ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.
зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа
Стратегияи нави ИМА бо номи “Стратегияи ИМА барои Осиё Марказӣ барои солҳои 2019-2025: Тавсиаи Худсолорӣ ва Шукуфоии Иқтисодӣ” дар авоили соли ҷорӣ эълом шуд. Дар стратегияи мазкур омадааст, ки аҳдофи аслии ИМА дар минтақа иборатанд аз эҷоди (1) Осиёи Марказии босубот ва шукуфое, ки тавонад манофеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятияшро бо дигарон худ дунбол кунад, (2) Осиёи Марказии ба бозори ҷаҳонӣ пайвандбуда ва барои сармоягузориҳо боз ва (3) Осиёи Марказии дорои ниҳодҳои демократии қавӣ, ки дар он ҳокимияти қонун ва ҳуқуқи башар таъмин аст. Ҳарчанд дар ин стратегия онҳо таъкид мекунанд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ новобаста аз даргирии ИМА дар Афғонистон, аҳамияти геостратегӣ дорад, вале аз шаш принсипҳои меҳварии он бармеояд, ки бештари амалкардҳои дар он овардашуда ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон равона карда шудаанд. Шаш принсипи меҳварии дар стратегияи мазкур овардашуда инҳо мебошанд:
1. Ҳимоят ва тақвияти ҳокимият ва истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар алоҳидагӣ ва ба унвони як минтақа;
2. Коҳиши хатароти террористӣ дар минтақа;
3. Густариш ва ҳифзи пуштибонии кишварҳои минтақа аз субот дар Афғонистон;
4. Ташвиқи иртибот миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон;
5. Ташвиқи ислоҳот дар қонунҳо, ҷиҳати мастаҳкам кардани волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи башар;
6. Ҷалби сармояи амрикоӣ ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ.
ИМА лоиҳаи “Ҷодаи абрешими нав”-ро низ маҳз барои густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Афғонистон ироа карда буд. Аммо боз ҳам, бо сабабҳои амниятӣ, ин лоиҳа иҷро нашуда мондааст ва бо лоиҳаи чинии “Ҷода абрешим” рақобат карда наметавонад. Ба ҳар ҳол ИМА барои пиёда кардани ҳадафҳои геополитикии худ лоиҳаҳои зиёдеро рӯйи даст дорад, ки дар муборизаҳои геополикии худ бо дигар абарқудратҳо дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо истифода мекунад.
Хулоса. Аз таҳлили сарчашмаҳои дастрас доир ба мавзӯъ пайдост, ки минтақаи Осиёи Марказӣ тайи 200 соли охир мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудрат қарор гирифта, ҳамчун объекти бозиҳои геополитикии онҳо истифода шудааст. Кишварҳои минтақа, дар алоҳидагӣ ё ба унвони як минтақа, натавонистанд бо чор абарқудрати номбаршуда баробарвазн бошанд ва худро ба субъекти ин муборизаҳо табдил диҳанд. Бо вуҷуди ин, наметавон ояндаи минтақаро якранг дид. Ин аз тасмимгириҳои имрӯзи раҳбарони кишварҳои минтақа вобаста аст, ки дар оянда низ минтақаи мо ҳамчунон объект боқӣ мемонад ё бо ислоҳоти бунёдӣ ва ҳамкориҳои зич ниҳоде месозанд, ки ба унвони як минтақа дар сиёсати ҷаҳонӣ ворид шаванд. Танҳо дар ин сурат имкон доранд баробарвазни кишварҳои абарқудрат шаванд ва дар якҷоягӣ манофеи худро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳифз кунанд. Таҷрибаи чунин ниҳоди қудратмандро мо дар Иттиҳоди Аврупо мебинем. Баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ онҳо диданд, ки дар алоҳидагӣ наметавонанд қудрати сиёсӣ ва иқтисодии баробарвазн бо абарқудратҳои ҷаҳонӣ бошанд. Пеш аз ҳама оҷизии худро дар баробари онҳо эътироф карданд ва баъдан бо ташкили ниҳоди қудратманд (ИА) вориди сиёсати ҷаҳонӣ шуданд ва имрӯз шоҳиди муваффақиятҳои онҳо ҳастем.
Осиёи Марказӣ ҳама имкониятҳоро дорост, ки тавонад як ниҳоди қудратманд ташкил карда, ба унвони як минтақа ба сиёсати ҷаҳонӣ ворид шавад ва аз муборизаҳои геополитикии абарқурбатҳо манфиати бештаринро ба даст оварад. Захираҳои зиёди табиӣ, аҳолии ҷавони қобили меҳнат ва бозори бузургӣ истеъмолии минтақа заминаи хубе барои истифода дар гуфтушунидҳои сатҳи ҷаҳонӣ буда метавонад. Дар якҷоягӣ метавон тавоффуқномаҳои иқтисодиву тиҷории беҳтарро бо кишварҳо ва иттиҳодҳои дигар ба имзо расонид, ки дар алоҳидагӣ дастрасӣ ба онҳо ғайримумкин аст. Албатта, дар алоҳидагӣ ҳам то имрӯз кишварҳои минтақа тавонистаанд бо кишварҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ муносибатҳои муайянеро ба роҳ монда, манфиатҳои худро пайгирӣ кунанд, вале иқтидори минтақа ба маротиб бештар аз он аст, ки ҳоло дорем.
Дар масоили иқтисодии худ кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама бояд ба якдигар такя карда, ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд ва дар ҳамоҳангӣ бартариятҳои нисбӣ ва бартариятҳои куллии ҳар кишварро муайян карда, тибқи он истеҳсоли молу маҳсулотро ба роҳ монанд. Чунин корро дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрикои Шимолӣ кайҳо ба роҳ мондаанд ва аз имкониятҳои он солҳо боз истифода мекунанд. Аммо дар минтақаи мо бошад ҳар кишвар мехоҳад ҳама чиро худаш истеҳсол кунад, ки дар натиҷа молҳои истеҳсолкарда, дар бозори ҷаҳонӣ, рақобатпазир нестанд ва дар тӯли қариб сӣ сол ҳеҷ кишваре натавонист дар алоҳидагӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хос пайдо кунад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани бозори ягонаи Осиёи Марказӣ имкониятҳо нав пайдо хоҳад шуд, ки истифодаи дурусти онҳо мушкилоти зикршударо бартараф мекунад.
Дар масоили амниятӣ манофеи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Руссия ва Чин мувофиқ омадаанд, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Аз як тараф, кишварҳои минтақа дар пешорӯи хатароти беруна танҳо нестанд, аз тарафи дигар, онҳо имрӯз вобастаи танҳо як кишвар набуда, алтернативае дар симои Чин доранд. Ҳарчанд ин воқеият амнияти минтақаро мустаҳкамтар мекунад, вале боз ҳам такяи бештар кардан ба қувваҳои худӣ дар дохили минтақа зарур аст. Чунки мабодо дар ҳолати ба вуқуъ пайвастани ягон ҳуҷуми террористӣ агар дар он кишвар артиши қавӣ бошад метавонад то расидани кумакҳои дигарон онҳоро дар марз нигаҳ доранд ва ҷанг берун аз ҳудудҳои аҳолинишин ба амал ояд. Дар акси ҳол бо омадани кумакҳо душман вориди як қисми минтақаи аҳолиниш шуда, ҷанг дар дохил сурат мегирад, ки ҳатто дар ҳолати шикасти душман ҳам хисороти зиёди моливу ҷонӣ дар пай мегузорад. Ҳеҷ як ҷомеае чунин оқибатро намехоҳад.
Масъалаҳои фарҳангӣ дар муборизаҳои геополитикӣ коромад ба назар намерасанд. Кишварҳое, ки танҳо дар заминаҳои фарҳанг вориди мубориза мешаванд, натиҷаҳои хуб ба даст оварда наметавонанд. Дунёи имрӯз дунёи иқтисоду амният аст, ки танҳо кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳарбӣ қавӣ имконият пайдо мекунанд, ки дар ин бозиҳо ҳамчун субъект нақшофаринӣ кунанд. Аммо барои расидан ба пешрафтҳои назарраси иқтисодиву ҳарбӣ илму фарҳанг нақши муҳим доранд. Бинобар ин, барои таъмини рушди устувор дар кишварҳои минтақа истифода аз омилҳои фарҳангӣ лозим аст. Миллатҳо дар заминаи расидан ба сатҳи баланди худшиносии милливу фарҳангӣ метавонанд босуръат рушд кунанд. Яъне омили фарҳанг дар сиёсати дохилӣ коршоям буда, дар муборизаҳои геополитикӣ нақши кам дорад.
Новобаста аз он, ки нақшофаринони асосии майдони манофеи геополитикии Осиёи Марказӣ дар рақобатҳои хеш зоҳиран аз омилҳои фарҳангиву тамаддунӣ истифода намекунанд, ё ҳадди ақал то имрӯз истифода накардаанд, ин омилҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ нақши муҳим доранд ва дар таҳлили оянда онҳоро баррасӣ хоҳем кард. Дар доираи мавзӯи “Бархурди тамаддунҳо” мо масъалаҳои бархоста аз зиддиятҳои тамаддуниву фарҳангӣ дар минтақаро баррасӣ хоҳем кард, ки дар ин арса теъдоди кишварҳои асосии нақшофар афзунтар мешаванд ва хатароти бархоста аз гурӯҳҳои мазҳабӣ рӯйи кор меоянд. Ҳатто эҳтимоли истифода шудани ин гурӯҳҳои хатарзо аз ҷониби абарқудратҳо дар оянда вуҷуд дорад, ки ин аҳамияти мавзӯъро боз ҳам зиёдтар мекунад.
1.5. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ, фарҳанги хитобаӣ ва ратсионализми интиқодӣ
Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ бардошти таҳрифшуда аз воқеиятҳо ва фарзияҳоест, ки зери таъсири пешдовариҳо, манфиатҳо, тарс ва тамаъ, дар бардошт, қазоват ва истидлоли одамон дохил шудаанд. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ боиси таҳрифи идрок, қазовати нодуруст, тафсири ғайримантиқӣ ва бехирадона мешаванд. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ аз хурофотҳое бармеояд, ки дар ҳофизаи ҷамъиятӣ вуҷуд доранд ва ин ба дарки дурусти тасвири илмии олам ва паҳншавии он, ки аз қолабҳои ҷорӣ дар шуури тӯдаҳо фарқ мекунад, монеъ мешавад. Одамон дар ҷустуҷӯ ва тафсири маълумот, маъмулан тамоил ба он доранд, ки хурофоту пешдоварии худро дуруст нишон дода, ҳар як маълумоте, ки дидгоҳҳояшонро рад мекунанд, беэътибор нишон диҳанд. Ба ҷаҳон аз даричаи таассуби худ нигариста, ҳар як маълумотро филтр мекунанд ва танҳо он назарҳоеро қабул мекунанд, ки тасдиқкунандаи бовару назари худашон буда, мақбули тӯдаҳо ҳастанд. Назари инсони маъмулӣ, аҳёнан аз худи ӯст, ки дар натиҷаи санҷиши комил бо ҳама усулҳои имконпазир ба даст омада, асоснок ва аз тарозуи ақлу мантиқ гузаронида бошад. Дар бештар маврид, назарҳои мо намунае аз фарзияву истидлолҳои дигарон ҳастанд, ки ба воситаи падару модар, кӯча, мактаб, телевизиону радио ва китобу интернет ба даст омадаанд.
Маълум аст, ки дар пешорӯйи мушкилоти рӯз, пеш аз ҳама, шинохти дурусти онҳо лозим аст. Ҳалли онҳо бе шинохти дурусташон имконнопазир аст ё дар ҳолати беҳтар ба ҳалли нодурусташон мерасонад, ки баъди муддате боз буруз мекунанд. Каҷфаҳмиҳо, дар шинохти мушкилот ва сабабҳои пайдоиши онҳо, монеи ҳалли саривақтии онҳо гашта, хароҷоти онҳоро зиёдтар мекунад. Бинобар ин, дар омӯзиш ва шинохти ҳар як мушкил, хоҳ шахсӣ аст, хоҳ ҷамъиятӣ, бояд аз хираду мантиқи солим кор гирифта, таассубу пешдовариҳо канор гузошта шаванд. Ба каҷфаҳмиҳо дар шинохти масоили иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фалсафӣ роҳ дода нашавад.
Шӯрбахтона, дар ҷомеаи мо низ қаҷфаҳмиҳо дар шинохти мушкилоти мубрами рӯз дида мешаванд, ки боиси ҳал нагардидани мушкилоти ифротгароии мазҳабӣ, хурофазадагӣ, ришвахорӣ, сӯистифода аз мансаб, мардумфиребӣ, фақр ва бегонапарастӣ гардидаанд. Ин каҷфаҳмиҳо бештар дар ростои ҳувийяту худшиносӣ, огоҳӣ аз таърихи худ, масъулиятшиносӣ дар назди виҷдону ҷамъият, пайравӣ аз бузургон, нангу номус, накукорӣ, озодӣ ва илму олим дида мешаванд.
Сӣ сол боз аз худшиносӣ сухан мегӯянд, аммо сатҳи худшиносии миллӣ ба ҷойи боло рафтан, пойинтар аз он шудааст, ки дар охирҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ буд. Мутаассифона, бештари мардум дар муҳосираи иттилоотии таърихӣ монда, таърихи зиёда аз 8500-солаи худро, ба 1100 оварда расониданд, ҳувийяти худро фақат дар мусалмон будан дониста, рӯй ба идеологияи таҷовузгарони ватан оварда, гузаштаи пешазисломии худро фаромӯш карданд. Гузаштаи пурифтихоре, ки ин миллат ҷаҳонгир буд. Ин бетаваҷҷуҳӣ ва ноогоҳӣ аз таърихи худ ва дар баробари ин, таблиғоти густардаи мазҳабӣ аз ҷониби гурӯҳҳо ва кишварҳои манфиатхоҳи хориҷӣ, ба воситаи муллоҳои маҳаллӣ, ва дар даҳ соли охир ба воситаи интернет, худшиносии мардуми тоҷикро пойин бурда, ба каҷфаҳмиҳо дар шинохти ҳувийяти миллӣ оварда расонд, ки дар натиҷа таассуби мазҳабӣ боло гирифт. Натиҷаи манфии ин каҷфаҳмиро дар чанд соли охир дар пайвастани ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои террористии ҳувийяти динидошта ва харҷи бамаротиб бештари давлат барои ҳимояи давлатдории миллӣ аз хавфи чунин равандҳо мушоҳида мекунем. Ҳатто кор ба ҷое расида буд, ки таҳти таъсири баъзе муллоҳои худбохтаву пушт бар меҳанкарда, шахсони номи миллидошта, номҳои худро ба номи шахсиятҳои таҷовузгари ватан иваз карданд. Хушбахтона, мақомот пеши роҳи ин бегонашавии расмиро гирифт. Аммо дар номгузории кӯдакон, ҳамоно ин худбохтагӣ ва бегонапарастӣ ифода мешавад ва идома дорад.
Омилҳои ин каҷфаҳмиҳо дар ҳувийяту худшиносии миллии мо бисёранд, аммо аз ҳама асосии он бамаротиб кам будани маълумот дар бораи гузаштаи пурифтихори пешазисломии мост. Худшиносиро мо бояд аз тарғибу омӯзиши ҳадафмандонаи таърихи бостонӣ ва империяҳои ҷаҳонии миллиамон оғоз кунем. Имрӯз як тоҷик аз гаҳвора то гӯр, ҳамвора дар бораи дину мазҳаби бегона маълумот мегирад, аммо дар бораи таърихи пеш аз исломии худ хеле кам мешунаваду мехонад, он ҳам ба таври ғайрисистематик ва бидуни ҳадафи муайян. Аз ин ҷост, ки дар паҳнои интернет аксар даъво мекунанд, ки мо торихи 1400 -сола дорем ва пеш аз ин чизе надоштем. Ҳама дастоварду ифтихороти пешинаро нодида мегиранд, дар пайи ҳимояи ҳувийяти мазҳабии худ мераванд. Ин ҳама мушкилоти вобаста ба ифротгароиву бегонапарастиро тақвият бахшида, монеи шинохти дурусти ҳувийят ва худшиносии миллӣ мегардад.
Каҷфаҳмиҳо дар шинохти ҳувийят, ки ба боло рафтани таассубу мазҳабгароӣ ва бегонапарастӣ расонидааст, боиси ба вуҷуд омадани каҷфаҳмиҳо дар шинохти таърих гардидааст. Чуноне ки зикр карда шуд, бештари мардуми тоҷик таърихи худро аз 1400 рақам мезанад ва гузаштаи пеш аз онро дуруст намеомӯзанд ва аз воқеъияти таърихии худ огоҳии дуруст пайдо намекунанд. Дар натиҷа, таҷовузи турку муғулро маҳкум мекунаду қотилони падару модари худро дар замони ҳуҷуми онҳо нафрин мекунад. Аммо таҷовузи аъробро нодида мегираду аз қотилони падару модари худ ҳангоми таҷовузи арабҳо қаҳрамон тарошида, номи онҳоро ба фарзандонаш мегузорад. Ин каҷфаҳмиҳо дар шинохти таърих, боиси пайдо шудани шахсиятҳои хиёнаткор мегардад, ки ба хотири паҳнсозии идеологияи каҳрамонҳои сохтаи худ, даст ба озору куштори ҳамватанони хеш мезананд, ки фаъолияти ҳизбҳои террористии диние чун Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ ва ТТЭ ҲНИ далели ин шудааст. Ё дар ҳолати дигар бар зидди арзишҳои миллӣ ва суннатҳои воқеии мардум мубориза мебаранд.
Албатта, 1400 соли охири таърих ҳам идомаи созандагиву эҷодкориҳои мардуми мост ва наметавон онро нодида гирифт. Ҳар бурду бохте, ки доштем, пештар аз ҳама, кори дасти худи мо буд. Дар илму фан ва ҳунару эҷодкорӣ ҳар ҳосиле, ки буд, аз меваи дарахти 8500 - солаи таърихи мавҷудияти миллати тоҷик буд. Аз биёбони араб ба мо чизе ҷуз қатлу хунрезӣ ва ғорату ғуломсозӣ наомад. Фаргашти илм дар тамоми ҷаҳон давраҳои муайяни худро дошт, ки дар як давра ҳосилаш як чиз буд ва дар давраи дигар чизи нав ба бор меовард. Наметавон аз давраҳои нахуст талаби ҳосиле ба мисли давраҳои охир кард. Наметавон аз олимони даврони Ҳахоманишӣ талаби шеъри Бедил кард ва аз олимони даврони Сомониён талаби сохтани барномаҳои компютерӣ. Фарҳанги созандагиву эҷодкории ин миллат таърихи 8500 -сола дошта, бо омадани юнониҳо, мусалмонон, муғул ва рус аз байн нарафт ва ба рушду такомули худ идома дод. Аз ин сабаб, иддаои ин ки мо то таҷовузи аъроб чизе надоштем ва идеологияи душман бар сари мо чира ва боиси рушди илми мо шуд, шинохти нодуруст буда, ба каҷфаҳмиҳо дар шинохти таърих дохил мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё