ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...
зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа
ТАНОСУБИ КАЙҲОНШИНОСӢ
“Инсон ҷузъе аз кул аст, ки мо онро кайҳон меномем чун бахше маҳдуд дар замону макон”.
Алберт Эйнштейн
“Ҳануз тасмимгаре нашудааст ва фикр мекунам, ки илми башар ҳаргиз тасмим нахоҳад гирифт, ки ҷаҳон мутаноҳист ё номутаноҳӣ?”.
Галилео Галилей
Акбари Набипури Турсон аз афроди пажӯҳанда аст, ки бо дарназардошти системҳои мутафовит аз якдигар дар гузашта ва имрӯз фаъолияти илмӣ доштааст. Бавижа, чиҳил соли фаъолияти мавсуф ба замони Шӯравӣ иртибот дошта, номбурда ғолибан, аз бархурдҳои Шарқу Ғарб беш аз пеш изҳори ёдоварӣ мекунад. Минҷумла, солҳои 60-уму 70-уми садаи сипаришуда академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нашри китобҳои хурд қонеъ гардида, бархе аз мушкилоти аҳди Шӯравиро натиҷаи тасодуми фикрии Ғарбу Шарқ мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, дар ҳоле ки он замон бинобар истифода аз вожаи Шарқ кишварҳои ба лагери сусиёлистӣ ҳамоҳангро дарк менамуданд ва бо истифода аз Ғарб фақат ҷомеаи тавсеаёфтаи Аврупои Ғарбӣ ва Иёлоти Муттаҳидаро дар назар доштанд, аммо аксар уламо чун Акбар Турсон бо истифода аз номвожаҳои шарқу ғарб қитъаҳои Осиё ва Аврупоро фаҳм карда, омили таназзули зеҳнии якеро дар дигарӣ меҷустаанд. Ҳамчунин, сатҳи андешаронӣ дар нахустин монографияи илмии мавсуф ва ихтисосӣ бо унвонии “Эҳёи Аҷам” мушоҳида мешавад, ки Ғарб дар муқобили Шарқ баррасӣ ёфтааст. Лозим ба ёдоваист, ки тарзи тафаккур ва баёни андешаи мавсуф дар замони соҳибистиқлолӣ тақвият ёфта, таносуби қитъавӣ аз байн рафтааст ва ҷойи он муноқишаҳоро мунозираҳои ҷадиде андар чигунагии инсони муосир ишғол намудаанд, вале бояд мутазаккир шуд, ки афзал донистани як ҷониб аз муноқишаҳову мунозираҳо чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони муосир мушоҳида мешаванд. Масалан, солҳои 80-ум зимни баррасии андешаи ҳукуматкунанда дар муҳити илмии Ғарб ба манфиатҷӯён истинод оварда, баъзан баҳогузории муғризонаро дар сухани эшон ошкор месозад: “Дар адабиёти илмии Ғарб ҳангоми аз нашъунамои илму фалсафаи халқҳои эронинажод андеша рондан аввал онро ҳамчун “афрузиши ногаҳонии камолоти ақлии муслимин” қаламдод мекунанд ва сонӣ, танҳо як худи омилҳои беруна(баст ёфтани фарҳанги Юнон ва ҳатто дини ислом) – ро заминаи асосии падидаи мазкура ҳисоб мекунанд. Вале дар тамоми дунёи ҳастӣ оё заминеро метавон дарёфт, ки бидуни тухми амал, бо таъсири як худи обу ҳавои мусоид ҳосил дода бошад?”. Номбурда бо чунин суолгузории мантиқӣ қаноат накарда, ба пайкари ҳикмати Юнони бостон ворид мегардад ва аз ин пайкар андешаи авастоиро ҷустуҷӯ менамояд: “Муаррихони хориҷӣ ҳангоми тавсифи сарчашмаи фалсафаи Бӯалӣ асосан ба таълимоти Арасту ва навафлотуния истинод мекунанд. Аз ҷумла, мегӯянд, ки ӯ яке аз рукнҳои асосии космологияаш – ғояи қадим будани оламро аз натурфалсафаи Арасту гирифтааст. Баъзе мусташриқони Ғарб айнан ҳамин сароби таърихиро сурати ҳол донистаанд. Ва ҳол он ки ғояи мазкур дар замини улуми ақлии худи Аҷам решаи ҷуқуре дошт. Сарчашмаи аслии он космологияи дуалистии Авесто буд.
Пажӯҳиши нодири Акбар Турсон алайҳи фарҳанграбоӣ ва ҳикмати пуки авлавият, ки дар садаи гузашта дар сартосари Урупо шабеҳ меҷуст, дар рисолаи “Эҳёи Аҷам” инъикос шуда, мушкили тафаккури фалсафӣ дар миёни башар мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Мавсуф дар пояи таҳқиқи анҷомдода ин андешаро ошкор менамояд, ки фалсафа чун фаъолияти фикриву амалӣ барои аҳли Аҷам дар мароҳили таърихӣ бегона набудааст. Дар мавриди синтези фарҳангҳо ва тамаддунҳо номбурда чунин меандешад, ки “иртиботи фарҳангии халқу миллатҳои мухталиф аксаран дар шакли муколама сурат гирифтааст ва барои ҳар ду тараф судманд будааст. Ба махзани тамаддуни ҷаҳонӣ ҷамеи халқҳои дунё – хоҳ кабиру хоҳ сағир, хоҳ “куҳанпир”-у хоҳ “ҷавонрой” – мувофиқи имкону ҳиммати хеш саҳм гузоштаанд”.
Акбар Турсон дар монографияи мазкур такя бар тасаввуроти космологӣ карда, куравишаклии Коинотро бо далоили дар Авасто сабтшуда исбот менамояд ва ба як хулосаи муҷам андешарониро анҷом медиҳад, ки бозистӣ дар тафовути Шарқу Ғарб моро воқеан аз рушду тараққӣ бозмедорад. Яъне, фарҳангшиноси тоҷик фикри бартарӣ ҷустан ё худ бартарӣ ёфтанро намунаи ғайрисаҳеҳи ақли инсонӣ медонад ва мутмаин аст, ки андешаи космологӣ ҷиҳати баррасии хотираи фарҳангии дилхоҳ миллати соҳибтамаддуне ӯро аз дигарон мутафовит намесозад, чунки асли ҳувияти фарҳангии муосир низ масъалаи омехташавӣ ё худ гибритгардии фарҳангҳоро ба унвони асли донисташавии хеш ва олам намедонад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳар чизе ки тавлид мешавад, оқибат аз байн меравад. Масалан, бузургтарин омехташавии фарҳангҳоро дар давраи интишори ислом метавонем мавриди арзёбӣ қарор диҳем, ки фарҳангҳои қаблӣ аз ҷониби фарҳанги нави зӯран паҳнгардида дучори ҳалокат шуданд.
Муҳим он нест, ки ҳувият чист, балки таърифи чигунагии шаклгирии он муҳим мебошад. Шояд аз ҳамин хотир бошад, ки ҳувияти миллӣ бозтобе аз фарҳанги мансуб ба миллат аст ва вижагиҳои фарҳангии ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф ба шаклгирии ҳувияте ғолибан дар пояи эътиқодоти динӣ муаррифӣ мешаванд. Акбари Турсон ҳанӯз дар соли 1984 зимни интишори “Эҳёи Аҷам” ба андешаи ин ки аксар мутафаккирони Машриқзамин ҷаҳонбинии исломӣ доштанд, сахт муқовимат намуда, бо далел чунин ақидаро инкор менамояд: “Хуруҷи зиддидинии Закариёи Розӣ на фақат дар таърихи ислом, балки умуман дар таърихи Шарқу Ғарб (то худи оғози аҳди Ҷадид дар Аврупо) собиқае надорад. Аз ин рӯ, ҳам ҳатто муаррихоне, ки роҳи тайкардаи “тамаддуни исломӣ”-ро аз мавқеи ҷаҳонбинии динӣ муоина намуда, ҳамаро “аз файзу баракат” – и кеши мусалмонӣ медонанд, афкору аъмоли Розиро сарфи назар карда наметавонанд”. Илова бар ин, мутафаккирони Шарқ алайҳи хурофоту таассуб қарор доштанд ва маҳз изҳороти онон буд, ки сабки ривоятиро боздошту такя бар ҳақиқати ҳолро пешниҳод сохт. Пеш аз зуҳури мудерн дар Ғарб низ тамоили эътиқодии миллатҳо бартарӣ доштанд.
Академик Акбари Турсон дар тадқиқоте бо унвони “Ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир” андар суди зиёни ҷаҳонисозӣ пажӯҳиш намуда, зимни баррасии раванди ҷаҳонишавӣ таваққуф мекунад ва онро падидаи замони муосир намедонад: “...оғози таърихи ҷаҳонисозиро аз замони шаклгирии Империяҳо мансуб донистан дурусттар аст. Ба ин маънӣ Куруши Кабир ва Искандари Мақдунӣ нахустин глобализаторҳо буданд”.
Дар аксари мавридҳо таҳлилҳову таҳқиқҳо тарзи баёни таҳмилӣ дошта, дур аз воқеият қарор доранд ва ҳангоми ошноӣ пайдо кардан бо чунин нигораҳои фиребандаи муосир дар зеҳни шумо ин фикр ғалаба мекунад, чунки мақсад дар нигораҳои муосири таҳмилӣ дар пӯшиши бархурдҳо муҷассам гардида, ҳатто беҳтарин муҳаққиқони сиёсати вақтро гумроҳ хоҳанд кард. Аз ин хотир, чунин мушоҳида мешавад, ки сухан сеҳр асту суханвар соҳир боқӣ мемонад ва чун аксари мардумон таъсирпазиранд, месазад ононро бо истифода аз сеҳри сухан гумроҳ кард ва барои тавтиа алайҳи низоми сиёсӣ омада намуд. Раванди мазкур дар марказҳои сиёсии таҳқиқнаёфта ва пажуҳишгоҳҳои тахассусии таблиғӣ баррасӣ шуда, бо дарназардошти дифоъ аз сиёсати байналмилалии ҷаҳонишавӣ ба ҷаҳониён таҳмил мегарданд ва ҳадаф аз татбиқшавии инчунин ҷараён сиёсигардонии миллатҳову ақаллиятҳои миллӣ нест, балки гумроҳгардонии онҳост. Ҷое, ки давлат аст, низоми сиёсии муайяне онҷост ва ҳатман ба ин низом гурӯҳе мухолифанд. Дар оила низ системи бархурдҳо вуҷуд дорад ва яке барои нуфуз пайдо кардан бар дигарон аз хотири пешгирӣ намудани тавтияҳо дигареро чун паёмовар истифода мекунад, чунки агар тавтиаҳо пешгирӣ нашаванд, низоми хонавода дер ё зуд барҳам мехӯрад. Ба ҳайати ин ё он ҳукумат ашхоси муайяне ворид мегарданд, ки шумо аз онон истиқбол нахоҳед кард. Аммо ин сабаб нест, ки шуморо дар муқобили ҳукумат қарор диҳад, чунки мухолифат ба ҳокимият пояи қоноатмандӣ набуда, балки норизоият аз систем аст. Муҳоҷиратро рахт барбастани зеҳнҳо баррасӣ намуда, бо ин васила тағйир додани низоми ақидатӣ дар дохили кишвари муайян низ ҳамоқат асту бас! Чунки авзои сиёсӣ дар дохили давлат бо авзои сиёсии ҷаҳон иртибот дошта, баъзан бархурдҳои шадид дар ин ҳамоҳангиҳо падидор мегарданд ва ҳақиқат маҳз дар натиҷаи инчунин бархурдҳои сатҳи ҷаҳонӣ ошкор мешаванд.
МАВЗЕҲОИ АСОСИИ ЭКОТУРИЗМ: КӮЛИ САРЕЗ, БОҒИ МИЛЛӢ ВА ҚАТОРКӮҲҲО
“Кули вижагиҳои табиат барои ҳифзи хеш талош меварзанд”.
Сисерон
“Табиат ҳаргиз иштибоҳ намекунад, чунки ҳар навъи тақаллубӣ барои табиат мутанаффир аст ва беҳтарин чиз он аст, ки илму ҳунари онро таҳриф накунад”.
Эразм Роттердамский
таваҷҷуҳ намудани Академияи илмҳои доктори биология, Оғоназар Ақназаров ба самтҳои мухталифи экотуризми муосир пеш аз ҳама табиати кӯҳистони кишвар маҳсуб мешавад. Номбурда зимни баррасии илмии иқлими кӯҳистон ва вижагиҳои табиат дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Авомили зоҳир академики миллии Тоҷикистон, илмҳои профессор зарурати паҳн намудани экосайёҳиро бозгӯ намуда, бо дарназардошти тӯл кашидани фасли сармо дар баъзе минтақаҳо ҷалби сайёҳии дохиливу хориҷиро таъкид менамояд. Бавижа, биологи тоҷикро ҳарорати минтақа беш аз ҳама бар худ ҷалб мекунад ва мавсуф дар пажӯҳиши ҳамин масъала дар чунин ақида устувор аст. Мутаваҷҷеҳ бошед: “Шароити кӯҳсори Помир бо тағйирёбии шадиди ҳарорати шабонарӯзӣ, ки баъзан то ба 40 дарача мерасад, хос аст. Ҳангоми баланд шудан ба самти амудӣ ҳарорат дар минтақаи мазкур муътадил дар ҳар 100 метр аз 0,45 дараҷа то 0,63 дараҷа паст мешавад”. Аммо гуногунии биологии кӯҳистон олимро бештар мутаваҷҷеҳ сохта, водор кардааст, ки ҷиҳати таҳқиқи он бештар рӯ оварад. Ба қавли муҳаққиқи экосайёҳии кӯҳистон, таркиби флора дар минтақа аз 11 фисад иборат буда, дар Помири Шарқӣ онҳо ба 23 навъи оилаҳо таалуқ доранд, 61 авлод ва дар навбати худ 104 навъи муайянро дар бар мегирад:
“Миқдори зиёди намудҳои боқимонда дар таркиби набототи Помири ҳозира нигоҳ дошта шудаанд, ки мавҷудияти онҳоро дар ин қаламрав флораи сангшудаи давраи муайян исбот мекунад”.
Оғоназар Ақназаров муътақид аст, ки таркиби набототи табии Помир аз 500 намуди гиёҳҳои шифобахш иборат мебошад. Вале бо вуҷуди табиати нотакрор дар минтақаи мутазаккир сайёҳии ташкилӣ дуруст роҳандозӣ нашудааст. Дар ин маврид, академик чунин мулоҳиза дорад: “Имрӯз бо сабаби паст будани пардохтпазирии чунин сармоягузориҳо ва хатари баланди аз даст додани маблағҳои гузошташуда бо сабабҳои объективӣ ва субъективии иқтисодиву сиёсӣ ҳатто як бонки маҳаллӣ омода нест, ки ба сайёҳӣ сармоягузорӣ намояд”146. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилӣ, мавсуф зарурати татбиқ сохтани экоризми хориҷиро дар кӯҳистон омили асосии болоравии сатҳи маишиву молиявии сокинон мебинад ва дар ин ҷода бо итминони комил менависад: “Ба табиати Помир ҳануз ҳам таъсири фаъолияти инсон каме таъсир мерасонад ва барои ҳамаи 9 ҷойҳои нотакрор, масалан, 1300 кӯли баландкӯҳ, аз ҷумла кӯлҳои Сарез, Кароқул, пиряхҳои калонтарин ва қуллаҳои кӯҳӣ дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ мавҷуданд (масалан, Қуллаи Исмоили Сомонӣ - 7495 м, пиряхи Федченко (дарозиаш 70 км). Экотуризм имкон медиҳад, ки бо табиати нотакрори Помир чӣ барои сокинони Тоҷикистон ва ҳам барои дигарон ошно шуда, аз зебоиҳову вижагиҳои нотакрори табиати кӯҳистон фараҳ бардоранд”.
Оғоназар Ақназаров аз се навъи табиати кӯҳистон ёдоварӣ мекунад, ки алъон ҳамаи таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба онҳост. Якум, кӯли Сарез аст, ки онро рухдоди таърихии фаромӯшношуда пиндоштаанд. Дувум, Боғи миллӣ ва савум, қаторкӯҳҳои Помир аст, ки дидани онҳо аксар сайёҳони хориҷиро ба Бадахшон раҳнамун сохтааст. Кӯли Сарез дар ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аст, ки баландии ин кӯли табиӣ аз сатҳи баҳр 3300 метрро ташкил медиҳад. Дарозии ин сарбанди табиӣ 62 километр, бараш 3,3 километр ва умқи он то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукааб ва вазни миёнаи он 19 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин сарбанди табиъӣ ба ҷуз дарёи Марғоб 17 дарёи хурд ва 16 дарёи калон ҷорӣ мешавад. Оби зиёдатӣ асосан аз болои сарбанд ҷорӣ мешавад. Ин сарбанди табиӣ соати 23 ва 15 дақиқаи 18 феврали соли 1911 бар асари заминларзаи шадид ва афтидани санг дар дарёи Мурғоб ба вуҷуд омадааст. Дар пайи ин заминларза рустои Осаи Бадахшони Тоҷикистон зери хоку сангу кӯҳпораҳо монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирамард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар зери ярч ҷони худро аз даст доданд. Ҳама ҳайвоноти хонагии онҳо низ нобуд шуданд. Бар асари ин заминларза дар маҷмуъ 105 нафар ҷони худро аз даст доданд. Шиддати дақиқи ин заминларза ҳануз муайян нашудааст. Дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯдхонаи Мурғоб хатари обхезӣ ба деҳаи Сарез ва 3 деҳаи дигар таҳдид кардааст. Сокинони деҳаи Сарез хонаву дарахту боғи худро тарк карда, аз тариқи ноҳияи Мурғоб ба ҳудуди ноҳияи Шуғнон ба деҳаи сарҳадии Бадҷор кӯч бастаанд. Мардуми деҳаҳои поёноби дарёи Мурғоб аз ин офати табиӣ танҳо пас аз 45 рӯз хабардор шуданд. Ба ақидаи аксари ҷуғрофиёшиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои дигар, Сарез ба иқлими на танҳо Помир, балки тамоми Осиёи Марказӣ таъсири куллӣ доштааст. Феълан Сарез бо дарназардошти хатари эҳтимолии он дар гуфтаҳо ва навиштаҷот бештар ба унвони "аждаҳои хуфта" ном бурда мешавад. Зеро донишмандон мегӯянд, дар сурати рахна шудани сарбанди Сарез, ки дар як минтақаи зилзилахез ҷойгир аст, бахше аз манотиқи Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон дар давоми 12 соат зери об мемонад. Ва эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 миллион нафар аз ҷумла сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад. Табиатшиносон хатари эҳтимолии рахна шудани сарбанди Сарезро ба 3 омил марбут медонанд: а) ба вуқуъ омадани заминларза, чунки сабаби нестии ҳар мавҷуде аз табиат ба омилҳои пайдоиши он иртибот доранд, яъне агар кӯли Сарез дар натиҷаи заминларзаи мудҳиш ба вуҷуд омада бошад, пас дар заминаи заминларза боз аз байн меравад; б) баланд шудани сатҳи об, ҳар гаҳе болоравии сатҳи об дар кӯли Сарез мушоҳида шавад, коршиносон ҳатман ҷиҳати ҳастиву нестии он ҳарф мезананд; в) фурӯ рехтани кӯҳпораҳои атроф.
Бадахшонро аслан як боғи миллӣ ва мамнуъгоҳе монанд мекунанд, ки дар шарқи Тоҷикистон воқеъ аст. Бо қадам ба табиати покизаву зебои ин боғи миллӣ ва тамошои мӯъҷизаҳои он, сафари шумо як хотираи дилнишин хоҳад шуд. Он метавонад як макони мувофиқ бо ҳама намуди растаниҳо ва шаклҳои гуногуни табиат бошад. Боғи миллии Помир, ки бо дигар номҳо, аз қабили Боғи миллии тоҷикон низ маъруф аст, соли 1992 милодӣ таъсис ёфтааст, вале аз замонҳои қадим макони зисти ҳайвонот ва мардуми маҳаллӣ буд, ки бо муҳити зисти он созгор буданд. Ин боғи миллӣ дар замони шӯравии собиқ ҳамчун бузургтарин боғи миллии кӯҳӣ низ маъруф буд. Масоҳати Помир ба 1,2 миллион гектар баробар буда, имрӯз онро Боғи миллии Тоҷикистон низ меноманд. Соли 2001 масоҳати он ба 2 миллиону 600 ҳазор гектар расонда шуда, қисматҳои зиёди манотиқи кӯҳистони Помир низ ба он шомил карда шуданд. Соли 2013 ин боғи миллӣ ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд ва сабаби онро метавон андозаи ин боғ арзёбӣ кард. Сабаби дигаре, ки боиси сабти номи ин боғ дар феҳристи ЮНЕСКО шудааст, он аст, ки дар ин боғ ҷонварон ва навъҳои зери хатар ба мисли гӯсфанд ва бабри барфии Марко Поло ба сар мебаранд.
Аз замонҳои қадим ин минтақаро Боми Ҷаҳон мегуфтанд, ки решааш ба забони порсӣ иртибот дорад. Аксари ин минтақа дар кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва қисматҳои дигари он дар Афғонистону Покистон ҷойгир шудаанд. Масоҳати ин куҳҳо қариб 70 ҳазор километри мураббаъ буда, баландии онҳо қариб 4 миллиону чандин ҳазор метр аз сатҳи баҳр буда, бинобар шароити сахти обу ҳаво соле 7 моҳ пурра зимистон мешавад. Дар кӯҳу водиҳо кӯлҳои зиёдеро дидан мумкин аст, аммо мутаассифона, бар асари тағйири иқлим ҳаёти бисёре аз онҳо дар хатар аст, ҳатто баъзе аз кӯлҳои маъруфтарин аз байн рафтаанд. Гуфта мешавад, ки мардуми феълии ду кишвар Ҳинд ва Эрон аз ин минтақа гузашта, ба макони иқоматашон расидаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё