МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
СИНФИ 3
ЧОРЯКИ 1
РЕЙТИНГИ 1
МАРҲИЛАИ 1
НИМСОЛАИ 1
ТОҶИКИСТОН
(Рўйнависӣ)
Ватани мо Тоҷикистон аст. Мо Ватанамонро бисёр дўст медорем. Бо чунин Ватани соҳбистиқлол мефахрему меболем.
Пойтахти Ватани азизи мо озодашаҳри
Душанбе мебошад. Шаҳри Душанбе дорои қасру кохҳои азим, заводу фабрикаҳои пуриқтидор ва даҳҳо иншоотҳои варзишӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Супориш: 1. Калимаи «Тоҷикистон»-ро алоҳида нависед.
2 Бо калимаи «Ватан» ҷумла тартиб диҳед.
ҲИКОЯТ
(Имло)
Юнус ном бача ба мактаб рафт. Дар синфи сеюм мехонд. Қаламашро мешикаст ва дафтарашро сиёҳу чиркин мекард. Ин гуноҳро ба гардани шариконаш мемонд. Муаллим як бор, ду бор насиҳат карданд. Ба гўшаш нагирифт.
Охир ўро аз мактаб пеш карданд. Шариконаш ба андак вақт доно шуданд. Ҳар кас онҳоро таъриф мекард. Баъзе аз шариконаш муаллим шуданд.
Баъзеашон тоҷир шуда, Юнус ҳаммолӣ (борбардор) ва мардикорӣ мекард. Азбаски ў дурўғгўй буд, ҳеҷ кас ўро ҳурмат намекард.
Садриддин Айнӣ
Супориш: 1. Ба дурўғгўӣ одат накунед.
2. Калимаҳоеро, ки ҳарфи «й» ва «ў» доранд, аз матн ҷудо карда такроран нависед.
ШИКОРИ МАЛАХ
(Имло)
Писаре малахҳоро шикор мекард. Ногаҳон ба каждуме вохўрд.
Писарак онро ҳам малах гуфта дасташро ба он дароз кард. Хост, ки онро ҳам гирад. Каждум дар ҷавоб неши худро нишон дода гуфт: малахҳои ҷамъкардаатро аз даст медиҳӣ.
Луқмони Ҳаким
Супориш: 1. Хонед муайян кунед, ки матни имло аз чанд ҷумла иборат. аст.
2. Аз матн суханони каждумро ҷудо карда нависед.
КЎРМУШ ВА МОДАРАШ
(Рўйнависӣ)
Мегўянд бачаи кўрмуш рўзе модари худро хитоб карда гуфт:
-Модарҷон, ман бино ҳастам ва ҳар чизро ба хубӣ дида метавонам!
Модараш барои он ки хатои фарзандашро ба ў бифаҳмонад, чанд дона мурчи сиёҳро пеши чашми ў гирифта гуфт:
- Бигў, бубинам, дар дасти ман чист?
- Дар дасти шумо сангреза аст.
Модараш ҳайрон шуда гуфт:
-Фарзанд, ту на танҳо кўр ҳастӣ, балки метарсам ҳисси бўйфаҳмиатро низ гум кардаӣ!
Супориш: 1. Калимаи «Модарҷон»-ро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед ва садонокҳояшро муайян намоед.
2. Шумо ба рафтори бачаи кўрмуш чӣ баҳо медиҳед?
БАЧАИ БАОДОБ
(Рўйнависӣ)
Бачае, ки баодоб бошад, соҳиби ақл ва доно мешавад. Ҳамеша ба сабақаш зеҳн мемонад. Саъй мекунад, ҳама чизҳои хондагиашро медонад, аз хондан ва донистан бисёр хурсандӣ ва шодмонӣ мекунад.
Агар сабақашро надонад, изо мекашад ва шарм мекунад, хафа (зиқ) мешавад.
Аз ҳар кор ба назараш хондан ва навиштан нағз менамояд.
Дар вақти хондан бозӣ намекунад. Дар вақти танаффус шўхӣ ва бозиҳои беҷо намекунад. Хандаҳои баланд намекунад. Садриддин Айнӣ
Супориш: 1. Калимаеро, ки ҳарфи ҳамсадояш такрор шудааст, ёфта нависед.
2. Калимаи «соҳибақл» аз чанд калимаи сода иборат аст, нависед.
ПАДАРУ МОДАР
(Рўйнависӣ)
1
Падару модари моён ба моён бисёр меҳрубонанд. Ҳама вақт моро тарбият мекунанд. Дар вақти мактаб ба мо ҳеҷ кор намефармоянд. Аз мактаб рафтану омадани мо ҳамеша хабардор ҳастанд. Аз беодобӣ кардан манъ мекунанд. Аз болои бом ва дарахт баромадан манъ мекунанд…
Супориш: 1. Аз ду ҷумлаи аввал феълҳоро муайян кунед ва нависед.
2. Аз матн ибораи «манъ мекунанд»-ро ёфта нависед.
ПАДАРУ МОДАР
(Имло)
2
Ҳар бозие, ки ба ҷон ва ахлоқи мо зарарнок бошад, кардан намемонанд. Азбаски бисёр дўстамон медоранд, «одами нағз шавед», - гуфта бисёр насиҳат мекунанд. Агар нофаҳмида гуноҳе кунем, панду насиҳат намуда, тавба медиҳанд. Асло намезананд…
Ҳамеша тавфиқи (муваффақияти) моро Аз карами
Худои таоло мехоҳанд. Агар моро ҳамин хел тарбият кунанд, Худо хоҳад, одами дуруст мешавем. Ба шарте ки аз сухани онҳо асло набароем.
Садриддин Айнӣ
Супориш: 1. Калимаҳои якҳиҷодори матнро ба зерашон хатча кашед.
2. Пандҳои додашударо аз матн дар хотир гиред ва мувофиқи онҳо амал намоед.
ЧОРЯКИ 2
РЕЙТИНГИ 2
МАРҲИЛАИ 2
НИМСОЛАИ 1
ПУЛИ ВАХШ
(Рўйнависӣ)
1
Канӣ-канӣ, ассалом,
Обаки сарди ваҳшӣ!
Як гап ба ту мегўям,
Бояд маро бубахшӣ.
*
Ман намеларзам дигар,
Ман наметарсам дигар.
Изни гузаштан зи ту
Ман намеурсам дигар.
*
Ёдат меёд, ки порсол
Гови маро рабудӣ,
Аз ғами гов то имсол
Хови маро рабудӣ?...
Супориш:1. Маънои кадом калимаҳои матн ба шумо нофаҳмост? Калимаи «пул» боз чӣ маъно дорад, нависед (сўм, пул, маблағ)
2. Гўед, ки чаро одамон аз гузаштани дарёи
Вахш метарсиданд?
ЛУҒАТ:
Пул-кўпрук
Ваҳшӣ- бадхашм, саркаш
Изн- иҷозат
Рабудӣ- бурдӣ, бибурдӣ
ПУЛИ ВАХШ
(Рўйнависӣ)
2
Дигар наметавонӣ ,
Гови маро бигирӣ,
Роҳи маро бибандӣ,
Хови маро бигирӣ.
*
Ман намеларзам дигар,
Ман наметарсам дигар.
Изни гузаштан зи ту
Ман намепурсам дигар.
Абулқосим Лоҳутӣ
Супориш: Шеъри «Пули Вахш»-ро дар синф аз ёд кунед.
ШИКОРЧӢ ВА ҲЕЗУМКАШ
ИМЛО
Як марди шикорчӣ , ки он қадар ҷуръати
(ғайрати) бисёр надошт, ба талоши ёфтани шер ба сўи ҷангал равон шуд. Дар ҷангал дид марде чўб мешиканад. Шикорчӣ ба чўбшикан гуфт, ки агар ў шер ва ё лонаи ўро дида бошад, хабар диҳад.
Чўбшикан дар ҷавоб гуфт:
- Бале, ҳозир худи шерро ба ту нишон медиҳам.
Шикорчӣ аз шунидани ин сухан ба ларза даромад, рангаш парид ва чеҳрааш зард шуд ва дар ҷавоб гуфт:
-Не, бубахшед, ман фақат мехостам роҳеро, ки шер рафта бошад, бубинам, на худи шерро.
Луқмони Ҳаким
Супориш: 1. Ба савол ҷавоб нависед: Шикорчӣ бояд чӣ гуна одам бошад?
Далер, нотарс, тавоно, боҷасорат ё тарсончак, буздил, беирода, ноустувор, дурусташро интихоб кунед ва нависед. Намуна: Далер,.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё