Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз калламанор на он қадар дур мегўронанд ҷисми шаҳидони навбатиро. Яъне паҳлўи шаҳидони пешинаи бесаршуда мегўронанд.

Қисмате аз онҳо дарвеш бошанд ва яке бошад дарвеши кашмирӣ.

Болои аксари гўркардаҳои нав кулоҳи дарвешӣ мегузоранд.

Яъне ин сайёҳони олам, ин пушту паноҳи мазлумон ва муҳтоҷон буда ва риштаи ҷонашон дар роҳи дигарон канда шуда, ин ҷо ба хоби абад ва ором мераванд.

Шоира менишинад паҳлўи ду гўрпушта, ки кулоҳи дарвешӣ надорад. Болои яке саллаи калтакардаи мўйсафеди истаравшаниро мегузорад, болои дигар мемонад якто меваи биҳӣ. Биҳии азим. Биҳии зардгунаи тиллоранги Истаравшан.

Бармеояд зери ин гўрпушта бошад боғбонбача Аржанг.

Ларзаи тани Шоира зиёд мешавад ва канда-канда гиря мекунад.

Аз дарвешон яке, ки захми азими гирди китфу шонааш бо матоъ баста шуда, ба хондани дуо пардохтааст. Яъне вай пиру роҳнамо бошад бо мую ришу абрувони сап-сафед. Ва ў барои рафтагон дуо мехонад, барои таскини рўҳи унҳо қироат мекунад.

Шоира ва дарвешон ва одамони дигари ин ҷо нишаста ҳамчунин даст ба дуо бардоштаанд.

Баъд пиру роҳнамои дарвешон иброз доштааст:

- Як қисми мо ин ҷо мемонем, то бозгашти зиндагии муқаррар ба Истаравшан, - ба таёқу асои хоси дарвешӣ такя задааст. Яъне тағои хони мулки Офтобрў бошад. - Ҳаа, мо ин ҷо мемонем то бидонанд, ки… Балки бидонанд ҳавои даҳанҳо, бераҳмону беинсофо, ғурурзада ва ҷаллодони ҷони одамҳо…

Бидонанд, ки ғолибу пурзўри мутлақ нест рўи ҷаҳон ва нерўи ҳимоятгари зиндагӣ бархезад алайҳи унҳо. Бархезад дер ё зуд.

Балки чунин қудратро ба миён оварда тавонад замину осмон ва ё неруҳои ҷамъияти инсон. Ва инро ном бимонанд гоҳ дарвеш, гоҳ сўфӣ, гоҳ сарбадор, гоҳ сафедҷома, гоҳ сурхҷома ва гоҳи дигар номи дигар бигирад. Вале ҳарчӣ бошаду набошад он нерў ва чунин қудрат ёфт мешавад ҳамеша. Ёфт мешавад рўи замин ва бармехезад алайҳи ҷабру ситам, бар зидди ноадолатӣ ва бераҳмӣ.

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ!!!...- ба ҷойи тасдиқ меояд нидои дарвешон. Онҳое, ки аз мулки Шимолу Офтобрўя (Хуқанду Бухоро) ва дигар мавзеъ бошанд чунин нидо дарзада.

Аз миёни дарвешони ба ҷаҳр рафта, нигоҳи яке, ки пуртамкину пурҳикмат бошад, қарор мегирад боз ба Шоира.

Яъне нигоҳи пиру роҳнамои дарвешон бошад, ки мўю абрувонаш сап-сафед аст.

- Дарвешӣ… ҳамеша кори мардон шуморида шудааст, яъне зистан миёни хоку хун, зистан покизаву озода дар дунёи нопок ва миёни одамоне, ки зиштии зиёд зоҳир мекунанд.

Дарвешӣ кори мардон шуморида шавад…

Сарвари дарвешон лаҳзае сукут мекунаду боз нигоҳаш қарор мегирад ба Шоира.

- Имрўз яки дигарро… қабул созем ба дарвешӣ. Яъне ба сафи худ ворид бикунем каси дигар…

Ин хабар аз нидову ҷаҳру валвала кашида сўфиёнро муддате ба оромӣ ва диққат.

- Ҳаа, яки дигарро ба сафҳои худ қабул мекунем, ҳарчанд то имрўз ба дарвешӣ мард қабул медоштем на ҷинси занро. Ба сафи худ қабул мекунем, акнун, шоираи истаравшанро!

Шоираи Истаравшан!

Нигоҳашро ба Шоираи ҳайратзада меоварад ва идома бармедиҳад:

- Не, туро мисли худамон ба сайру сарсонии ақсои олам намекашем мо. Зеро дар Истаравшани холимонда ва бекасшуда ту баринҳо зарур. Зарур, ки ин ҷо зиндагӣ ва умри рафтагон идомаи нав бигирад. Фақат дарвешӣ як рамзест, то хону амирони Шарқу Ғарб, Шимолу Ҷануб, ба такаббурзодагон ва ғурурзодаҳо ва дигару дигарон бидонанд: ту як ҷузъи дарвешонӣ ва минбаъд касе, ки ба ҷонат қасд кардан бихоҳад, дарк бикунад: ҳимоятгар дорӣ, дифогар дорӣ.

Яъне дорӣ ту дар шахси ҳар дарвеши рўи ин замини гирдгардон…

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ! - тасдиқ мекунанд гуфтаи пешворо дарвешон бо чунин шева.

- Дар асл бигирем кайҳо ту як ҷузъи мо будаӣ! - аз ҷой бархеста иброз доштааст пешгарди дастаи пархошгарон. -

Зеро пештар дарвешоне ин ҷо буда ё аз аз ин ҷо роҳгузар шуда, ашъори туро рўбардор намуда, ё дар хотир мебурда. Ва ҳангоми сахтиву хушҳолӣ, омаду ноомад қатори бисёр сурудаву таронаи қадима тараннум мекарда ашъори туро дарвешони олам дар роҳҳои дунё.

- Ё ҳуу! Ё ҳаа! - барои тасдиқ берун мезанад ин нидо аз ҳастии дарвешон.

- Масалан ин шеъри туро, Шоираи азизи мо, тараннум мекунанд дарвешони мо дар басо манзилҳо:

Ба сад шохоб пора-пора гар моро кушад даврон,

Ба дарёи ягона мерасонад боз ҳамкешӣ.

Ҳамкешӣ!

Ба рози ҳамдигар марҳам, ба реши ҳамдигар марҳам.

Давои ҳамдигар ҳастем аз ойини дилрешӣ

Дилрешӣ!

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ! - тасдиқ мекунанд дарвешон.

Пешвои дастаи пархошгар бо оҳанги дарвешӣ тараннум мекунад инро ва дарвешони дигар ба тасдиқи ин такрор месозанд:

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ!!!...

Худи Шоира, яъне дарвеши навбатӣ, аз ҷо бархоста ва нидо дармезанад, баногаҳ:

Гурўҳе аз Бухороед, гурўҳе низ аз Хуқанд...

Хоса ҷониби дарвешони Хуқанд бо эҳтиром менигарад.

Гурўҳе аз Бухороед, гурўҳе низ аз Хуқанд,

Манам аз Истаравшан, дорам бо шумо хешӣ!

Дарвешон нидо дарзадаанд:

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ!

Ва Шоира:

-Манам аз Истаравшан, дорам бо шумо хешӣ!

- Ё ҳуу! Ё ҳаа! – нидои дарвешон бошад.

Шоира идомаи шеърашро зикр мекунад боз:

- Ба сад шохоб пора-пора гар моро кушад даврон,

Ба дарёи ягона мерасонад боз ҳамкешӣ.

Дарвешон ба тасдиқи ин такрор мекунанд:

- Ҳамкешӣ!

Шоира:

Ба рози ҳамдигар марҳам, ба реши ҳамдигар марҳам.

Давои ҳамдигар ҳастем аз ойини дилрешӣ.

Ва дарвешон:

- Аз оини дилрешӣ!

Ба ҷаҳр рафтаанд дарвешони олам, ки ин нидои эшон ҳамчу нақороти тарона ба гўш мерасад:

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ!

Яъне дигар пурсукут нест Истаравшани бостонӣ.

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ!

Ё ҳуу! Ё ҳаааъ!!!...

\\\*

Маросими хосаи дарвешӣ гузаштааст ва Шоира дар тан либоси шабеҳи дарвешон қадам бармезанад. Дар

Истаравшани ниммурдаву вале зиндамонда қадам бармезанад ҳолиё. Ва амсоли шаҳраки ғарқи андеша басо андешаманд ба назар мерасад.

Баъд ба хонае ворид гардида.

Аз тоқи чангзеркардаи он, ки тортанакҳо тор танида, кадом чиро мекобад. Ва китоберо пайдо карда, ба даст мегирад.

Китоб дар бағал мебарояд ва сипас ба валангорхонаи дигар ворид мешавад, аз он ҷо низ бо чанд китоб берун меояд.

Баъд китобҳои дарёфтаро овардан мехоҳад ҷониби боғҳавлии мансуб ба худаш.

Магар китобҳо вазнинӣ мекунад, ки онҳоро як монда, нафас рост месозад, ҳамчунин оҳиста ба шикамаш даст мебарад. Шикамаш, ки бардамида шуда, яъне он ҷо тифле шакл мегирад. Тифли худаш ва ҷавони Истаравшанӣ, яъне

Аржанг.

Баъд китобҳоро бардошта расида тавонистааст ба боғҳавлии ошно.

Дар гўшаи айвони ин ҷо китобҳои шабеҳ ҷамъ шудаанд, ки яқин Шоира аз хонаҳои бекасмонда дарёфта оварда.

Шоира, акнун, дар он ҷое нишаста, ки як замон менишаста рўи намади мунаққаш ва рўи кўрпача.

Менишаставу мутолиа мекарда ва мисраҳо ба миён меоварда.

Ва ўро мушоҳида мекарда аз сари девора ва сари шохасори дарахтони биҳӣ ҷавоне, балки ҳамон Аржанги самимӣ.

Акнун нест ун писари Истаравшан. Балки ба гузаштаву гузаштагон бадал ёфта. Ба гузаштаву гузаштагон…

Ва ин мисраҳо ба миён меояд аз зери килки Шоира:

Шуд чашми гузаштагон маро нури басар,

Шуд шоми гузаштагонам оғози саҳар,

Бо ақли гузаштагон кунам ақл фузун,

Бо рўҳи гузаштагон барам умр ба сар…

Дар гўшаи айвонхона таёқи дарвешӣ, обгинаю кўлбор ба чашм мерасад, ки ба Шоира дахл дорад, зеро вай ҳам кайҳо дарвеш бошаду қатори ин сўфиён шуморида мешавад ва либоси танаш ҳам дарвешсурат монда.

пешина
аз 34
навбатӣ