ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
ҚИСМИ ДУЮМ
Субҳ аллакай дамида буд. Манзура ҳоло ҳам бо чашмони пўшида рў сўи шифти хона мехобид.
Нафаскашияш нисбатан муътадил буд, вале ҳанўз ҳам дасти Анзуратро сар намедод, мисли кўдаке, ки даст аз домони модараш барнамедорад. Хешу таборон, ёру дўстон, ҳамкорон ҳанўз ҳам дар саҳни беморхона мунтазири ягон хабари хуш меистоданд.
Ҳама дар ташвишу изтироб буданд, қариб касе лаб ба сухан намекушод. Баъд аз он ки духтур пагоҳӣ баромада, аҳволи Манзураро ба ҷамъшудагон гуфт, бисёриҳо хайрухуш карда, аз пайи кору бори худ рафтанд. Баъди чанд муддат ҳамшираи шафқат ҳолати беморро нисбатан ором арзёбӣ карда, Ҳикматро ба назди Манзура даъват намуд.
Вақте ки Ҳикмат ба ҳуҷра даромад, Манзура чашмашро кушода, ба ў нигоҳ карду чанд қатра ашк рехт. Вай бо ишораи сар акаашро пеши худ хонд.
Анзурат оҳиста дасташро аз дасти Манзура раҳо карда, аз ҷояш бархест ва дар ҷойи ў Ҳикмат нишаст. Ў дастони хоҳари муштипарашро сила кард. Манзура хуб гирист ва ниҳоят сари худро рўи дастони бародараш монда ором шуд. Дар чашмони Ҳикмат низ ашк ҳалқа зад. Маълум буд, ки Манзура ба бародараш чӣ паёме дорад, аммо ку забони гуфтор, ки дилашро холӣ кунаду дардаш сабуктар шавад. Вай, дар ҳоле ки ангуштони бародарашро дар панҷааш дошта, сахт мефишурд, боз чашмонашро пўшид. Аз афташ тарсу ҳарос ва дарду алам ақлу дили вайро ба итоати худ дароварда буданду тазйиқаш медоданд.
Ҳикмат бо ишора ба Анзурат фаҳмонд, ки метавонад ба берун баромада ҳавои тоза гирад. Хешу наздикон, ки дар сояҳои дарахтони ҳавлии беморхона нишаста буданд, баробари дидани Анзурат дар даври ў ҷамъ шуда саволборонаш намуданд. Анзурат, ки тамоми шаб мижа таҳ накарда буд, ба саволҳои онҳо хастаҳолона ҷавоб мегуфт. Нигоҳаш ба Холиқ афтод, ки каме дуртар бо писараш Темур меистоданд.
—Холаҷон, ҷон холаҷон, маро ҳам ба пеши очаҷонам баред,— зорӣ кард Темур Анзуратро дидан баробар.
Гиряи Темур ҳама ҷамъомадагонро ба риққат овард. Занон, қариб ҳама ба гиря даромаданд.
—Бачаҷон, охир, бе иҷозати духтур ба пеши модарат даромадан мумкин нест. Ғайр аз ин, модарат туро дида эҳтимол аст, ки фишори хунаш боз ҳам баландтар шавад,— гуфт Анзурат, вале дар охир аз илтиҷои кўдак гузашта натавонист ва аз дасти ў гирифту ба бино даромад.
Манзура бо садои кушодашавии дар чашмонашро боз карда, дид, ки Темур бо чашмони аз гиря варамидааш сўи ў меояд. Аз ҷояш нимхез шуду ҳарду дасташро бардошта, писарашро оғўш кард. Темур, ҳарчанд ки ба амааш “гиря намекунам” гуфта ваъда дода буд, бо ашки шашқатор ба гиря даромад.
Манзура, гўё ки касе писарашро аз дасташ мерабуда бошад, ўро ба қафаси синааш зер карда, беист аз рухсораҳояш мебўсиду мегирист. Ҳамин вақт духтур ба ҳуҷра даромада, аз Анзурат норозигӣ кард:
—Ман нагуфта будам, ки беморро безобита накунед. Шабона ҳолаш хело беҳ шуда буд, ҳоло бошад, ана, боз фишораш баланд мешавад.
Баъд аз гузаронидани сўзандору Манзура каме ором шуда, чашмонашро пўшид, аммо ин бор ҳам хобаш набурд, миёни хобу бедорӣ қарор дошт. Дидори фарзандаш боз дунёи хотироти ўро бедор кард. Нав келин шуда ба хонаи холаи Зиёда- модари Олимҷон омаданашро ба хотир овард.
Аз рўзи аввал рафтору гуфтори хушдоманаш ба вай писанд омад. Ў чунон зани ҳалиму дилсўз буд, ки арўси навро як лаҳза ҳам танҳо намемонд, ба ҳар коре, ки Манзура даст мезад, Зиёдахола ҳамон лаҳза дар бараш рост шуда, кумакаш мекард. Мисли модари худаш ба ў меҳрубонӣ менамуд. Вай, ки соҳиби ду духтар буду ҳардуи онҳоро хонадор карда, орзуи ҳарчӣ зуд келиндор шуданро дошт, акнун аз хурсандӣ ҷойи нишастанашро намеёфт. Келину хушдоман якҷоя хонаҳоро рўбучин мекарданд, хамир кардаву нон мебастанд, либос мешустанд, хўрок мепухтанд ва аз самараи корҳои шариконаашон завқ мебурданд.
Тахминан пас аз як ҳафтаи тўй, вақте ки аҳли оила сарҷамъ шуда, хўроки чошт мехўрданд, ў ба писараш Олимҷон муроҷиат карда, шодиву нишоташро баён намуд:
—Бачаҷон, офарин ба ту, ки бароям чунин келини нозанину қобил ёфтӣ. Панҷ панҷааш ҳунар. Мо- кампирҳо фақат хўрокҳои қадимаи бобоиро пухта метавонему халос. Манзураҷон бошад, сад намуд хўришҳои балаззат, самбўсаю мантуҳои бомазае мепазад, ки аз хўрдани онҳо сер намешавӣ.
Ҳамин тавр, келину хушдоман дар давоми як моҳ ба ҳамдигар чунон унс гирифтанд, ки духтарони Зиёдахола аз ин рафтори модари худ ҳам завқ мекарданду ҳам каме рашкашон меомад. Писари хурдии оила Қобилҷон бошад, баъди чанде барои таҳсил ба Душанбе кўч баст. Азбаски вай аз кўдакӣ ба варзиш ва футбол дилбастагӣ дошт, ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуд. Олимҷонро барои кор ба яке аз корхонаҳои сохтмонии маркази ноҳия даъват намуданд ва дар хона фақат Зиёдахолаю Манзура монданд. Баъди чанд ҳафтаи кор Олимҷон як бегоҳ дар вақти хўроки шом бо табъи болида эълон кард, ки ўро дар корхонаашон устои калон таъин карданд. Вай воқеан аз фаъолияти кориаш хурсанд буд ва дар бораи роҳбарони корхонаашон ҳамеша бо ифтихору эҳтиром ҳарф мезад.
Тақрибан баъд аз ду моҳи хонадории онҳо, дар як рўзи истироҳатӣ падару модари Манзура барои хабаргирии духтарашон омаданд. Сари як пиёла чой Абдусамир ба падари Манзура чунин пешниҳод кард:
—Қудоҷон, чӣ мешавад, ки Манзура ҳам ба ягон коргоҳ рафта кор кунад, охир ў панҷ сол заҳмат кашида соҳиби касб шудааст-ку? Дар хона бошад, қариб коре нест. Очаи Олимҷон як худаш ҳам кору бори хонаро саришта карда метавонад.
Зиёдахола ҳам пешниҳоди шавҳарашро маъқул донист:
—Рост мегўӣ, дадаш, бигзор келинҷонамон рафта кор кунад. Дар хона, қариб ки коре ҳам нест.
Акаи Манзура- Ҳикматро маслиҳати оқилонаи хусуру хушдомани хоҳараш хуш омад ва ў, пеш аз он ки падараш чизе бигўяд, фикри худашро изҳор намуд:
—Бисёр хуб мешавад. Биёед, Манзураро дар ягон идораи ноҳиявӣ ба кор мемонем ва онҳо бо Олимҷон якҷоя ба кор рафта, бегоҳиҳо бо ҳам бармегарданд.
Пас аз машварат ҳама ба ин фикр розӣ шуданд. Аз байн се ҳафта гузашту Олимҷон, як бегоҳ бо табъи хуш ба Манзура гуфт, ки пагоҳ ў бояд ҳамроҳаш ба маркази ноҳия равад, барои ў мувофиқи ихтисосаш кори хубе ёфтаанд.
Рўзи дигар хусураш акои Абдусамир ва хушдоманаш Зиёдахола ба Манзура дуо доданд ва ў ҳамроҳи шавҳараш бори аввал ба кор рафт. Ўро дар идораи кишоварзии ноҳия ҳамчун иқтисодчӣ- нақшабанд ба кор қабул карданд. Зану шавҳари ҷавон ҳар рўз якҷоя ба кор рафта меомаданд. Онҳо аз бахту саодат комгор буданду аз висолу ҷамоли ҳамдигар шодмон.
Баъди гузаштани як соли фаъолияташ Олимҷонро боз як зина боло бароварда, роҳбари шуъбаи сохтмонӣ таъин карданд. Пас аз дуюним соли хонадорӣ ин ҷуфти муносиб соҳиби духтарчаи дўстрўяке шуд. Акнун
Зиёдахола аз хурсандӣ дар куҷо нишастанашро намедонист, чунки дар хонадонаш набераи нахустин ба дунё омада буд. Духтарчаро Нозия ном гузоштанд. Баъд аз гузаштани ним соли дигар Зиёдахола пешниҳод кард, ки бигзор Манзура рафта корашро давом додан гирад.
“Набераам калонак шудааст, худам нигоҳубинаш мекунам”— гуфт ў. Ин пешниҳод ба ҳама аҳли хонавода мақбул афтод. Аз байн боз ним сол гузашт. Рўзе ҳангоми аз кор баргаштанашон Олимҷон бо Манзура оид ба нақшаҳои корияш суҳбат карда гуфт:
—Чӣ мешавад, ки барои худамон як хонаи нави замонавӣ созем. Имконият дорем, боз, худам сохтмончӣ, дар ҳавлиямон як иморати ҳозиразамон бунёд мекунам. Хонаи ҳозира бошад, баъди хонадор шуданаш ба додарам Қобилҷон мемонад.
Манзура хурсанд шуда гуфт, ки ин масъаларо бояд бо калонҳо маслиҳат карда гирем. Бегоҳӣ, вақти хўроки шом, вақте ки Олимҷон дар ин бора гап кушод, падараш Абдусамир аз ғайрату ҳаваси писараш ба ваҷд омада:
—Нияти нек кардӣ, писарам. Ҳар кас дар вақти ҷавонӣ бояд нақшаю мақсаде дар дил парварад ва аз пайи амалӣ шудани он ғайрату кўшиш кунад, чунки дар вақти пирӣ иҷрои ин нақшаҳо мушкил мешавад, қувваю ғайрат ҳам камӣ мекунад,— гуфта, дар амалишавии ин мақсади нек дуояш дод.
Сохтмони хонаи нав ҳам оғоз шуд. Акнун Олимҷон шабу рўз бекор намемонд, нақшаҳояшро гаштаю баргашта месанҷид, бо падараш ва бо Манзура маслиҳат мекард. Ҳамин гуна, зиндагии ин оилаи хушбахт бисёр ширину гуворо мегузашту онҳо низ аз тақдиру аз Худованд миннатпазир буданд.
Дар ин миён Олимҷону Манзура ба хабаргирии Муҳаббату Амруллло рафта омаданд. Дар тасвири хурсандии дўстон, ки аз дидори ҳамдигарашон ҳосил шуда буд, қалам оҷизӣ мекашад. Амрулло дар колхозашон, ки яке аз хоҷагиҳои калонтарини ноҳия ба ҳисоб мерафт, ба ҳайси муҳандис ва Муҳаббат ҳам дар ҳамон хоҷагӣ ба ҳайси иқтисодчӣ кор мекардаанд.
Онҳо ҳам дар ҳавлии падарӣ зиндагӣ мекарданд, чунки модари Амрулло қотеона ба дигар ҷо кўчидани писарашро иҷозат намедод. Як сол пеш дар оилаашон як писарчаи дўстрў таваллуд ёфтааст, ки ўро Ҷамшед ном кардаанд. Ҷамшеду Нозия бо ҳамдигар бозӣ мекарданду садои хандаашон дар фазои ҳавлӣ мепечид ва аз мушоҳидаи ин манзараи дилкаш хурсандии волидонашон ҳам ба осмон дакка мехўрд. Ин ду ҷуфти фархундаиқбол ба қарори қатъӣ омаданд, ки ҳар сол санаҳои хонадоршавияшонро чун рўзи таваллуди бахт бо ҳамдигар мегузаронанд.
Аз байн боз ду соли дигар сипарӣ шуд. Дар ин муддат фаъолияти хуби Олимҷонро ба назар гирифта, ўро роҳбари як корхонаи сохтмонӣ таъин намуданд.
Сохтмони хонаи нави онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошту акнун фақат онро рангу бор кардан лозим буд.
Олимҷону Манзура аз натиҷаи заҳматҳояшон қаноатманд буданд. Онҳо қариб ҳар рўз оид ба ороиш додани хона ва ободии ҳавлии назди он маслиҳату машварат мекарданд, гоҳо байнашон баҳс ҳам мешуд.
Манзура аллакай дар ҳавлии нав чандин намуди гулҳо ва буттаҳои ҳамешасабзро шинонида парвариш мекард. Зану шавҳари ҷавон ният доштанд, ки то тирамоҳ ҳама корҳоро ба анҷом расонда, бо иштироки тамоми ёру дўстон ва хешу ақрабо бурёкўбон мекунанд. Дар ин байн дастовардҳои Олимҷонро ба назар гирифта, аз тарафи корхона ба вай як мошини нав туҳфа карданд.
Аммо афсўс, ки давраи ширини зиндагии онҳо, замони офияту осудагияшон дер давом накард.
Иттиҳоди Шўравӣ барҳам хўрду понздаҳ ҷумҳурии бародар пош хўрданд. Робитаҳо канда шуданд, ҳар як кишвари давлати ягона ба сари худ мустақил шуд ва буҳрони сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ собиқ қаламрави
Иттифоқи Советиро фаро гирифт. Душманони хориҷӣ аз ин бенизомӣ ва норозигии халқ истифода карда, дар байни гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ низоъ меандохтанд, фитнаангезӣ мекарданд. Онҳо аз беэҳтиётӣ ва бесалоҳиятии давлатдорон истифода бурда, сохти конститутсионии давлатро тағйир доданӣ буданд.
Намояндагони исломи фундаменталистӣ, ки то ин замон дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъол буданд, акнун рўи рост ба даъвати аҳолӣ даст зада, ҷонибдорони худро бар зидди давлату давлатдорон мешўронданд.
Бенизомию бетартибиҳо ҳангоми гузаронидани интихоботи президентӣ авҷи тоза гирифтанд. Акнун қариб дар тамоми деҳаҳои Тоҷикистон гурўҳҳои одамоне пайдо шуда буданд, ки аз сиёсати давлату ҳукумат норозигӣ карда, мардумро ба сафҳои худашон даъват мекарданд. Суст гаштани пояҳои давлатдорӣ барои авбошону дуздон бисёр пайти муносиб буд.
Онҳо баҳри амалӣ гаштани ниятҳои манфиатҷўёнаи худ ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст мезаданд.
Моҳи майи соли 1992-юм, баъд аз он ки ҳамоишгарони майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон”-и шаҳри Душанбе пароканда шуданду аслиҳаи зиёдеро бо худ ба ҳар гўшаву канори кишвар бурданд, вазъи сиёсии ҷумҳурӣ тамоман аз ҳадди эътидол баромад.
Дар маҳалҳо гурўҳҳои мусаллаҳ таъсис меёфтанд, ки ба ҳайати онҳо асосан шахсони пеш зиндонишуда, авбошону дуздон шомил мешуданд. Акнун тамоми ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ ба як хонаи пур аз борут шабоҳат дошт, ки ҳар лаҳза метавонист битаркад. Дар бисёр маҳалҳо ноуҳдабароии сохторҳои низомӣ вазъиятро боз ҳам шиддатноктар мекард. Силоҳдорон рафта-рафта пурқувваттар мегаштанд, онҳо дар ҳама ҷо рўирост амал карда, одамони дилхоҳашонро дар ин ё он вазифаи калон мемонданд, дар ҷамъомадҳои ноҳиявӣ иштирок мекарданд ва тадриҷан фишангҳои давлатиро зери даст мегирифтанд. Дар чунин вазъияти мураккаб баъзе роҳбарон ҳам аз тарси ҷон ин гурўҳҳоро дастгирӣ мекарданд. Силоҳбадастон тамоми корхонаю ташкилотҳоро зери назорати худ гирифта, молу мулки онҳоро мувофиқи хоҳиши худ истифода мебурданд. Моҳи июли соли 1992 дар водии Вахш даргириҳои сангарҳои мухолиф боиси марги зиёда аз 100 кас гашт. Гурўҳҳои ғоратгарон дигар рўирост амал мекарданд, ҳатто ба кормандони милитсия дарафтода, аслиҳаи онҳоро ба зўрӣ азхуд менамуданд.
Дар ноҳияе, ки Манзура он ҷо мезист, чун дар дигар гўшаву канори кишвар, вазъият рўз ба рўз муташаниҷтар мегашт. Гурўҳҳои майдаавбошони маҳаллӣ, баъд аз он ки авбоши номии ноҳия бо тахаллуси Қарамиш аз минтақаи Қўрғонтеппа баргашт, бо вай пайваста, як гурўҳи калони мусаллаҳ ташкил карданд. Қарамиш як одами ҷоҳилу бераҳм буд. Тахаллуси худро дар зиндон гирифта буд. Ў баъд аз парокандашавии майдонҳои “Шаҳидон” ва “Озодӣ” бо ҳамроҳии як гурўҳ ҳаммаслакони худ яроқ ба даст гирифта, дар минтақаи Қўрғонтеппа якчанд нуқтаи назоратӣ ташкил карданду ба ғоратгарӣ машғул шуданд. Баъди сар задани ҷанг гурўҳи ў ба қатлу куштори одамони бегуноҳ машғул буд. Баъди якчанд моҳи ҷанг ў бо сабаби номаълуме аз Қўрғонтеппа ба ноҳияи худ омад. Дар рўзи аввали ба ноҳия даромаданаш ў намоишкорона дар бозори марказии ноҳия мудири бозорро, ки марди солхўрда буд, бо автомат парронд ва базудӣ иҷозат надод, ки ҷасади беҷони вайро гирифта ба хонааш баранд. Қарамиш бо ин дарандахўӣ ба мардум фаҳмонданӣ буд, ки ў минбаъд ҳокими мутлақи ноҳия аст. Бедодгариҳои гурўҳи ў рўз то рўз бештар шуда, сокинони ноҳияро ба тарсу ҳарос меафканд. Дигар зўри милисаҳо ҳам ба онҳо намерасид. Рўзе дар ноҳия овоза шуд, ки одамони
Қарамиш шабона ду корманди масъули ноҳияро аз хонаҳояшон гирифта бурдаанд. Аз миён ду рўз гузашта бошад ҳам, дар куҷо будани он нафарон маълум нашуд. Бегоҳии рўзи дигар ҷасадҳои онҳоро аз даруни канали калони сарҳади ноҳия ёфтанд.
Абдусамир, ки роҳбарии як хоҷагии калони ноҳияро ба уҳда дошт, ба ғорат рафтани молу мулки давлатиро дида, ба ғазаб меомад, аммо чӣ кор карданашро намедонист. Аз бемасъулиятии роҳбарони ноҳия ва коркунони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ маълум буд, ки дар ояндаи наздик вазъ боз ҳам батар мешавад.
Ў ҳайрон буд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ, чаро бо вуҷуди доштани иқтидор, барои безарар гардонидани он гурўҳи ҷиноятпеша коре намекунанд?
Бетарафии роҳбарони ноҳия низ шубҳаангез буд. Ин фикрҳо ўро ором намегузоштанд. Барои равшан кардани масъала як рўз ба назди одами рақами яки ноҳия раиси Шўрои депутатҳо раҳсипор гардид, то ҳақиқати корро бифаҳмад. Он вақт роҳбарии ноҳияро раисони шўроҳо ба зимма доштанду котибони райком шахсони дуюмдараҷа ҳисобида мешуданд.
Раиси Шўро баъди шунидани арзи Абдусамир, мақому вазифаи худашро аз ёд бароварда, бепарвоёна гуфт:
—Абдусамир, бародар, замона ҳамин хел шудааст, аз дасти ману ту чӣ ҳам меояд, дар ҳама шаҳру ноҳияҳо вазъият қариб як хел, пас ман чӣ кор кунам?
—Охир, дар ноҳия як қисми ҳарбӣ, идораҳои милитсия, амният, боз, чӣ қадар яроқу аслиҳа ҳаст, наход ки бо ҳамин қадар қудрату қувва безарар гардонидани як гурўҳе, ки ҳамагӣ 25-30 нафар аъзо дорад, имконнопазир бошад?!— эътироз кард Абдусамир.
—Рост мегўӣ, лекин онҳо дар ихтиёри ман нестанд, онҳо фармони вазирону роҳбарони худро иҷро мекунанд. Ман ҳар рўз вазъиятро ба онҳо мефаҳмонам, вале бефоида,— фикри худро тақвият медод раис.
Абдусамир ба ғазаб омад ва ба эҳсосот дода шуда, садо баланд кард:
—Раис, ҳоло ҷинояткорон камтаранд, вале сафи онҳо ҳамарўза афзуда истодааст, агар ҳозир мо пеши роҳи онҳоро нагирем, баъд дер мешавад, он вақт дигар ҳеҷ қуввае онҳоро боздошта наметавонад. Ҳоло ҳам сари вақт аст, ягон чора андешидан даркор. Фардо ягон ҳодисаи мудҳиштар шавад, халқи ноҳия аз ту гиламанд мешавад, на аз вазирон.
Раис бо Абдусамир баҳс карданро бефоида донист магар, ки бо ҳар ду дасташ сарашро дошта, дигар чизе нагуфт. Ногоҳ, чизе ба хотираш расидагӣ барин, зуд бархост ва калиди калонеро ба даст гирифта, аз пушти мизаш баромаду сейфашро кушода, коғазу колоҳои даруни онро тагурў кардан гирифт. Чизеро ҷустуҷў дошту ёфта наметавонист. Ниҳоят, сар боло карду бо ҳавоси парешон гуфт:
—Намедонам, ки ин билети лаънатиро куҷо монда бошам, ки дар ягон ҷо намеёбамаш.
—Кадом билетро?— ҳайрон шуда пурсид Абдусамир.
—Билети партиявиямро мегўям.
—Ҳоло вай ба ту чӣ лозим ва умуман, билети партиявӣ ба суҳбати мо чӣ дахл дорад?— савол дод Абдусамир.
—Медонӣ, агар онҳо билети маро ёбанду коммунист буданамро фаҳманд, бо ман чӣ кор мекунанд? Намедонӣ,— гуфт бо авзои даҳшатзада раис ва боз илова кард:— Барои ҳамин, онро ёфта ба об партофтан лозим, не, беҳтараш сўзондан даркор.
Рафтору гуфтори раис, тарсу таҳлукаи ў, ки аз беғайратию беҳамиятияш гувоҳӣ медод, ба Абдусамир сахт нафорид. Ў намедонист, ки эҳсоси баҷўшомадаашро бо чӣ амале берун барораду дилашро хунук кунад. Сухани сахту дурушт, ҳатто дашному ҳақорат ин лаҳза ба дарди вай намехўрд. Хестану як мушт ба даҳони раис фаровардан ба шаънаш намезебад.
—Билети партиявиро не, беҳтараш худатро ба обу алов парто!— гуфт ногоҳ ғайри ихтиёр Абдусамир ва башаст аз ҷой бархоста берун баромаду дарро аз пушти худ сахт пўшид.
Магар роҳбари як ноҳияи калон, ки ин қадар аҳолӣ ба умеди ўянд, то ҳамин дараҷа бепарво, беғараз шуда, фақат аз паи халосии худаш мегардад? Пас, тақдири халқ чӣ мешавад? Чаро ҳама бепарвоянд? Гўё чизе рўй надода бошад, охир, ба умеди киянд онҳо? Магар ин кутоҳназарҳо ҷараёни ҳодисаҳои ҳар рўз бавуқўъояндаро дарк намекунанд ё ҳоло ҳам ба умеди давлати азбайнрафтаи шўравиянд, ки меояду онҳоро муҳофизат мекунад? Онҳо дар гирдоби бесарусомонию бетартибиҳо сари калобаашонро гум кардаанду бечора мондаанд. Наход онҳо нисбати кору рафтори як тўда авбошоне, ки заъифии давлатдоронро ба фоидаи худ истифода бурданиянд, бетараф истанд ва ба онҳоро имконият диҳанд, ки сафҳои худро аз ҳисоби ҳаммаслаконашон пурқувваттар кунанд? Наход онҳоро боздоштан имконнопазир бошад? Бале, рост будааст гапҳои мўсафедону кампиракони таҷрибадор, ки мегуфтанд: “Бигзор, ба сарамон гуруснагию хорӣ биёяд, лекин аз сарамон давлатро дур накунад, бедавлатӣ даҳшат аст”. Наход бедавлатӣ ба сарамон омада бошад?
Абдусамир ғарқи андешаҳои худ, чӣ хел ба идораи хоҷагӣ расиданашро нафаҳмид. Вақте дохили кабинети корияш шуд, муовинаш бо рангу рўи кандагӣ давида аз паси ў даромад ва аз ғояти ҳаяҷону изтироб канда- канда гуфт:
—Раис, гурўҳи авбошон ба идора даромада, шуморо кофтанд, ёрдамчиятонро ҳақорат дода, гуфтанд, ки раисатро хабар кун ба штаби мо биёяд, ўро командир он ҷо интизор аст. Ҳа, боз, имшаб онҳо анбори матлуботро ғорат карда, посбонашро паррондаанд.
Ин хабарҳои таҳлукаангез аз як тараф дарди рўҳонии Абдусамирро дучанд карда бошанд, аз ҷониби дигар ўро ба худ оварданд.
—Зуд маъмурияти хоҷагиро ҷамъ кунед, ҳама биёянд!— супориш дод раис ба муовину ёрдамчияш.
Вақте ки аъзоён ҷамъ шуданд, Абдусамир ба онҳо вазъияти баамаломада, аз он ҷумла, вохўрияшро бо раиси Шўрои депутатҳои халқи ноҳия гуфт ва таклиф кард, ки молу мулки хоҷагиро аз анбор бароварда, ба ягон ҷойи бехавф кўчонанд, то туъмаи авбошон нагардад. Қарор шуд, ки ин кор шабона иҷро карда шавад.
Абдусамир бегоҳӣ дар ҳузури аҳли оила вазъияти баамаломадаро таҳлил кард ва гуфт, ки ба ситоди авбошон намеравад, чунки ба онҳо ягон сару коре надорад. Мақсади онҳо маълум, пул ситонданиянд. Ба Олимҷон фармуд, ки Манзураю духтарчаашро гирифта, ба хонаи Манзураино раванду як муддат, то тинҷ шудани вазъият дар он ҷо монанд, худаш бошад, бо ҳамроҳии якчанд рафиқонаш ҷои хобашонро ҳар шаб иваз мекунанд.
—Он гўрсўхтаҳо барои пулу мол шуда, аз ҳеҷ чиз даст намекашанд, аз бало ҳазар, эҳтиёт шудан даркор,— гуфт Абдусамир ва ҳангоме ки бархеста аз хона берун мешуд, Олимҷонро таъкид кард, то зудтар ба роҳ бароянд, чунки ин бегоҳ ба хона омадани авбошон аз эҳтимол дур нест.
Тахмини Абдусамир рост баромад, аз рафтани ў ва писару келинаш ҳанўз як соат нагузашта дастаи авбошон ба ҳавлии онҳо зада даромаданд. Ҳамонҳое, ки саҳар ба идораи колхоз сар халонда буданд. Онҳо дар хона танҳо Зиёдахолаву ду набераашро дида, дар ғазаб шуданд ва ҳақораткунон баромада рафтанд.
Дастаи авбошони Қарамиш торафт калонтар шуда, мактаби як деҳаи канори ноҳияро ба ситоди худ табдил доданд. Гурўҳи мусаллаҳ молҳои ғораткардаашонро дар он ҷо ҷамъ меоварданд. Дар майдончаи мактаб даҳҳо мошинҳои сабукрав ва якчанд камазҳои боркаш дар хизмати дастаи авбошону ғоратгарон қарор доштанд. Ҳар рўз чандин нафар мансабдорону сармоядоронро гаравгон гирифта, дар анборхонаи мактаб ҳабс мекарданд. Ҳар нафари ба гаравафтодаро, ки ворисонаш маблағи муқарраршударо оварда медоданд, ҷонаш халос мешуд, онҳое, ки пул надоштанд, бе ягон истиҳола қатл карда мешуданд.
Қарамиш як худаш ҳам суд буду ҳам иҷрочӣ, ҳукми қатлро содир мекарду онро ба иҷро мерасонд.
Вазъият рўз ба рўз нотинҷ мешуд, ягон рўз набуд, ки дар ноҳия ҳодисаи куштор нашавад. Ҳама кўшиш мекарданд, ки аз хонаҳои худ ба берун набароянд, то ба чашми ғоратгарону қотилон наафтанд. Аз байн як ҳафта гузашту гурўҳи Қарамиш шабона ба идораи шуъбаи корҳои дохилӣ ҳуҷум карда, як қисми бинои онро оташ зад ва тамоми аслиҳаи дар он ҷо бударо ғанимат гирифт. Бисёр аламовар буд, ки қисми навбатдории милитсия ва онҳое, ки он шаб дар идора буданд, ба дастаи авбошон муқобилият ҳам нишон надода, роҳи гурезро пеш гирифтаанд.
Акнун гурўҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша дар ҳама корхонаю хоҷагиҳо барои назорат намояндагони худро монда, чи хеле мехостанд, ҳамон хел молу мулки давлатро истифода мебурданд. Дар байни омма овозаҳои бардурўғ паҳн мекарданд, ки гўё аз Қўрғонтеппа гурўҳҳои мусаллаҳи калон бо танку БТР- ҳо ба ин сў омада истодаанду бо расидани онҳо ҳама “душманон” несту нобуд карда хоҳанд шуд. Албатта, мардум аз чунин овозаҳои таҳлукаангез ба тарсу изтироб меафтод. Одамони Қарамиш одамонро таҳдид карда мегуфтанд, ки хонаҳояшонро оташ мезананд. Ин гапро барои он мегуфтанд, ки мардум хонаву дари худро партофта раванду он муфтхўрон ба молу мулки бедардимиён соҳиб шаванд.
Дар ноҳияҳои минтақаи Қўрғонтеппа вазъ аз ин ҳам батар буд. Дар кадом як ноҳияе авбошон раиси ноҳияро гаравгон гирифтанд ва ў ҳам пас аз халос шуданаш ноҳияро бероҳбар монда, дигар барнагаштааст. Як қисм аҳолӣ аз тарси ҷон ба кўчбандӣ сар карданд. Бисёри онҳо ба шаҳри Душанбе, қисме ба ноҳияҳои водии Ғарм ва бархе ба Ҷумҳурии ҳамсояи Ўзбекистон фирор мекарданд. Баъзеи дигар, ки ҷойи рафтан надоштанд, ночор ҷони худро дар хатар гузошта, дар манзилҳояшон мемонданд.
Қарамиш ва пайравони ў ҳокимони мутлақи ноҳия шуда буданд, худашон шоҳу табъашон вазир. Одамони зиёдеро бе ҳеҷ сабабу гуноҳе бурда мепарронданд ё лату кўб менамуданд. Кинаҳои кўҳнаашонро рў занонда қассосгирӣ мекарданд.
Абдусамир, ки дигар вазифаи худро бевосита иҷро карда наметавонист, фаъолияти хоҷагиро ба воситаи ёварону мутахассисонаш роҳбарӣ мекард. Қариб ҳар рўз ба ў хабарҳои ногувор мерасид. Дирўз иттилоъ ёфт, ки 1200 сар говҳои ферма гурусна мондаанд.
Механизаторон ба саҳро баромадану юнучқа даравиданро имконнопазир мегуфтанд. Ҳоло зимистон наомада бошад ҳам, мушкилоташ аллакай сар шуда буд. Илова бар ин, рўзе набуд, ки гургҳои дупо омадаву як буққаи фарбеҳро ҷудо карда набаранд.
Баъд аз чанд рўзи дигар роҳи Қўрғонтеппа-Душанбе баста шуд ва дигар ба маркази кишвар рафтан аз имкон берун буд. Роҳи дарёи Кофарниҳон низ аз тарафи Ҳисор зери назорат буд, аз он ҷо ҳам гузашта намешуд. Ягона роҳи гузаштан ба Ҷумҳурии
Ўзбекистон боқӣ монда буд, вале он ҷо ҳам сарҳадбонон монеъ мешуданд.
Як пагоҳӣ Абдусамир ба хоҷагӣ даромад, то техникаҳои лозимаро ба корҳои саҳроӣ равона созад.
Саҳни таваққуфгоҳи тракторҳоро пуродам буд.
Аҳолии зиёде барои киро кардани трактор ё мошин омада буданд, то кўчу борашонро гирифта, аз ин ноҳияи ноором ба ягон ҷои амнтар раванд. Касе ба Абдусамир хабар овард, ки дар масҷиди калони деҳаи Сайёд ҳама интизори ўянд, мехоҳанд бо ў маслиҳат кунанд. Аммо вай рафтан нахост, зеро дилаш аз пешомади ногуворе гувоҳӣ медод. Ин вақт раиси ҷамоат ҳам расида омад ва Абдусамир ҳамроҳи ў ба ҷои ҷамъомад равон шуданд.
Дар саҳни масҷид тахминан 250-300 одам буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё