ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.
зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа
Ноогоҳӣ аз таърихи худ, боиси каҷфаҳмиҳо дар шинохти номус мегардад. Ҷавонмарди тоҷик барғалат номусро дар ҳимояи идеологияи бегона, идеологияи қотилони падарони худ мебинад. Ба ҷойи эҳёи суннатҳои худ ва ҳифзи боқимондаи он, аз идеологияи бегона ҳимоя мекунад. Ва ин амали худро номусдорӣ меномад, дар ҳоле ки ин хилофи ақлу мантиқ аст. Агар ба кишварҳои пешрафтаи муосир назар кунем, миллатеро дида наметавонем, ки аз душманони худ қаҳрамон тарошида, муҳофизони ватанашонро маҳкум кунанду душман шиносанд. Аммо дар мо ин каҷфаҳмӣ вуҷуд дорад ва оилаҳои тоҷик ба ҷойи Муқаннаъу Бобак Умару Алиро қаҳрамон шинохта, фарзандонашонро ба шарафи онҳо номгузорӣ мекунанд. Агар ҳамаи инро холисона ташхис кунем, пайдост, ки онро наметавон номусдорӣ номид. Ин дар беҳтарин ҳолат ноогоҳӣ аст ва дар бадтарин ҳолат беномусиву меҳанфурӯшӣ, ки ба гурӯҳи якум мардуми оддӣ ва ба гурӯҳи дуюм онҳое дохил мешаванд, ки аз воқеият бохабаранду ба хотири манфиатҳои шахсӣ аз идеологияи бегона пуштибонӣ мекунанд.
Дар шинохти виҷдон ҳам дар фарҳанги имрӯзаи мо каҷфаҳмиҳо вуҷуд доранд. Мутаассифона баъзе кормандони масъули давлатӣ ришва мегиранд, пули буҷаро медузданд ва барои ором кардани виҷдонашон ба мулло пул дода, дуо мегиранд ё масҷид мезосанд, ё як маблағи ночизеро хайр карда, ба ин васила гуноҳи худро “мешӯянд”. Як қисми савдогарон ҳам чунинанд, ҳатто дар арафаи идҳо нархро боло мебаранд ва барои пӯшиши ин беинсофӣ ё ҳаҷ мераванд, ё ба мулло пул медиҳанд, ё масҷид сохта, «гунаҳсӯзӣ» мекунанд. Маълум аст, ки ин ҳама бевиҷдонӣ буда, ба ҳеҷ роҳе шуста намегардад. Инсони бовиҷдон ҳаргиз ришва намегирад, пули мардумро намедуздад, нархҳоро беасос боло намебарад ва виҷдони чунин одам соф асту виҷдондориро дуруст дарк кардааст.
Ҳамин тариқ, қаҷфаҳмиҳои зиёде дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ки мушкилоти мавҷударо печида карда, аз худ мушкили дигар эҷод мекунанд. Яке аз омилҳои асосии пайдо шудани ин каҷфаҳмиҳо фарҳанги шунавандагии мо мебошад. Яъне мардум бештар тамоил ба шунидану бовар кардан доранд, то ба дидану санҷидану андеша кардан. Ба чолиш ва муҳокима кашидани назарҳои бузургони оила, рӯҳониён ва амалдорон роиҷ нест. Нақд кардани суханҳои онҳо гуноҳ ё ҳадди ақал амале номатлуб маҳсуб мешавад. Шунидану ба хотир гирифтан ва амал аз рӯйи онҳо кори аксарият шудааст. Бо дигар назарҳо муқоиса кардан, беҳтарашро интихоб кардан ва андешаву тафаккур кардан хеле кам ба назар мерасад. Чунин фарҳангро донишманди эронӣ Алӣ Худомуродӣ фарҳанги хитобаӣ номидааст. Фарҳанге, ки дар миёни як қишри ҷомеа як кас хатиб (соҳибназар) асту дигарон мухотабу шунавандаи ӯ ва дар бисёр маврид шунавандаҳо батадриҷ шуниданро ҷойгузини тафаккур месозанд ва ба бутсозии хатиби худ мепардозанд. Ба ҳамин далел аст, ки мухотабон, маъмулан ба роҳи хатибон мераванд, ба ҷойи он ки роҳи хатибонро идома диҳанд ва аз худ як навоварие ба вуҷуд биёранд. Ба роҳи хатиб рафтан, яъне дар чорчӯби афкори ӯ мондан, аммо роҳи хатибро идома додан, яъне равиши мантиқии хуруҷ аз чорчӯби афкори ӯро ёфтан аст.
Фарҳанги хитобаӣ бештар дар ҷомеаҳое пайдо мешавад, ки нақдпазир (танқидпазир) нестанд ва нақди афкори шахсиятҳои мавриди назар (мулло, волидайн, амалдор, пайғомбар, имом) мамнӯъ буда, иҳонат ба онҳо шумурда мешавад. Дар чунин ҷомеаҳо каҷфаҳмиҳои шинохтӣ решаи амиқ доранд. Чунки дурустии фарзияҳо ё нуқтаи назари шахсоне, ки дар бораи ҳақиқат ҳукм меронанд, мавриди нақду баррасӣ қарор намегирад, дар ҳоле ки танҳо нақду баррасии амиқ дурустии ҳар нуқтаи назарро собит мекунад. Ҳақиқат ҳам барои равшан шудану ҷило додан ниёз ба нақд дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки назари бисёре аз чунин одамони хатиб ғайриилмӣ ва идеологӣ ҳаст ва барои онҳо нақду инкор кардани ақидаашон маънои инкор кардани мақоми иҷтимоии онҳоро дорад. Пайванд будани хатибон ба як идеология ё ҷаҳонбинии хос, онҳоро маҷбур мекунад то ба ҳар роҳе далелҳои тасдиқкунанда ба даст биёранд ва нуқтаи назари худро дуруст нишон диҳанд. Маълум аст, ки онҳо дучори пешдоварӣ мегарданд ва аз қабл медоданд, ки чиро исбот мекунанд. Бо пайдо шудани интернет ин кор осон шуд, дигар метавонанд танҳо аз сомонаҳое истифода баранд, ки бо онҳо ҳамфикранд. Дар ҳолати пайдо шудани далелҳои қавии радкунанда ҳам, омода намешаванд мавқеъҳои худро бознигарӣ кунанд. Мардум ҳам тамоили бештари бовар кардани суханҳои хатибони худро доранд, то нақди мантиқии онро кардану сари дурустии суханҳои ӯ андеша кардан. Одаме, ки таҷрибаи кофии истифода аз ақлу мантиқро надорад ва ҳақиқатро танҳо аз шунидаҳояш мешиносад, тавоноии ташхиси ҳақ аз ботилро надорад ва ба каҷфаҳмиҳо дар шинохти бисёр масъалаҳо роҳ медиҳад. Хатибон ҳам ба дониши худ арзиши аз ҳад зиёд дода, мухотабони худро нотавон нишон медиҳанд ва мавқеи иҷтимоии худро аз онҳо болотар меҳисобанд.
Бештари одамон худро соҳибхирад ҳисобида, бардоште аз воқеиятҳои моро иҳотакарда доранд. Аммо ин бардошт ва шинохт он вақт манфиатовар мегардад, ки асоснок ва воқеӣ бошад. Воқеият новобаста ба хоҳишҳову боварҳои мо вуҷуд дорад. Онро метавон бо муқоисаи фарзияву боварҳои гуногун ва нақди хирадмандонаи онҳо муайян кард. Барои ин, андешаи озод ва огоҳӣ доштан даркор аст. Набояд ақидаҳоеро, ки бовари моро рад мекунанд, сарфи назар кард. Онҳоро санҷида нақд кардан лозим аст, то ҳақ ё ботил буданашон маълум шавад. Ҳақиқат бо нақд кардан ботил намешавад, танҳо каҷфаҳмиҳои мо ошкор шуда, имконияти дуруст шинохтани воқеият пайдо гашта, роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда ёфт мешавад.
Ратсионализми интиқодӣ ё худ нақди хирадмандонаву мантиқӣ кардани ҳар фарзияву гипотеза ва назари пешниҳодкардаи дигарон ва қабул ё радди онҳо баъди санҷиши мунтақидона, роҳи асосии ислоҳ кардани фарҳанги хитобаии имрӯза ва бартараф кардани қаҷфаҳмиҳои шинохтӣ мебошад. Албатта, рад кардан ё тасдиқ кардани назарияву гипотезаҳои пешниҳодшуда, эҷодкорӣ нест ва худ ба худ чизи наве намеофарад, аммо ин ҳақро аз ботил ҷудо карда, имкони шинохти дурусти масъалаҳоро фароҳам оварда, каҷфаҳмиҳоро аз миён мебарад. Ин дар навбати худ заминае мешавад барои эҷодкориву навоварӣ ва ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда.
Дар ҳама давру замон гурӯҳе иборат аз баъзе олимон, рӯҳониёни динӣ ва амалдорон, ки дар бораи ҳақиқат ҳукм меронданд ва аз фарҳанги хитобаиву шунавандагони худ манфиат мебурданд, аз ҷорӣ шудани фарҳанги интиқодӣ ва нақди мантиқии ҷаҳонбинии хоси худашон нигарон буданд ва зидди мунаққидон мубориза мебурданд. Ин гурӯҳ имрӯз ҳам намехоҳад ратсионализми интиқодӣ ҷойгузини фарҳанги хитобаӣ гашта, шунавандаҳояшон ба марҳилаи чуну чароҳои мантиқӣ гузаранд. Ин гурӯҳ барои тасдиқи нуқтаи назари худ тафсирҳои бисёр навишта, мавқеи иҷтимоии худро ҳифз кардан мехоҳанд. Бо вуҷуди ин, ратсионализми интиқодӣ ё худ фарҳанги нақдии хирадмандона бояд дар ҷомеа ҷойгоҳ пайдо кунад ва дар ташхиси масъалаҳову ошкор кардани фарзияҳои ба ҳақиқат наздик кумак расонад. Ин имкон медиҳад, ки фарзияву назарияҳои ботил сари вақт ошкор шуда, бартараф гарданд ва кору омӯзиш танҳо сари фарзияву назарияҳое қарор гирад, ки ба ҳақиқат наздиканд.
Барои густариш пайдо кардани мантиқи нақдӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд, агар дар синфҳои болоии макотиби миёна омӯзиши кӯтоҳи ратсионализми интиқодии Карл Попер ба роҳ монда шавад. Ин алтернативае хоҳад буд дар баробари фарҳанги хитобаие, ки ҷорӣ аст. Ҷавоне, ки тафаккури нақдӣ дорад, туъмаи гурӯҳҳои террористӣ нахоҳад шуд. Шахсе, ки чуну чаро мекунад ва аз чорчӯби афкори асримиёнагӣ фаротар меравад, ба оила ва ҷомеа манфиати бамаротиб бештар оварда метавонад ва ҳаргиз худро дар миёни одамони бегуноҳ наметарконад. Чунин ашхос ба эҳтимоли зиёд давомдиҳандаи роҳи бузургон мешаванд ва ба ҷаҳон як зарра навоварӣ меоранд. Дар фарқият аз шунавандае, ки дар чорчӯби афкори асримиёнагӣ дармонда, зоҳирпарастона бо роҳи онҳо меравад ва ба ҷомеа зарар мерасонад, шунавандаи закӣ, ҳушёр, навовар ва мунтақид масири зиндагии созанда ва арзандаро тай мекунад. Одатан, шахсони каҷфаҳму беҳувийятро гурӯҳҳои ифротӣ ба осонӣ аз ҳудуди ришу салла то сарҳади террору мардумкушӣ мебаранд. Ин ҳам як каҷфаҳмӣ аст, ки назарияҳои ботил ва ифротӣ(террористӣ)-ро ҳақ мепиндоранд. Тафаккури мантиқӣ метавонад ин каҷфаҳмиҳоро ислоҳ кунад.
1.6. Зарурати ҳамоҳанг кардани мавзӯъҳои таҳқиқии муассисаҳои илмӣ бо ҳадафҳои вазоратҳоу кумитаҳои давлатӣ6
Истифодаи самараноки захираҳои маҳдуд дар сатҳи як кишвар, барои ҳама масъулони давлатӣ вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Захираҳо ҳамеша маҳдуд ҳастанд. Ҳатто бузургтарин кишварҳои ҷаҳон бо маҳдудияти захираҳо рӯ ба рӯ ҳастанд. Даврони васеъсозии ҷуғрофиёи давлатҳо ва аз ҳисоби дороии кишварҳои мағлуб зистан кайҳо гузаштаанд. Дар замони муосир ҳадафи ҳар ҳукумати хирадманд истифодаи самараноки захираҳои маҳдуди худ аст. Аз ҳама нишондиҳандаи дақиқтарини рушди як кишвар ин болоравии самаранокии меҳнат мебошад, ки он дар шакли Муҷмӯи маҳсулоти миллии сарона бо нархи собит ҳисоб карда мешавад.
Ҷаҳони имрӯз ҷаҳони илму технология мебошад. Ба даст овардани илму технология ва истифодаи он дар раванди идораи давлат бе ҳамоҳанг сохтани мавзӯъҳои пажӯҳишии муассисаҳои илмӣ бо барномаи амали вазорату кумитаҳо ғайримумкин аст. Роҳи осони ба вуҷуд овардани ин ҳамоҳангӣ муайян кардани талаботҳои ҳар як вазорату кумита мебошад. Вазоратҳову кумитаҳо кори амалӣ мекунанд ва аз ҳама бартариву камбудиҳо дар соҳаи худ огоҳ ҳастанд. Онҳо метавонанд масъалаҳои ҷориро муайян карда, дар шакли рӯйхат ба муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ироа кунанд. Ин рӯйхат метавонад дар дастрасии озод бошад. Дар баробари муассисаҳои илмӣ- пажӯҳишие, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дигар олимони алоҳида ва ё гурӯҳи муайяни олимон метавонанд мавзӯъҳои ҷориро мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода, натиҷаи онро ба вазорату кумитаҳои дахлдор расонанд. Агар роҳу усулҳои пешниҳодшуда аз ҷониби як гурӯҳи пажӯҳишгарон беҳтар бошад, вазорату кумитаҳо метавонанд онро амалӣ созанд. Дар ҳоле ки ин гурӯҳи баранда аз буҷа маблағгузорӣ намешавад, вале иқтидори илмии баландтар дорад, масъалаи ба муассисаҳои илмӣ- пажӯҳишии давлатӣ ҷалб кардани аъзои он бояд дида баромада шавад. Ин равиши кор рақобатро дар илм ба вуҷуд меорад, ки боиси рушди босуръат дар ин соҳа гашта метавонад.
Мутаассифона, имрӯз дар кишвари мо чунин ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ бо муассисаҳои давлатӣ дида намешавад. Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ худ мавзӯи пажӯҳишии худро интихоб карда, бе супориши муайян аз ҷониби давлат, онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Дар натиҷа истеҳсоли ҳазорҳо мақолаи илмӣ таъсири назаррасе ба рушду пешрафти давлати миллӣ расонида наметавонад. Семинару конфронсҳои илмӣ мисраи “нишастанду гуфтанду бархостан”-и Абулқосим Фирдавсиро ба хотир меоранд. Ин ҷо гунаҳгор кардани олимону пажӯҳишгарон осон ба назар мерасад. Метавон иддао кард, ки онҳо ба корҳои беаҳамият барои рушду пешрафти мамлакат машғул ҳастанд. Вале масъалаи ососӣ будан ва ё набудани супориш ва дархостҳо аз ҷониби сиёсатмадорон ва давлатмардон аст. Вазорату кумитаҳо мушкилоти худро бо олимон дар миён намегузоранд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо ба олимону муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ниёз надошта бошанд. Аммо ин хато аст. Дар ҳама кишварҳои пешрафта, муваффақият бо роҳҳои илмӣ ба даст омадааст. Давлатмардони онҳо зарурати ҳамкории зич бо олимону пажӯҳишгаронро дарк карда, дар баробари маблағгузории буҷетӣ мушкилоти худро бо олимон дар миён гузошта, роҳу усулҳои самараноки ҳалли онҳоро дархост мекунанд. Ҳатто аз пажӯҳишгоҳҳои хориҷӣ кумак дархост мекунанд. Мисоли равшани ин ҳамкории ҳукуматҳои Ветнаму Эфиопия бо пажӯҳишгоҳҳои ҷопонӣ мебошад. Ҳар як лоиҳаи илмӣ хеле ҷиддӣ омӯхта шуда, аҳамияти он санҷида мешавад. Танҳо баъди рабт доштани мавзӯъи лоиҳа ба мушкилоти ҷомеа он лоиҳа мавриди дастгирӣ ва маблағгузорӣ қарор мегирад. Ин равиш ҳамасола такрор мешавад. Тими илмӣ- пажӯҳишие, ки дуруст кор карда натавонад ва лоиҳаро ба таври қаноатбахш иҷро накунад соли дигар маблағ гирифта наметавонад. Ҳатто агар ин тим дар муассисаи имлии давлатӣ кор кунад.
Дар ҷаҳони муосир шохаҳои илм хеле зиёд ҳастанд. Ҳеҷ кишваре наметавонад барои пажӯҳиши ҳамаи он маблағу захираи инсонӣ дошта бошад. Ҳар кишвар бартариҳои нисбии худро дар шохаҳои муайяни илм дида, аҳамияти омӯзиши онҳоро барои худ месанҷад ва баъдан барои пажӯҳиш дар он самт шароит муҳайё карда, бо ҳадафҳои муайян маблағгузорӣ мекунад. Оё дар Тоҷикистони мо чунин омӯзишҳои пешакӣ боре гузаронида шудаанд? Агар гузаронида шуда бошанд, натиҷаҳои онҳо дар дастрасии озод ҳастанд ё не? Ба ҳар ҳол, мо ҳамчун пажӯҳишгар ба чунин маълумот дастрасӣ надорем ва метавон ҳадс зад, ки чунин омӯзишҳои пешакӣ ба хотири самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ гузуронида нашудаанд. Ин аст, ки мо муассисаҳои илмии зиёд дорем ва ҳатто дар вазорату кумитаҳои алоҳида шуъбаҳои тадқиқотӣ вуҷуд доранд, вале таъсири онҳо дар идораи давлатӣ дида намешавад. Дар ин пажӯҳишгоҳҳо мавзӯъҳои камаҳамият мавриди омӯзиш қарор мегиранд ва баъди нашр шудан зуд аз хотир мераванд. Ҳанӯз имкониятҳои оддитарини технологияҳои иттилоотӣ мавриди истифодаи васеъ қарор нагирифтаанд, вале бо пули буҷети давлатӣ ҳӯши маснуӣ меомӯзанд. Ин ба мисоли навиштани китоб бе пурра аз худ кардани алифбо аст. Ин ба маънои самаранок истифода нашудани захираҳои маҳдуди буҷа мебошад.
Аз ҷониби вазорату кумитаҳо муайян ва мушаххас кардани мушкилоти ҷомеа ва дархости роҳи ҳалли онҳо аз олимон зарур аст. Дар баробари ин, эътирофи мавҷудияти камбудиҳо ва омодагӣ барои қабул ва ироаи пешниҳодҳои илмӣ аз ҷониби олимон ногузир аст. Бе эътироф кардани мавҷудияти камбудиву мушкилот ва бе ироаи пешниҳодҳои илмии олимон аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор ҳамоҳангии илм бо вазорату кумитаҳоро ба роҳ мондан душвор аст. Аммо агар мушкилот мушаххас шуда, дархосту талаботи вазорату кумитаҳо ба муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишии буҷавиву ғайрибуҷавӣ сари вақт ироа гардад, ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Вазорату кумитаҳо шарики боэътимод дар симои пажӯҳишгарон дошта метавонанд, ки ин ҳалли мушкилоти мавҷударо ба маротиб осонтар мекунад. Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар навбати худ асосан ба таҳқиқи мавзӯъҳои аз ҳама аҳамиятноктарин дар ҷомеа машғул мешаванд. Донистани ин, ки натиҷаи тадқиқоти онҳо мушкилоти ҷомеаро ҳал карда метавонад, таъсири мусбати худро дар кору фаъолияти олимон мерасонад. Илова бар ин, рақобати озод дар ин соҳа, ки талаботи муассисаҳои давлатӣ ба вуҷуд меорад, боиси сифатан дигар шудани кору фаъолияти пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар Тоҷикистон мегардад.
Ҳамоҳанг сохтани фаъолияти олимон бо мушкилоти вазорату кумитаҳо вазни мавзӯъҳои омӯхташаванда дар муассисаҳои илмӣ-пажӯҳиширо муайян карда метавонад. Ба ин маъно, ки бо маблағи маҳдуде ки ҳамасола барои соҳаи илм ҷудо мешавад бояд аз ҳама бештар мавзӯъҳои мубрам ва муҳим омӯхта шаванд. Маълум аст, ки дар ин давраи таърихӣ, ки ҳадафи асосии давлати миллии мо дастрасӣ ба ҷаҳиши иқтисодӣ мебошад, ба омӯзиши мавзӯъҳои иқтисодиёти рушд ва истифода аз технологияҳои нав дар ҳама гуна хизматрасониҳои давлатӣ бояд эътибори бештар дода шавад. Албатта, наметавон илмҳои дигарро пурра сарфи назар кард, аммо ҳатман ҳар як соҳаи илм дар ин давраи таърихӣ бояд вазни худро дошта бошад. Кам кардани омӯзиши адабиёту таърихи фалсафа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ба хотири сафарбар кардани маблағҳо ба соҳаҳои заруртар, ногузир мебошад. Ин тарзи ислоҳот метавонад барои баъзе гурӯҳҳо дарднок бошад. Вале ҳеҷ ислоҳоти муваффақе бе чунин камбудиҳо нест. Агар мо хоҳем, ки маблағҳои маҳдуди ба соҳаи илму идораи давлатӣ сафарбаршударо самаранок истифода кунем, бояд ба баъзе мушкилоти бархоста аз ин ислоҳоти бунёдӣ тоб оварда тавонем.
Масъалаи ҳамоҳанг сохтани мавзӯъҳои таҳқиқии муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ бо мушкилоти ҷомеа омӯзиши хеле бештарро мехоҳад. Умедворем, ин матлаби навиштаи мо бетаваҷҷуҳ намемонад. Аз соҳибназарон интизор дорем, ки ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва андешаи худро дар ВАО мунташир месозанд. Дар сӣ соли истиқлол ин масъала ҳалли ниҳоии худро наёфтааст ва агар мо имрӯз саҳлангорӣ кунем, ҳаргиз мушкилоти ҷомеаи мо худ ба худ ҳал нахоҳанд шуд. Гузаштан аз шумора ба сифат ногузир мебошад ва ҳар чӣ зудтар амалӣ шавад, беҳтар аст. 1.7. Ба сӯйи ҷомеаи идеалӣ (Ҷомеаи идеалӣ сохтан раванд аст, на ҳадаф)
Аз бомдоди пайдоиши ҷамъият ва зиндагии иҷтимоии инсон донишмандон дар баробари дидани камбудиҳо дар ҷамъият дар фикри сохтани як ҷомеаи идеалӣ буданд ва намунаҳое аз онро коркард карда буданд. Ҷомеаи идеалӣ-ҷомеаест, ки дар он баробарӣ ва адолат ҳукмфармо буда, зиндагии шоиста барои ҳар як узви он фароҳам бошад. Тақсимоти баробари захираҳо, баробарии ҳама дар назди қонун ва озодии виҷдон аз хусусиятҳои ҷомеаест, ки инсоният дер боз орзуяшро мекунад. Аммо то имрӯз ягон шакли ҷомеа ва ягон маҷмуи қонуну қоидаҳо дар онҳо натавонистаанд ин орзуи деринаро амалӣ намоянд.
Низоми демократия, ки имрӯз аксари ҷомеаҳо онро қабул ва амалӣ кардаанд, дар баробари дигар низомҳо агар бартариҳо дорад, аммо боз ҳам аз он ҷомеаи идеалие, ки мавриди назари соҳибназарон буд, дур аст. Уинстон Черчилл гуфта буд: “Демократия бадтарин низоми давлатдорӣ аст, аммо инсоният аз ин беҳтарашро то ҳол ихтироъ накардааст”.
Чаро инсоният наметавонад ҷомеаҳои идеалии худро созад? Пеш аз ҳама, бояд эътироф кард, ки инсон бо вуҷуди он ҳама пешравиҳо дар нисбат ба дигар бошандагони ҷангал, боз ҳам яке аз ҳамон бошандагони ҷангал аст. Ҳамин ғаризаи ҷангалӣ аст, ки инсонҳоро то имрӯз дар мубориза барои ҳаёт қарор додааст ва ин муборизаҳо бо омадани пул боз ҳам хашинтар ва бераҳмонатар шуданд. Пеш аз он як инсон монанди дигар бошандашгони ҷангал танҳо барои таъминоти рӯзонааш мубориза мекард. Ӯ агар шикор мекард, танҳо як сайдро мегирифт ва то рӯзҳои дигар оромиш меёфт. Аммо пул шароити хосеро фароҳам овард, ки “сайёдон” дигар қаноатро фаромӯш карда, он қадар даст ба ифрот мезананд, ки ба тамоми системаи табиат таҳдид эҷод мекунанд. Дигар на танҳо шикор барои таъмини имрӯзи худ, балки мехоҳанд имрӯз агар имкон шуд, барои тамоми зиндагии худ ва ояндаи фарзандонашон сарват ҷамъ кунанд.
Ин раванд ногузир ба нобаробарӣ ва беинсофӣ дар ҷомеаҳо меовард ва имрӯз ҳам меоварад. Онҳое, ки қудрат доштанд, қисмати зиёди сарватҳоро аз худ мекарданд ва онҳое, ки қудрат надоштанд, нодору гурусна мегаштанд. Сарватмандон бо пайдоиши низоми ғуломдорӣ дигар даст ба кор ҳам намезаданд, дар ҷомеа онҳо танҳо фармонраво буданду истеъмолкунанда. Низомҳои ғуломдорӣ, феодалӣ ва капиталистӣ дар шаклҳои алоҳида сарватҳоро тақсимоти нобаробар мекарданд. Ин боиси норозигии мардум шуда, зарурати ислоҳот ва ҳалли мушкилро пеш меовард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё