Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нукарон қафошинӣ мекунанд. Шояд онҳо аз хон ҳам гузаранду варо ин ҷо, «баста»-и дарахти биҳӣ, ба ҳоли худ партофта, бираванд. Шояд чунин бишавад билохир.

- Маро халос намекунед, аъ?! - ҷонҳавл нола кардааст хон.

Аммо халосгарҳо ба ҷанги шадид овораву таёқҳои дарвешӣ ба онҳо бармехўрад ва хон аз боиси бо тирчўба ба танаи дарахт дўхта будани дасташ, ин ҷо барбаста мондааст.

Балки зўр мезанаду худашро халос карда наметавонад.

Соҳиби табарзин, ки як дарвешро бо табар зада афтондааст, наздик омада тавонистааст, дар ниҳоят.

- Маро халос бикун ъа! - фармони илтиҷоомези хон бошад барои ў.

- Ман барои ҳамин ин ҷоъ…

- ҳишшас мезанад соҳиби табарзин.

Соҳиби табарзин саросема тирчўбро аз дасти хон ва танаи дарахт баровардан мехоҳад, аммо намешавад, ки новаки чангакдори тирчўба ба танаи дарахти биҳӣ амиқ ғўтидааст ва дармондааст.

Миёни задухўрди шиддатгирифта дарвешон зиёдтар ба назар мерасанд, ки безобитагии хонро зиёд кардааст.

- Ҷумбида метавонӣ ъа?! - аз ин боис иллат мекунад вай ба соҳиби табарзин, ки зўр занад ҳам кашидаву бароварда натвонад тирчўбаро аз танаи сахти кундаи биҳӣ ва ё шояд аз сари изтиробу саросемагӣ ин муяссараш намешавад. - Мисли ман ниммурда шудӣ магар а? О, якгўшаи расвоъ е! - хон бо чашми дардкашида наздик омадани дарвешони пархошгарро дида, бештар печутоб мехўрад ва безобита мегардад.

- Намешавад…- ҳиш-ҳиш нафас мекашад соҳиби табарзин.

- Охир… Охир ун дарвешон аз сад ҷонам якеашро зинда намонанд… Медонӣ ъа?...- бештар печутоб мехўрад хон.

Якгўша саросема усули касбии худро истифода бурданӣ мешавад, яъне табарзинашро бардошта.

- Не ъаа! - фарёд задан мехоҳад хон. - Ин хел макун ъа!

Набур дастама-а!...

- Тирчўбаро шикастанӣ бо дами ин! - шарҳ додааст якгўша.

- Риштаи ҷони худамро мебураму дасти шуморо наъ!...

Қисмати охири тирчўбаро бо дами табар мешиканад, ки дасти хонро аз он берун бикашад.

Вале ба ин фурсат наёфтааст, ки дарвешон наздик омадаанду бо табараш яке аз онҳоро задани якгўша лозим меояд. Балки дарвеши дигарро ҳам задааст.

Аз ин боис ҷониби вай дарвеше пеш намеояд дигар.

Пас соҳиби табарзин метавонад дасти хони худро аз тани кундабиҳӣ баҳазур ҷудо бикунаду варо кашида бубарад. Охир кӣ баробар шуда тавонад ба соҳиби табарзин, ки сарҳои зиёдро аз тан ҷудо кардааст.

Вале меояд ҷониби вай. Балки меояд тирчўба.

Якгўша аз зарби тирчўба, ки аз ҷониби дарвешон парида омадааст, тобе мезанад, вале намеафтад.

Тирчўбаи дигар парида омадааст!

Силтаву тоб мехўрад якгўша, вале намеафтад аз бархуриши тирчўбаи навбатӣ ҳам, ки зўрманду барзангӣ бошад. Балки табарзинашро бо тамоми қувва боло бардоштаву наъра мезанад, яъне бо ин табарзин, ки садҳоро кушта, акнун куштан хоҳад зиёдтар. Куштан хоҳад аз сари дарду алами ҷони худаш.

Вале таёқе парида меояд ҷониби вай. Таёқи дарвешӣ. Бо зарбаш амсоли дарахти азим такон медиҳад вайро, балки тобе мезанонад. Яъне мувозинаташро вайрон кардааст. Тоби дигар мезанад соҳиби табарзин аз зарби таёқи дигар, ки сўяш парида. Мувозинати худро алайҳи зарбаи он дошта наметавонад ва ҷисми барзангиаш ҳамроҳи табарзини вазнини болои сараш поён меравад. Балки соҳиби табарзин бо панҷаҳош сахттар фишурда дастаи табари худро. Балки тани вай ва ин табар поён меояд. Ва дами тези табар ба чизе бармехўрад бо зарби зиёд. Ва чӣ туре ки дами он басо сарҳоро аз болои гардан ҷудо кардааст, ҳолиё низ дами алмос барин тезаш чизеро ҷудо месозад бо зарби афтиши соҳиби гаронтани худ. Соҳибе, ки дастаи табарзанро ҳанўз бо зарраи охирини ҷонаш, балки бо кадом ғазаби охиринаш сахт фишўрдааст.

Хон фарёдзанон сўе мепарад, яъне халос хўрдааст кунун аз тани кундабиҳӣ. Балки як пора кафи дасташ, ки тирчўба ба танаи дарахт дўхтааст, он ҷо монда, яъне дами тези табарзини якгўша ҳангоми бо зарб фаромаданаш дасташро аз буҷулакаш кўтаҳ кардааст.

Табарзин ҳанўз ба тани дарахти биҳӣ ғўтида монда ҳамроҳи панҷаҳои бурида ва бо тирчўба дўхташуда…

Бо вуҷуди ин чингизбашара пайдо мешаваду баъди муддате карахт гаштан хони дастбуридаро кашида осемасар дур бурдан мехоҳад.

Афту дарафт ва набард идома дорад ва нукарон бештар ба дарвешони ҳуҷумгар овора мешаванд, фақат чингизбашара кашида бурдан мехоҳад хони аъзами худашро.

- Оҳ дард мекуна-ад ъа! - нола мекашад хон аз дарди ҷонкоҳи дасти кўтаҳшуда.

Вале чингизбашара дигар илоҷ надорад ғайри хонро кашоламол бурдан, зеро ҳаёҳуи дарвешон наздиктар меояд.

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ!!!

Субҳ наздик шудааст.

- Дард мекунад ъа? - боз нола дорад хон. - Хунаш шорон…

- Ҳозир…- тасмаи чармини миёнашро саросема кушода, сахт тоб дода, дасти хонро мебандад, ки хунрезиаш боздошта бишавад.

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ! - ниҳеби дарвешон бошад.

Чингизбашара ҷониби дарвешон тирчўба партов мекунад. Як дарвеши наздикомада тирчўба хўрда, меғалтад.

- Ҳозир чандтои дигарашонро нест мекунаму… баъд…

Баъд мебарам Шуморо! Баъд ягон вақти дигар очаи зори инҳоро нишон медиҳем мо-оъ! Аз сарашон калламанори дигар месозе-ем!…

Чингизбашара чанд дарвешро аз пой меафтонад бо тирчўбаи каҷкамон. Ва ҳатто мўйсафеди истаравшанро, ки унҳоро думбогир бошад, парчини замин месозад.

Кунун чингизбашара худашу хонро гурезонданӣ ва ҳатто болои кадом аспи дарвешони аз тирчўбаи вай фитода савор карданӣ. Зеро аспони худашон куҷо мондааст, намедонад.

Савор мекунад хонро ва худ ҳам савор мешавад ба аспи дигар.

Аспҳоро ба давидан водошта. Ба онҳоро беист тозиёна мезанад.

Ва дур мераванд, аз паҳлўи калламанор ҳам гузаштанӣ.

Балки таёқи дарвешие парида омада, аз пеши чашмони тангаш мегузарад. Куҷои пўсту гўшташро ва рўи биниашро бурида, канда кардааст, ки хун мерўяд. Ин барои пеши роҳашро дидан, то ҳаде, монеъ шудааст, вале зўр зада, лингак мезанад, ки самандро дур бубарад, балки хони болои саманди ҳамшафатро халосӣ бахшад, ки лаҷоми варо гирифта мекашад яксон.

Аспи онҳо медаванд ҳамчунин яксон. Вале таёқи дигар парида омада, ба пойи асп зада, ҷонварро каллапеч меғалтонад. Баъд аспи дигарро. Чингизбашара ва хон аз сари аспҳо сарозер рафтаанд. Балки чингизбашара зери зини асп монда. Ҳарчанд зўр зада, аз зери он худро кашида, гирифта, рост карданӣ мешавад, аммо натавонад, ки шояд устухонҳои баданаш шикаста. Балки аспи нимҷон, ки талвосаи хестан кардан мехоҳад, бо тамоми зарбу вазнаш меғалтад аз нав болои вай. Чингизбашара аз ҳаракат мондааст зери асп, балки хунаш ҷорӣ шудааст.

Хони дуртар фитода, ки зинда аст, бо талвосаи ҷон зўр зада илоҷи гурехтан пайдо карданӣ мешавад. Зеро мебинад, дигар намеҷумбад чингизбашара, яъне ба умеди вай шудан дигар фоида надорад.

Аз пеш роҳ баста шудааст, балки дарвешон ба назар мерасанд. Боз миқдоре аз асирони халосшудаи Истаравшан бошанд, ки баъзе либосҳои нимсўз доранд ва бо самандҳои дартоз омадаанд. Балки аз зиндони шаҳри хон омада ҷониби шаҳристони худашон.

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ! - нидое бошад, ки аз ҳалқи онҳо бармехезад.

Аз ин боис хон худашро қафонокӣ кашида, панаҳ гаштан мехоҳад, вале ҷое намеёбад, ғайри атроф ва пушти калламанор.

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ!

Гимни суфиён атрофро зиёдтар иҳотагар шудааст.

Хон аз кадом биму ҳарос тахтапушташро ба тани калламанор совида, бехи он нишастааст, аз тарсу ҳароси ҷон лўнда мезанад, акнун.

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ!!!

Нақороти дарвешон меояд, ки атрофро печонда.

- Ё ҳуу! Ё ҳааъ!!!

\\\*

Баъд дар паҳлўи калламанор баста шуда хони ҳамагӣ чанд рўз пеш ғолибу пирўз. Як дасти сиҳаташ баста шуда бо занҷир паҳлўи калламанор. Калламаноре, ки бо фармони худаш ба миён омада буд дар ин ҷо. Ба миён омада буд аз сари мардуми Истаравшан.

Хони ҳайратзадаи пуршигифт чашм канда наметавонад аз калламанори баланд. Балки дар ниҳоят чашм меканду мебинад аз кадом дурӣ касеро. Магар Шоира нест? Балки

Шоираи Истаравшанӣ бошад, балки арўси собиқаи худи хон бошад?

Шоира на пеш меояд, на қафо меравад. Балки истодааст ноҷумбон. Балки нигоҳаш аз ў ва калламанор канда нест.

Ҳарфе намезанад. Вале суханаш шунида мешавад гўё. Балки мешунавад онро хон. Бале сухани Шоираи пурсукутро самъ мекунад вай:

Нигар, эй хони золим, бар манора,

Дилат гарчӣ бувад аз санги хора.

Сари аз тан ҷудои мардуми ман

Баландӣ мекунад дар пеши душман,

Агарчӣ тан шавад якҷоя бо хок,

Равад рўҳи шаҳидон сўи афлок..

Хони ин ҷо баста менигарад ба калламанори болои сараш, калламанори аз худаш баланди хело баланде.

Нигар, эй хони золим, бар манора,

Дилат гарчӣ бувад аз санги хора…

Сари аз тан ҷудои мардуми ман

Баландӣ мекунад дар пеши душман…

Менигарад тўлонӣ. Менигарад хон чунин ва баъд фарёд мекашад. Фарёд мекашад яку якбора.

-Ооҳ-ҳе-е!...

Фарёд мекашад хони дар пояи калламанор бо ресмони дароз басташуда.

Фарёд мекашад тўлоние.

Сипас хомўш мемонад тўлонӣ ва сонӣ як чизи ба табассум шабеҳ ё шояд ба ханда монанд падид меояд дар андомаш. Балки падид меояд хело баъд. Балки механдад девонавор.

Чунин карда буда баногаҳ.

Хандааш ба гиря бадал меёбад, дар ниҳоят.

Дар паҳлўи калламанори азим сари зону зада гиря мекунад. Гиря мекунад талх-талх. Вале гоҳи дигар аз хандаи ҷунунавзо меларзад. Гўё ҳанўз мешунавад шеъри ба забон наовардаи Шоирае, ки бояд арўси худаш мешуду нашуда:

Нигар, эй хони золим, бар манора,

Дилат гарчӣ бувад аз санги хора...

Туро дар тан на рўҳе ҳаст, не дил,

Бимир аз ин азоб, эй хони қотил!...

Мегиряд талху оҷизона хони чанд рўз муқаддам нусратманд, хуношом, пурғурур. Мегиряд нафаре, ки чанд рўз муқаддам шукуфо ва масрур буда. Талху ҳақирона мегиряд, акнун. Мегиряд девонавор дар бари калламанор, ки худаш ба миён оварда буда чанде пештар…

пешина
аз 34
навбатӣ