ҲАЗЛҲОИ ДЕМОГРАФӢ

Ба ҳамаи одамон хушбахтӣ меояд. Аммо на ҳама табассум мекунанд. Биёед табассум кунем, то хушбахтӣ ба ҳама табассум кунад
Ахбор · 26 октябри 2024 · 11 саҳифа · 1 писанд
субҳидам ба хона
Дорое рўзи тўи арўсӣ ба духтари зару зевар- пўшаш нигариста гуфт:
- Ба духтари мо боз чӣ намерасад ? Афандӣ, ки дар он ҷо буд, гуфт:
- Ақлу фаросату ҳунар.
\\\*
Табиб:
- Аз кай боз дарди гўш шудаед ?
Бемор:
- Аз рўзе, ки хонадор шудам.
\\\*
- Як гурўҳ духтароне ҳастанд, ки ба шавҳар баромадан намехоҳанд:
- Онҳоро аз куҷо медонӣ?
- Ман ба ҳамаашон таклиф намуда, ҷавоби рад гирифтам.
\\\*
Профессор Браун ба маърўзаи навбатӣ тайёрӣ медид.
- Азизам ! – нидо кард ў ба занаш – Қалами ман канӣ ?
- Дар паси гўшат. – ҷавоб дод зан.
- Ман ниҳоят банд ҳастам, дар паси кадом гўшам?
– бо асабоният пурсид профессор.
ОИЛА ВА ХУШДОМАН
Ҳангоми имтиҳон дар факултети ҳуқуқшиносӣ аз донишҷӯ пурсида шуд:
– Бигамия чист?
– Бигамия, – ба шпаргалка менигарад ҷавон, – ин мавҷудияти ду зан аст!
– Ва барои ин чӣ гуна ҷазо таҳдид мекунад? – мепурсад профессор, шпаргалкаро аз бача гирифта.
– Ин ҷиноят бо мавҷудияти ду хушдоман ҷазо дода мешавад!
\\\*
Хушдоман ба домодаш як баста пул дода мегӯяд:
– Чӣ тавре ки мехоҳӣ, тоб хӯр, аммо манро дар Майдони Сурх дафн кун! Мард меравад ва танҳо бегоҳ, бидуни пул, вале қаноатманд, бармегардад:
– Ман ҳамаро тахт кардам. Чӣ тавре ки мехоҳед, тоб хӯред, аммо маросими дафн пагоҳ соати дувоздаҳ аст.
\\\*
– Чаро ту ин қадар хурсандӣ?
– Ман ид дорам.
– Наход занат таваллуд кардааст? – Беҳтар
– Мерос гирифтӣ?
– Баландтар гир
– Пас ман намедонам.
– Хушдоманамро трамвай зер кард.
\\\*
Падар ва писар офтоб мехӯранд, хушдоман бошад, оббозӣ карда истодааст. Ногаҳон ӯ ғарқ шудан гирифт.
– Бубинед, – фарёд зад писар, – бибӣ даст афшонда истодааст!
– Чаро чунин дод мезанӣ, писарам! Ту низ даст афшон!
\\\*
Зан ба шавҳар:
– Барои чӣ шумо ин қадар бетарбия ҳастед! Модар ба меҳмонӣ меояд – шумо ӯро ба ҳеҷ куҷо ба тамошо намебаред!
Шавҳар:
– Фоидааш канӣ, вай аз ду сар роҳи бозгаштро меёбад.
\\\*
– Дирӯз ҳамсарам бемор шуд ва имрӯз модараш барои нигоҳубини ӯ омадааст.
– Бале, бадбхатӣ ҳеҷ гоҳ танҳо намеояд!
\\\*
Хушдоман домодро ба духтараш ситоиш мекунад, ва ӯ бошад, ба ғазаб меояд:
– Бас кунед, оча! Вай пир, зишт, нописанд аст ... Ӯ танҳо як фазилат дорад – пул!
– Хуб, чаро танҳо якто, духтарам? Нуқси дил чӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё