ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
Вақте ки сардухтуру Усмоналӣ баргашта ба хайма даромаданд, Абдусамир гўё суҳбати онҳоро шунида бошад, ба Усмоналӣ муроҷиат карда:
—Маро аз ҷоям наҷунбонед, ин дард дармон надорад. Ин дарди дил аст. Чӣ илоҷ? Дилам беқувватӣ кард, бардошт накард. Ҳарчанд аз Худо мехостам, ки ба ватан баргардаму пеш аз мурданам хоки он ҷоро бўсида, ба чашмонам бимолам, насиб набудааст. Аз тақдир ҳеҷ кас гурехта наметавонад. Акнун рўҳи ғариби ман дар хоки бегона монда, як лаҳза ҳам ором нахоҳад гирифт. Устухонҳоям дур аз ёру диёр хоку хокистар хоҳад шуд. Вале аз дасти банда чӣ кор меояд?
Чора нест, қисматам ҳамин будааст,— гуфт ва ба ҳамсару келинаш, ба ҳамаи онҳое, ки акнун болои сари ў ҷамъ шуда, ашк мерехтанд, нигариста, илова намуд:— шумо бисёр зиқ нашавед, ҳеҷ коре бе розигии Худо намешавад. Аз ин ҷо раведу орому осуда зиндагиро дар хоки аҷдодиямон идома диҳед.
Ҳолу аҳволи Абдусамир, суханони дарднокаш духтурро ба риққат оварданд. Усмоналӣ дўсташро дилбардорӣ менамуд, аммо худаш ҳар лаҳза рўяшро як тараф гардонда ашки чашмонашро пок мекард.
Абдусамир Зиёдахоларо ба пешаш даъват карда гуфт:
—Занакҷон, ту фардо ба ман нигоҳ накарда, аҳли оиларо гирифта, ба сафар мебароӣ, албатта мебароӣ.
Ман рўзи ба Ватан баргаштанро шабу рўз интизор будам, вале Парвардигор ба ман як рўзи дигар муҳлат надод. Ту, албатта, меравӣ, якумин шуда меравӣ. Шояд он ҷо шуморо Қобилҷон интизор аст.
Қувваташ лаҳза ба лаҳза кам мешуд. Каме таваққуф карду сипас хоҳиш кард, ки наберааш Нозияро пешаш биёранд. Манзура оби чашмонашро бо нўги рўмолаш пок карду духтарашро оварда, дар назди хусураш шинонд. Абдусамир набераашро дўстдорӣ кард, аз рўю мўяш бўсид ва ба келинаш муроҷиат карда:
—Келинҷон, Ноз-Нози маро эҳтиёт кун, ў ягона нишони Олимҷон аст,— гуфт ва сипас аз Усмоналӣ хоҳиш намуд:
—Усмоналӣ, ба ман гўш кун, пагоҳ ҳатман ҳамаро гирифта, ба Ватан меравӣ. Натарс, Худо хоҳад, ҳамааш нағз мешавад. Он ҷо роҳбарии хоҷагиямонро ба уҳда мегирӣ. Агар наравӣ, ман туро намебахшам.
Сардухтур, ки ҳар як ҳаракати Абдусамир ва аҳволи ўро назорат мекард, омада, ба болои сараш нишаст ва ду қатра ашкеро, ки аз чашмони ў ҷудо шуда, ба рухсораҳояш ҷорӣ шуданд, оҳиста бо дока хушк намуд.
Ҳамин тавр, Абдусамир бо сад орзуву армони ношикаста абадан чашмонашро пўшид ва аҳли оилаашро гирёну нолон гузошта, ин оламро падруд гуфт...
Усмоналӣ хост, ки ҷасади дўсташро фардо бо худ бурда, дар Ватан ба хок супорад, аммо аз бошишгоҳи онҳо то истгоҳи роҳи оҳан беш аз 200 километр роҳи вайрону ноҳамвор буд ва аз ҳамин ҷиҳат, чунин имконият вуҷуд надошт.
Он рўз баъд аз пешин мардони бошишгоҳ ҷамъ омада, намози ҷаноза гузориданд ва ҷасади Абдусамири армоннашикастаро дар қабристони ғарибон ба хок супориданд.
Манзура чӣ хел ба Ватан баргаштанашро дар ёд надорад. Баъд аз вафоти хусураш дунё дар назараш торик менамуд, барояш ҳама чиз аҳамияташро гум карда буд. Акнун марди ягонаи хонадон ҳам онҳоро тарк гуфта, аҳли оиларо бесарпараст гузошт. Манзура ўро чун падари худаш дўст медошту эҳтиромашро ҳамеша ба ҷо меовард. Одамони мисли хусураш зиёд нестанд дар ин дунё. Ў дарди ҳамаро дарди худаш медонист, то охирин нафас бо халқаш буд, чӣ қадар аз ҷангзадаю валангор шудани мулкаш ғам мехўрд.
Пас аз як соли ғарибию хорузорӣ, як соле, ки ҳатто як рўзи хуш надошт, Тоҷикистон дар назари Манзура тамоман дигар менамуд. Инҷо одамон осудаю хушҳол буданд. Ў чунин чеҳраҳои шукуфта, чунин хандаҳои беғамро сахт пазмон шуда буд. Онҳоро бо оғўши кушод, бо фараҳу хурсандӣ пешвоз гирифтанд. Ба дидори ҳамдигар расида, падару писар, модару духтар, ёру бародар ашки шодӣ мерехтанд.
Манзураву духтарчаи ўро аҳли оила, падару модар, акаву апаҳояш истиқбол гирифтанд. Хайрият, хонаи падараш вайрон нашудааст. Падар, чун саргузашти ғарибонаи духтараш, қисмати талхи дўсташ Абдусамирро шунид, афсўсу дареғ гуфта, ғамгин шуд.
Вай пешниҳод кард, ки Зиёдахолаву духтаронаш ҳам дар ҳавлии онҳо зиндагӣ кардан гиранд. Хонаву дари бисёр ба ҳамаашон мерасад. Ғайр аз ин, дар деҳаи худи онҳо қариб ягон манзили обод боқӣ намонда буд.
Манзура рўзи дигар фаҳмид, ки ҳамаи аҳли аҳли оилаашон сиҳату саломатанд, фақат ду бародараш, ду моҳ пештар бо таклифи бародараш Рустам, ки дар Русия хизматчии ҳарбӣ буд, ба он ҷо сафар кардаанд.
Дигарҳо бошанд, то тинҷ шудани вазъияти ноҳия дар
Душанбе мондаанду баъд баргашта омадаанд. Ҳамаи дастаҳои ғоратгарон торумор карда шудаанд.
Баъди якчанд рўз Зиёдахола исрор намуд, ки ҳар чӣ ҳам бошад, онҳо бояд ба манзили худашон раванд.
Ҳикмат ҳамаи онҳоро дар мошинаш савор карда, ба деҳаашон овард. Ду тарафи роҳ пур аз хонаву манзилҳои оташгирифта буд. Вақте ки Зиёдахола дар назди ҳавлияш фаромад, ҳарисона ба чор сў нигоҳ мекард, гўё чизеро ҷустуҷў дошт. Манзура ба ҳоли кампир назора карда, фаҳмид, ки ў Қобилҷонашро мекобад. Чун кампир бовар кард, ки он ҷо касе нест, яку якбора, гўё пойҳояш шикаста бошанд, дар ҷояш нишаст. Хонаи онҳо зарари зиёд надида буд, фақат болопўши хонаро канда бурдаанд. Ошхонаю анҷомхонаҳо бутун, вале бомпўшҳо ва дару болорҳои оғилхонаҳо ҳам дар ҷойҳояшон набуданд. Аз хонаи навсохти Олимҷонаш қариб ягон чиз боқӣ намондааст, ҳама ҷо нимсўхтаю валангор. Кампир базўр аз ҷояш хест ва ҷониби бинои хонаи бо сад умед бунёднамудаи писари нокомаш равон шуд. Ба миёни долони деворҳояш сўхтаву сиёҳшуда расида, ба зону зад ва бо тамоми овоз нола андохт:
—Эй Парвардигорам, охир, ман чӣ гуноҳи азиме кардам, ки ба ин қадар дарду балоҳо гирифторам кардӣ?
Ду паҳлавонамро аз ман гирифта, сутуни хонадонамро, ки зиёда аз 40 сол ҳамдаму ғамхори ҳам будем, дар хоки бегона ба дасти аҷал додӣ? Парвардигоро, куҷо шуд раҳму шафқатат, охир, ин қадар азобу азият барои чӣ?
Ҳатто нагузоштӣ, ки аз гўри азизонам як кафи хок гирифта лесам, то сўзиши дилам пасттар шавад. Магар мо сазовори ҳамин қадар бадбахтиҳо будем, Худоё! Ин хонаву дарро, ки Олимҷони ман бо сад орзуву ҳавас сохта буд, лоиқаш надидӣ!
Зиёдахола даст бар сар мезаду мегирист, аз ғояти ғаму ғуссаи беинтиҳо, дарду алами беҳисоб обу адо мешуд, ба тарроҳони ҷанги нангини бародаркуш, ки боиси ин ҳама сарсонию бахтбаргаштагиҳо гашта буд, нафрин мехонду мегуфт:
—Эй лаънат ба онҳое, ки ҷанг мекунанд, барои молу мансаб шуда, ин қадар бачаҳоро сағира карда, фарзандонро аз модарон ҷудо мекунанд, ин қадар занҳоро бева мемонанд, ин қадар хонаҳоро сўзонда нобуд мекунанд!
Манзура ва духтарони Зиёдахола ба ў ҳамроҳ шуда гиристанд, хуб ашк рехта, каме дарди дилашонро таскин бахшиданд.
Ҳамин хел, баъди баргаштан аз ғарибӣ зиндагии нав бо оҳу нола сар шуд. Ҳарчанд Ҳикмат баъди ҷо ба ҷо шудани аҳли хонадон хост, ки Манзураро гирифта, ба хонаашон барад, ў рафтан нахост, “ҳамроҳи хушдоманам мемонам” гуфт.
Модари Манзура ҳам рафтори духтарашро дуруст шумурда, ба даъвои Ҳикмат, ки мегуфт, Манзура ҳоло ҷавон асту бояд аз дигар шавҳар карда зиндагияшро бинад, посух дод, ки “оё ҳамон кампири ғамзадаро партофта, омадан мумкин аст? Охир ў, дар симои Нозия писарашро мебинад. Ту тасаввур мекунӣ, ки агар ўро ба хона биёрем, ҳоли кампир чӣ мешавад? Не, одамгарӣ ин хел намешавад! Бигзор, Манзура бо хушдоманаш мондан гирад”.
Зиёдахола домодаш Ҳасанро кўчонда ба хонааш овард, то бому дари валангорро барқарор намуда, дар ҳамин ҷо зиндагӣ кунад. Гузаштаҳо, бо вуҷуди он ки ғаму дарди зиёдеро ба ҷо гузоштанд, паси сар шуданд ва ҳоло, ки ба оянда умед пайдо шудааст, бояд ба хотири ояндаи фарзандон, барои фардои мулку диёр талош кард. Фардое, ки сўхтанҳоро ба сохтанҳо мубаддал мекунад.
Усмоналӣ, ки роҳбари хоҷагӣ таъин шуда буд, қариб ҳар ҳафта омада, аз ҳоли Зиёдахола хабар мегирифт, ўро дилбардорӣ карда, ба аҳли хонаводаи онҳо дасти ёрӣ дароз менамуд. Акнун хоҷагӣ иқтидори пешинаашро барқарор намуда буду мардум аҳлона дар саҳроҳо заҳмат мекашиданд, шудгору кишт мекарданд, зиндагии худро сомон медоданд.
Як бегоҳ баъди хўроки шом, ки кўдакон аллакай хобида буданд, дар паси дарвозаи ҳавлии Зиёдахола садои мошине баланд шуд. Муҳаррики мошин хомўш гашту касе дарвозаро кўфт. Ҳама хавотир шуданд.
Тарси ҷанг, бедодгариҳои ғоратгарону авбошон ҳанўз дар дилҳо боқӣ монда буд. Касе ба тақ-тақи дарвоза ҷавоб надод. Баъд аз садо баровардани меҳмон маълум шуд, ки вай Ҳикмат- бародари Манзура будааст.
—Бароят ду меҳмони азиз овардам,— гуфт Ҳикмат ба хоҳараш, вақте ки дарвозаро боз карданд.
Аз мошин як марду як зан фаромаданд, аммо Манзура дар торикӣ ки онҳоро нашинохт.
—Манзураҷон, дугонаҷон,— гуфтани зан ва сўйи Манзура давидани ў, Муҳаббат будани меҳмонро ошкор намуд. Дугонаҳо якдигарро ба оғўш гирифта, хуб ашк рехтанд.
Амруллову Муҳаббат аз баргаштани Манзура ва аҳли оилаи онҳо хабар ёфта, ба хабаргирӣ омада буданд. Баъди соате нишастану суҳбат кардан ҳам
Ҳикмат ва ҳам меҳмонон аз Зиёдахола хоҳиш карданд, ки Манзураро рухсат диҳад, то ин бегоҳ ҳамроҳи онҳо ба хонаи падараш раванд.
Дугонаҳо ва Амрулло то пагоҳӣ саҳар мижа таҳ накарда, қиссагўӣ карданд. Чашмони онҳо аз гиря варам кард. Нозияи хурдакак бошад, беғаму бапарво, оромона мехобид. Бо вуҷуди аламҳои гузашта, дидори дўстони даврони ҷавонӣ хотираҳои ширини замони донишҷўиро дар ёди Манзура бедор намуд ва дар дилаш нисбат ба зиндагӣ шуълаи умед аланга зад.
—Хайр, дугонаҷон, “Бар сари фарзанди инсон ҳар чӣ ояд, бигзарад, поёни шаби сияҳ сафед аст” гуфтаанд, ноумед шудан даркор нест, бояд боумед зиндагӣ кунем. Чи хеле дар давраҳои донишҷўиямон мегуфтем: “барои зиндагӣ мубориза бурдан даркор, бо дили пур ва боэътимод ба пеш қадам задан кардан даркор”,— мегуфт Муҳаббат.
Хушбахтона, Муҳаббату Амрулло тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиндагии тинҷу ором доштаанд. Дар ноҳияе, ки онҳо мезистанд, ягон ҷангу ҷидол нашудааст, ҳама мисли пештара кору фаъолият мекардаанд. Амрулло акнун сармуҳандиси хоҷагӣ таъин шудаасту Муҳаббат бошад, муовини раиси ҷамоат шуда кор мекардааст. Онҳо соҳиби боз як духтарчаи дигар шуда, ба хонаи навсохташон, ки тарҳи онро Олимҷон кашида буд, гузашта зиндагӣ мекунанд.
Умуман, зиндагияшон хуб, қариб ки ҳеҷ камбудӣ надоранд.
Зиндагӣ ба маҷрои худ равон буд. Хонаҳои вайрону валангоргаштаи деҳаи Сайёд тадриҷан обод мешуданд. Оҳиста-оҳиста сокинони деҳа низ ба худ омада, ба зиндагӣ бо нигоҳи пурумед менигаристанд.
Нахуст кўдакон хотироти талхи ҷангу ғурбатро кам- кам фаромўш сохта, бо хандаву бозии худ фазои деҳаро дилкашу гуворо карда буданд. Рўзе Нозия, ки дар кўча бо ҳамсоябачаҳо бозӣ мекард, давида ба ҳавлӣ, ба назди Зиёдахола омаду:
—Бибиҷон, бибиҷон, ман як шеър азёд кардам.
Бачаҳо мегўянд, ки агар ҳамин шеърро хондан гирӣ, дадаат аз роҳи дур меояд,— гуфт базўр нафаси худро рост карда.
—Хайр, чӣ шеър будааст вай, набераяки ширини бибӣ, канӣ, шунавем,— хоҳиш кард Зиёдахола.
Нозия қоматашро рост карда, дастонашро болову поён ҳаракат дода, нигоҳашро ба осмон дўхта, шеърашро хонд:
Дадаҷонам меояд,
Дилу ҷонам меояд.
Аз раҳи дур меояд,
Банур-банур меояд.
—Аз забонаки ширинат гардам, доночаи ман, бибият мурад ба ту,— гуфта Зиёдахола набераашро ба оғўш гирифту ашки чашмонашро пок кард.
—Бибиҷон, гиря накунед, охир. Ана, Нусрати ҳамсояаамон ин шеърро сад бор хондаасту дадааш пайдо шуда омадаст. Вай гуфт, ки агар ту ҳам инро хондан гирӣ дадаи ту ҳам меояд.
Зиёдахола ин ҷову Манзура дар даруни хона аз шунидани суханони Нозия талху баалам гиристанд.
Аз байн боз ду-се моҳи дигар гузашту тирамоҳ омад.
Мегўянд, ки аз шодӣ касе намемирад, рост будааст. Як бегоҳ Зиёдахола, баъд аз он ки аҳли хона ҳама барои хобравӣ даромада буданд, аз рўи одат, пеш аз хоб ҳавлию дару дарвозаро аз назар мегузаронд, ки як воқеи аҷиб рўй дод. Шабҳои маҳтобӣ, хусусан дар тирамоҳ, мисли рўз равшан мешаванд. Ў ҷониби дарвоза рафт, то ба маҳкам будани он боварӣ ҳосил намояд. Ҳамин дам аз пушти дарвоза, гўё ки аз олами боварнакардании афсона бошад, садои ошное баланд шуд:
—Оча, очаҷон!
Кампир ба гўшҳояш бовар накард. Ин ҳамон овози Қобилҷонаш буд, ки ҳамеша, қариб ҳар шаб дар хобаш мешунавад. Ҳоло бошад, ҳамон овози ширин на дар хоб, балки дар бедорӣ, аз ҳамин пушти дарвоза садо медод. Кампири бечора гумон кард, ки асабҳои харобшудааш ўро фиреб медиҳанд, ба гўшҳои худаш бовар накард ва қулфи дарвозаро санҷиду баргашта ба хона даромаданӣ шуд, ки садо дубора баланд гардид:
—Оча, очаҷон!
Не, ин дар хоб не, дар бедорист! Соҳиби овоз ҳамин ҷо, дар пушти дарвоза аст, ана, ҳатто садои нафаскашияш ҳам шунида мешавад. Ихтиёр аз дасти кампир рафта буд. Бе он ки худаш дарк намояд, дастонаш қулфро кушоданд. Дарвоза боз шуду касе, ки пушти он буд, “Очаҷони ман!” гўён Зиёдахоларо ба оғўш гирифт. Худоё, вай Қобилҷони ўст! Дар хоб не, дар бедорӣ! Модари бечора, ҳатто чеҳраи писарашро дуруст назора карда, ўро бўй кашида, аз рухсораҳояш бўсида натавонист. Ҳушаш рафту қариб буд, ки ба замин афтад. Қобилҷон модарашро бардошту рўи суфаи миёни ҳавлӣ оварда, ба болои гилеме, ки он ҷо густурда шуда буд, хобонд.
Манзура ҳам овози мардонаро шунида ба ҳавлӣ баромад ва дид, ки хушдоманаш дар болои суфа дароз кашидаасту ҷавоне болои сари ўро гирифта, “Оча, очаҷон, чӣ шуд, охир?” мегуфт. Пештар омад. Худоё, худи худаш, Қобилҷон аст ин!
—Қобилҷон!,— садо кард Манзура.
—Янга, янгаҷон!— гуфта, Қобилҷон бархоста бо Манзура саломалайк намуд. Манзура аз ду китфи ҳевараш бўсид ва баргашта ба Зиёдахолаи беҳушхобида нигоҳ карду давида рафта дар косае об овард. Як панҷа об ба рўи хушдоманаш зада буд, ки вай ба худ омад. Келинаш ба вай чанд қулт об нўшонд.
Кампир ба ёд омад, вале ҳанўз ҳам дар баданаш қуввату дармоне набуд, ки бархеста писарашро ба оғўш гирад. Қобилҷон ўро рўи дастонаш гирифта, ба хона даровард. Апаашу ҷиянаш Ҳасан ҳам аз хоб бедор шуда омаданд. Хурсандии апааш ҳаду канор надошт. Ў Қобилҷонро ба оғўш гирифта, ҳам мегиристу ҳам шодӣ мекард. Нозия ҳам чашмонашро молида, ҳайрон- ҳайрон ба Қобилҷон нигоҳ карду омада дар бағали модараш нишаст. Кўдак баъд аз гузашти қариб ду сол амакашро якбора нашинохт. Воқеан ҳам, вай тамоман дигар шуда буд, одамони калонсол барин. Чорпаҳлу шудааст, гапзанияш ҳам мисли пешина не, овозаш марғуладор.
Хоб аз чашмони ҳама парида буд. Зиёдахола ҳамоно рўи кўрпа дароз кашида буду аз Қобилҷонаш чашм намеканд. Ниҳоят вай ба дасташ такя карда хесту дар ҷояш нишаст. Ба писараш гуфт, ки омада дар пешаш нишинад. Бо дастони ларзонаш сару рўи писарашро мепалмосид, гўё ҳоло ҳам ў ба ин воқеияти афсонамонанд бовар надошт.
Қобилҷон Нозияро рўи зонуяш гирифт ва сарашро ба китфи модараш монда, то қариби субҳ ҳодисаҳои ба сараш омадаро, чӣ тавр гум шудану бо чи азобҳо ба ватан баргаштанашро қисса кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё