Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Чанд нукари дигар мебурданд ду дарвешро.
Ба мушоҳида гирифта буда инро аз даруни ҷўйбор писараке. Балки бачае буд, ки тахтапушташ тирчўба хўрда.
Нукарон чун ба панаҳҷо расиданд, якбора теғ кашида, ба миён гирифтанд дарвешонро. Маълум буд, куштанианд акнун инҳоро.
- О, хон моро амон дода буд-ку, - нимғурма кард яке аз дарвешон.
- Забонаш чунин гуфта, вале ишораи ангуштонаш чизи дигарро мефаҳмонда,
- нукар амсоли хон оҳиста зери манаҳ ангушташро баркашид, яъне фаҳмонид, ки фармон шуда барои куштани унҳо.
- Аслан аз дарвешонро куштан ҳарос дорад хони мо, - афзуда буд нукари дуюм. - Зеро якеашро куштӣ, садтаи дигараш бархезанд. Оини дарвешӣ ҳамин… Фақат… шумо…
Шумо гар… ин ҷо… бо истаравшаниҳои ёғӣ якҷоя гашта, алайҳи мо истодагарӣ намекардед, зидди хони мо барнамехестед…
- Барои ун дарвешем, ки бигирем тарафи ҷабрдидаро.
Тариқати мо ҳамин.
- Шумо дигар дарвеш набошед! Ҳоо… Зеро касе, ки нест, ҳеҷ аст! - аз зарби ногаҳону якбораи шамшери вай дарвеше печалак зад, биғалтид, ғарқоби хун бишуд.
Дарвеши дуввум дами шамшеру найзаҳои тарафаш омадаро реб бидод, худашро қафо баргирифт, чун нукарон пеш омаданд бо тобхўрии хоси дарвешона ва ребу фиребе шамшеру найзаи унҳоро аз дасташон барканд, то даме ки онҳо силоҳи худро бардоштан хостанд, вай бигрехт. Нукарон аз китф каҷкамон кашида аз думболаш тирчўба равона бикарданд, вале нарасида буд. Балки миёни шохаҳои печида ғайб бизад дарвеш, балки чунон ғайб бизад, ки гўё ҳаргиз набуда.
Нукарони безобита варо пайдо карда натавонистанд.
- Барои гурехтани ин дарвеш моро намебахшад хон, сари худамонро бармеканад.
Ин ба андеша ва ташвиши зиёд водошта буд онҳоро.
-...Шояд ба хон бигўем, куштем ҳар дуяшро, ҷисмашонро панаҳ кардем, то касе набинаду надонад, ки…
- Ин чораи ба мантиқе!…
Нукарон бармегаштанд, акнун. Балки дар роҳи гузарашон яки дигар хобида буд, ки захми корӣ хўрда ва чун саҳл биҷумбид, тире, ки бояд ба дарвеши гурехта равона мешуд, ҷониби вай парид, такон додаш, пасон танашро билкул аз ҷумбиш мононда. Нукарон ба каҷкамони худ тирчўбаи дигар гузоштанд барои сари роҳашон ягон захмхўрда ё нимаҷони дигарро нобуд кардан. Ҷониби ҷўйборе меомаданд ба ин минвол. Ҷўйборе, ки андарунаш буд писарчаи захмхўрда. Нукарон ба ҷўй наздик мешуданду бача зўр зада, худашро аз нав андаруни нов андохтан мехост. Агар ин муяссараш намегашт тирчўбаи зеҳи каҷкамони нукарон риштаи нимаҷонашро барканда метавонист.
Нукарон, ки болои нова қадам мезада, бачаро намедиданд, зеро вай миёни новаи об нопайдо гашта.
*
Дар миёни теппакўҳи Муғу Тал бошад, девори манораи нав болотар мешуд. Яъне боло мехест аз каллаҳои навбурида.
Нукарон, ки ду дарвешро бурда буда, бармегашта ин ҷониб. Бармегашта бе дарвешон.
Дар ҷойи дигар нукарони дигар бандиеро кашида ҷониби кундаи каллабурӣ, ки атрофаш хунҳои кафкзада дошта, меоварданд. Ҷое меоварданд, ки каллабур бо табарзини аз хун арғувон мунтазираш меистод. Ва ин нафар, аз чӣ бошад, ҷониби соҳиби табарзин табассум зоҳир менамуд.
Чунон табассум, ки фақат ҷониби дўсту ошное зоҳир бикунанд. Ва гўё ҷониби дўсташ меомада бошад, на ҷониби каллабури худаш. Ва ин мард, ки боз табассумаш фарох мегардид, балки гирди лабаш мешукуфт, яку якбора ва ногаҳон силтав хўрда буд, хез зада буд, ҳарчанд аз банди ду дасташ нукарон медошта, вале аз панҷаҳои оҳании унҳо раҳоӣ хўрда, бо хези дигар ба каллабури табарзан бирасиду аз баногўши вай даҳон биандохт.
Акнун соҳиби табарзин варо аз худ ҷудо кардан мехост бо силтаву шиддат.
Аммо дандони марди дасташ баста ба гўши вай чуқуртар ғўтида.
Соҳиби табарзин шояд аз дард бошад, ки ба вай мушт мезад бетартибона.
Аммо марди табассумгар гўши каллабурро, ки миёни дандонҳош буд, раҳо намекард.
Нукарони дигар, ки ба мадад расида, ниҳоят ҷудо карда тавонистанд ин нафарро аз соҳиби табарзин, вале қисмати зиёди гўши каллабур дар даҳани ин асир монда буд, ки канда гирифта.
- Вой-ъе! - нолаи ҷонкоҳ мебаровард соҳиби табарзин ба худ печида.
- Дард мекунад ъа? - гўши бо дандон кандаи варо ҳамроҳи хунҳои кафкзада туф кард асир ва чунин нидо барзад.
- Нахо-од ъа?! Як гўш канда шавад дард бикунаду гардане аз тан ҷудо бишавад дард намекунад мага-ар? - боз зўр зада, табассум кардан мехост ин нафари гўшро газидаю канда.
- Хобонед ъа! - ниҳеб барзад соҳиби табарзин, ки печутоб зада, хуни аз гўшаш резандаро фиреҷ карда, тоза менамуд -
Рўи кунда хобонед ъа!!! Зуд-та-ар ъа!!!
Табарашро бо тамоми шаст боло бурду бо шасти бештар поён биовард. Каллаи ин мард аз болои гарданаш ҷудо бигардид. Балки ба он боз табар мезад.
Каллабур бо иллату қаҳри беҳад, каллаи пора- порашударо лағат бизад, ки ғелида рафта ҷониби нукарони манорасоз.
- Гузоред ба ун ҷо-о!!! Ҳар пораашро-о!!! - дод зад ва хуни ҷойи гўши собиқаро тоза бикард. Балки бо дами тези табараш чандин маротиб ба тани марди бекаллашуда фаровард, яъне онро тилим-тилим кардан хоста буд.
Дар ин ҳолат аз ҷайби ин каси бе каллашуда кадом ҳамёнро дида, хам гашта, кашида баргирифт, ба бағали худаш биандохт. Зеро ҳамёни тиллодор буда.
Баъд гўши каллабурро марҳам молида, бо латта гирдогирди сараш печонида, барбастанд; табараш боз боло мерафту поён мефаромад, яъне ғазабашро ба сари асирон мерехт, ки яке аз онҳо гўши варо бо дандон ҷудо карда гирифта. Ва сарҳои аз зарби табарзанаш паридаро пеши лағат мезад, ки ҷониби «устоҳои деворзани хон» биравад ва хишти дигар бишавад барои калламанор.
\\\*
Кўчаҳои Истаравшан холӣ монда буданд билкул.
Боғистонҳо, ки муқаддам тартибу низом дошта, аз одамони фараҳдил пур буда, бекас ба назар мерасиданд ҳоло ва шохаи ниҳолон шикаста, меваҳои онҳо рехта буда. Осори суми аспони ҷанг болои унҳо монда. Ҷисмҳои шаҳидшуда низ ҳар ҷо ба назар мерасида.
Дар як боғистон пайкаре, ки як дасташ кўтаҳ шуда, бе даму дуд мехобид; кафи дасти аз буғум буридаи вай дар тани кундаи биҳӣ монда, ки бо тирчўба дўхта шудагӣ метофт.
Баъди гузашти муддати зиёд чашмони моломоли дард ва камнур, зўр зада, кушода шуданӣ буданд. Ин нишонеро зуҳўр мекард, ки ҳанўз зинда аст, ҳарчанд ғайри чашмро нимроғ кардан дигар ҳаракате зоҳир карда наметавонист. Балки бо ин чашмон менигарист ба боғистони абгор ва осмони афгор…
Балки Аржанги дасташ кўтоҳшуда буд ин уфтода.
\\\*
Дар ниҳоят омода шуда калламанори ваҳмовар дар миёни Истаравшан, ки чанд ҳазор калла истифода гардида буд дар он.
- Агар амири манғити мулки Шимол ин ҷониб биёяд, калламанор ба вай шаҳодат бидиҳад: Истаравшан мағлуб гардида! Яқинтараш ин шаҳристонро аз миён бурда на вай, балки ман! Амири мулки Шимол бидонад: ҷониби кишвари ман гар лашкар кашиданӣ шавад, аз сари худашу наздиконаш ба вуҷуд биоварам чунин калламанор, мулкашро валангор бигардонам амсоли ҳамин Истаравша-ан!
Хон ханда зада буд пирўзона, ки гўё амири мулки
Шимол ва одамонаш ин ҷо бошанду медида ва мешунида ин ҳамаро…
- Асирони боқимондаро, - нигоҳи хон ин ҷониб омада буд,
- мебарем ба самти мулки ман. Он ҷо, инҳо, то охири умрашон хизмати мора анҷом бидиҳанд. Яъне ба Истаравшан дахл надоранд дигар инҳо, балки ғуломи шаҳри мо шудаанд, акнун!…
Нукарони хон, яъне лашкараш валвала мекарданд пурнишот.
*
Ниҳоят асирони боқимонда, ки сарашон ҳамчу хишт барои калламанори баланд истифода нагардида буд, дар иҳотаи нукарон ронда мешуда ҷониби баромадгоҳи
Истаравшан, яқинтараш ҷониби шаҳристони хон, ки паси чўлистони азиму паҳно буд, балки чандрўза роҳ меистод дар миён.
\\\*
Кўчаҳои Истаравшан, билкул, холӣ монда.
Ҷондоре гўё дигар набуд ин ҷо.
Не аспи захмхўрдае ба назар расид дар ниҳоят. Аспе, ки пойи савори мурдаву афтодааш дар узангии зинаш дармонда.
Асп аз мурдаи инсон, ки бо узангиаш кашида меовард, гўё ҳароси зиёд дошт, вале аз он халос хўрда ҳам наметавонист.
Баъд асп аз кашола карда гаштани мурда магар хаста шуд, ки торафт суст мегардид, ниҳоят қарор гирифта буд дар ҷое.
\\\*
Болои теппаи Муғ ва бари Тал бошад калламанори аз сари одам афрохтае меистод.
Дар тани калламанор ду миллаи дарози овезон ба назар мерасид, ки аз асари бод ҷумбиш мехўрд ва он ба арўси собиқ дахл дошт.
\\\*
Асиронро аз даштҳои Навкат, Бекат, Куркат,
Маҳрамтоб ва дигар мавзеҳо гузаронда пеш мебурданд. Ин одамон, ки сарашон болои китфонашон солим монда, ин саҳар дар ун боғистонҳои пурмеваю шодибахш аз куҷо медониста, ки мавриди ҳуҷум қарор мегиранд, баъд бандиву хору зор мешаванд, сари миқдорашон барои калламанор истифода мегардад, зиндамондаҳоро бошад ронда мебаранд:
Истаравшан торикистон гашт аз дасти адў,
Шуд манори калла бунёд аз азизонам, дареғ.
Мекунам аз ормонҳои дилам бо ту видоъ,
Ай диёри хуштар аз тахти Сулаймонам, дареғ!...
Шоира, ки қатори асирон бар сангу хор пешпо хўрда, қадам бармениҳод, ин мисраҳо зери лаб дошт, балки дар мағзу ҷонаш гардиш мехўрда ва ҳар гоҳ сарашро қафорўка тоб дода, ҷониби Истаравшан назар мебурд.
Ўро нукарон вомедоштанд, амсоли асирони дигар қадам барзанад.
Чархи гардун давр гашту кард сарсонам, дареғ,
Бар гулўи чарх печад оҳу афғонам, дареғ.
Бар фироқи ёру хешу ақрабою дўстон,
Хуни дил мерезад аз ҳар нови мижгонам, дареғ!...
Барои Шоира ва ҳамчунин асирон роҳро идома додан зарур мешуд рўи дашти хорзори сангдору қумдор.
\\\*
Истаравшани мурда монда буд дар думбол.
\\\*
Асирон ҳам амсоли мурда буда, вале мурдае, ки бо зарбу иллати нукарони иҳотагар қадам бармезада. Қадам бармениҳода ҳанўз рўи сангу қуму хорҳои мағелон.
Пойи онҳо озурда мегашт ва хастагиашон дар ҳоли фузудан буд.
Бонуе, ки шиками бардамида дошт, яъне дар батн фарзандаш буд ва танаш захм ҳам хўрда, чанд бор биафтид, зўр зада хест, роҳашро идома бахшид, вале ин дафъа чун биафтид, дигар натвонист барои бархестан ва барои пеш рафтан.
- Яъне ту ин ҷо монданӣ? - овози хон пайдо гардида. -
Вале пурсидӣ, ки дигарон монданӣ ё не? Ё ба ту ёрдам диҳем барои ин ҷо мондан?
Дар ҳастии заифа умедаке рў зад, ки ниҳоят ин аждародам раҳму шафқат зоҳир мекарда ба уфтодае ва табассум ҳам дорад ҳолиё.
Вале бехабар буд, бо ишораи ниҳони вай наздик меояд соҳиби табарзин.
Ва заифа донист, хон чӣ тур мадад карданро дар назар доштааст.
Занак ба дами тези табар нигариста, ҷонталвоса зўр зада хеста, роҳро идома додан мехост, аммо намешуд. Балки ба зудӣ по ба по печида афтида буд аз хастагӣ ва вазни кўдаки батнаш.
- Не, наметавонӣ дигар пеш рафтан. Ҳамин ҷо монданат беҳтар, - овози хон буд аз нав. - Ё нодуруст гуфтам а?
Заифа, ки дигар мадори пеш рафтан надошт, оҷизона менигарист ба дами тези табари болои сар, ки аз он меомад бўи марг ва ў кадом овози нимғурма бароварда, пеши хунрезии навбатиро ё бедодии дигарро гирифтан мехост.
- Ту натарс а. Ман фақат аз рўи фармудаи хон мадад карданӣ! - ба оҳанги хонаш ҳарф задан мехост соҳиби табарзин.
Нимғурмаи илтиҷоомезу ваҳмзадаи занак ба фарёд бадал наёфта, риштаи ҷони вай канда бишуд, балки аз дами табарзини якгўша чунин гардида буд.
Фақат сари аз тан ҷудогаштаи бону ҳамчу хишти манор истифода нагардида, зеро ин ҷо - дар дашти беоб, хон калламанор сохтанӣ набуд ва наметавонист ва барои ин вақт ҳам надошт, зеро то шаҳри худаш чандрўза роҳ меистод дар миён, ки он ҷо зуд расидан ва пирўзии ба даст овардаро барои саканаи ун ҷо нишон додан мехост.
- Агар дигарон ҳам ин ҷо мондан бихоҳанд, марҳамат, мо ёрдам дода метавоне-ем аа! - сухани хон буд барои асирони дигар, ки ба заифаи каллааш парида менигариста шахшудаю лол.
- Хуб, боз кадоме хоҳад ин ҷо мондан ъа?
Бандиён ғайри роҳи худро идома додан дигар илоҷ надоштанд.
Чаро халқи ватан ин хела муҳтоҷ?
Чаро пиру ҷавону бева муҳтоҷ?...
- ин маънӣ монда буда дар қаъри чашмони Шоира: чашмоне, ки осори ашки ларзон дошт. Балки инро ифода карда буд худаш:
Чаро халқи ватан ин хела муҳтоҷ?
Чаро пиру ҷавону бева муҳтоҷ?...
- Ё забони инро ҳам аз комаш кашида, кўтоҳ бисозем а? - пешдастӣ кардан бихост нукаре.
- Дўст надорам маслиҳат диҳанд барои ма-ан! Хоса зердастони хело поёнтар! Ва гар маслиҳат бидиҳанд - барқасди унҳо хоҳам кард! Ё нодуруст мекунам ъа?...
Гўё ҳамин тобхўрӣ Шоираро раҳо карда буд, то сараш ҷудо нашавад аз болои танаш.
Шоира нафари ягона буд, ки имрўз хон ба вай суоли дуруст ва «посухи дуруст» муқаррар накарда, яъне ҷазоро муқаррар накарда, ки ин ғайри амалу одаташ буд ё тасодуфан чунин шуда.
Асирони дигар бе саркашӣ роҳро идома ҳамедоданд.
Шоира мебоист қатори унҳо бошад…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё