Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

ОДОБИ ЛИБОСПЎШӢ

Бидон, ки рангҳои либос гуногунанд ва ҳар ранг маъное дорад.

Агар пурсанд, ки либоси сафед чӣ маъно дорад?

Бигўй: Ранги сафед ранги рўз аст ва зеби онҳоест, ки дилҳояшон аз тирагиву адоват соф бошад ва чун рўз ба ҳама равшанӣ бахшад.

Агар пурсанд, ки либоси сабз чӣ маъно дорад?

Бигўй: ранги сабз ранги об аст ва зеби олиҳимматон ва зиндадилон аст, ки ин рангро бисёр писанданд. Ҳар кӣ ин ранг либос пўшад, бояд чун об поктинат ва софдил бошад.

Агар пурсанд, ки либоси сиёҳ чӣ маънӣ дорад?

Бигўй: ранги сиёҳ ранги шаб аст ва ранги мардумаки дида (гавҳараки чашм) ва либоси мардумест, ки дилашон хазинаи асрор бошад ва ҳоли худро аз ҳама махфӣ доранд.

Агар пурсанд, ки либоси кабуд чӣ маънӣ дорад?

Бигўй: Ранги кабуд ранги осмон аст, касеро зебад, ки дар ҳоли худ тараққӣ карда бошад. Ҳар кӣ ин ранг либос пўшад, бояд , ки чун осмон олиқадр ва баландҳиммат бошад.

Унсурулмаолии Кайковус

НАҚША:

1. Рангҳои либос чанд хел мешаванд?

2. Либоси сафед чӣ маънӣ дорад?

З. Либоси сабз чӣ гуна будааст?

4. Либоси сиёҳ чӣ маъно доштааст?

5. Либоси кабуд чӣ маъно дорад?

ЛУҒАТ:

Тирагӣ- сиёҳӣ

Адоват-душманӣ

Поктинат-покиза, вуҷудаш пок

Дилпазир-маҳбуб, дилписанд

Мардумаки дида- гавҳараки чашм

МАТНҲО БАРОИ НАҚЛИ ХАТТӢ БО ҶУЗЪҲОИ

ТАСВИР

СЕЛИ ШИДДАТНОК

Дар Яман рўди калоне вуҷуд надошт. Ин сарзамини паҳновар ба сабаби камобӣ хушку сўзон буд. Боронҳои зиёд ҳар сол меборид. Ба суръати тез сел мерафту ба ҷойи он ки аз он истифода бурда шавад, дар биёбон ба замин фурў мерафт.

Барои пешгирӣ аз камии об одамон чораҳо бияндешиданд. Ният карданд, ки обанборҳо бисозанд, то селҳоро нигоҳдорӣ бикунанд. Баъд аз он аз обҳо истифода баранд.

Саддҳои бисёр сохта шуд ва маҳкамтарини он

Мағриб ном дошт. Ва шаҳри Мағриб дар охири дарае ҷой гирифта буд.

Обҳои селро дар пушти садд нигоҳдорӣ карданд ва дар ҳолати зарурӣ аз он обанбор истифода мекарданд. Оҳиста-оҳиста шаҳри Мағриб зебо ва сарсабз гашт ва боғҳо бунёд гаштанд.

ЛУҒАТ:

Садд - монеа

НАҚША:

1. Яман чӣ гуна сарзамин будааст?

2. Бо кадом мақсад одамон хостанд, ки обанбор созанд?

3. Барои селро пешгирӣ кардан одамон чӣ сохтанд?

4. Шаҳри Мағриб аз истифодаи чӣ сабзу хуррам гардид?

Калима ва ибораҳо барои ба лавҳа навиштан:

Рўди калон, сарзамини паҳновар, боронҳои зиёд, сел, обанбор, шаҳри Мағриб.

Супориш: Матнро хонед, маънояшро нақл кунед ва нависед.

ИСКАНДАРКЎЛ

Ҷумҳурии офтобрўяамон манзараҳои аҷоибе дорад. Кўҳҳои сар ба фалак кашидаи осмонбўс ва обҳои шаффофу нуқратоби ҳаётбахш дорад.

Манзараҳои дилфиреб, табиати фораму дилкушои

Тоҷикистон боби тамошою истироҳат мебошад.

Ҳар сол барои мактаббачагон дар доманаи кўҳҳои Варзобу Алмосӣ, Яврозу Харангон ва дигар ҷойҳо даҳҳо фароғатгоҳҳо кушода мешавад.

Мактаббачагон дар он ҷойҳо истироҳат мекунанд. Ба шаҳру деҳаҳои гирду атроф ба сайру саёҳатҳо баромада, худро боз ҳам обутоб медиҳанд.

Дар бошишгоҳи ҷумҳуриявии «Сайёҳони ҷавон» ҳам аз бисёр гўшаву канори ҷумҳуриамон бачаҳо омада истироҳат мекунанд. Ба наздикӣ онҳо ба Искандаркўл ба сафар баромаданд. Роҳи Искандаркўл хеле душвор бошад ҳам, табиати зебо, ҳавои форами кўҳсор бачагонро хеле мафтун кард. Дар ҳақиқат,

Искандаркўл манзили сайру тамошо, истироҳату вақтхушӣ будааст. Кўл дар байни кўҳҳои баланд воқеъ гардидааст ва оби он бисёр ҳам соф мебошад. Ба заврақҳо савор шуда сайр намудан боз ҳам хубтар аст.

Бачаҳо , шумо, ки калонтар шудед, албатта, ба ин кўли сеҳрангез сафар хоҳед кард.

НАКША:

1. Шумо дар кадом фароғатгоҳҳо истироҳат кардед?

2. Оё дар ҷойи шумо кўл ё дарё мавҷуд ҳаст?

3. Тобистони гузашта шумо ба куҷоҳо рафтед ва чӣ хел истироҳат кардед?

4. Шумо боз номи кадом кўлҳоро медонед?

Калима ва ибораҳо барои ба лавҳаи синф навиштан: Искандаркўл, манзараҳои аҷоиб, обҳои шаффоф, кўл дар байни кўҳҳои баланд, оби бисёр ҳам соф, кўли сеҳрангез.

СУРУДИ ЧЎПОН

Ин пуштаю саҳроҳо,

Ҷавлонгаҳи ман бошад.

Аз хаймаи ман осор,

Дар кўҳу даман бошад.

*

Гаҳ аз лаби дарё ман,

Пайваста сафар дорам.

Гаҳ аз ҷару гаҳ аз зов,

Бо рама гузар дорам.

*

Ҳар субҳи сафо ман,

Хуршед ба бар гирам.

Лаб бар лаби най монам,

Савте зи ҷигар гирам.

*

Молам ба чаро хезад,

Бо савти навои ман.

Аз шабнами гулхорӣ,

Гавҳар ба чарои ман.

*

Аз бўйи алафзорон,

В-аз накҳати гулхорӣ.

Дар домани кўҳистон,

Сад нашъа бубардорӣ.

*

Ҳар субҳ ту аз модар,

Гўё ба ҷаҳон ойӣ.

Бо қудрати нав дигар,

Шодону ҷавон ойӣ.

*

Монанди рўди шўх,

Чун мавҷи алаф ҷўшад.

Ҳар лаҳза нигоҳам об,

Аз мавҷи алаф ҷўшад.

*

Фарёд занад барра,

Чун тифлаки навзоде.

Аз санг ҷаҳад бар санг,

Мастона ба сад шодӣ.

*

Аз шавқ дилам гўё,

Дар сина ба ҷўш ояд.

Лаб бар лаби най монам,

Дунё ба хурўш ояд.

*

Ин пуштаю саҳро,

Ҷавлонгаҳи ман бошад.

Аз оташи ман осор,

Дар кўҳу даман бошад.

Ҳабибулло Файзулло

ЛУҒАТ:

Ҷавлонгаҳ - ҷойи гашту гузор

Хайма-хонаи чўпон

Осор- нишона

Зов-дара

Савт- оҳанг

Накҳат -бўйи хуш

Тифл-кўдак

Нашъа-кайфият

НАҚША:

1.Чўпон кист ва он ба чӣ кор машғул аст?

2.Шоир аз номи чўпон чиҳо гуфтааст?

3. Шоир табиатро чигуна тасвир кардааст?

4. Оё шумо меҳнати сахти чўпонро медонед?

5. Ба кўҳу пушта боре ба сайру тамошо баромадаед?

6. Чаридани бузу гўсфандонро тамошо кардаед?

Калимаю ибораҳо барои навиштан: Пушта, саҳро, хайма, кўҳу даман, ҷар, зов, субҳи сафо, лаб бар лаби най, савти навои ман, шабнами тар, шодону ҷавон.

пешина
аз 32
навбатӣ