Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нукарони хон ба кўчаҳои шаҳристон парешон гашта, дар фарохи бозори миёни шаҳристон ба ҳам омада буданд.

Шумори унҳо зиёд гашта ва ҳанўз расида меомаданд аз куҷое.

- Ҳама кўчаҳоро кофтем, аммо нест. Фақат кўчаи дарвешон накофта монд.

- Он ҷо бе иҷозаи худи дарвешон даромадан мумкин нест, - сухани касе буда, ки ба дарвешон таъзим кардани хонро фармуда дами бо пирўзӣ баргаштани вай ба ин шаҳраш.

- Кайҳо ду ҳокимият дорад ин шаҳристони мо, яъне ҳокимияти хон ва ҳукми дарвешон, - ба қаҳр омада буд соҳиби табарзин, ки пайдо гашта ҳамроҳи чингизбашара.

- Охир мо зани хонро мекобему барои он даромада нашавад ба як маҳали пойтахти худаш? Балки ин кўчаро ҳам мекобем! - изҳор карда буд чингизбашара. Азбаски пешсафиро одат дошт, ҳоло низ пеш даромад.

- Бале мекобем! - аз думболи вай қадам барниҳода буд соҳиби табарзин.

Баъд нукарони дигар чунин карда.

Шоираю Аржанг ҳанўз аз китфи якдигар сар намебардошта; шояд барои он ки бовар кардан наметавониста, дар хоб неву дар бедорӣ шуда ин ҳама.

Чӣ хуш бошад, ки баъди интизорӣ,

Ба уммеде расад уммедворе!

Вале қиёфаи сурурангези дарвеши мўйҳояш сафед муттасил тағйир мехўрд: зеро пайдо гаштани як гурўҳ навкарони хонро дида буд аз равзанаи кулба. Нукароне, ки ба гузари дарвешон ворид мешуда.

Ҳангоме буд, ки субҳ мерасид.

Дарвешон ҳам пайдо гашта болои остон ё дар беруни хонаҳошон. Як қисми унҳо болои бомҳои мусаттаҳи гилӣ ҳам рост меистода. Асоҳошонро байни кафи худ мефишўрда. Онҳо ноҷумбон ва пурсукут меистода, нигоҳи амиқу ботамкини худро аз воридшудагони гузари худашон намеканда.

- Шояд чашми инҳоро тарсонем-ъа, - соҳиби табарзин чунин пешниҳод кард. Аз сари кину ғазаби мудомаш табарзинашро афшонд, бо дами он ҳаворо шарт-шурт мебурид. Гўё баъд ҳамин тур буриданӣ буд сари дарвешони ин маҳалро.

- Шояд ин ҷо ҳам калламанор бисозад хон бо мадади моъ? - бо тарзи хон саволомез гуфта буд чингизбашара.

Аммо асои дарвешӣ парида, тоб хўрда омаду ба табарзин, ки бояд каллаҳоро мебурид, бархўрд, онро ҳамроҳи соҳибаш ларзонид, балки аз дасти соҳибаш барканд. Дасти соҳиби табарзин ҳам магар лат хўрд, ки онро дошта, бурма бизад.

Гумкобони дигар, яъне нукарон аз асари ин истода буда, ба атроф назар медавонда.

Аммо дарвешон чунон беҳаракату ноҷумбон ва пурсукуту ором метофта, ки гўё воқеаи фалокатбор рўй надода ва гўё асое напарида аз ҷонибашон. Ғарқи тафаккури пурсалобати худ буда дарвешон чун ҳамеша.

Кобандагонро бештар бесаришта мекард ин, ҳарчанд дастаи шамшери худро сахт медоштанд, лек ҳанўз ҷуръат надоштанд онҳоро аз ғилоф кашида берун биоваранд.

Балки ҳар кас, ки унро кашида мебаровард, асое парида омада, мезад ба дасташ.

Дарвешон бо асоҳои дарози худ такя намуда, гўё воқеа рўй надода бошад, ноҷумбон меистода ҳанўз, балки гўё билкул ором буда.

- Ҳатто худи хон ёрое надошт ба дарвешхона сар занаду мо боше-ем…- норизоӣ кард кадоме барои чингизсимо, ки пешсаф шуда, ин ҷо оварда буд нукаронро.

Пиру раҳнамои дарвешон, ки мўи мижаву абрувонаш барф барин сап-сафед буд, ба асои барқади худ такя намуда, оҳиставу ботамкин қадам зада ҷониби нукарон.

Ва нукарон, аз кадом ҳароси ботинӣ, худро қафотар мекашида, шояд дониста буда, бо ин гузару бо дарвешонаш бозӣ кардан осон нест.

Пиру роҳнамо ҳанўз қадам мезад ҷониби нукарон бо салобати пурҳашами ороме.

Нукарон худро қафотар кашидан мехостанд аз ҳайбати вай ё шояд аз боисе, ки асоҳои дасти дарвешон омодаи паридан буд. Дарвешоне, ки рўи бомҳои мусаттаҳ ва сари девораҳо ва дами даричаву дарвоза ва бари роҳу миёни он меистода ва ба набарди ҷиддӣ омода буда.

\\\*

Дар кўчаҳо ва бозорҳои пойтахт, ки нафаси рўз бедорашон карда, ба ҳаракат оварда, миш-мишу ҷумбиш ба мушоҳида мерасид:

- Шунидӣ ъа, арўси хон гурехтааст а?

- Аз хони чирдаст? Наход ъа? - касе, ки чунин тааҷҷуб мекард тилими харбузаи зардгунаи шаҳдборро ба даҳанаш андохта.

- Фақат дар шаҳристони мо ҳар шабу рўз навигарии гўшношунидеро чашмдор будан мумкин: ё аз хони ин ҷо ё аз дарвешону гузари онҳо. Балки ба он, акнун, зам шуда қиссаи арўси нав…

\\\*

- Пас куҷо ғайб зада бошад арўс? - суол медода хон, ки хумори ғалаба ва хумори шаробу чакида аз димоғаш рафта, аз ғазаб ҷойи нишаст намеёфта.

- Аз шаҳр-ку баромада наметавони-ист? Гуфтед, ки фақат гузари дарвешон нокофта монд?

- Ҳоо! - якгўша ба маънои тасдиқ калла ҷумбонд.

- Ман ҳуқуқ дорам «маън»-ҳоро «мумкин» бигардонам ва «мумкин»-ҳоро маън бисозам. Зеро каси аввали ин диёрам,

- ғазабаш болотар мерафт.

- Пас мо ҳуҷум карда, дарвешхонаи ин ҷоро зеру забар мекунем амсоли Истаравшан. Аз сари дарвешон калламанори нав сохта метавонем,

- банди дасти латхўрдаашро молида, нидо дарзад якгўша, ки аз куҷо табарзини дигар дарёфтаву бардошта буд.

- Истаравшан? - ба гап ҳамроҳ гардида буд яке аз муқаррабон.

- Истаравшан як шаҳри саркаш буд, ки хону амир надошт, баъди бозгашти дарвешон ҷониби ватанҳои худашон бошад нерўи зиёд ва пушту паноҳ надошт.

Яъне сухани оне буд, ки рўзи аз Истаравшан ба шаҳристони худ баргаштани хон варо водоштан мехост барои ҷониби пиру роҳнамои дарвешон таваҷҷўҳ зоҳир кардан ва таъзим намудан.

- Аммо гузари дарвешон…- идома дода буд вай. - Балки ин гузар маънои шаҳру мамолики бисёрро дорад*. (*яъне корпуси дипломатӣ). Зеро миёни дарвешон фарзанди ҳокиму вузаро, уламову фузалои олам ҳам кам набошад.

- Хайр чӣ? - аз қаҳр намефаромад хон.

Муққариби хон сукунати гарони ба миён омадаро аз нав даршикаста буд:

- Балки тағои Шумо низ дар ун гузар… Балки вай омада, ин ҷо, ба дарбори Шумо…

- Бо ихтиёри худаш омада? Ба дарбори ман? - ҳайратзада такон бихўрд хон. - Бори аввал ъа? Чӣ шудааст ъа?

Пиру раҳнамои дарвешон, яъне тағои худашро дида, ба изтироби бештар печида буд хон, балки кафида буд яку якбора:

- Яъне касе он ҷо - ба дарвешонхонаи шумо ҳуҷум биоварад алайҳаш омадани дарвешони дигари олам мумкин?

Яъне мо, бо вуҷуди ба Истаравшан ғалаба кардан, он қадар нерўи ҷаҳонӣ несте-ем? Яъне, шумо дарвешон ҳамин хел гумон доред ъа? - суолборон мекард тағои худашро хон.

- Ва кӣ роҳ дода, умуман, ба мулки ман ҷандапўшони оламро, ки дарвеш ном мебара-анд?!

- Падару бобиҳои худат, - ба забон омада буд, ниҳоят, пиру роҳнамои дарвешон. Бо ҳамин тамкину оромии хос идома дода: - Ҳаа, гузаштагони худат, ки мехостанд обрўшонро дарвешони омада ва раванда ба атрофу акноф паҳн бикунанд ва шоҳони дигар инро шунида ба эътирофи ин мулк ва ин қитъа рўй биоваранд. Зеро баъзе овоза, хоса гуфтаи дарвешон ун қадар қудрат дошт, ки кам чизи дигар дошта.

Барои ҳамин шоҳони машриқзамин, аз қадимулайём, барои дарвешон гузаштҳо мекарда, барои онҳо макони алоҳида ё гузари алоҳида ҷудо месохта, аз ихтилоф бо унҳо даст мекашида ва ё зери дил аз унҳо ҳарос дошта...

- Вале ман дигар бим надорам аз ин дарвешон!

Пиру роҳнамо баъди як лаҳза тааммул афзуда буд:

- Ба ҳар чизи хайр, ки дар гузашта авлоди ту карда ё кори хайр, ки анҷом дода, маслиҳату машварати дарвешон буд...- баъди тааммуле илова намуд: - Фақат ту, ҷияни ман, дар таърихи чанд даҳсолаи ин шаҳр ягона хони он будӣ, ки маслиҳати дарвешонро напазируфтӣ, онҳоро писанд накардӣ...

- Бе маслиҳату тарғибу ташвиқи унҳо ҳам рўзам гузарад, балки бе машварати унҳо пирўзӣ насибам шуда ба саркаштарин шаҳри олам! - шўрида буд хон. – Умуман, то ин вақт, бо дарвешони ин мулк муросо карданам муваққатӣ буд, барои он, ки камтар халал ворид бисозанд дар роҳи

Истаравшанро зеру забар намуданам... Акнун… Акнун дигар лозим намешаванд дарвешон, ки бошандаи шаҳри мо будаву қисми бештари онҳо ба Истаравшан ва маҳалҳои дигари ба ном «ҷабрдида» ёрӣ мерасонданд.

-…Истарашан?…- ба забон оварда буд ниҳоят пиру роҳнамо. - Мардуми ун диёр ягон маротиб, ин тараф, ба ҳуҷум наомада. Ту будӣ, ҷияни ман, ки рафтӣ ун ҷониб ушутулум карда. Мо дарвешон бошем дар ҳуҷум ширкат наварзем, ба ғайри дифогарӣ.

Пиру роҳнамо идома дода буд ба ин минвол:

- Албат аламу дарди туро мефаҳмем, яъне заншавандаи худро гум кардаӣ, ҷиянам… Лек онҳое, ки… Онҳое, ки дар

Истаравшан каллаҳоро аз болои танашон гум карда, зану заншаванда надошта мага-ар?

- Манъ мекунам дар ин бора ҳарф задани дарвешеро!

- Инро дарвешон напазиранд, ки тариқати унҳо дигар аст.

- Вале дарвешон бояд бидонанд: минбаъд дар ин шаҳр ҳукумрон бошам танҳо ма-ан! Дуҳокимиятии пинҳонӣ идома намеёбад дига-ар! Фаҳмоъ?!

\\\*

Хон акнун пешсафи дастааш буд барои аз нав ворид гаштан ба гузари дарвешон.

Яъне маълум буд ин маконро ба Истаравшани дигар бадал доданӣ аст барои кадом бону, ки аз рўи тахминаш панаҳ бурда дар ин ҷо.

Вале хатари ҷон ҳис намешуд дар зоҳири пири роҳнамо ва дарвешони дигар; балки оромии зоҳирашон аз тамкину қудрати ботинашон гувоҳӣ медод. Шояд ҳамин тамкини ороми онҳо, биму ҳарос надоштан аз набард, шикаста нагаштан аз тарси марг, хонро фишор ҳамедод. Аз ин боис овозаш баромада буд ин сон:

- Шояд донед, ки барои чӣ омадам ба ин ҷо?

Ҷавоб оромона буд, балки басо ором:

- Албатта авлодонат меомада барои маслиҳатгирӣ ва ё машварат. Аммо ту барои чӣ омадӣ, маълум, - сухани пешгарди дастаи пархошгари дарвешон буд.

Ранги хон бештар тағйир меёфт.

Зеро ин ҷо дарвеше ҳам ба назараш расида, ки хон ишорати марги варо карда буд дар Истаравшан. Аммо чаро зинда мондааст ҳанўз вай? Хоса чӣ тур пайдо шуда дар ин шаҳри худи хон?

- Медонед ба кадом кас шаккокӣ доред дарвешон? - бо вуҷуди ин кафида буд сари пуризтироб хон.

- Яъне ба фарзанду набераи хонҳое, ки манзил дода буда ба шумо дар ин ҷо-о?

- Ман ҳам писари хон, - дарвеше, ки баъди ҳукми маргаш дар Истаравшан зинда монда, сухан гуфта буд яку якбора. -

Хони як шаҳристон неву балки кишвари азими Кашмир.

- ва баъди таваққуфе идома дод: - Вале тахти танги зарринро не, балки замини васеъро интихоб кардам. Агар бимирам замин, ки тахти ман бошад, ба оғўшаш бигирад ҷисми маро. Ва гар хон бимирад, тахти зарринашро каси дигар ба оғўш бигирад.

Зеро мансаб арўсест, ки дорад ҳазор домод.

- Домод гуфтӣ?...- даргирифта буд хон. - Ман низ омадам ин ҷо ҳамчу домоди қонунӣ. Ва омадам барои зани худам.

Варо ёфта надиҳед, чунон нишон диҳам ба шумо, ки…

Истаравшан дида буд, ғазаби маро, ки ба чӣ кашида тавонад?

Дарвешон дар ҷавоб асоҳои худро бардоштанд.

Хон шамшерашро аз ниём баркашид, чунон ки дар

Истаравшан карда буд барои ишора намудан бо ин бар ҳуҷум.

- Ҳунаратро дар Истаравшан нишон дода тавонистӣ, мардумро ғофилгир кардӣ, барои он ки мо набудем дар ун ҷо- оъ…

Дарвешон кафҳои аз сахтии зиндагӣ ва азоби пурпечи рўзгор шахшўлшудаи худро ба асоҳо фишурда, балки онро ба ҷанг омода карда буданд.

- Медонем, ки инсон барои мурдан меояд. Барои ҳамин ба мурдан тайёрем. Тариқати дарвешӣ чунин, - нидои пешгарди дастаи пархошгари дарвешон буд.

Таёқҳои ангатӣ, ки баъди хушк гаштанашон бо табар ҳам буридани онҳо осон набошад, ба задухўрди шадид омода мешуданд.

- Барои занат омадӣ? - шунида шуд овози дарвеше, ки мўи сар ва риш ва ҳатто мўи абрўву мижгонаш сафед буд, яъне тағои хон буд. - Агар заншавандаат ин ҷо набошад чӣ?

- Агар бошад чӣ? - суол дода буд ҳамчунин хон.

-…Бигзор хон бикобад, аниқ кунад, ки заншавандааш ин ҷост ё наъ? Вагарна ин ҳамчу бемаънитарин ҷангу кашокаш бимонад дар хотир.

Дарвешон ба пиру роҳнамои худашон нигоҳ оварда буда, яъне тааҷҷуб пайдо карда чашми баъзе аз унҳо. Яъне чаро чунин бозии нофаҳмо карданӣ аст пиру роҳнамо? Магар дилаш сўхта ба ҷиянаш, дар ниҳоят?

- Ҳоло аниқ накарда, ки заншавандаи вай ин ҷо бошад ё на, пас хун рехтан гуноҳ аст,

- афзуда буд пири роҳнамо.

Ду тараф, ки чанде муқаддам ба ҳуҷуми якдигар мерафта, аз ҳаракат монда.

Магар ба хоҳарзодаи худ бозпас доданӣ бошад Шоираи Истаравшанро ин пиру роҳнамо ё чунин маслиҳат карда омада дар кўшки худи хон? Ё шояд итминон дорад баъди ин сухан ҷиянаш ва дастаи вай накобанд ин ҷойҳоро ва духтари Истаравшанро наёбанд ва пас бираванд?

- Ҳама ҷойи гузари дарвешонро бикобед ъа! - фармон дода буд яку якбора худи хон. - Ҳар ваҷабашро бикобе-ед! - таъкид карда буд.

Онҳое, ки ҳамроҳи хон буда, ба ҳаракат омада, ба кулбаи дарвешон ворид мешуда.

Дарвешон ҳайрон буда, ба муҳофиза бархезанд ё ишораи пешвоёни худро нигарон бимонанд ҳанўз?

Пири пешво аз чӣ бошад сукутзадаву беҳаракат монда буд.

Чингизбашара ва соҳиби табарзин маҳз ҷониби кулбае омаданд, ки Шоираю Аржанг меистода дар собиқ.

Дар ҳақиқат андаруни кулба ба назар мерасид ду нафар.

Вале дарвешон будаву бо сукути дарвешона рафта.

Чингизбашара ва соҳиби табарзин рўи остон истода, намедониста ворид бишаванд ё баргашта бираванд ҷониби хонаю ҳавлии дигари дарвешон барои кофтукобро идома додан. Чингизсумот чашмашро, аз чӣ бошад, аз рўи суфтаву нозуки яке аз дарвешони ин ҷо намеканд. Ба хотир овардан мехост, ду дарвешро дар куҷое дида бошад?

- Чунон зўр зада менигарӣ, ки гўё дарвешро дар умри сарат надида бошӣ. Ё шояд гуноҳи чашмони тангат бошад а? - ин овоз ба дарвеши аз қафо омада дахл дошт.

Ва соҳиби табарзин бошад нигоҳашро бибурд ҷониби дасти кўтоҳу бастаи дарвеши ҷавон.

- Дарвешон, ки ба шаҳрҳои олам рафта меоянд, дасту поро доданашон мумкин, - омад овоз аз думбол, балки дахл дошт ба пешгарди дастаи дарвешон: - Худат як Истаравшан рафта омадиву якгўша шудию…

- Якгўша…- чингизбашара ба баногўши соҳиби табарзин нигариста, табассум гирди лабонаш шукуфт, яъне ба завқ меомад аз ин.

Нигоҳи чингизбашара дарвеши якдастаро сарфи назар карда, ба рўи силиқу ҳамвори дарвеши паҳлўи вай зеҳн монд.

- Дарвеши ҷавонро ҳам надидӣ, ягон бор, ба фикрам, эй кўса? - овоз омада буд боз.

- Кўса-а…

- ин дафъа ба завқ омада буд соҳиби табарзин, ки бари рўи чингизсимо менигарист. Яъне бари рў ва манаҳе, ки қариб мўй надошт.

Чингизбашара як дасташро ба манаҳи бериши худ расонд, молиш бидод, соҳиби табарзин ба ҳоли вай ханда бизад, ниҳоят ҳар ду тоб хўрда, аз назди дари ин хона рафтанд, то кулбаи дарвешони дигарро аз назар гузаронанд, яъне барои дарёфти арўси хон рафта буданд.

Чингизбашара ба суроғи арўси хон ба кулбаҳои дарвешони дигар мегузашту бо ҳар қадам ба андешаи бештар ғўта мезад. Пеши назараш меомад ду дарвеш, ки буда дар кулбаи пушти сармонда. Магар яке аз унҳоро надида буда пештар?

Андоми чингизсумот, аз андешаҳои печида, дигар мешуд. Баробари ин қадаммониаш суст мегардид. Ниҳоят биистод: магар аз ду нафар, ки чанде пеш дида яке арўси хон набуд, ки либоси дарвешӣ ба бар карда, яъне либоси мардона пўшидааст?

Чингизшабеҳ тоб хўрда буд дар ниҳоят. Ҷониби кулбаи қафомонда бармегашт. Қадамаш суръат мегирифт ва ўро мебурд ҷониби кулба. Кулбае, ки чанде пеш аз он баромада буд.

- Ёфтам ъа! Да-ав ъа! - нихта карда буд соҳиби табарзинро.

- Чиро ёфтӣ а?

- Арўси хонро! - таъкид карда буд чингизбашара. - Биё ъаа!

Соҳиби табарзин амсоли вай медавид акнун.

Ворид шуда буданд ҳар ду ба дарвешхона, ки чанде пеш баромада аз он.

Аммо ду нафар, ки дар собиқ ин ҷо менишаста, ба назар намерасида. Каси дигар ҳам, ки бо суханаш унҳоро ба иштибоҳ андохта буд, ба назар намерасид: гўё сел омадаву шуставу бурда ҳамаи унҳоро.

- Масхара шудани хон аз пайи арўс кам набуд, ки нукарони хонро ҳам масхара карданиӣ туъ? - иллат намуд соҳиби табарзин барои чингизбашара.

- Қасам, ки ҳамин ҷо дида будама-аш. Балки дида будам арўсро бо якдаста! Фақат либоси дарвешӣ доштанд ҳар ду!

Либоси мардонаи дарвешӣ-ӣ!

- Дур нагурехтагистанд ъа,

- сухани якгўша буд дар ниҳоят.

Акнун саросема мерафт чингизшабеҳ. Аз думболаш мерафт якгўша.

Балки медавида унҳо ва ишора мекарданд, ки нукарони сари роҳашон низ аз думбол биёянд.

пешина
аз 34
навбатӣ