Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хони зарринкулоҳ бо чашмони танг анбўҳи асиронро бори дигар аз назар гузаронида буд. Баъд нигоҳи чашмони пурғазабаш рафта буд ҷониби ду теппа.

- Ин теппаҳоро дидед ъа? - ишора карда буд баногаҳ.

Асирон, ки суол ба унҳо равона шуда, мақсади хонро нафаҳмида, беҳаракату ноҷумбон ва дар сукут меистода.

- Ин теппаҳоро дидед ъа? - бештар дар ғазаб мешуд хон.

- Ба маънои «дидем» таъзим кунед а! - дод зад яке аз атрофиёни хон, яқинтараш соҳиби табарзин. «Нофаҳмии» асирон ба хашм оварда буд вайро.

Сарбозон бо шофу найза асиронро маҷбур намуда, ки таъзим бикунанд.

- Миёни ду теппа ҳоло теппаи дигар бунёд мекунем! - давом дода буд хон. - Фаҳмидед ъа?! - калимаи охирро бо зарба таъкид карда: - Яъне фаҳмиде-ед ъа?!

Нукарон мардумро водошта буда, сари худро аз нав хам кунанд, яъне ишора бошад, ки фаҳмидем.

- Ин ҷо манор мешавад, яъне нишоне, то ҳама донад:

Истаравшан дигар мустақил нест, ба мулки Шимол (Бухоро) ва ё аморати дигар дахл надорад, ғайри дахл доштан ба сарзамини ман! Фаҳ-ми-де-ед? Аъа?! - якбора дод зада буд.

Ин дафъа бо шофу найза хам кунондани сарҳо осон набуд, балки билкул душвориҳо дошт.

- Мехоҳам, - идома дода буд хон, - ун манорро бисозам ҳамин рўз! Манори навро, ки пирўзии маро, пирўзии чирадастони маро таҷассум бикунад! Ҳооъ!...

Мардум беҳаракату ноҷумбон меистоданд.

- Месозем манор, ки аз ҳар тараф намоён бошаду барои касони ба ин ҷо оянда аз қудрату тавоноии ман гувоҳӣ бидиҳад!

Анбўҳи мардум беҳаракату ноҷумбон меистода.

- Мо-ку, аз ин ҷо, лой меёбем, лек хишти дилхоҳи тайёр нест-уу, - изҳор дошта буда кадоме аз атрофиёни хон.

- Асосаш, ки ман сохтанӣ! - ниҳеб зада хони шўридасар.

Ва боз савол дода: - Вале аз чизе, ки созам шумо розӣ ъа?! - суханаш ба асирон равона шуда буд боз.

- Такрор мекунам; аз чизе, ки созам, шумо розӣ ъаа?!

Шофу найза кор дода буд, то мардумро, бо душворӣ ҳам бошад, ба сархамӣ вобидоранд, яъне ба тасдиқи сухани хон.

- Яъне худатон тасдиқ кардед ъаа? Ин маънои розӣ шудани шумоъ? Гуфтаанд ку: «банда-розӣ, Худо ҳам розӣ!»

Яъне худатон иҷоза додед: аз чизе, ки хоҳам бисозам онро!

Чашмони тангу тезаш асиронро бори дигар аз назар гузарониду баъдан эълон намуд:

- Ман аз каллаи шумо сохтанӣ, яқинтараш аз каллаи як қисми шумоъ... Яъне манор, ки сохта шуд, каллахишт, ки дигар лозим нагашт, боқимондаҳо зинда бимонанд!

Асирон безобита ба ҷумбиш омада буданд, ҳатто чанд нафар азми гурехтан бикарда, лек пиромуни унҳоро нукарони хон иҳота карда буданд: балки чанд саф буданд ва шамшеру найза ба каф доштанд; касе, ки майли аз иҳота баромадан мекард, беибо кушта ё пора карда мешуд. Хуллас куштагони нав пайдо шуда буданд дар атроф, балки куштагони зиёдтар.

Хон мунтазир биистод, то издиҳоми ваҳшатзада дигар майли гурехтан зоҳир накунад ва атрофро сукунати мурдавор печонда бигирад.

- Ку, шурўъ кардем ба иморати манори на-ав! - нидои хон буд дар ниҳоят. - Яъне дигар касе муқобил не-е-ст ъа?!

Барои тайёр намудани «хиштҳо»-и аввал, бо ишораи хон, одамеро кашида берун биоварданд. Ҳамоне буд, ки дар оғоз рўи суфачаи боғхонаи Истаравшан нишаста, бо мўйсафед ва ду дарвеши дигар сўҳбат дошта ва мегуфта: «солҳои зиёд зистани мо лозим; зеро дар қабристонҳои ин мавзеъ дигар ҷо намондааст барои гўронидани ҷисмҳои мо».

Вале табарзин, ки чанде пеш кафи дасти Аржангро аз буғум калта карда буд, бо ишораи хон сари ин мўйсафедро ҳам аз тан ҷудо намуд.

- Ин сар бисёр сахтию балоҳоро дида, сахту сангин шуда, яъне ба таҳкурсӣ мувофиқтар бошад! - ташреҳ бидод хон.

Сари мўйсафедро ҳамчу хишт ё санги аввали таҳкурсӣ гузоштанд нукарони хон ва аз болои он барзаданд лой.

Паҳлўи он сари дигар бимонданд, ки аз тани дигар ҷудо гардида буд.

Ҳамин тур як қабат сари аз тан ҷудо ва як қабат лой гузошта, рахи таҳкурсӣ ба миён меоварданд.

- Охир ин чӣ бедодӣ ъа! - фарёд баровард инсоне. - Охир мо мардуми тоҷик теғ кашида, ба сари ягон қавми дигар нарафтаем боре. Вале шумоъ чӣ корҳое мекунед, ки!…

- Лек таърих бигўяд: саре, ки барои хам кардани сарҳои дигар намеравад бурида мегардад, худаш дар охир. Ё нодуруст гуфтааст таърих ъа?

Дастони шахсе, ки доири бедодӣ сухан кушуда буд, бо зарбу лат тоб дода, танашро балои кунда хобонданд ва бо зарби табарзин сарашро ҷудо карданд. Посух ба суолҳош гўё ҳамин буд!

Ба таҳкурсӣ сарҳои аз тан ҷудокардаро мегузоштанд, болош як қабат лой меловиданд, сарҳои дигарро мечиданд ба забари он ҳамчу хишти навбатие.

Вақте ки девор баробари қади одам бишуду аз он баргузашт «устоҳои деворзан» сари дигар гузоштанд, ки ду миллаи дароз дошт. «Устоҳои деворзани хон» аз чӣ бошад ду милларо зери лой нахобонида буда, ки дар натиҷа дар танаи калладевор овезон бимонд.

Ду миллаи хушбофт ба наварўсе дахл дошт, ки акнун ҳамчу ду рахи қисмати сиёҳаш ба назар мерасид.

Болои кундаи сарбурӣ касони дигарро кашидаву овардаву дасташонро тоб дода, мехобонда ва табарзини хунолуд якмаром боло мерафтаву бо зарб поён меомада.

Сарҳои аз тан ҷудогашта парида, хишти девор мегашта! Балки хишти манораи наве!

Нукарон аз куҷо дарёфта, даст гирифта, ду дарвеши солхўрдаро ва кашола карда, меоварда.

Баъд унҳоро низ болои кундаи сарбурӣ хобондан мехостанд.

- Бори аввал бошад, ки хони аъзами мо дарвешонро сар бизананд а! - пичиррос зад яке аз муқаррабони хон.

- Ё ин тасаввури ман бошад а?...

Хон пичирросро самъ карда, аз дарвешон чашм намеканд ва рангаш тағйир ҳамехўрд. Гўё ба хулосаи дуруст омада наметавонист.

- Бори аввал бошад, ки хони аъзами мо дарвешонро сар бизананд а! - боз шунид пичирросро хон

Ва баногаҳ саволе ба миён оварда буд хон.

- Накушем дигар ъа?

Пурсида буд инро аз издиҳоми боқимонда, яъне аз асирони дигари ҳанўз зиндае.

Издиҳом лаб намекушода. Зеро дар ваҳм буда ва намедониста, «не» бигўяд ба чӣ бикашаду «ҳа» бигўяд ба чӣ анҷом биёбад?

- Накушем дигар ъа? О, шумо худатон ба куштан иҷоза дода будеду накуштанро намепазире-ед ъа?!

- На-ку-ше-ед аа!…- якбора ҳуввосу ғуррос зада буда издиҳом, ки дар атрофи танаҳои бекаллашудаи ғарқоби хун ва дар иҳотаи лашкари азими хон меистода.

- Дигар… накуше-ед ъа-а-а!!!

- Аз рўи фармудаи халоиқ амал карданро омўхтаам!

Яъне ин гуфтаро ҳам иҷро бикунам!…- ва муддате хомўш монд. - Вале… Накуштан дахл дорад… Ва фақат дахл дорад ба дарвешон! Зеро инҳо истаравшанӣ нестанд! Умуман дарвешон маҳалу макон надоранд. Ҳамту не-еъ а? - фазлфурўшӣ кардан мехост хон.

Нафасашро рост карду биафзуд:

- Инҳоро раҳо мекунам мувофиқи хоҳиши шумоён! - барои издиҳоми асирон изҳор дошта буд.

- Зеро ин ҷо, ҳар коре, ки кардам, бо хоҳиши шумо карда. Бигзор бираванд ин ду нафар! Балки...- ба хотираш чизе ва ё қароре расида буд: -

Балки чанд сарбози ман гусел мекунад инҳоро, то ҷойи бехавф мерасонанд,

- ба нукарон ишора намуда буд.

- Дидед ъа? - боз рў оварда ба издиҳом. - Дили мо ҳам раҳму шафқат дорад, албатта! Умуман дар дунё диле ҳаст, ки раҳм надошта боша-ад а?

Баъд ба нукарон, ки дарвешонро аз ҳалқаи иҳоташуда берун меоварда, нигаристу қариб ноаён ва бо кадом ишора чизе фаҳмондан хост, балки зери гулўяш бо ангушт рах бикашид оҳиставу ноаён.

Нукарони гирди дарвешон ба маънои «фаҳмидем!» номаълум сар ҷумбониданд, яъне бармеомад дарвешонро дар панаҳҷо нест бикунанд.

- Сохтани манора идома медиҳем, яъне бо хоҳиши собиқаи худи шумоён - халоиқи ин ҷо-о буда-а! - сухани хон дахл дошт аз нав ба мардуми Истаравшан. - Яъне дар асоси розигие, ки пеш дода будед идома медиҳем а?!

Асирон боз дам ба дарун шуда буданд, яъне ҳанўз ҷон доштанду пайкари беҷон барин метофта.

Сари яке аз онҳо аз дами табар парида дур биафтид, баъд хиште бишуд барои калламанора.

Сарҳои дигарон низ мепарида чунин ва хишти дигар мешуда барои манора.

Ин маротиб Шоираро кашола карда оварда буданд барои сар задан.

- Ин қадар зебо-ост ъа? - ғайри ихтиёри худаш овоз бароварда буд хон.

- Ду маротиб аст, ки маро бетараф намегузорад ин пайкар? Барои чӣ-а?

- Зеро на танҳо фариштаамсолест, балки ғазалнавис ҳам буда, - бо эҳтиёту мулоим фаҳмондан бихост яке аз муқаррабон, ки дами дарвешонро қариб куштанашон барои хон пичиррос зада буд, яъне боиси истифода нагаштани сари онҳо шуда буд ба ин калламанор.

- Ғазалнавис-а? Нахо-од ъа? - ҳатто суоле омада буд ба забони хон.

Муқарриби вай «ҳоо» гуфта таъзим намуду ҳатто китобу авроқи навиштае дароз намуд барои вай.

- Ба ҳамин бону дахл доштааст инҳо…

- фаҳмондиан бихост вай.

Ва хон китобҳо ва хоса дастнависҳоро аз назар мегузаронд ва авзояш дигар ҳамешуд.

Ин ҳангом дасти соҳиби ин китобу навиштаҳо, яъне

Шоираро тоб дода, сарашро пахш намуда буданд болои кундаи қассобӣ, ки он ҷо хуншапу даҳшатбора метофт.

Соҳиби табарзин, яъне каллабур ба вай наздик шуд, яъне сари Шоира мепарид бояд аз дами табараш.

- Соҳиби ин варақҳоро ҳам эмин дорем чӣ? - баногаҳ баромада буд овози хон аз кадом боисе. - Яъне мисли дарвешон эмин дорем ъа? - хон сухани нимғурмаро нисбати дарвешон, аз чӣ боис, то охир набурда, хомўш бимонд.

Вале ин нимғурмаи хон кифоя буд, соҳиби китобу авроқ аз болои кундаи сарбурӣ хезонида бишавад, дар ниҳоят…

Фақат соҳиби табарзин ноумед буд, ки барояш дафъаи дуввум муяссар нагашта ҷудо кардани ин сар аз гардани нозукаш.

- Куштани ин дер намешавад а? Агар хоҳем баъд ҳам анҷом додан мумкин а? Ҳамту неъ? - нимғурма бикард хон.

Навиштаҳоро ба каси паҳлўяш баргардонида буд ҳолиё.

Он кас ба ин навишта ва Шоираи сараш аз буридан халосхўрда менигаристу чашмонаш дурахши ниҳон пайдо бикард ва дастнавису китобҳоро бозгашт ба хўрҷини болои аспаш биандохт.

пешина
аз 34
навбатӣ