.

Дар ҳолати ноҳинҷор мондам. Гумон кардам, ки гӯшҳо ва рӯям тоҷи хурӯс барин сурх шуданд. Ноаён аз қатор баромада, сӯи Раҳимбек рафтам. Вай аллакай назди касса рост меистод ва бо ошпаззани фарбеҳ шӯхӣ дошт. Хаёлам, ки дар ин лаҳза Насим аз кадом гӯшае ба ман менигарист ва ришхандзанон мегуфт:

− Гуфтам-ку, ту бе инҳо зиста наметавонӣ...

«Гуфтан гирад! Чаро аз вай тарсам?» − гуфтам ба худ ва дар буни гӯши Раҳимбек ранҷишомез пичиррос задам:

− Э гаранг, оҳиста ҷег занӣ, намешавад?

Аммо ӯ ба ман эътибор ҳам надод, шояд гапамро нашунид, зеро ба ошпаззан хушгӯӣ дошт. Хушгӯӣ куҷо? Гапфурӯшӣ. Суханҳои бемағз, фачу лач. Ҳар рӯз ҳангоми хӯрокгирӣ ҳамин гапҳо радду бадал мешаванд, лекин на ба дили Раҳимбек мезананду на ба дили ошпаззан. «Хушдоманҷон, салом гуфтем.

Духтарат чӣ хел? Нағз ки бошад, хӯроки сергӯшт бардор... фоида дорад. Кай? Парво накун, як рӯз не, рӯзи дигар албатта фоидааш мерасад, Чӣ? Ба шавҳар додӣ? Оҳ, ин гапа, аз барои савоб, ба забонат набиёр, ки дилам торс мекафад. Дуюмашро биёр, сергӯшт...»

Алҳол ман меандешидам, ки Раҳимбек зотан аз қабили дилёбҳои гузарост ва суханашро ҳеҷ гоҳ бе суд, бе тамаъ ба забон намеорад. «Дили шайтонро меёбад ин бача ва пашшаро дар осмон наъл мезанад.

Ин ҳам ҳунари ҳар кас нест. Насим чӣ? Як гаранги олуфтаи назарбаланди шикамгурусна. Муаллими донишгоҳ, олим шавад ҳам, ҳеҷ кас намешиносадаш...»

− Ҳушат ба куҷо рафт, Махсуми хоболуд? Ё ту ҳам ошиқ шудӣ? − овози хушҳолонаи Раҳимбек маро ба худ овард, − гиру ҳо ана ун ҷо, назди Қайс бар!

Ман музтарибҳол лаълиро, ки болояш чор коса хӯрок дошт, гирифта ба қаду бари ошхона чашм давондам. Ниҳоят нигоҳам ба Қайс бархӯрд. Ӯ ҳамроҳи Назокат дар мизи назди тиреза нишаста, мурватҳои «лайлиҷон»-ро тоб медод ва овози хиррии ҳофизи тӯйгарде канда-канда баромада, дар фазои пурмағали ошхона махлут мегашт:

Эй духтараке, дараи Варзоб равем,

Рӯймоли туро кӯрпа кунем, хоб равем...

Назокат хаёломез ба берун менигарист ва аз рӯи одат қулфи гиребонашро ба нармии занахаш, ки мисли тухми пӯстканда лӯндаву дилкаш аст, мемолид. Чашмони фаттону бозигари ӯ сеҳру ҷозибае доштанд. Ва ҳамин ки нигоҳам ба нигоҳи ӯ дучор меомад, тоб наоварда, худамро гум мекардам.

Лаълиро рӯи миз гузоштам. Назокат магар акнун маро дид, ки хиҷолат кашида, аз ҷояш хест.

− Наимчик, бубахш, қарздор кардӣ... Хайр, дар тӯят ба як по рост истода, хизмат мекунам, − гуфт ӯ ва гирди лабонаш табассумаке давид. Вай чолокона косаҳоро гирифта рӯи миз ниҳод.

− Барои ту хӯрок овардан шараф аст, − аранге овоз баровардам, вале аз шарм сурх шудам.

− О ташаккур, Наимчик! − қоҳ-қоҳ хандид Назокат.

Қайс аз ҷояш наҷунбид, гӯё санг гашта буд. Танҳо ангуштонаш мурватҳои «лайлиҷон»-ро палмосида, аз махлуқи зинда будани ӯ шаҳодат медоданд.

Раҳимбек хӯроки дуюм овард.

− Махсуми хоболуд, кор ана ин хел мешавад, − хушҳолона гуфт ӯ зарфҳоро бо эҳтиёт гирифта. −

Духтараш нася бошад ҳам, хӯрокаш нақд аст. Дил ёбу қанд хӯр, гуфтаанд. Ту бошӣ, лабатро лесида мегардӣ, − Раҳимбек дастонашро бо ҳам молида аз таги дил хандид. − Ин хел хушдоман насиби ҳар бандаи нолоиқ намешавад. Як бор ба рӯяш нигоҳ бикунӣ... сер мешавӣ. Духтараш чӣ хел бошад?

Қайс айнакашро поккунон лабонашро бо ҳам фишурда хандид. Акнун бори дигар дидам, ки ҳангоми ханда чӣ андоза лабони ғафсу кӯтоҳаш ба ду тараф кашида мешаванд ва нӯги бинии дарозаш ларзида, қиёфаи ӯро дучанд зишт мегардонад. Магар аз дидани ин манзара дили Назокат беҷо шуд, ки лабони пистамонандашро инҷу винҷ карда, бо кароҳат ҷигот андохт ва чумчаро ба лаълӣ зад.

− Дарҳол қаҳр накун, ҷонакам, барои очаи ту ҳам дар дили ман ҷо ёфт мешавад, − гуфт Раҳимбек ва пораи бодиринги шӯри табақчаи худро бо чангак бардошта, ноаён ба лагани Назокат ниҳод. − Ба ту фоида дорад...

− Фу, қаҳр мекардам-а? Ним тангаву ним танга, ҳардуятон як танга, − бо итоб гуфт Назокат, ки аз шарм ба рӯяш сурхӣ давид. Вай ба хаёлам бо ин пичингаш ҷилави гапро ба дигар тараф кашид.

− Махсуми хоболуд, чаро лабу лунҷат овезон аст? Ё ягон занбӯр...

Ман ҳарфе назадам. Худро ноҳинҷор ҳис кардам ва дилам тангтар шуд. Дар чунин ҳолатҳо мабодо ба сӯҳбат шарик шавам, бешубҳа аз даҳонам гапи талх мебарояд, сипас азобашро мекашам. Ҳа, сухан гуфтан осон, вале бори онро бардоштан мушкил.

− Ту ба ҷои ҳама кӯри асо ёфтагӣ барин хурсандӣ, − ногоҳ неш зад Назокат.

− Шаб хоби нагз дидам, ҷонакам, − аз болои косаи хӯрок андаке cap бардошта гуфт Раҳимбек. −

Медонӣ, ба хари сафед савор шуда, дар хиёбони шаҳр ҳай сайр кардам. Худоё, хар ҳам ин қадар зебо мешудааст! Хурду калон ба тамошо баромада буданд.

− Наход?! − нидо кард Қайс ва ба Раҳимбек дида дӯхта, пичиррос зад: − Барои ҳамин саҳар аз дарс гурехта, рафта лотерея харидӣ? Ту ҳам бало...

− Нияти нағз ними давлат, ошно − дулунҷа хӯрок хӯрда, ҷиддӣ гуфт Раҳимбек. − Як даста гирифтам.

Хайр, як моҳона сарф шуд... Дил гувоҳӣ медиҳад, ки ин дафъа мошин мебарам, − аз ғояти ҳаяҷон нон дар гулӯи ӯ дармонд.

− Таъбири хобат нек аст, − мисли калонсолон бо таҳаммул гуфт Қайс. − Ҳамон вақт ман хоб дидам, ки касири колхозамон Абдуҷамил ба ман тойхар бахшид. Саҳар хезам, рӯи ҳавлиамон «Жигули»-и нав истодааст, − ӯ пас аз андаке хомӯшӣ афзуд: − Хари калон «Волга» будагист, рангаш ҳам нағз...

− О аз забонат гардам! − Раҳимбек аз ҷояш хест ва сари Қайсро байни панҷаҳояш дошта, аз лабонаш бӯсид. − Ҳамин гапат рост барояд, ҷонамро фидо мекунам.

Ин ҳолат чунон тез рух дод, ки Назокат аввал чизеро сарфаҳм нарафт, нигоҳи ҳайратомез ба онҳо дӯхта, мижгонҳои дарозашро тез-тез ба ҳам зад. Ман мисли одами гунаҳкор аз нишастагон, ки аз ин тамошои бепул завқида, пичир-пичир доштанд, рӯй гардондам.

Қайс гарангогаранг бо дастрӯймол лабонашро пок кард. Чеҳраи гандумгуни Раҳимбек шукуфон буд.

Ногоҳ дар қаъри дилам хандае cap зад ва мисли вулқон ба туғён омад. Зӯр зада онро фурӯ менишондам.

− Махсуми хоболуд-а? Кафи поятро ягон кас хорид?

− Чаро доим дар бораи мошин сухан мегӯӣ?

− Чӣ, барои ту аз гӯру қиёмат гап занам?

− Не, ба гапҳои дигар ҳам қаҳтӣ нарасидааст-ку! Масалан, дар бораи дарс, китоб, зиндагӣ…

− Як гап ба нӯги забонам омад, хостам онро ниҳон дорам, вале нашуд. − Дар бораи Назокат...

− Қайсҷон, ба ин Махсуми хоболуд худат фаҳмон, − дар ҷояш дурусттар нишаста ранҷишомез ғурид

Раҳимбек ва боз ба ман рӯ овард. − Ҳолӣ ҳам дарс ба дилат назадааст? Назокат-а? Назокат аз они худам.

− Ӯ чашму абрӯвонашро бозӣ доронда, сидқан хандид. Назокат ҳам мошин ҳисоб, лекин дупо... Ту ғами

Назокатро нахӯр. Дар пояш чунон завлона задам, ки ба осмони ҳафтум парам ҳам, аз пасам меравад. Ё гапам нодуруст?

− Пӯк! − паст, вале бо хашму алам ғуррид Назокат ва чумчаро рӯи миз партофт. − Бешарм...

− Гӯш кун, хар ҷул дошт ё не? − ба қаҳру итоби Назокат эътибор надода пурсид Қайс.

Раҳимбек даме хомӯш истода, ба хаёл рафт.

− Дар ёдам нест. Лекин хар буд, гӯшу дум дошт, − бепарво ҷавоб дод ӯ ва аз Қайс хоҳиш кард, ки ягон суруди шӯхро монад. Ман бо гӯшаи чашм ба Назокат нигаристам. Ранги рӯи духтарак мисли рӯймоли сараш парида буд, чашмони пурхумори шаҳлояш ҳузне доштанд. Акнун дар чеҳраи ӯ дигаргуниеро мушоҳида кардаму дилам таҳ рафт. Рӯи вай нисбатан пурра, лабони маҳинаш як каме ғафстар метофтанд. Пӯсти гулгуни рӯяш, ки мисли кулчаи ширмол дилкаш ва монанди бирешим ҷилодори беҷурм буд, алҳол ба назарам кабудтоб метофт. Дар пушти лаб, болои абрӯи ӯсмакашида ва ҷо-ҷои рӯяш доғ пайдо шуда, ҳусни ӯро андаке мекост.

− Дина зӯр шуд-а? Худам панҷ километр мошин рондам, − ба китфи ман даст зада гуфт Раҳимбек. −

Бовар намекунӣ? Ана Қайс шоҳид. Аз се мошин ғиррӣ гузаштам… Лекин вақте милисаро дидам, аз тарс ҷон аз дасту поям баромад...

− Худам ҳамроҳат бошам, аз милиса натарс! − гуфт мағрурона Қайс. − Сардори милисаҳои шаҳр ошнои пахан. Ҳм, даҳ бор ҳуҷҷатамро гирифтанд, лекин боз худашон оварда, бо ду дасти адаб супориданд. Эҳа, бо ҳамон аҳволе, ки шаби Соли нав ман ба дасташон афтодам, каси дигар мебуд, ҳозир дар паси панҷара нони хушк мехӯрд. – Қайс хандид. – Лекин декан, ошно, сахт тарсид. Гуфтам, парво накун...

Аввал Назокат бархест. Чеҳраи ӯ ниҳоят тира буд.

− Мошин хосияти аҷиб доштааст, ошно! − дар гӯши Қайс бо ваҷд дод мезад Раҳимбек. − Ҳар қадар тез равад, боз газро бештар зер мекардаӣ. Мехоҳӣ мошин бол барораду парвоз кунад.

− Кайфияташ ҳам дар ҳамин...

Берун баромадем. Назокат аз мо ҷудо шуд. Ӯ бо сари хамида, вале бошитоб мерафт. Ду мила мӯи қир барин сиёҳу дарозаш дар банди миёнаш алвонҷ мехӯрд.

− Ҳой, напурсида куҷо меравӣ? − дар ҷояш истода, фарёд зад Раҳимбек. − Ин мӯйдарози ақлкӯтоҳро бин...

− Дар пояш ишкел зада бошӣ, дигар чӣ метарсӣ? – ҳӣ-ҳӣ хандида гуфт Қайс. − Акнун ту аҷалаш бошӣ ҳам, аз дунболат меояд...

Дилам ба ҳоли Назокат сӯхт. Духтарак бо ҳамин ҳусну ҷамоли расояш мисли кабк ба доми бало афтодааст.

пешина
аз 17
навбатӣ