АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
СУРУДУ ТАРОНАҲО
(Барои кўдакони синни хурди томактабӣ)
ТУРНА
Турна қатор меояд,
Арғамчинвор меояд.
Вақти баҳор меояд,
Мавсими кор меояд.
Дар мавсими баҳорон,
Дар домани кўҳсорон,
Бисёр боло мепарад,
Ғазалсаро мепарад.
Турна қатор арғамчин,
Болохонадор арғамчин.
БОРОН
Борон, биё, борон, биё,
Ба чўли чўпонон биё,
Ба деҳи деҳқонон биё,
Ба боғи боғбонон биё.
КАФШИ БИБӢ ТАР ШУД
Борон борид шар-шар,
Ба рўи ҳавлию дар.
Кафши бибем тар шуд,
Бобои қаландар шуд.
АЛАФ
Борон борад ба ёбон,
Алаф шавад ба говон,
Говони мо шир диҳанд,
Говони мо сер шаванд,
Шираш хўранд бачагон.
МЎЯМ ДАРОЗ КУН
Борони ҳамал,
Ба мўям амал.
Мўям дароз кун,
Дарози соз кун.
ШАМОЛ
Шамол биё,
Шамол биё,
Бачата хобонда биё,
Кокула ҷунбонда биё,
Бачата об бурдаст,
Тўрбата об бурдаст.
АБР
Абри гузар,
Тохта гузар,
Ягон-ягон
Чакида гузар.
Дурру гуҳар
Рехта гузар.
ОФТОБ БАРОМАД
Офтоб баромад,
Аз дар даромад.
Як лаъли марҷон барин,
Духтари Холҷон барин.
ҲАВО, РЎТА КУШО
Ҳаво-ҳаво рўта кушо,
Тортораки мўта кушо,
Дарҳои осмона кушо,
Хушрўю тобона кушо,
Кўдакон бозӣ кунанд,
Бозӣ кунанд, шодӣ кунанд.
УВОРӢ
Увориё, уворӣ,
Майдон пури ҷуворӣ.
Ҷуворӣ хазон шудаст,
Қурбоққа калон шудаст.
Э қурбоққаи нақшин,
Лаби ҳавзи мо бишин,
Саҳар хезу «қур-қур кун,
Хоби келина дур кун.
ШУТУРИ ҚАЗОҚӢ
Шутури қазоқӣ,
Полон ироқӣ,
Хўрҷӣн тароқӣ,
Зону ямоқӣ!
Чашмаш ойнача,
Пояш лаълича,
Думаш ҷорўбча,
Пўсташ чоруқча,
Лабаш тавора,
Шикам нағора.
ҶАЙРА
Ҷайра баромад дар адир,
Дар даҳони ҷайра фатир,
Бобома кардаст ҷазир.
Ҷайра баромад тохта,
Ҳар хоракаш сих сохта,
Дар сари ҷайра нўхта.
Ҷайра тарсонд калбуза,
Сайри полиз то рўза,
Бобо, чӣ шуд харбуза?
ДАВИДЕМУ ДАВИДЕМ
Давидему давидем,
Сари чорсў расидем.
Ўсмаи тар харидем,
Пеши келин давидем.
Келин дар болохона,
Меҳмон дар меҳмонхона.
Келин зулфаша тоб дод,
Домод аспаша об дод.
БОРОН БОРИД
Борон, бор,
Аз нов шор,
Додом дар чўл
Гандумкор.
Борон борид,
Аз нов шорид,
Бобом дар боғ,
Гулҳо корид.
ЗОҒИ АЛО ҚАР-ҚАР
-Зоғи ало
Қар-қар!
- Куҷо равӣ?
- Лаб-лаби ҷар,
Чӣ мечинӣ?
Меваи тар.
- Чӣ мепазӣ
- Ҳалвои тар,
- Кай мехўрӣ?
- Вақти саҳар,
- Кай мемурӣ?
- Соли дигар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё