Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Эй нокардакор, туро ба ин кор чӣ кор,

Як чушмут ба му яки ба говон, говдушут шикаст, ба му чӣ товон.

Яке ба доно дармемонӣ, яке ба нодон.

Яфтал, нон тал.1

Аввал пурсиш, баъд кушиш.

Аввал бубин ҷои худ, баъд бимон пои худ.

Аввал халқу баъд Худо.

Аввал зан, охир зан, он гоҳ зану мард.

Ай одами бад доғи дил мемонад.

Ай мард лафзу аз зан феъл.

Ай шаҳристон умеду аз гуристон не.

1 Гирдоваранда: Муллоев Мавлодод, зодаи деҳаи Шамбедеҳи водии Ғорон.

Ай сар лулӣ – ай по курӣ.

Ай сустии саг рубаҳ ба бом мепарад.

Ай оташ дур бишин, ки насузӣ.

Ай одами нек обу гил мемонад.

Ай ноумедӣ басе умедӯст, поёни шаби сиёҳ сафедӯст.

Ай дӯстон ишора, ай мо ба сар давидан.

Ай девори каҷ парҳез.

Ай хук – муй.

Алғиёс, алғиёс, ҳадди падарта бишнос.

Аспро наъл кардан(д)у қурбоққа пояшро боло кард.

Ақл гоҳ дар сару гоҳ дар по.

Ақл дар хурдию калонӣ нест.

Ақл чизи шарифест, ба ҳар кас нарасад,

Пари товус бузург аст, ба каргас нарасад.

Ба бада бало намерасаду ба нека бақо.

Ба доно ишора, ба нодон гап.

Ба дӯст хор, ба душман зор накунад.

Ба гӯш на нон додан, гуфтаст ҷавин.

Баъди Навруз чил кунда бисуз.

Баъд ки рафтӣ аз сари нону намак, не касе мегад тағою не касе амак.

Ба як гул баҳор намешавад.

Бо иззати худ бишину хорӣ маталаб.

Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ.

Бо(з) аму А(ҳ)мад(ук)и порина.

Ба кар гап занӣ, мега дар бом рап-рап.

Ба хурусин ғолиб ояд мокиё.

Бача давиданаша медонаду ғалтиданша не.

Бача азизу адабуш аз ӯ азизтар.

Ба ҳавои аспи ҳамсоя накуну ҷилави аспи худро гир.

Бедавлат агар кишт кунад, об наёбад.

Безебӣ ба мо кам буд, дамбуқбача сарборӣ.

Буз дар обу думбуш туқ.

Бугу, бугу ба дашти аргу.

Ганҷ – пинҳон.

Гар дар Яманию бо манӣ, пеши манӣ,

Гар пеши манию бе манӣ, дар Яманӣ.

Гард ба домонуш нест.

Гов дар оғел, ғусса дар дил.

Гови бешир садои буланд дорад.

Гул ба пирон хуш аст, ҷавонон худ гуланд.

Гур сузаду, дег ҷушад.

Гурга гиря, хара ханда.

Гӯшт бе устухон намешавад, чой бе шамма.

Давидани гусола – то дари ағел.

Дар баста, бало баста.

Дарди бада давои бад.

Даромадут як танга, зарарут то қиёмат.

Дар шутур савору дар куфонаш пинҳон шудан.

Дар ҳамаи ош қатуғ.

Дар ҳар соат, дар ҳар дам, дигаргун шавад аҳволи одам.

Даҳонро ба ханда намону забонро ба лақидан.

Даҳ бор чен кун, як бор бур.

Девона бигрез, ки маст омад.

Деги Худо дер ҷуш меояд.

Деги камбағал дер ҷӯш меояд.

Дер ояду шер ояд.

Дили модар ба бача, ай бача ба санги кӯча.

Дила ёбу қанда хур.

Дил мекашад, по мебарад.

Дилозорӣ як дақиқа.

Дуд беҳ аз сармо.

Дузд тарсончак аст.

Дузд бош, баинсоф.

Дузд ирғаю, соҳибмол шарманда.

Дунё ба умед.

Ду чиз одамро мебарад ба зур, яке обу дона, дигар хоки гур.

Ёри дағала ёри дағал мебояд, шамшери каҷа ғилофи каҷ мебояд.

Ёр зиндаву суҳбат боқӣ.

Забондонӣ ҳунар аст.

Забон бе устухон аст.

Забони сурх сари сабзро медиҳад барбод.

Забон дар даҳон посбони сар аст.

Зани ҷавону шуи пир, сабад бумону ҷуҷа бигир.

Илма такрор, замина шудгор.

Ин диёр, ин мазор.

Кал додари кур.

Кам бухуру ғам нахур.

Каҷ шину гапа рост бигӯ .

Кори шабу хандаи руз.

Кӯҳ ҳам амуву муй ҳам аму.

Курро чӣ мебояд? – Ду дидаи равшан.

Луқма ба ёрон хушаст, хок дар он луқма, ки танҳо хурӣ.

Манигар, панҷа ба рӯ.

Марг хоҳад, Қундуз равад.Меган: афтода шудаст.

Мо аз паи ризқему аҷал аз паи мо.

Моли муъмин – хуни муъмин.

Мор морбачаро намегазад.

Мулки Худо танг нест, пои ғариб ланг нест.

Муш ба мушэча нағунҷаду ғилбол аз қафояш.

Нафси бад балои ҷон.

Не салому не алек, мепара да(р) сари дег.

Нони ҷавини хеш беҳ аз гандуми касон.

Дар хона нони гандум набошаду забони гандум.

Нону пиёз – пешонии воз.

Номарда баъд ай ҷанг ёд меояд.

Об – рӯи ях.

Одамин – шири хомхурда.

Одам – як дам.

Осёб нов дорад, ҳар кор тов дорад.

Ош то дари фурош.

Пешопеши гушна – хлесук.

Поёни шаби сиёҳ сафедӯст.

Пурсидан айб нест.

Пушок гуфтаст: “Ту мура таҳ, му тура шаҳ”.

Ранҷ бар муъмин.

Раҳгузар нон мехураду аблаҳ ғам.

Раҳи дур – тушаи зур.

Саг аз ману ҷахидануш дар боми мардум.

пешина
аз 41
навбатӣ