Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Сари девори азиму паҳн, ки гирдогирди шаҳрро печонда буда, нукаре равуо ва назорра дошт, яъне посбони ин ҷо буд.
Вале дасте пайдо гардид, баногаҳ, гардани посбонро дошт, чун он нафар бо найза соҳиби дастро задан бихост, таёқ ба вай бархўрду аз сари девор баркандаш. Аз думболи таёқбадаст чанд дарвеши дигар пайдо гардида. Онҳо ҳолиё бо расан паси девораи азими шаҳр фаровардан мехоста ду касро.
Ду нафар, ки дарвешон аз сари девори гирдогирди шаҳр беруни он нишеб кардан мехоста, якеро як дасташ кўтаҳ буд ва дигар ҳарчанд либоси мардонаи дарвешӣ ба тан дошт, вале бармеомад, мард нест.
Соҳиби табарзин ва чингизбашара бо чанд нукари дигар меомаданд ба ин тараф.
Дарвешон кори нишеб кардани худро бо шитоб анҷом додан мехоста, вале Аржангро нишеб кардан хатар дошт, ки дасти ягонааш аз расан билағжаду биброяд, панҷаҳои дигараш набуд, то чанг зада бидорад.
Чингизбашара ва соҳиби табарзин бо чанд нукар ин ҷониб наздик мешуда.
Бо вуҷуди якдастаю беҳол буданаш аз ресмон канда нашуда, поён рафта фаромада тавониста буд, дар ниҳоят,
Аржанг.
Баъд ҳамроҳи Шоира дар паси девораҳои азим, дар миёни буттазор ва бешазори ин ҷо медавид ва дур рафтан мехост.
Ҷониби унҳо, аз сари девор, тирчўбаҳои каҷкамон рост шуда, ки аз они нукарони хон буда, балки тахтапушти
Аржангро нишон мегирифта.
Аммо ду дарвеш хез зада, бо асоҳои худ бизаданд камонбадастони ин ҷо пайдошудаи хонро.
Ҳамин тур сари бора ҷангу кашокаш ба миён омада буд аз нав.
Дарвешони кам чанд нукари дигарро ҳам зада афтонда тавонистанд.
Соҳиби табарзин бошад дарвешеро пора бикард.
Дарвеши дигар ҳам кушта бишуда аз ханҷари дасти чингизбашара.
Баъд хон низ пайдо гардида буд ҳамроҳи чанд нафар.
Дарвешони сари бора ҳамагӣ кушта шуданд аз ҷанги нобаробар.
Соҳиби табарзин ва чингизбашара ва хону ҳамроҳонаш, ки расида омада буда, зеҳн мемонда ба буттазору ҷангалистони паси девор ва арўсу ҷавони якдастаи паҳлўи варо намедида ҳолиё.
- Ун ҷо буданду-у...- такрор мекард чингизбашара.
- Наметобанд куу?...
- Ҳамон ҷо буданд-уу… бо чашми худ дида будам-уу…
- Чашмони танги ту пеш ҳама чиро медид, лек ҳоло пайи ҳам хато мекунад… Магар хира нашуда бошад, акнун?
Бо вуҷуди ин дарвозаи шаҳристон кушода шуд ва чанд саманд берун бирафт. Хону ҳамроҳонаш ва чанд нукари савора буда, ки бо шаст хингҳои зери пойи худро метозонида.
Ба дуроҳа расиданду намедонистанд ба кадом тараф бираванд.
Ҳезумкашеро диданд баногаҳ.
Тарафаш асп тозонда буданд.
- Ду нафари гурехта куҷо рафтанд ъа?
- Ин пайроҳ ба Истаравшан меравад, ки… нарафтанд…- сухани ҳезумкаш буд. Баъд дасташ пайроҳи дигарсамти миёни буттазорро ишора намуд: - Ана ин роҳ ҷониби мулки Шимол меравад, ки рафтанд унҳо.
- Яъне рақибони хон гурехтанӣ ҷониби рақибони дигари мо, яъне ҷониби Бухоро! - ба шўри бештар омада буд хон. -
Аммо аз сарҳади мо нагзашта, ба мулки Шимол ворид нагашта, унҳоро, даст мегирем ва чунон пора мекунем, ки!...
Аспҳо ба самти гурезаҳои ғайбзада медавида, аз зери сумашон чанг бармехеста.
Чун аспакиҳо ғайб зада, ҳезумкаш омада буд зери буттаҳои канора.
Он ҷо, аз зери банди шохаҳои ҳезум намоён шуданд ду нафари либоси дарвешӣ дошта; яке ҷавони дасташ кўтаҳ буд ва дигар Шоира.
Ҳезумкаш бандҳои ҳезуми болои аспашро чаппа карда, аз миёни буттаву чакалакзор саросема аспи дигаре кашида биовард.
Чун Аржанг ва Шоира ба аспҳо савор шуданд, ҳезумкаш даст ба дуо баркушода буд:
- Сафари шуморо бехатар гардонад Худованди мушкилкушое!
Шоира ва якдаста ба самте равона шуданд, ки ҷониби шаҳри кушташуда мебурд, яъне ҷониби Истаравшан.
Яъне онҳо ба ҳомуни паҳнову азим ворид шуда, ки паси он, дар дуриҳои басо дураш меистода Истаравшан.
\\\*
Дар шаҳри хон бошад, гуфтугузор ба миён омада буд миёни мардум.
- Дигар кас гум шавад дер ё зуд меёбию дар ин ҷурме нест. Вале марде арўсаша гум карда бошаду ҳамон шабу рўз наёбадаш пас Худо медонад, ин арўс барояш минбаъда ҳалол бошад ё на?...
\\\*
Баъди муддатҳои басо тўлоние хон ва ҳамроҳонаш баргашта буданд назди буттазору бешазор. Чӣ тур ки бо шасти зиёд асп тозонда, рафта буданд, бо ҳамон шаст меомаданд бозпас.
Банди ҳезумҳои афтодаро бидиданд унҳо. Гўё ба ҳезумкаш дахл дошту чаро ин ҷо партофта рафтааст ва набурда?
Муддати зиёд даргузашт, то даме ки соҳиби банди ҳезумро дарёфта, думболагирӣ намуда, даст гирифта буданд, аз зери болоҷелаки ҳузумкашӣ либоси дарвеширо ҳам пай бурда буданд.
- Мо беҳуда ҷониби сарҳади мулки Шимол рафтему гурезагонро наёфтем. Ва ҳар кас пеш омад, бигуфт:
«надидаем». Барои ҳамин қафо баргаштем. Яъне ту моро фиреб дода, ба роҳи чапғалат андохтанӣ будӣ ъа?
Шашпари хон аз ғилофи камараш кашида шуда, ба даҳону забони дарвеши «ҳезумкаш» ногаҳон фурў рафт ва ўро сахт такон бидод.
- Ин барои дурўғбофии ин даҳону ин забон!
Дарвеши «ҳезумкаш» рў ба боло биафтид. Аз комаш хун меҷўшид.
- Мо бояд биравем ҷониби Истаравшан, яъне арўсу якдаста яқин гурехта ба ун тараф.
- Аввал лашкарро бигирем, ё ҳеҷ не қисмате аз онро…- машварат додан бихост чингизбашара.
- Барои ду нафар лашкар барем а?! - бештар шўрида шуд хони ошуфта. - Худамон магар ка-ам? Боз маслиҳат медиҳанд бар ма-ан а?
Бо вуҷуди ин нигоҳаш рафта буд ҷониби шаҳристони худаш.
Дарвешоне нишеб мешуда аз девораҳои шаҳристон, аз дарвозаи он ҳам баромадан мехоста, ки ҷангу афту дарафт ба миён омада буд миёни унҳо ва нукарони ун ҷоҳо монда.
- Лашкари ман бояд ба дарвешони ин ҷо машғул бишавад, пеши роҳи унҳоро бигирад. Балки унҳоро несту нобуд кардан зарур бошад!
- Охир ун ҷо пешвои дарвешон - тағои худатон...
- Касе, ки бо душмани мо бошад, дигар хеши мо набошад! Ё нодуруст гуфтам а?
Хон ба нафари ҳамроҳаш, ки бо ишораи вай тарафи шаҳристон асп тозониданӣ буда, биафзуд:
- Бас бувад ба ҳар кори мо ҳамроҳ будани дигарон!
Хуллас ё дарвешон ё мо-оъ! Магар вақташ нарасида, ки шаҳри худро тоза бикунем аз вуҷуди ин оворагардони бўрёпўш?
Ҳооъ!... Ҳатто аз вуҷуди нопоки тағои ман ҳам тоза кардан лозим аст шаҳри маро!...
Фиристода ҷониби шаҳристон асп тозонда буд, ки лашкари хон бо дарвешон афту дарафт ва набарду ҷанг дошта ва фармонҳои нави хуҷаинашро он ҷо расонданӣ буд.
Хону ҳамроҳонаш ба аспҳо тозиёна заданд, ки бираванд ба ҷониби Истаравшан.
Ҳарчанд аспи хон бо тамоми ҳастӣ медавид, қамчикорӣ мекард онро бештар, яъне ғазабу аламашро бо ин равиш резондану кам кардан мехост.
Аз сари девори шаҳристони хон инро ба мушоҳида гирифта буд пиру роҳнамои дарвешон, яъне тағои хон. Ва солору боҳашам меистод, баъдан нигоҳаш рафта буд ба осмон ва даст ба дуо баркушод:
- Худоё, фақат ту тавонӣ мададгори мо бишавӣ!...
Худовандо-о!...
Шамоли ҳодисоти дунё меомехт бо шамоли навхеста, ки чанги рўи чўлистони азимро мерўфта.
Гирди лабони кафкзадаи аспон чанг менишаст ва гирди лабони саворонаш ҳамчунин.
Бо қаҳру итоб пеш мерафта миёни чангрўба хону ҳамроҳони вай.
- Боз роҳгум назанем ъа? - хавотирӣ зоҳир карда буда яке аз ҳамроҳони хон, ки миёни чангбода мерафта.
- Бо вуҷуди ин қафо барнамегардем. Охир дар умри сарам ҳеҷ кас маро ин хел бозӣ надоронда ва беписанд накарда, магар, ки ин арўсшуда?… Боз ба хотири як ошиқи дастбуридаи худаш баромада аз баҳри ма-ан?! - ҳанўз бовар намекард ва алами афзудааш тўфон дошт.
\\\*
Дар сари девораҳои гирдогирди шаҳристони хон ва атрофи дарвозаи он ва гузари дарвешон задухўрд шиддат мегирифт. Яъне миёни дарвешон ва лашкари хон.
Миёни дарвешон пиру роҳнамои унҳо метофт бо ришу мўй ва мижгонҳои сап-сафед.
\\\*
Миёни ғубори чўлистон мебурданд аспҳо ду нафарро.
Яке Шоира буда, дигар Аржанг.
Аспҳо зўр зада медавида.
Балки ҳанўз ин ду нафар намедониста, аз думболи унҳо меоянд дастаи саворон дар чўлистони азамат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё