МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
АНОРИ ДОНА ДОНА
(Рўйнависӣ)
1
Як дона гул, ду дона,
Анори дона-дона.
Мо омадем ба мактаб,
Танбал ҳанўз дар хона.
*
Як дона гул, ду дона,
Анори дона-дона.
Бар саволи муаллим,
Вай мехонад афсона.
*
Дар боғи мо шафтолу,
Биҳиву себу олу
Мо гирифтем панҷу чор,
Танбал фақат яку ду…
Супориш:1. Калимаи «танбал»-ро аз ҷиҳати маъно шарҳ диҳед.
2. Шеъразёдкуниро машқ кунед.
АНОРИ ДОНА–ДОНА
(Рўйнависӣ)
2
Дорад дар ҷайбаш ланка
Аз пўстаку аз танга.
Ҳушу гўшаш дар берун,
Пояд овози занга.
*
Об омаду об омад,
Об дар печу тоб омад.
Аз танбал ин пагоҳӣ
Ин гуна ҷавоб омад.
*
Як дона гул ду дона
Анори дона-дона.
Мехонам аз таҳти дил,
Ман имсол бе баҳона.
Нуъмон Розиқ
Супориш: 1. Калимаи «танбал»-ро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед ва шарҳ диҳед.
2. Фаҳмонед, ки танбал ба чӣ хулоса омад ва чӣ ваъда дод?
БАЧАИ БОҲУШ
(Рўйнависӣ)
1
Бачаи боҳуш сару либос ва дигар чизҳои худро ҳамеша саришта мекунад. Ҳар чизашро ба ҳар ҷой намемонад. Қаламдон, ҷузъгир, дафтар ва ҳамаи асбоби мактабашро ҳамеша саришта мекунад. Вақте ки аз дарс ва мактаб фориғ (озод) шавад, чизҳояшро бо дасти худ ҷамъ карда, ба ҷойи муайян мемонад…
Супориш: 1. Аз ҳарфи аввали калимаи «мактаб» сар карда занҷири калимаҳо созед. Намуна: моҳ, ангур,
…
2. Бо истифодаи калимаи «дафтар» ва «китоб» яктогӣ ҷумла тартиб диҳед.
БАЧАИ БОҲУШ
2
(Имло)
Дар хона ҳама асбоби мактабашро бо хубӣ саришта (ҷо ба ҷо) мекунад. Ҳар бача, ки чизҳояшро бо дасти худ ҷо ба ҷо накунад, агар ягон чизашро дигар кас гирифта нобуд кунад, ё айбнок кунад, худи ҳамон бача гунаҳкор аст.
Садриддин Айнӣ
Супориш: 1. Бо калимаи «саришта» ҷумла тартиб диҳед.
2. Чизҳои мактабии худро бо тартиб (паи ҳам) нависед. Намуна: китоб, дафтар…
АСП ВА ХИЗМАТГОР
(Латифа)
(Рўйнависӣ)
Бойе аспе дошт ва барои нигаҳбонии ў хизматгореро интихоб намуд. Хизматгор ҳар рўз мўйҳои аспро шона мезад ва онро пок нигоҳ медошт.
Аммо аз тарафи дигар ин аспбони беинсоф ҷави аспро медуздид ва ба бозор бурда фурўхта, пулашро ба кисааш меандохт. Асп аз ин ҳолат ҳайрон шуда гуфт:
-Эй кош маро ин қадар шона намезадӣ ва парасторӣ (нигоҳубин) намекардӣ, вале ба ман ғизои
(хўроки) серӣ медодӣ.
Луқмони Ҳаким
Супориш: 1. Ҷумлаи сеюми имлои худро хонед ва беинсофии хизмагорро муайян намоед, хулоса бароред.
2. Ибораи «ғизои серӣ»-ро хонед, маънидод кунед.
ЧОРЯКИ 3
РЕЙТИНГИ 1
МАРҲИЛАИ 1
НИМСОЛАИ 2
ПАРВОЗ
(Рўйнависӣ)
Аз арсаи Замин
Парвоз мекунем,
Бар гўши ахтарон
Овоз мекунем!
*
Дар авҷи осмон
Мо дил ниҳодаем.
Чун роҳи каҳкашон,
Мо раҳ кушодаем.
*
Чун зарраҳои нур
Чолок меравем.
Рў сўйи Меҳру Маҳ
Бебок меравем…
*
Аз арсаи Замин
Парвоз мекунем.
Бар гўши ахтарон
Овоз мекунем!
Киром Остон
Супориш: 1. Калимаи «парвоз»-ро маънидод кунед (Оё одам худаш ба осмон парвоз мекунад?)
2. Маънои ахтарон чист, фаҳмонед. Роҳи
Каҳкашон дар куҷо ҷойгир аст, бо ду калима нависед
(дар осмон)
ВАТАНАМ
(Рўйнависӣ)
Марзи Хуҷанду Зарафшон, Ватанам,
Вахшу Хатлону Бадахшон, Ватанам.
*
Гўшаи кишвари сарсабзу кабир,
Кишвари сабзу шукуфон, Ватанам.
*
Тоҷи тилло ба сари миллати ман,
Тахти мардони бапаймон, Ватанам.
*
Ту бузургӣ, ки бузургон дорӣ,
Хонаи меҳри бузургон, Ватанам.
*
Туӣ имрўзи ману фардоям,
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ватанам.
Ҳақназар Ғоиб
Супориш: 1. Исмҳои бо ҳарфи калон навиштаро аз ду мисраи аввали шеър ёбед, гўед, ки чаро онҳо бо ҳарфи калон навишта шудаанд. Бо ду калима (ибора) ишора кунед (исми хосанд)
2. Исмҳои хоси матнро дар хотир гиред.
ХИРСҲОИ ДАСТЁР
(Имло)
1
Тирамоҳ, вақте ки чормағз мепазад, хирсҳо барои дуздидан ба боғҳои деҳа меоянд. Онҳоро гоҳо дар шохи дарахтон дидан мумкин аст. Гоҳо танаи чормағзро оғўш карда, чунон меларзонад, ки дар шохаҳо як дона чормағз ҳам намемонад.
Баъд чормағзҳои рехтаро ҷамъ мекунанд ва ба хонаашон мебаранд.
Одамон инро аз қадим мушоҳида карда, аз кори хирсҳо хуб истифода мекардагӣ шуданд…
Супориш: 1. Таркиби вожаи «тирамоҳ» аз чанд калима иборат аст, ба ҳиссаҳо ҷудо кунед. (тира-моҳ)
2. Тирамоҳро чӣ гуна фасл меноманд? (фасли ҳосил, фасли рез, тирамоҳи заррин, тирамоҳи файзбахш…)
САБАДҲОИ БЕТАГ
(Рўйнависӣ)
2
Онҳо ба зери дарахти чормағз сабадҳои калони бетаг гузошта худашон мераванд.
Шабона хирс меояду дарахтро хуб меларзонад.
Баъд сабадро гирифта ба ҷамъоварӣ сар мекунад.
Вақте ки сабад пур мешавад, хирс сабадро мебардорад, вале таги сабад, ки нест, чормағз мерезад. Ҳамин тавр, хирс аз шом то субҳ сабад пур мекунад, аммо ҳеҷ не он пур шавад. Ниҳоят ў асабӣ шуда, чормағзу сабадро партофта меравад. Одамон омада чормағзро мебаранд.
Маҳмуд Шарифзода
Супориш: 1. Бо калимаи «чормағз» ҷумла тартиб диҳед. Намуна: Чормағз меваи серравған мебошад.
2. Номи якчанд меваро нависед. Намуна: Анҷир , санҷид…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё