Зеҳн
ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...

зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ҲУҚУҚДОНӢ ФАРҲАНГИ ВОЛОСТ

Ҳеҷ қонуне байни мардум ба андозаи қонуни қудрат ва иттилоот вуҷуд надорад.

Томас Корлейл

Фарҳанг бешубҳа ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад, аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктареро эҷод накардааст. Эмомалӣ Раҳмон

Тафовути шаҳру деҳот аз саноат аст ва вуҷуди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ҳувияти сокинонро аз бошандагони русто баланд мебарад. Бинобар ин, дар шаҳр зистану бехабар мондан аз ҳуқуқҳое, ки қудрат бароятон эҳдо намудааст, бефарҳангист. Чунки заъфи фарҳангӣ рӯзе инсонро аз шаҳр ба русто мебарад, чунонки кӯшишҳои ҷаҳон дидану ҷаҳон омӯхтан рустоиҳоро ба шаҳр меорад. Дар ин маврид мо кӯшиш хоҳем кард, ки зимни муроҷиат ба илми ҳуқуқ фарҳанги ҳуқуқиро баррасӣ карда, авомили поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандро низ дар ин ҷода пажӯҳиш намоем. Лекин камфарҳангӣ низ метавонад ба поймолшавии ҳуқуқ мусоидат кунад. Ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ узви вобастаи АМИТ Насриддинзода Эмомалӣ дар китобе таҳқиқӣ таҳти унвони “Фарҳанги ҳуқуқӣ” масъалаи зайлро баррасӣ карда ва муҳаққиқ Раҳмон Д.С. дар пешгуфтори ин китоб чунин мегӯяд: “Бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ ва эъмори давлати ҳуқуқӣ танҳо замоне имконпазир мегардад, ки сокинони он аз сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд, масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошанд, ба қонун ва арзишҳои ҳуқуқӣ эҳтиром ва ба қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ арҷ гузоранд. Бо дарки зарурати таҳкими ин масъала дар даврони соҳибихтиёрии давлатӣ як силсила фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд, ки дар умум ба хотири боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолии кишвар нигаронида шудаанд”.

Ба андешаи муаллиф замони соҳибистиқлолӣ фарҳанги нави ҳуқуқиро ба вуҷуд овард ва фарҳанги аҳди Шӯравӣ шадидан тағйир хӯрд. Шаклгирии арзишҳои гуногуни ҳуқуқӣ дар солҳои Истиқлол ба вуқуъ пайваст ва феълан барои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аз байн бурдани бархе аз анъанаҳо, ки дар рушди маърифати шаҳрнишинӣ монеаҳо эҷод мекунанд, зарурат пеш омадааст. Аммо фарҳанг чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз шарҳу тафсирҳои мухталиф дошта, дар ҳар ҷомеае тибқи низоми сиёсӣ ва идеологии он баррасӣ шудаанд. Масалан, тафсири марксистии фарҳанг дар аҳди Шӯравӣ басе маъмул буд ва ҳоли ҳозир аз арзишҳои фарҳангии ҷаҳонбинии сусиёлистӣ касе ҳимоят намекунад. Яъне, фарҳангҳо бинобар тағйирхӯрии низоми сиёсӣ дигаргун гашта, ба худ пероҳани нав ба бар хоҳанд кард. Ба қавле дар адабиёти шӯравии ахири солҳои 90-уми садаи сипаришуда қариб 500 шарҳи мафҳуми фарҳанг вуҷуд доштааст. Падидаи соҳибистиқлолӣ моро водор сохт, ки фарҳанги истифода аз нерӯи барқро ҳам омӯзем ва ҳам истифода кунем, чунки чунин фарҳангҳо бо озодиҳо ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии афрод ҳамоҳангӣ дошта, дар натиҷаи таҷрибаи ҳаётӣ ба миён меоянд. Масалан, дар Япония вобаста ба рушди техника сайқал пазируфтани фарҳанги истифода аз партовҳои мухталиф ва мавриди коркард ва бозгардонии он партовҳо ҷиҳати истифодашавӣ аз ҷониби инсонҳо роҳандозӣ гардида, фарҳангҳои ҷадиде тавлид меёбанд, ки дар гузашта дар ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд надоштанд. Ҳамаи ин пешравиҳо болорави сатҳи фарҳангдориро иқтизо мекунад. Баръакси ин фановариҳо ҷомеаҳои анъанавӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо тафаккури техникӣ суст рушд мекунад ва инсонҳо, ки дар чунин ҷомеаҳо иқомат доранд, бештар ба зоҳир мутаваҷҷеҳ ҳастанд, чунки рушди ҷаҳонбинии динӣ дар мафкураашон мушоҳида мешавад. Иктифо доштани инсон танҳо ба донишҳои динӣ таноқузро дар зеҳн ба вуҷуд оварда, оқибат хушунатро дар муносиботи афрод тавлид менамояд. Дар чунин авзоъ манфиат бар ҳуқуқ синтез гардида, боиси пайдоиши амалҳои ифротгароёна хоҳад шуд. Бинобар ин, зуҳури озодандешии динӣ аксуламале хоҳад буд, ки алайҳи хушунат ва поймолшавии ҳуқуқи инсонҳо муқовимат мекунад. Насриддинзода чун пажӯҳишкунандаи фарҳанг ва ҳуқуқ лозим донистааст, ки ин мафҳумҳоро аз дидгоҳи илм шарҳ диҳад: “Шарҳу баёни мафҳумӣ аз даричаи таносуби ҳуқуқу фарҳанг имкон медиҳад мафҳуми фарҳанги ҳуқуқӣ бар асоси бархӯрдҳои гуногун ба фарҳанг ҳамчун падидаи бисёрҷабҳаи иҷтимоӣ шарҳу баён гардад. Аз он ки фарҳанг ва ҳуқуқ чи гуна дарку фаҳмида мешаванд, ба шарҳи созгори фарҳанги ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад. Чи тавре ки таҳлили анҷомшуда дар боби пешин нишон дод, зимни бархӯрди васеи фалсафӣ ва фарҳангшиносӣ, фарҳанг ҳамчун низоми арзишҳои моддиву маънавӣ, ки аз ҷониби инсон офарида шуда, ҷилвагар мешавад. Аз сӯи дигар, фарҳанг воситаест, ки дастовардҳои мадании инсониятро аз насл ба насл интиқол дода, дар зимн нишони сатҳи инкишофи ҷамъият мегардад”.

Иртибот доштани фарҳанги ҳуқуқӣ ба тамаддун бешубҳа аз болоравӣ ва мавқеи ҳуқуқдонии инсонҳо дарак медиҳад. Агар тамаддуне, ки бар кишваре ва минтақае тааллуқ пазируфтааст, дар қиёс бо дигар тамаддунҳо бартарӣ ёфта, таъсиргузорӣ дар алоқаи онҳо мушоҳида шавад, пас фарҳанги ҳуқуқии онҳо низ назар бар дигарон такмилёфта аст. Аз ҳамин хотир, Насриддинзода қайд менамояд: “Ҳар қадар ки сатҳи тараққии тамаддун баланд бошад, ҳамон қадар сатҳи ҳуқуқ ва ҷузъҳои мадании он баланд аст. Бо ин хусусият метавон фарқи миёни навъҳои таърихии ҳуқуқро, ки дар давраҳои мухталифи инкишофи таърихӣ шакл гирифтаанд, муайян кард. Ба андозаи инкишофи тамаддуни инсонӣ мутаносибан худи ҳуқуқ низ мутамаддин мешавад”.

Дар илми муосир истилоҳи “антикултура” истифода мешавад, ки воқеиятро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ошкор сохта, муқовимат бо фарҳанг низ чун падидаи иҷтимоӣ ошкор месозад. Агар мо ҳаёти рӯзмарраро мушоҳида карда, сипас онро таҳқиқ кунем, пас ба хулосае меоем, ки ваҳшоният ҳанӯз ҳам реҳлат накардааст ва инсон чун ҷонвар новобаста аз суръати шадиди тараққӣ боқӣ мемонад. Бинобар ин, Насриддинзода Эмомалӣ вокунишҳои одамонро алайҳи фарҳанг чунин арзёбӣ мекунад: “Ҳамин тариқ, мафҳуми “зидди фарҳанг”, ки дар ҷомеашиносӣ ва фарҳангшиносӣ истифода мешавад, ифодагари вокуниши манфии гурӯҳҳои муайяни иҷтимоии ҷомеа ба якфикрӣ, ягонагӣ ва консервативизми фарҳанги суннатӣ мебошад. Зидфарҳанг ҳамчунин дар фарҳангшиносӣ чун шакли радия ё қабул накардани фарҳанг ба таври умум фаҳмида мешавад. Агар зидфарҳанг ҳамчун зуҳури эътирозӣ ба гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ, ба муқобили шакли шахшудаи фарҳанг, занҷири озодии инсон хидмат кунад, пас антикултура ин комилан рад кардани фарҳанг аст”.

Таҳқиқоти мушаххаси илмӣ ҷиҳати фарҳанграбоӣ, масоили синтезу баҳамоии фарҳангҳо ва бархӯрд миёни онҳо аллакай гувоҳӣ медиҳанд, ки ба фарҳанг ҳама гуна вуҷуди биологии инсон алоқаманд аст ва бидуни баррасии фарҳанг имкон вуҷуд надорад то фард дар муҳити афрод мавқеъе пайдо карда, аз меъёрҳои фарҳангӣ истифода набарад. Бефарҳангӣ ва зидди фарҳанг қарор доштани инсони муосир амре аз афкор ва эҳсоси судҷӯёнаест, ки ҳар яке аз афродро дунбол мегирад ва бидуни манфӣ мо мусбатро дарк нахоҳем кард. Аммо бархе аз муҳаққиқин бар ин ақидаанд, ки фарҳанги ҳуқуқӣ бо мурури замон аз байн меравад. Аммо Насридинзода чунин меандешад, ки бо мурури замон фарҳанги ҳуқуқӣ такмил ёфта, эътибори он тавассути муайянсозиҳои гуногун тадриҷан афзун мегардад. Масалан, дар ин маврид барои аз байн бурдани вобастагӣ ин андешаро изҳор кардааст: “Бо мақсади гузаронидани экспертизаи мустақил, бартараф намудани таъсири идоравӣ, назорати ягонаи методӣ аз рӯи сифат ва истеҳсолоти экспертизаи судӣ, ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои экспертӣ, муайян намудани кормандон аз рӯи ихтисос, таҷрибаи корӣ ва хусусияти фаъолият, баланд бардоштани сатҳ ва сифати ташкили экспертизаи судӣ ва таҷрибаи тафтишотӣ, муҷаҳҳаз намудани онҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ ва ҳамчунин ҷиҳати роҳ надодан ба хатоиҳо дар рафти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, амалияи судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз байн бурдани такроршавии вазифаҳои онҳо бояд муассисаҳои экспертӣ ба як сохтори мустақили давлатии берун аз таъсири идоравӣ табдил дода шавад”.

Муҳаққиқи ҳуқуқшинос Эмсомалӣ Насриддинзода ҷиҳати муаррифӣ, таҳқиқ ва баррасии фарҳанги ҳуқуқӣ талош намуда, аз тарзи тафаккур ва пажӯҳиши аксар ҷомеашиносон бохабар мегардад ва ин мафҳумро барои баррасии ҷаҳониён пешниҳод менамояд.

пешина
аз 31
навбатӣ