ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...
зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа
САЙРИ МАЪНАВӢ БА НАСРШИНОСӢ
“Як румони хуб ҳақиқатро дар мавриди қаҳрамони худ бозмегӯяд, як румони бад ҳақиқатро дар бораи нависандаи худ ифшо мекунад”.
Гилберт Кит Честертон
Носирҷон Салимӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон чун адабиётшинос, мутарҷим, мунаққид, муҳаққиқ ва таҳлилгари низоми сиёсиест, ки дар такмилу густариши он нақши муассир гузоштааст, аммо бо вуҷуди ин, камина хостем осори илмии номбурдаро дар ин мақолаи андак мавриди баррасӣ қарор диҳем, чунки теъдоди муайяни дастхатҳо ва китобҳои нодири ба арабӣ ифшошуда маҳз бо ибтикори Носирҷон Салимӣ аввалан тарҷима ва баъдан барои доираи васеи хонандагон дастрас гардидааст. Масалан, “Тарҷимаи тафсири Табарӣ”, ки аз ду ҷилд иборат аст, ҷиҳати ошно гардонидани дастхатҳои нодири арабӣ бар муосирин некутарин иқдоми пок буда, барои бедории ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон ва боло бурдани сатҳи ҷаҳонбинии илмии муосирин беҳтарин армуғон маҳсуб мешавад. Сабаб чист, ки аҳли Хуросон ба тарҷимаи тафсири Қуръон ниёз доштанд? Ба андешаи Н. Салимӣ, омили ба тарҷима даст доштани донишмандон ин аст, ки дар минтақа аксар одамон арабиро намедонистанд ва барои фаҳм кардани он низ иқдом наменамуданд, чунки арабӣ барои онҳо забони ғосиб маҳсуб мешуд. Гузашта аз ин, забони расмии салотини Сомонӣ порсӣ буд ва маҳз ҳамин омил сабаби таваҷҷуҳ надоштани мардум ба арабӣ мегардид. Мавсуф ба тарҷимаи осори ниёгон пардохтани доноёни вақтро дар дастури подшоҳони хонадони Сомонӣ дидааст: “Наҳзати тарҷима, ки бо дастур ва пуштибонии амирони фарзонаи сомонӣ ривоҷу равнақ ёфт, аз омилҳои бисёр муҳим ва дар заминасози қиёмҳои фарҳангию маънавии асри 10 буд ва дар пайрезии суннатҳои нигориши анвои гуногуни наср нақши вижае дошт. Кофист, ки аз тарҷимаҳои мансури “Калила ва Димна”, “Синдбоднома”, ки дар таҳрири қадим маҳфуз намонда ва тарҷимаи “Таърихи Табарӣ” ёдовар бишавем, ки дар баробари истеҳкоми пояҳои насри форсӣ-тоҷикӣ барои тарҳрезии қолабҳои жанрӣ ва меъёрҳои нигориши он роҳро ҳамвор сохт” [2, с. 73]. Аммо масъалаи ба тарҷима иртиботдоштаро канор гузошта, бо нияти дертар ба он пардохтан алҳол вокуниши ақвоми ориётаборро алайҳи ислом баррасӣ мекунем. Носирҷон Салимӣ дар монографияе таҳти унвони “Адабиёти давраи Сомониён” бартарии ҳувияти фарҳангии ориёиро бар аъроб ва боқимонда ақвоми бадавӣ иқрор мекунад, аммо мутмаин аст, ки фарҳанги ғолиб дар муқобили фарҳанги нави ҷаҳонӣ ҷиҳати рушди минбаъда имкон надошт. Лозим ба ёдоварист, ки соҳиби “Муқаддима” ва поягузори илми ҷомеашиносии ҷаҳонӣ Ибни Халдун зимни баррасиҳои фарҳангҳо ба як фикри саҳеҳ омадааст. Яъне, араб, ки бадавӣ буд, бидуни роҳандозӣ шудани аҳкоми динӣ ҳукумат карда наметавонист ва бунёди “хилофат” – у “аморат” барои онҳо бобати ғасби кишварҳо мусоид буд. Ибни Халдун муътақид аст, ки майл ба дунявият низ маҳсули тамаддун ва шаҳрнишинист, аммо ҳаёти бадавӣ инзиворо эҷод мекунад. Мавсуф ҷиҳати тафовут байни ду тарзи зиндагӣ ба таҳқиқ пардохта, оқибат ба хулосае меояд, ки башар аз табиати худ канор рафта, тобеъ аз одоту маънавиёти хеш қарор мегирад: “Инсон сохта ва фарзанди одоту маънавиёти худ мебошад, на фарзанди табиату мизоҷи хеш” [1, с. 307]. Ба пиндори номбурда, афроди соҳибтамаддун мисли чаҳорпоёни ромгардида ҳастанд ва чун бадавии ваҳшӣ ба шаҳрнишинӣ хӯ гирад, монанд ба ҳамон сутуроне хоҳад шуд, ки башар онҳоро хонагӣ кардааст. Тозагии дигар, ки дар андешаҳои Ибни Халдун мушоҳида мешаванд, аз лаёқати ирсии миллатҳо дар умури идораи давлат мебошад ва муаллифи “Муқаддима” муътақид аст, ки барои тозиён кишвардорӣ фақат ба шеваи динӣ аз қабили паёмбарӣ ҳосил мешавад, аммо тоҷикон агар кишвардориро бо усули дину вижагиҳои мазҳабӣ роҳандозӣ кунанд, ба нокомиҳо мубтало хоҳанд шуд ва ин омилро мо дар гузашта ва имрӯзи тоҷикон мушоҳида мекунем, чунки онҳо аз аҳди бостон ба авомили дунявӣ мусоидат доштанд ва агар дар кишвардории онҳо андаке гироиш ба аҳкоми динӣ содир гардад, бегуфтугӯ қудратро бо ду дасти адаб ба ғайри худ вомегузоранд ва он одат ҳануз аз замони Исмоили Сомонӣ побарҷост, ки номбурда аз ҳисоби тангчашмони асир сипоҳ оросту сабаби аз байн рафтани қудрати сиёсӣ шуд. Назарияи “асабият”, ки Ибни Халдун дар “Муқаддима” баён намудааст, назарияи ҳувият аст ва ҷиҳати роҳандозӣ шудани рушди фикрии муслимин ва ғайри онҳо баҳс менамояд. Бархе аз муҳаққиқин назарияи мазкурро “таассуб” пиндоштаанд, вале бо гумони ғолиб метавон гуфт, ки назарияи “асабият” – и Ибни Халдун вижагиҳои ҳувияти фарҳангиро дар замони мудерн дар бар мегирад. Ҳамчунин, ба таъбири Ибни Халдун, ҷаҳонишавӣ ҷаҳонгушоист ва ин масъала дар китоби якуми “Муқаддима” мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ба қавли мавсуф, бодиянишинро табиати бадавӣ ва иқлими хоси саҳронишинӣ тобовар ба гуруснагӣ карда, андаруни ӯ қаноатро эҷод намудааст: “Бодиянишинон ва ҳам шаҳрнишиноне, ки дар мазиқаву хушунат мезиянд ва аз шаҳавоту хушгузарониҳо дурӣ меҷӯянд, нисбат ба онон, ки ғарқи нозу неъматанд, диндортаранд ва ба ибодат бештар руй меоваранд, балки мушоҳида мекунем, ки аҳли дин дар шаҳрҳо ва амокини пурҷамъият андаканд” [1, с. 244]. Яъне, шаҳрҳо ва дигар марокизи тамаддунӣ дар тафаккури дунявӣ перостаанд ва муҳити он ҷо ҷиҳати эҳёи фикри динӣ созгор нест, чунки фикри динӣ ғолибан, дар перояи қаноат, таассуб ва канор рафтан аз хушиҳои инҷаҳон зуҳур карда, оқибат хилватгузинӣ ва тарки ҷамъиятро василаи иртибот бо Холиқ медонад. Ин монандиро дар табиат низ мушоҳида мекунем. Масалан, пингвинҳои Антарктида бинобар сармои шадид ончунон муттаҳиданд, ки байнашон ихтилоф ҷустан аз ҳамоқат мебошад, аммо уқоб, ки ниёз ба ҷамъи ҳамнавъон надорад, аз дигар ҳамнавъонаш канор рафта, фаъолияти хешро дар танҳоӣ созмон додааст.
Носирҷон Салимӣ ин бархурдҳои фарҳангиро дар заминаи зӯроварии хос ба қавми саҳронишин чунин ба қалам овардааст: “Арабҳо бар замми васоити мухталифи зӯроварӣ роҳи фишори иқтисодиро ҳам пеш гирифтанд. Касе исломро қабул намекард, бояд ҷизя ва хироҷ медод. Ин қисм рӯҳониёни зардуштию адёни дигар ва аҳли хонадонҳои қадимӣ буданд, ки ба ин восита русум ва фарҳанги ниёгони худро маҳфуз медоштанд. Бо ҳиммати пешвоён ва рӯҳониёни ин табақа дар ду-се асри аввали исломият тадвину ҷамъоварии ахбори қадим, таълифи китоби мазҳабӣ ва тадорукоти дигар дар ин замина идома ёфт, ки намунаи то ба имрӯз расидани онҳо дар ҳамон замон таълиф шудааст” [2, с. 33]. Гузашта аз ин, Носирҷон Салимӣ ба ҳайси адабиётшинос мутмаин аст, ки омили асли зуҳур ва паҳн гардидани наҳзати шуубия маҳз таассуб ва нобаробарии иҷтимоӣ будааст. Ҳамчунин, ниёгони мо он ҳангом диданд, ки таассубу зӯргӯиву зӯроварӣ ғолиб аст, осори паҳлавиро бо лисони бадавиҳоким тарҷима карданд ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон теъдоди муайяни ашхоси мутарҷимро ёдоварӣ мекунад, ки ҷиҳати ҳифзи мероси хаттии ниёгон ба ин кор даст бурдаанд. Махсусан, ба қавли номбурда машҳуртарин тарҷумони осори паҳлавӣ он вақт Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ (Рӯзбеҳ писари Додуя), хонадони Навбахтиҳо, писарони Холид – Мусо ва Юсуф, Алӣ ибни Зиёди Тамимӣ, Ҳасан ибни Саҳл, Аҳмади Балозурӣ, Исҳоқ ибни Язид, Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ буданд, ки тавассути тарҷимаи осори ориёиҳои қадим фикри навро дар миёни муслимини садри ислом эҷод намуданд ва таносуби дунёву охиратро бо дарназардошти андешаи ориёиҳои аҳди бостон нигаҳ доштанд, вагарна фикри сомӣ дар тамаддуну тафаккури исломӣ ҷой гирифта, маслаке чун масеҳӣ аз ислом бунёд мегашту солиси салоса аз дини тарсо ба ислом интиқол меёфт. Аз ҷониби дигар, тарҷимаҳои асарҳое чун “Худойнома”, “Корномаи Ардашери Пупак”, “Ёдгори Зарирон”, “Менуи хирад” ва қабл аз ҳама “Абасто”, ки дигарбора дар замони ғасбкориҳои арабҳо сӯзонида шуд, эҳёи фикри миллиро дар тоҷикон ба вуҷуд овард ва месазад ин андеша изҳор шавад, ки то кунун андешаҳои ориёӣ байни тоҷикон тавассути ҳамин тарҷимаҳо боқӣ мондаанд. Ғайр аз ин, бо кумаки эрониҳо насри арабӣ тавлид ёфт, агарчи муҳаққиқ бар ин бовар аст, ки то ғасбкориҳои араб ду навъи наср мавҷуд будааст: “Бино ба таъйиди донишманди эронӣ Муҳаммади Муҳаммадӣ дар ҷомеаи тоисломии аъроб ну навъи наср мутадовил буд: яке насри мусаҷҷаъ ва дигар насри содда... аммо насри ҳирфаии арабӣ дар садаҳои VII ва VIII ба вуҷуд омад, ки бунёдгузорони он нависандагони ориётабор Абдулҳамиди Котиб ва Ибни Муқаффаъ эътироф шудаанд”. Носирҷон Салимӣ таваҷҷуҳро ба Ибни Муқаффаъ кам накарда, бо дарназардошти сарчашмаҳои арабиву порсӣ исбот менамояд, ки анвои насри муосирро мавсуф эҷод карда, алъон онро насри мурсал пиндоштаанд: “Насри Ибни Муқаффаъро, дар он ҳусн ва матонати калом дар мавқеъи мувофиқи қавоиди дастурӣ қарор дорад, насри мурсал мавсум кардаанд. Ҷолиб ин аст, ки тамоми осори Ибни Муқаффаъ ба як сабк ва ба як дастуру тартиб иншо шудааст... шеваи нигориши Ибни Муқаффаъ бо он тафовут мекунад, ки ӯ дар ироаи мазмун ва сабки иншо комилан мустақил буда, андешаи суханвариаш ҷомеътар аз гуфтори дигарон аст, ки он хоси балоғати сухан, инсиҷоми маънӣ ва камоли ҳунару андешаи ӯст”.
Дигар аз андешамандони неруманди порсизабону ориёиасл Бӯалии Синост, ки як рисолаи ӯро бо унвонии “Ҳай ибни Яқзон” Носирҷон Салимӣ ёдовар шуда, сабки нигоришро дар ин рисола муҳаққиқ мешавад, аммо насри фалсафии мансуб ба Бӯалӣ Сино дар таълифоти тиббӣ чашмрас мебошад ва муҳаққиқ дар ин маврид иктифо намудааст: “Забон ва тариқи андешаи муаллиф дар қиссаи “Ҳай ибни Яқзон” бо вуҷуди мазмуни ирфонии он бо оҳанг ва равиши фалсафии ироаи матлаб тафовут мекунад. Қиссаи мазкур аввалин осорест, ки дар он сайри ақл сурати воқеъии рамзӣ гирифтааст”.
Ба қавли адабиётшинос, насре, ки дар таълифи “Осору-л-боқия” мушоҳида мекунем, насри илмӣ аст ва Абурайҳони Берунӣ аз соири пажӯҳандагон чӣ дар гузашта ва чӣ дар оянда ба тафаккури илмӣ беш аз дигарон наздикӣ доштааст. Аммо академик Носирҷон Салимӣ дар вазифаҳоли масъули давлатӣ муваззаф гардида, риояи қатъии қонуни меҳнат ва меъёрҳои адабиро аз зердастон талаб менамудаанд. Ба вижа, надонистани хатти арабӣ ва мутолиа карда натавонистани настаълиқ барои ӯ ҷанбаи манфии омӯзгорон ва олимони кафедраи “Назарияи адабиёт” буд. Бинобар ин, ҷиҳати дастрас намудани дастхатҳои нодир ба шаҳрвандон тарҷима ва баргардонии матнро аз инсоне, ки хешро донишманд маҳсуб медонист, иқтизо дошт. Махсусан, зимни роҳбарӣ доштан дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Носирҷон Салимӣ ҷиҳати фаро гирифтани хат даъват менамуд, чунки бо иллати надонистан мо наметавонем чизеро баҳогузорӣ кунем, агар онро надонем ва маҳз ҳамин надонистан, ки вижагиии аслии ҳувияти фарҳангии дилхоҳ ҷомеа дар замони постмодернизм гардидааст, моро ба нохудогоҳӣ даъват мекунад.
Дар интернет мавриди фаъолияти академик Носирҷон Салимӣ суханҳои умумӣ бисёранд, аммо ин матлаби зер моро хуш омад ва онро хостем дар маърази пажӯҳиши хонандагон қарор диҳем: “Дар маҷмӯаҳои илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳои ватанию хориҷӣ бештар аз 200 мақолаи мавсуф роҷеъ ба масъалаҳои муҳими таърихи адабиёти тоҷик, хоса тадқиқи вижагиҳои услубӣ ва махсусияти анвоъи мутадовили насри классикии форсу тоҷик, инчунин нақду баррасии насри муосир ва амсоли он ба табъ расидаанд. Дар нашри ёдгориҳои хаттии асрҳои миёна, аз ҷумла “Ҳазору як шаб” (ҷилдҳои 1-2), “Сомониён дар оинаи таърих”, “Шукӯҳи наср дар аҳди Сомониён” (дар ду ҷилд), “Сафарнома”-и Носири Хусрав, “Тарҷумаи тафсири Табарӣ” нақши муҳим гузоштааст. Зери раҳнамоии Носирҷон Юсуфзода тӯли солҳои 2008-2009 дар ду муҷаллад ”Донишномаи Сомониён” таҳия ва ба дасти чоп расид, ки зиёда аз 2 ҳазор мақолоти марбут ба таъриху фарҳанг, адабиёт, ҷуғрофиё ва мазҳабу ирфонро дар ин аҳди шукӯҳманди таърихӣ фаро мегирад. Осори нависандагони рус ва булғорро бо номҳои “Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст” ва “Ҳикояҳои А.П.Чехов”-ро тарҷума намудааст. Ҳамчун сарвари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Носирҷон Юсуфзода дар таҳкими пояҳои моддиву техникии раванди таълим ва тадқиқоти илмӣ, тарбияи кадрҳои илмиву омӯзгории соҳибунвон, бунёди маҷмааи варзишии “Хуррамшаҳр”, такмили сохтмони бинои таълимӣ, бо манзил таъмин намудани устодон, тармиму таҷдиди хобгоҳҳои донишҷӯён саҳми бориз гузоштааст. Дар канори ин, дар бунёди бинои нави китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нахустин сарвари он нақши назаррас дорад. Бо раҳнамоии Носирҷон Юсуфзода то кунун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чандин осори адабиву таърихномаҳо ба дасти чоп расидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ, “Сабкшиносӣ”-и Муҳаммадтақии Баҳор, китобшиносии “Наврӯз” ва амсоли ин мебошанд”.
Фаъолияти Носирҷон Салимӣ дар Донишгоҳи Хуҷанд, Донишкадаи давлатии забонҳо, Китобхонаи миллӣ ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ гувоҳ аст, ки академик ба ҳайси роҳбар зердастонро ба фарогирии мавод ва мероси гаронбаҳои хаттӣ даъват менамудааст. Дар ҳамин замина низ китоби басе муфид бо унвонии “Тарҷимаи тафсири Табарӣ” ҳам баргардон шуда, сипас дар нашрияи “Нури маърифат” нашр гардидааст. Дигар китобе, ки ҳар як адабиётшинос онро бояд мутолиа карда, дар заминаи донишҳои луғавӣ мақола ва монографияҳояшро такмили матнӣ бинмояд, албатта “Сабкшиносӣ” аст, ки муаллифи он муҳаққиқ, шоир ва нависандаи номовар Маликушшуаро Муҳаммадтақии Баҳор ҳастанд ва донишҳои мухталиф, ки дар китоби мазкур матраҳ мешавад, на танҳо афзояндаи хирад, балки сатҳи олии ҷаҳонбинии илмиро баррасӣ мекунад. Бинобар ин, баргардон шудани ин китоб бо дастури Носирҷон Салимӣ айни муддао буда, дастрасиаш ба аксар ҳаводорони илму адаби порсӣ аллакай хушхабар аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё