Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

БАҲОРОН

Рўзе аз рўзҳои баҳорон кўҳистон бо вазидани бодҳои баҳорӣ аз фаровонии сабзаи навхез монанди дарёи пуроб мавҷ мезад. Мавҷҳои сабзагиро танҳо харсангҳое, ки ҷо-ҷо аз камари кўҳ барҷаста истода буданд, халал мерасониданд. Лекин ин гуна сангҳо, бо вуҷуди он ки натарошидаанд, азбаски бо сабаби боронҳои баҳорӣ покиза ва мусаффо шуда буданд, ҳусн ва зебоии сабзазорро меафзуданд.

Агарчи барфҳои камари кўҳ аз таъсири офтоби баҳор кайҳо об шуда, ба ҷойи барфи сафед гиёҳҳои кабуд рўида буданд, вале қуллаҳои кўҳ ҳанўз кулоҳҳои сафеди худро аз сар бадар накарда буданд, ки ин ҳол ба чашми бинанда олами дигареро ҷилвагар мекард.

Қуллаҳои кўҳ на танҳо бо кулоҳи барфини худ манзараи хушнамоеро ҷилва медоданд, балки бо ҷўйчаҳои пуробе, ки аз захираи чандинсолаи худ кам- кам мебахшиданд, дар камар ва доманаҳо ҷўйборҳо равон карда, ҳусн ва зебоии ин марғзорро яке бар сад меафзуданд.

Садриддин Айнӣ

ЛУҒАТ:

Ҷо-ҷо, натарошидаанд, мусаффо, гиёҳҳои , қуллаҳо, кулоҳ, ҷўйчаҳо, ҷўйборҳо.

Калимаҳо барои ба лавҳа навиштан: мавҷҳо, сабзазор, тасвир, ҷилвагар, марғзор.

СУПОРИШ:

1. Матнро хонед, мазмунашро нақл кунед, нависед

2. Сархати охири матнро рўйбардор кунед ва ба мазмуни он диққат диҳед.

БАҲОРИ ТОҶИКИСТОН

Моҳи март дар Тоҷикистон баҳор сар мешавад.

Ҷўйҳо аз оби равон пур мешаванд.

Гулҳо мешукуфанд. Офтоби форам ба саҳрою боғҳо ҷон мебахшад. Дар ҳама ҷо киштукори баҳорӣ оғоз меёбад. Ҳазорон трактор ба заминронӣ сар мекунанд.

Дар ноҳияҳои пахтакор аз нимаи дуюми моҳи март кишти пахта сар мешавад. Деҳқонон барои рўёнидани ҳосили баланд ғайрат мекунанд. Онҳо медонанд, ки ниҳоли пахта бисёр нозук аст. Бинобар он деҳқонон ба қоидаи ҳоҷагидорӣ риоя карда, ба парвариши он аҳамияти махсус медиҳанд.

Дар ноҳияҳои ғаллакорӣ кишти ғалла ба охир мерасад. Хоҷагидорон гандум, ҷав, шолӣ, ҷуворимакка, мош ва ғайра зироатҳо мекоранд.

Баъдтар корҳои обчакорӣ ҳам сар мешаванд. Аз гармхонаҳо помидор, карам, боимҷон, каду бодиринг ва дигар сабзавотҳоро гирифта, ба ҷўякҳои пешакӣ тайёркарда мешинонанд.

Дар боғҳо дарахтони мева гул карда, манзараи баҳорро боз ҳам зеботар мекунанд. Ҳавои форами баҳор касро хурсанд мекунад.

НАҚША:

1. Дар Тоҷикистон баҳор кай сар мешавад?

2. Ҷўйҳо аз чӣ пуроб мешаванд?

3. Пахтакорӣ…

4. Дар ноҳияҳои ғаллакорӣ….

5. Баҳор дар заминҳои обчакорӣ…

6. Боғҳо дар баҳор…

ЛУҒАТ: Форам, рўёндан, ҷўякҳо, тайёр.

АРҒУНЧАКСАВОРӢ

Наврўз – оғози фасли баҳор , айёми киштукор аст. Наврўзро бо шодию нишот пешвоз мегиранд. Ҳар навъ бозиҳо ташкил мекунанд. Дар рўзҳои иди Наврўз калонсолон барои духтарон дар шохҳои дарахтон арғунчак мебанданд. Онҳо навбат ба навбат арғунчаксаворӣ мекунанд. Агар дар вақти арғунчакпарӣ аз шохи дарахт нишонае гирифта, ба дугонаҳояшон диҳанд, пайи ҳам ду навбат мепаранд.

Арғунчакпарӣ сурудҳои худро дорад.

Яке аз онҳо ин аст:

Ҳаво, ҳаводор-е,

Барги сафедор-е,

Уштури қатор-е

Сандуқи пурбор-е

Ҳаво ҳаводор-е

Барги сафедор-е!

Ё ки ин хел месароянд:

Арғунчаку белинчак,

Ман духтари келинчак.

Келинчак хамир кардаст,

Камтарак фатир кардаст.

Ордакаш камӣ кардаст,

Ҳезумаш намӣ кардаст.

Бобош ба ҳезум рафтаст,

Арғамчина гум кардаст.

Арғамчин дар боғи мо,

Боғи мевадори мо.

Аз «Тазкираи адабиёти бачагон»

СУПОРИШ:

Нақли хаттии мухтасар нависед.

НАҚЛИ ХАТТӢ БО СУПОРИШИ ГРАММАТИКӢ НАВРЎЗ, БИЁ, МО ҲАМА ПАЗМОНИ ТУЕМ

Наврўз, биё, ки ҷойи ту дар дили мост,

Наврўз, биё, ки ҷойи ту манзили мост.

Наврўз, биё, ҷойи ту дар хонаи чашм,

Бо нури рухат равшании маҳфили мост.

Наврўз, биё, ки барзгар пазмонат,

Он ки сари саҳро зи саҳар пазмонат.

Аз он ки замини мо бигардад зархез,

Он ки бикашад зи хок зар пазмонат.

Наврўзи Аҷам , ту чашми миллат ҳастӣ,

Ту рамзи салоҳу сулҳу ваҳдат ҳастӣ.

Дар ин суханон як ҷаҳон маъниҳост,

Бар мардуми мо бахту саодат ҳастӣ…

Муҳаммадалишо Ҳайдаршо

СУПОРИШ:

1. Дар байти якум шоир чӣ гуфтан мехоҳад?

2. Мисраи «Наврўз биё ҷойи ту дар хонаи чашм» чӣ маъно дорад?

3. Мисраҳои боқимондаро мустақилона хонед.

Калима ва ибораҳо барои ба лавҳа навиштан:

Наврўз, манзили мост, хонаи чашм, барзгар пазмонат, зархез, Наврўзи Аҷам…

ДАР АЙЁМИ КЎДАКӢ

Дар вақти тифли навзод будани Абўалӣ модар ўро ба лаганд андохта, шустушў кардааст. Дар вақти шустушў ангуштарини пурбаҳои модар ба даруни лаганд афтода, бо рехтани оби вай он ангуштарин ба обрез рафтааст.

Модар аз гум шудани ангуштарини худ канизаки худро ба дузди тўҳмат карда, ўро зарбу лат кардааст.

Албатта, аз канизак ёфт нашудааст.

Абўалӣ калонтар шуда, ҳамин ки забон баровардааст, модари худро таъна карда гуфтааст:

– Ту дар вақти гум шудани ангуштаринат беҳуда аз канизак бадгумон шуда будӣ ва ҳол он ки ангуштаринат бо оби лаганд ба обрез рафта буд.

Ҳамон вақт ман он ҳолро фаҳмида будам, афсўс, ки забон надоштам, то ки ба ту фаҳмонам. Ту канизаки бечораро беҷо азоб додӣ. Ҳамин ки обрезро кофтанд, ангуштарин аз он ҷо ёфт шудааст ва сухани навзабон рост баромадааст.

СУПОРИШ:

1. Мавзўъро аз забони шахси сеюм нақл кунед.

2. Нақшаи матнро мустақилона тартиб диҳед.

3. Калимаҳо барои ба лавҳаи синф навиштан: тифл, лаганд ангуштарин, обрез, забон надоштам, канизак.

МАВЛОНО ЯЪҚУБИ ЧАРХӢ

1

Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар нимаи дуюми асри

ХV дар деҳаи Чархи кишвари Афғонистон ба дунё омадааст. Яъқуб аввал дар назди падараш, яъне дар деҳаи Чарх маълумоти ибтидоӣ гирифта, баъд барои давом додани таҳсил ба шаҳри Ҳирот меравад.

Устоди бузургаш Баҳовуддин Яъқубро, ки шогирди фаъолаш буд, ба Ҳисори Шодмон мефиристад, то ки ба мардум илму дониш омўзад. Ў дар деҳаи Алғату (ҳозира Мавлоно) , ки дуртар аз

Қалъаи Хисор буд, то охири умр зиндагӣ кардааст.

Яъқуб бисёртар вақти худро ба кор, яъне меҳнати ҷисмонӣ сарф мекард. Чанд қадам дуртар аз

Мазори ҳазрати Мавлоно дар лаби дарёи Кофарниҳон заминҳои ҳосилхез , обҳои равон бисёр буданд.

Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар ҳамон соҳил боғҳо, киштзорҳо, полезҳо бунёд кард. Мардум аз онҳо истифода мебурданд ва дар ҳаққи ў дуои хайр мекарданд…

ЛУҒАТ: Мавлоно, Чархӣ, Афғонистон, Ҳирот, дуо.

1. Калима ва ибораҳо барои ба лавҳа навиштан: асри ХV, назди падараш, донишмандони асри худ, сабақ омўхтааст.

2. Нақшаи матнро дастҷамъона (умумӣ) тартиб диҳед ва мувофиқи нақшаатон аз забони щахси сеююм нақли хаттӣ нависед.

М ЕҲНАТИ ҲАЛОЛ

2

Яъқуб меҳнат кардан ва аз меҳнати ҳалол нон хўрданро қарзи инсонӣ медонист. Зиндагиаш пурҳашамат набуда, фақирона мегузашт. Ҳар чизе, ки зиёраткунандагон ба масҷид меоварданд, ба бечорагону дармондагон тақсим мекард. Худ бошад аз оғози баҳор каланд гирифта, ба киштукор машғул мешуд. Манзили тобистонаи Мавлоно бо гузашти замон ба деҳкадаи зебое табдил ёфт ва номи

Сабзикорро гирифт. Он деҳа то имрўз бо ҳамин ном дар самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Ривоят мекунанд, ки Мавлоно ҳашар эълон карда, қамишзорҳоро тоза кард ва боғҳо бунёд намуд.

Ҷо-ҷо дар ҷойҳои мувофиқ дарахти чинор шинонд.

Имрўз аз он ниҳолҳо танҳо ду чанори калон, ки таърихи 500-сола доранд, боқӣ мондааст…

НАҚША:

1. Меҳнати ҳалол кардани Яъқуб.

2. Зиндагии фақирона доштани ў.

3.Чизҳои овардаи зиёраткунандагонро ба фақирон тақсим кардани Мавлоно.

4. Барои обод кардани деҳа ҳашар ташкил кардани Яъқуб.

Калима ва ибораҳо барои ба лавҳаи синф навиштан: меҳнат кардан, фақирона, қарзи инсонӣ, бечорагону дармондагон, каланд гирифта, киштукор.

СУПОРИШ:

Матнро хонед ва мувофиқи нақша нақли хаттӣ нависед.

пешина
аз 32
навбатӣ