ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...
зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа
ИҚТИСОД МИЁНАРАВӢ АСТ
“Се чиз миллатро бузургу обод мекунад: хоки ҳосилхез, саноати фаъол ва сабукии рафту омади мардум ва колоҳо”.
Фрэнсис Бэкон Иқтисод чист ва ин калидвожа ба кадомин забони ҷаҳонӣ марбут аст? Зимни посух ёфтан ба суоли матраҳ ба маънии луғавии иқтисод мутаваҷҷеҳ бошед: иқтисод чун вожаи арабӣ ба маънии миёнаравӣ далолат мекунад, аммо ҳадафи инҷониб аз баррасии номвожаҳо таҳқиқи осори илмии яке аз нерӯмандтарин донишмандони иқтисодшиноси ҷомеаи Тоҷикистон академики АМИТ, доктори улуми иқтисодиёт, профессор Нуриддин Қаюмов аст ва гумон меравад, ки дар муҳити илмии кишварамон номбурда сазовори эҳтирому истиқболи ҳамкасбон гардидааст. Мавсуф ҳануз дар замони Шӯравӣ илми иқтисодро аз дидгоҳи болшевизм мавриди баррасӣ қарор дода, зимни фаъолияти хеш дар даврони соҳибистиқлолӣ ба табодули фикрӣ роҳ надодааст, агарчи аксар дидгоҳҳои ба истилоҳи маъруф дар он давра мамнуъро муҳаққиқ шуда, илмро бо дарназардошти улуми муосир, ба вижа навоварии постмудернизми аврупоӣ баррасӣ намудааст. Номбурда дар вазифаҳои гуногун шуғл варзида, махсусан, дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон яке аз чеҳраҳои маъруф ва аз зумраи риҷоли номовар пазируфта мешавад. Фақат вазифаҳо ин ақидаро исбот мекунанд: Мудири бахш, мудири шуъба, муовини директори Институти иқтисодиётиАкадемияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1970-1981), директори Институти иқтисодиёт ва усулҳои иқтисодиву математикии банақшагирӣ бо Маркази ҳисоби Госплани Ҷумҳурии Тоҷикистон (1981-1993), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ (1994), директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-1997), муовини вазири иқтисод ва робитаҳои берунии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998-2001), директори Институти таҳқиқоти иқтисодии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2009).
Дар ибтидои солҳои 90-ум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ташаккули иқтисоди бозориро муайян карда буд. Дар амалияи ҷаҳонӣ аллакай мисолҳои ба иқтисоди бозорӣ табдил додани иқтисоди нақшавӣ, масалан, дар Ҷумҳурии Халқии Чин ва кишварҳои шарқи аврупоӣ мавҷуданд. Вале бояд қайд кард, ки мамлакатҳои дорои иқтисодиёти дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ шароити ибтидоии гуногун доштанд. Илми иқтисодӣ асосан назарияи баробарсозии буҳронҳои иқтисоди бозорӣ ва идоракунии хоҷагии халқро дар бозори муқарраршуда таҳия кардааст, на дар давраи гузариш. Бо дарназардошти гуфтаҳои дар боло зикршуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи гузариши ташаккули муносибатҳои бозорӣ, сарфи назар аз он, ки бисёр дигаргуниҳои институтсионалӣ дар кишварҳои дар ҳоли гузариш ба ҳам монанданд, хусусиятҳои худро дорад. Маҳз дар ибтидои давраи гузариш дар байни олимони иқтисодшинос чунин ақида ҳукмфармо буд, ки гӯё вайрон кардани механизмҳои назорат ба системаи маъмурию нақшасозии панҷсола барои ба амал баровардани тадбирҳои стандартии ба эътидол овардани иқтисодиёт, хусусигардонии қисми зиёди давлат кифоя аст. Аммо давлат институтҳои кӯҳнаро дар як муддати кӯтоҳ барҳам дода, шароитеро фароҳам наовард, ки барои рушди устувори иқтисодиёт дар давраи гузариш кафолат дода шавад. Китоби академик Нуриддин Қаюмов таҳти унвони “Глобализатсияи иқтисодиёт ва равобити байналмилалии иқтисодии Тоҷикистон”117, ки бо ҳаммуалифии Умаров Х.У. ба табъ расидааст, мавзӯи мазкурро ҳадалимкон мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дидгоҳи ҷаҳонишавии иқтисодӣ тибқи баҳогузории ихтисосӣ раванди мазкурро ба нафъи кишварҳои тавсеаёфта баррасӣ мекунад ва ин ҷо зарур донистем, ки фикри пажӯҳишгарони иқтисодро матраҳ намоем: “Аввалан, дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ тавзеҳи муҷаддади манобеъи тавлид ба нафъи кишварҳои тавсеаёфта сурат мегирад ва ноҳамворӣ дар сатҳи тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии байни гурӯҳҳои фардии кишварҳо, ба вижа кишварҳои рӯниҳода ба инкишоф мушоҳида мешавад. Ҷаҳонишавӣ, бар хилофи равандҳои идғоми иқтисоди сусиёлистии байналмилалӣ, ки замоне иттифоқ уфтод, ба маънои яксонсозии сатҳи тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии фардӣ ё гурӯҳе аз кишварҳо нест. Сониян, вобастагии мутақобили иқтисодии байни кишварҳо дар миқёси ҷаҳонӣ ба таври чашмгире мизони осебпазири ҳар як аз онҳоро афзоиш медиҳад. Буҳрони иқтисодии марбут ба қитъаи Осиё дар санаи 1998 ва соири буҳронҳои сохторӣ бар дараҷаи афзояндаи осебпазирӣ маҳсуб мешавад. Солисан, дар натиҷаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ба вижа, озодсозӣ дар иқтисод асарбахши механизмҳои танзими давлатии иқтисоди эҷодшуда тайи даҳсолаҳо рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Давлатҳои миллӣ рӯз аз рӯз дар ҳоли мушкилилоти ҷиддӣ зимни тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нотавон мешаванд”118. Саҳеҳтар агар ин масъалаҳоро пажӯҳиш кунем, бегуфтугӯ чунин хулоса пайдо мегардад: Дар замони Шӯравӣ ва тадвини иқтисоди сусиёлистӣ шакли идғоми моликияти хусусӣ бар иқтисоди бозорӣ рақиб буд ва рақобати иқтисоди нақшавӣ бо ғайри худ дилхоҳ натиҷаро ба бор меовард. Шояд ҳамин омили рақобатпазирии ду навъи ҷаҳонбинии иқтисодӣ боис гардид, ки ислоҳоти иқтисодии камназир чун рейганомика ва тетчеризм нақши бағоят тавсеакунандаро дар кишварҳои ҷудогона иҷро кунад, аммо идғоми иқтисоди нақшавии хос ба кишварҳои пасошӯравӣ бо дарназардошти таҳмили раванди ҷаҳонисозии иқтисодӣ рушди кишварҳои рӯниҳода ба тарраққиро боздошту онҳоро бо давлатҳои тавсеаёфта мутамоил сохт. Бинобар ин, алҳол кишварҳои рӯ ба инкишоф аз бисёр ҷиҳат пойбанд аз давлатҳои рушдкарда мебошанд ва созмонҳои ҷаҳонии иқтисодӣ бар манфиати онҳо фаъол ҳастанд, яъне таҳқиқи ҷаҳонишавии иқтисодӣ нишон медиҳад, ки раванди мазкур лағви заминаҳои рушд барои кишварҳои рӯ ба инкишоф маҳсуб мешавад. Минҷумла, Созмони ҷаҳонии Савдо ва муқаррароте, ки зимни шомилшавии давлатҳо ин созмон тарҳрезӣ намудааст. Яке аз пажӯҳишгарони созмони мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Нуриддин Қаюмов дониста мешавад. Ба қавли номбурда, барои кишваре, ки арзиши бағоят пасти қувваи коргариро дорост ва илова бар он, он ҷо ки масоили ҷалби инвеститсия дар сатҳи пасттар баррасӣ мешавад, шомилшавӣ ба Созмони Ҷаҳонии Савдо аҳамияти рушди тадриҷии иқтисодиро фароҳам меорад. Бинобар ин, академик Қаюмов бисёр талош меварзид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони мутазаккир шомил гардад. Номбурда бобати шомилгардии кишварҳои рӯ ба инкишоф ба ин созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ таваққуф карда, фикр мекунад, ки дар сурати шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш бештари масъалаҳои иқтисодӣ ҳали хешро меёбанд: “Шаке нест, ки бо илҳоқи камубеш ва ҳамзамон шомилшавии Тоҷикистону ҳамсоягонаш ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат истифода аз обзорҳои зотии ин созмон имкони ҳали масоили васетаре пайдо мешаванд, ки дорои аҳамияти минтақавӣ ҳастанд”119. Аммо тарзи сохтор ва роҳҳои татбиқи афкори глобализатсияи қудрат дар замони мо суду зиёнро бо ҳам тавъам сохтааст ва ҳар гуна фоида, ки аз табодули иртиботӣ бо равандҳои сатҳи ҷаҳонӣ дастрас мешаванд, оқибат дар зиёни кишварҳои рӯ ба инкишоф матраҳ мегарданд ва дар ин маврид лоиҳаҳо гувоҳ ҳастанд, ки ҳар гуна кумакро бо дарназардошти ҳаҷми фоида аз нигоҳи ҳадафҳои геосиёсӣ мавриди таҳмил ва интиқол қарор медиҳанд. Чунки сарнавишти дилҳоҳ минтақа ва миллат дар замони муосир аз дидгоҳи ҷаҳонисозӣ баррасӣ шуда, лағви рушди иқтисодӣ ва рафъи суботи сиёсии дилхоҳ кишвари рӯ ба инкишоф дар пояи ормонҳои ҷаҳонисозӣ мутаҷҷаддид аст ва ин ақидаро метавон дар иқдомҳое мушоҳида кард, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Белорус, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ду соли охир дар мисоли тазоҳурот ва роҳандозӣ шудани кирдорҳои террористӣ татбиқ намуданд.
Дар кишварҳои гуногун барои танзими ҳам истеҳсолот ва ҳам рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва ҳам ҷараёни моддӣ ва молиявӣ, нархҳо, шартҳои савдо ва хизматрасонии бонкӣ, пайвастани мустақилияти иқтисодӣ, ташаббус ва соҳибкорӣ бо танзими давлатӣ усулҳои гуногуни аз таҷриба санҷидашуда интихоб карда шудаанд. Муҳим аст, ки ин гуна усулҳо бо дарназардошти вазифаҳо ва шароити нави тараққии тамоми иқтисоди мамлакат мунтазам нав карда шаванд ва такмил дода шаванд. Дар ин вазъият на дар асоси муқобилияти онҳо, балки бо роҳи ба ҳам пайвастан самарабахш истифода бурдани низоми нақшавии роҳандозӣ шудани иқтисод ва бозорро таъмин кардан мумкин аст.
Агар мо бо дарназардошти пазироии низоми иқтисоди бозорӣ ва такмили савдо ба мавқеи кишварҳои рӯ ба инкишоф назар афканем, ғолибан онҳо чун содиркунандаи маводи коркарднашуда ва ҳануз ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун ниёздошта муаррифӣ мешаванд. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз ҳама ба истеҳсоли нахи пунба машғул аст, аммо чунин мавод бидуни қарор доштан дар истеҳсоли ашё баррасӣ шуда, дар шакли ҷамъоварии аввалиндараҷа ба хориҷ аз кишвар содир мегардад. Ҳамчунин, маҳсулоти кишоварзӣ дар мисоли меваҷот ва амсоли онҳо бидуни коркарди аввалия ба кишварҳои дигар содир карда шуда, бо дарназардошти сатҳи муомилоти байналмилалӣ чунин табодулоти иқтисодӣ ҳануз тавсеа ва рушди низоми муайяни иқтисодӣ намебошад. Гузашта аз ин, набудани ҷойҳои корӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба шуғл дар кишварҳои рӯ ба инкишоф мушкилоти интиқоли нерӯҳои коргариро ба дигар кишварҳо ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, суоли матраҳ зимни баррасии иқтисоди миллӣ ба парвариш, ҷамъоварӣ ва истеҳсолу содироти пунба тааллуқ дошта, моро аз он сабаб нигарон месозад, ки чаро дар аҳди Шӯроҳо фақат бахши пунба кишвари моро аз фақр раҳо мекарду ҳамакнун, дар замони соҳибистиқлолӣ на? Академик Қаюмов чунин меандашад, ки шомилшавии гурӯҳи давлатҳо ба СҶС, ки ғолибан, истеҳсолкунандаи пунба маҳсуб мешаванд ва Тоҷикистон низ дар сафи онҳост, кишварҳои мазкурро дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир намесозад ва маҳз ҳамин омил онҳоро дар бозори ҷаҳонӣ лағв хоҳад кард. Сармояи сатҳи ҷаҳонӣ бештар дар марзҳои иқтисодие будубош мекунад, ки он ҷо нахи пахтаи сифатан ҷавобгӯ ба меъёрҳои истондартҳои ҷаҳонӣ коркард ва истеҳсол мешавад. Аммо рушди ҳангуфти башарият дар авохири садаи XX ва авоили қарни XXI таваҷҷуҳи дилхоҳ давлатҳоро ба фановарии муосир ҷалб намудааст. Бобати рӯоварии кишварҳои тавсеаёфта ва ҳамакнун рӯ ба инкишоф дар тавзеҳи академик Нуриддин Қаюмов чунин аст: “Ҳамонтур, ки машҳур аст, беш аз 80 фисади аз тавлиди маҳсулоти илмии фишурда дар ҷаҳон дар ҳоли ҳозир ширкатҳои мутааллиқ ба иттилоотиву коммуникатсионӣ мутамарказ аст. Бо ин аҳвол, моҳияти “инфиҷорӣ”-и густариши фановариҳои иттилоотиву иртиботӣ огоҳии умумиро дар сартосари ҷаҳон ба нафъи муаррифии ин фановариҳо дар тамоми арсаҳои зиндагӣ афзоиш додааст. Ниҳодҳои давлатӣ ва умумииҷтимоӣ муаррифии густурдаи ин қабил фановариро роҳи мустақим барои раҳоӣ аз фақр ва ҷубронҳои сохторӣ ва амсолашон медонистанд”120. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози арзиши қувваҳои коргарӣ дар ҳудуди пасошӯравӣ ҷои аввалро соҳибӣ мекунад ва воқеан, нерӯи кории мамлакат дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя ва дур камарзиш арзёбӣ гардида, ҳамин омил онро дар кишварҳои тавсеаёфта соҳибтаваҷҷуҳ сохтааст. Сафи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳадди ним миллионро гузаштааст ва агарчи маблағҳои мусоидаткунанда аз хориҷ ба мамлакат ворид мешавад, аммо ин нерӯҳои корӣ агар дар дохили кишвар мавриди истифода қарор мегирифтанд, авлотар мебуд. Чунки тибқи глобализатсияи иқтисоди кишварҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: тавсеаёфта ва рӯ ба инкишоф, лекин рақобати онҳо бар нафъи гурӯҳи аввалия анҷом ёфта, оқибат кишварҳои рӯ ба инкишоф мавзеи гардиши сармояи онҳо хоҳад буд. Бинобар ин, сармоядор дар кишварҳои рӯ ба инкишоф маҳсулотро бидуни коркард ба кишварҳои тавсеаёфта бо арзиши барояш номусоид содир мекунад ва ин маҳсулот, ки ғолибан, кишоварзӣ ҳастанд, монанд ба қувваи корӣ низ камарзиш мебошанд ва ҷиҳати таҳияи фоидаи назаррас аз сармояи мутазаккир чандон комёб намешаванд. Ба ҳамин монанд рақобатҳо дар самти сиёсӣ мушоҳида мешавад ва кишварҳои тавсеаёфта бештар инқилобҳо ва дигар шаклҳои табадуллоти давлатиро ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ интиқол медиҳанд, ки ҳодисаҳои ахири Қазоқистон, Белорус ва Тоҷикистон ин андешаро исбот мекунанд. Ба ибораи дигар, ҷаҳонишавии иқтисод айни замон рукни ҷаҳонисозӣ аст, ки саҳеҳан, ғалабаи қудратҳои ҷаҳониро ба қудратҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ таъмин месозад. Масалан, бидуни роҳҳои муосири байналмилалӣ идғоми иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ номумкин аст, вале чун масъалаи татбиқсозии ҳадафҳои геосиёсӣ матраҳ мешавад, ашхоси ҳавасмандшуда ин роҳҳои байналмилалиро мебанданд ва дар минбарҳои созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷои интиқод аз чунин кирдорҳо боз ононро имкон медиҳанд, ки роҳбандиро идома диҳанд. Барои исботи ин фикр беҳтарин далел бастани роҳи байналмилалии Душанбе- Кулма дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ аз ҷониби гурӯҳҳои иртиҷоии ҳавасмандгардида маҳсуб мешавад.
Дигар вижагиҳои рақобати иқтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ воридшавии маҳсулоти қочоқ мебошад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз истиқлолият ба вуқуъ пайвастааст. Инсон низ қочоқ мешавад ва ин намуди интиқол ҳангоми гузариш аз як низом ба низоми дигари сиёсӣ пайдо мегардад. Имрӯз қочоқи занон ба кишварҳои мусалмоннишини нимҷазираи Арабистон ва мардон ба ин минтақа беш аз пеш мушоҳида мешавад ва ҷиҳати афзудани қочоқи одамон аз як мавзеъ ба мавзеи дигар кишварҳои шомил ба созмонҳои ҷаҳонӣ кумак мекунанд. Ба қавли академик Нуриддин Қаюмов қочоқи инсон дар Тоҷикистон дар солҳои ҷанги дохилӣ , ки аз хориҷ таҳмил шуда буд, оғоз гардидааст: “Аз бисёре аз
рустоҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон гузоришҳое аз ҷавононе вуҷуд доранд, ки чанд сол пеш барои касби кор ва дастрасии шуғл ба кишварҳои дигар рафта ва бидуни ҳеҷ иртиботе нопадид шудаанд ва хонаводаҳои онҳо аз сарнавишти онҳо иттилое надоранд. Мо дар мавриди садҳо нафар суҳбат мекунем, ба вижа, касоне ки дар натиҷаи ҷустуҷӯи тӯлонӣ ва номуваффақ барои дарёфти ҷойҳои корӣ аз назари шахсӣ рӯ ба таназзул ниҳодаанд”121. Ба андешаи академик, нахустомили қочоқи одамон, маводи мухаддир ва пеш аз ҳама интиқоли ришваситонӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ фақр маҳсуб мешавад. Ҳангоми гузариши ин кишварҳо ба низоми иқтисоди бозорӣ ва тақвият пазируфтани моликияти хусусӣ дар иҷтимоъ гурӯҳи кучак бо дастрасии сарчашмаи иқтидори молиявӣ сармоядор гардиданд ва аксарият ба фақр ғутида, ҷиҳати раҳоӣ аз он ба интиқоли қочоқ аз хориҷи мамлакат мусоидат намуданд. Бинобар ин, айни замон кишварҳои пасошӯравӣ бо вуҷуди таъсис ёфтани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё худ муштаракулманофеъ бештар мавриди ҳамлаи иқтисодии кишварҳои тавсеаёфта қарор гирифта, пасон партовҳои фарҳанги ғолиб, ки ғарби Аврупо маҳсуб мешавад, ба ҳамин ҳудуди мутазаккир таҳмил мегарданд.
Дар дунёи мудерн чандин мудели аслӣ барои тавсеаи иқтисоди бозорӣ вуҷуд дорад, аммо ҳамаи онҳо ба сармоягузории озод ва нерӯҳои рақобат асос ёфта, ҷиҳати паҳн намудани қудрати воҳид сахткӯшанд. Бинобар ин, зимни воридшавӣ ба низоми иқтисоди бозорӣ набояд фаромӯш кард, ки давлат ҷиҳати рақобати сатҳи ҷаҳонӣ бояд ба таҳияи саноати фаъол гузарад, чунки дар ҳоли ҳозир фақат саноат кишварҳоро рақобатпазир месозад. Ду низоми иқтисодӣ, ки дар садаи гузашта вуҷуд доштанд, бозорҳои ҷаҳонии худро таъсис дода буданд ва новобаста аз тақвият доштани аграрӣ дилхоҳ давлатҳо дар он бозорҳо мавқеъ доштанд, аммо дар баробари барҳам хӯрдани иқтисоди нақшавӣ аксар давлатҳои пасошӯравӣ бидуни бозор қарор ёфта, масъалаи таҳияи иқтисоди бозорӣ барояшон ба вуқуъ пайваст. Аммо дар чунин низом қудрат беш аз пеш таъсиргузор буда, интишори сармояро ба дӯши худ гирифтааст. Ба ибораи дигар, рақобат дар чунин бозор, ки сармоягузории озодро таманно мекард, айни ҳол дастурҳои қудратро роҳандозӣ мекунад ва таҳияи низоми нави иқтисодӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф аз манфиат холӣ набуд. Мутаассифона, ҷиҳати таҳияи низоми нав кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба таҳоҷуми қудратҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ки таърих амсолашро надидааст. Бинобар ин, зарурати эҳёи муносибатҳои иқтисодии кишварҳои шомили Иттиҳоди давлатҳои мустақил пайдо гардидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё