Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

АФСОНАИ ҲАҶВӢ ҲАСАНАК

Аҷаб як ҷавоне буд Ҳасанак. Як тарафи дунёро об барад ҳам, парво надошт. На аз гузашта фикр мекарду на ғами ояндаро мехўрд. Рўз меҳнат мекард, шаб роҳат. Кору бораш сайру гашту саёҳат буд.

Ҳасанак як рўз ба шаҳре расид, ки мардуми шаҳр аз гуруснагӣ ба дод омада буданд. Намедонистанд чӣ кор кунанд. Гуруснагон беҳолу бемадор дар кўчаҳо мехобиданд.

Ҳасанак ба кўҳ рафта, як бор ҳезумоварда мефурўхт.

Се бор ҳезум оварда мефурўхт. Ба худаш мувофиқ гўшту равғану биринҷу сабзӣ харид мекард. Ба як ҳавлии бесоҳиби вайрона даромада, дар тараддуди ошпазӣ шуд. . . Подшоҳи мамлакат баъзе вақтҳо аз фикру зикри мардум огоҳ шудан хост. Ў либоси камбағалона пўшида, шаҳрро давр мезад. Ин бегоҳ дар дар кўчаҳои шаҳр гаштугузор карда, дид, ки аз мўрии бисёр хонаҳо дуд намебарояд. Аксарияти мардум хўроки гарм он тараф истад, нони хўрданӣ надоранд. Дар як канори шаҳр чашми подшоҳ ба дуде афтод, ки аз як ҳавлии вайрона мебаромад.

Наздиктар омад, ки бўи палав ба димоғаш расид. Ба ҳавлӣ даромада, як ҷавони танҳоро дид.

- Эй ҷавон, - гуфт подшоҳ, - ман як марди ғариб.

Мебинам, ки ту танҳоӣ. Чӣ мешуд, ки ҳамин шаб маро дар кулбаат ҷой медодӣ.

- Марҳамат, хуш омадед! - гуфт Ҳасанак.

Подшоҳ даромад. Дере нагузашта, ош пухт. Ҳасанак ошро кашида, ба дастархон монд. Ҳар ду бо иштихо хўрданд. Баъд подшоҳ аз Ҳасанак пурсид:

- Мардум нони хўрдан надоранд, ту бошӣ, барои як худат ин қадар оши сергўшту серравған пухтӣ. Аз афти коря гон даромад дорӣ?...

- Эй амак, - гуфт Ҳасанак, - гуфтаанд, ки «ангурро хўру боғашро напурс» Ошро хўрдед, ба он тарафаш чӣ кор доред?!

Ҳасанак дастурхонро ғудошта, дуторчаашро бароварда,суруд хонда, вақтхушӣ кард.

Подшоҳ фикр кард, ки «ин ҷавонро косиб гўям, , косибмонанд не, савдогар гўям, савдогармонанд не. Ин ё роҳзан аст, ё дузд. Агар фаҳмам, ки роҳзан, ё дузд аст, бурда ба зиндон меандозам». Вай такурў карда, касбу кори

Ҳасанакро пурсидан гирифт:

- Бисёр пурсидед – дия! - гуфт Ҳасанак.- Ман на косиб, на ҳунарманд, на дузду роҳзан. Ман як одами меҳнаткаш… Тамоми рўз аз кўҳҳо ҳезум оварда, фурўхтаму аз муздаш ин чизҳоро харидам.

Подшоҳ бовар накарда, рўзи дигар ба бозори ҳезум омад. Дид, ки дар ҳақиқат Ҳасанак ҳезум фурўхта истодааст.

Подшоҳ ба қасраш омада, фармуд, ки ҳезум- фурўширо манъ кунанд. Ҷарчиҳо (хабарчиҳо) дар кўчаву бозор гашта, бонг заданд, ки:

- Ҳукми подшоҳ ин аст, ки ҳар кас ҳезум фурўшад, ҷояш зиндон мешавад.

Бегоҳии ҳамон рўз подшоҳ боз либоси камбағалона пўшида, аз пеши истиқоматгоҳи Ҳасанак гузашт. Ин дафъа ҳам аз ҳавлии вайрона бўи ош ба димоғаш заду ба ҳавлӣ даромад.

- Марҳамат кунед, марҳамат кунед, - гуфта Хасанак ўро даъват кард.

Подшоҳ даромад. Ҳасанак ошашро кашид, ҳар ду ҳўрданд. Подшоҳ пурсид, ки:

- Эй ҷавони мусофир, шунидам, ки подшоҳ ҳезумфурўширо манъ кардааст. Гумон карда будам, ки ту ҳезум фурўхта натавониста, имрўз гушнаю ташна хобидаӣ?

-Хок бар сари подшоҳатон, намедонам, ки вай ба чӣ сабаб ҳезумфурўширо манъ кардааст. Оламро гашта, дар ҳеҷ ҷо ин хел қоидаву қонуни аблаҳонаро надида будам.

Ҳезумфурўширо, ки манъ кард, алаф оварда фурўхтам.

- Агар алаффурўширо ҳам манъ кунад, чӣ кор мекунӣ? – пурсид подшоҳ.

- Чӣ кор мекунам? Меравам, ҷорўбӣ зада омада, ҷорўбфуршӣ мекунам.

Агр подшоҳ ҷорўбфурўширо ҳам манъ кунад - чӣ?

- Боз ягон роҳи зиндагиро меёбам - дия. Шумо аҷаб одаме будаед.

Ҳамаи инро пурсуҷў карда мегардед -мӣ?

Ҳасанак дуторчаашро гирифту боз ба сурудхонӣ сар кард:

Ризқи ҳаррўза мерасад аз ранҷ,

Ғами беҳуда мехўрад беганҷ.

Подшоҳ «ман ин ҷавони худбоварро соз мекунам , канӣ, бинам, пагоҳ чӣ хел ганҷ пайдо мекунад» гуфта аз дилаш гузаронид. Вай рафту пагоҳӣ барвақт ба одамонаш фармуд, ки:

- Дар фалон ҷо як ҷавон зиндагӣ мекунад. Оварда ба дасташ яроқ дода, ба қалъа посбон таъин кунед. Тамоми рўз посбонӣ кунад.

Одамонаш фармони подшоҳро иҷро карданд.

Ҳасанак шоф дар миён тамоми рўз дарвозаи қалъаи подшоҳро посбонӣ кард.

Бегоҳӣ подшоҳ: «Канӣ бинам, акнун аҳволаш чӣ хел бошад», гўён ба истиқоматгоҳи Ҳасанак омад. Ҳасанак вақташ чоқ ош мепухт.

-Биёед, ошно, биёед! - ў подшоҳро дида.

Ошро хўрданд, аз оши дирўза бамаззатар буд.

- Канӣ, гўй, имрўз харҷи ошро чӣ хел пайдо кардӣ? – пурсид подшоҳ

- Асло напурсед, - гуфт Ҳасанак,

- одамони подшоҳ маро гирифта бурда, ба дастам шоф (шамшер) дода, посбони қалъа карданд. Ҳамин ки ҷавоб шудам, шофро фурўхтаму шофи чўбин тарошида, ба ғилофаш андохта мондам. Пулам аз хариди имрўза ҳам зиёдатӣ кард.

- Агар подшоҳ туро ба назди худ оваронда, ягон ҷинояткорро бо шоф зан гўяд, чӣ кор мекунӣ? Дар ин бора фикр накардӣ?

- Дар ҳар хусус одам фикр кардан гирад, сараш гиҷ мешавад. Магар нашунидед, ки бузургон гуфтаанд:

Мард бояд, ки ҳаросон нашавад,

Мушкиле нест, ки осон нашавад.

Подшоҳ рўзи дигар гуфтагиашро кард. Хасанакро ба назди ў бурданд. Як марди ишкел дар пою дастро тела дода, пеши подшоҳ оварданд. Подшоҳ ба Ҳасанак фармуд:

- Ин мард гуноҳи азим кардааст. Мо ҳукми куш баровардем. Бо як шоф задан, агар гарданашро аз тан ҷудо накунӣ, ҷаллодон сари худи туро аз танат ҷудо мекунанд.

Хуб шудааст! Амри подшоҳ барои бандагонаш воҷиб! – гўён Ҳасанак шофро аз ғилоф кашида, ба гардани марди бандӣ чунон зад, ки шоф пора-пора шуда, ба чор тараф пош хўрд.

- Эй одшоҳи олам, эй султони бокарам, - гуфт

Ҳасанак, - дуруст гуфта будаанд, ки «агар одам бегуноҳ бошад, шофи ҷаллод чўб мегардад». Ин мардак бегуноҳ будааст, шофи ман чўб шуд».

Подшоҳ хандиду ба кордонию зиракии Ҳасанак қоил шуду ўро ҷавоб дод.

Ҳасанак пештара барин меҳнат карда, ризқу рўзиашро ёфта, бо вақти хуш зиндагӣ карда гаштан гирифт.

пешина
аз 25
навбатӣ