АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Соли 1986 китоби «Методикаи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (М. Лутфуллоев) ва «Нишондодҳои методӣ оид ба китоби «Алифбо» (М.Лутфуллоев, Р.Довудов, И.Абдуллоев) аз чоп мебарояд ва дастраси кулли омӯзгорон, методистон ва донишҷуён мегардад. Илова бар ин, дар давоми солҳои 80-уми асри ХХ оид ба таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ чор дастури методии дигар – Забони модарӣ дар синфҳои 1,2,3,4 ва маҷмуаи имло ва нақли хаттӣ, маводи дидактикӣ, асбобҳои аёнӣ ва чанд маҷмуаи методии дигар оид ба таълими грамматика, имло ва инкишофи нутқ аз чоп мебароянд.
Дастури методии «Нишондодҳои методӣ оид ба китоби «Алифбо» ҳамкории омӯзгору хонандаи синфи 1-умро фарогир буда, дар он чунин таъкид шудааст: «Агар муаллим дар ҷараёни марҳилаи таркиб то андозае ба китоби «Алифбо» бештар сару кор дошта бошад, ҳиҷо, калима, ҷумла ва матнҳои китобро ҳамроҳи хонандагон мехонад, дар рафти марҳилаи таҳлил асосан озодона амал менамояд. Ӯ, пеш аз он ки овоз ва ҳарфи навро биомӯзонад, аввал замина муҳайё мекунад.
Масалан, барои омӯзонидани овоз ва ҳарфи «Х» тарзҳои зерин истифода мешавад:
1. Суҳбати одии омӯзгор бо хонандагон
Омӯзгор: – Бачаҳо, шумо баъди дарс ба куҷо меравед?
Хонандагон: – Ба хона.
Омӯзгор: – Шодӣ, хонаи шумо дар кадом кӯча воқеъ гардидааст?
Шодӣ: – Хонаи мо дар кӯчаи Ш.Шоҳин воқеъ гардидааст.
2. Суҳбат аз рӯйи расм
Омӯзгор расми хонаеро нишон дода (мумкин аст аз расми китоб истифода барад), суҳбатро бо чунин саволҳо оғоз мекунад:
Омӯзгор: – Шумо дар ин ҷо расми чиро мебинед?
Бачаҳо: – Мо дар ин ҷо расми хонаро мебинем.
Омӯзгор: – Хона аз кадом қисмҳо иборат аст?
Бачаҳо: – Хона аз дар, тиреза, бом, девор иборат аст.
Омӯзгор: – Дар назди хона чӣ ҳаст?
Бачаҳо: – Дар назди хона дарахт ҳаст.
3. Чистон. Омӯзгор ба тахтаи синф расми харбузаеро овехта, чистони зеринро мегӯяд:
Ширин асту бомаза,
Бе алав мепаза (д)…».
Бо ҳимин усул овоз ва ҳарфи «Х» ба хонандагон омўзонида мешавад.
1.2. Имконияти зеҳнии талабагони хурдсол дар раванди ташкили фаъолияти мустақилонаи таълимии онҳо дар асарҳои методӣ
Дар охирҳои солҳои 20-ум ва аввалҳои солҳои 30-юм Н.К.Крупская ба муқобили вайрон кардани шаклу методҳои лоиҳаи Далтон баромад карда, ошкор намуд, ки хонандагон на дар раванди таълими ба мақсад мувофиқ, на дар раванди омӯхтани асосҳои илм, балки бевосита дар фаъолияти амалӣ бояд соҳиби дониш шаванд. Вай дар яке аз мактубҳои худ навишта буд, ки ӯро он беназмие ба ташвиш овардааст, ки вай дар сурати мавҷуд будани методи лоиҳаҳо ба амал меоянд. Аз он бисёр чизҳо афтида мемонанд, зеро ҳама гуна меҳвар, ҳама гуна таҳқиқот гум шуда меравад.
Н.К. Крупская қисми омӯзгоронеро дар назар дошт, ки ба шароити он давра нигоҳ накарда, усулҳои буржуазии таълимро ба таври механикӣ татбиқ мекарданд. Ў ба муқобили универсалӣ гардонидани методи таҳқиқотӣ баромад карда, аҳаммияти усули даҳонакӣ ва айниро дар таълим таъкид менамуд.
Мутобиқ ба вазъияти фанни забоншиносӣ, педагогика, психология дар давраҳои гуногуни таърихӣ доир ба методи таълими савод ва методи таълими грамматика назарияҳои гуногуни методӣ ба вуҷуд омаданд.
Омӯзгорону методистон бо мақсади беҳтар намудани сифати таълими савод методҳои гуногунро истифода мебурданд.
Аввалин асарҳои методистони тоҷик баъди солҳои 20-уми асри XX таҳия гардида, сол то сол рӯ ба инкишоф ниҳоданд. Ба аввалин таълифоти муҳаққиқони тоҷик оид ба методикаи таълими асарҳои
Мирзо Муҳаммадзода Собит «Мифтҳои таълим» (1922), «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ барои синфҳои V-VI» (1927), “Таҷрибаи аввалин аз сарф” (1930), «Сарфу наҳв» (1930), Муфрадот-маа- мураккаботи сархат» (1932), Нисор Муҳаммад “Алифбои забони тоҷикӣ» (1924) ва ғайраро дихил кардан мумкин аст.
“Аз солҳои 1933-1985 китоби “Алифбо”-и Ҳилол Каримов ва солҳои 1986-2003 китоби “алифбои М.Лутфуллоев таҳия гардидаанд.Аз соли 2004 то имрўз китоби “Алифбо”-и М.Лутфуллоев, Ф.Шариф- зода,И.Абдуллоев дар асоси ҳамгиросозии хониш ва машқи хат мутаттаб гардида, дар хизмати навомўзони тоҷик мебошад.”.
Пас аз солҳои 90-уми асри XХ таълими ҳамгиро руйи кор меояд. Ба ин муносибат китобҳои педагог – методист Ф. Шарифзода “Таълими муштарак –асоси инкишоф ва тарбия”, “Таълими ҳамгиро: “проблема, таҳқиқ ва андешаҳо” (қисми 2), “Назария ва амалияи таълими ҳамгиро” ба табъ мерасад.
Соли 2007 китоби устод М.Лутфуллоев «Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ» нашр мешавад, ки он нусхаи нисбатан мукаммали китоби пештара буда, дар он хелҳои корҳои мустақилона батафсил пешниҳод гардидаанд:
Аз ҷумла, такмил карда хондани калима ва ҷумлаҳо. Ин намуди кори мустақилона хоси давраи таълими савод буда, хонандагон ба ҷойи калимаҳо расмҳои мувофиқ гузошта, ҷумла тартиб медиҳанд. Масалан, ҷумлаи Сафар ба дон дод. Хонандагон бо супориши омӯзгор номи парандагон ва ҳайвонотро гирифта ҷумларо мехонанд. Дар ин кори мустақилона фаъолияти эҷодии хонанда рушд ёфта, ӯ метавонад ба ҷойи як расм аз чанд расми дигар истифода намуда, ҷумлаҳои гуногунмазмун тартиб диҳад. Масалан:
Шокир ба, ,, ва дон дод.
Шодӣ ба (об), алаф дод.
Хонандагон ҳар қадар калимаҳои нав ва зиёдро хонанд, ҳамон қадар ба нафъи хониши онҳост.
Навъи нисбатан мушкили ин кор аз калимаҳо ва расмҳои зиёд интихоб намудани калимаи зарурист, ки онро машқҳои мантиқӣ низ меноманд. Масалан, рӯйи мизи омӯзгор расмҳои гуногун: себ, шер, анор, рӯбоҳ, мурғ, харгӯш, ангур, асп, ва ғайра ба сурати махлут гузошта шудаанд. Хонанда бояд расмҳои мувофиқро интиҳоб намуда, ҷумлаи
«Дар боғи мо мерўяд”-ро таҳия намояд ва онро хонанд.
Соли 2014 бо қалами муаллифон Ф. Шарифзода, М.Лутфуллоев, Б.Ғаниева, С.Қуйбекова «Методикаи таълими забони модарӣ дар синфи 2» аз чоп баромад ва дастраси омӯзгорону методистони соҳа гардид.
Муаллифон ба мақсаду вазифаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва рушд диққати асоси дода, таъкид ба он доранд, ки дар қисми болои тахтаи синф ситораи дурахшоне гузошта шавад ва омӯзгор дар ҳар дарсу соат кӯшиш намоянд, ки қадам ба қадам сӯйи ситора ҳаракат карда, тадриҷан онро ба даст оранд. Дар фатҳи ин қулла омӯзгор на танҳо ҳамроҳи хонандаҳост, балки яке аз онҳост. «Ҳамроҳ мехонем, ҳамроҳ менависем, ҳамроҳ фикр мекунем, ҳамроҳ қадам мегузорем.»
Дар ҷараёни дарсҳо аз усулҳои фаъолгардонии раванди таълим, аз қабили нақшофарӣ, шиддати фикр, худназоратӣ, худсанҷию худбаҳодиҳӣ, тасвири ҳаёлию қаламӣ, саволу пурсишномаҳои муқаррарию тестӣ, диаграммаҳо, ребусҳо, кластерҳо, бозиҳои дамгирию таълимӣ, ки мустақилона иҷро гардида, ба рушди зеҳн ва нутқи хонандагон мусоидат мекунанд, истифода кардан лозим аст.
Бо мақсади рушди зеҳнии хонандагон китоби муаллифон Ф. Шарифзода, Х.М. Сабурӣ, О.Э. Қаюмова «Ҳадафи фикр кашфи асрор аст» соли 2021 аз чоп баромад. Дар китоб омадааст: «Мо амалҳои хондану навиштан ва гуфторро, хусусан, устуворсозии хотираро, ки дар ҳаёти инсон нақши арзанда дорад, ҳаргиз сарфи назар карданӣ нестем.
Мушкилоти мактаби имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки баъзе мавридҳо муҳиммияти хотир аз рушди тафаккур ҳам болотар гузошта мешавад, ки ин аслан дуруст нест. Солиёни тулонист, ки ба ин мақсаду вазифаи муҳимтарини таълиму тарбия: бедорӣ ва рушди зеҳну тафаккури таҳлилии кӯдакон, ки дар илми педагогика заминаи устувори фаъолияти мустақилона, ҷӯёӣ ва эҷодӣ шинохта шудааст, хеле кам ва сатҳӣ аҳаммият дода мешавад.
Барои он ки одам фикри худро босамар бедор намуда, рушд диҳад ва қавию тавоно намояд, бояд пайваста доништалаб ва донишомӯз шавад, яъне кӯшиши «ҳамаро донистан» кунад ва ҳама чизи пурасрор, арзишманд ва зарури то ҳол нафаҳмидаашро маърифат намояд. Дониш- ҳои ҳосилкардаашро дар амал бисанҷад ва натиҷаҳо ба даст оварад, бифаҳмад, ки донишҳо ва асрори олам нопайдоканор аст, вале донисташаванда буда, агар одам мунтазам заҳмати омӯзиш бикашад, донишманду тавоно хоҳад шуд. Тавре ки Фирдавсии бузургвор фармудааст:
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Аз ин лиҳоз, дар хонавода, кӯдакистон ва синфҳои ибтидоӣ пайваста гузаронидани фаъолиятҳои зеҳнӣ, ҳалли масъалаҳои шавқовар, ҷустуҷӯйӣ ва таҳлилию эҷодӣ имконият медиҳад, ки тафаккури хонандагон давра ба давра рушд ёфта, дар онҳо ҷуръати мустақилона ҳал кардани масъалаҳои ҳаётӣ пайдо шавад.
Ба майдони илми методикаи таълими забони модарӣ омада, чи дар синфҳои ибтидоӣ ва чи дар синфҳои болоӣ саҳми муносиби худро гузоштаанд.
Бартарии қисме аз ин методистон аз он иборат аст, ки онҳо айни замон муаллифони китобҳои дарсии забони модарӣ мебошанд. Илми методикаи таълими забони модарӣ аз муаллифон- методистон М. Лутфуллоев, Ф. Шарифзода, С.Аминов, С. Шербоев, А. Байзоев, Р. Мирзоев, И. Абдуллоев, Б. Боронов ва дигарон умеди калон дорад. Ин ва дигар педагог-методистон, ба андешаи мо, ба ҳалли масъалаҳое машғул шудаанд, ки ҷомеаи имрӯзаи мо ба он ниёз дорад.
Дар ин давра дастурҳои қобили назари методӣ низ таълиф ёфтанд.
Ба таври намуна асарҳои “Таърихи методикаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаб” (Қ. Рустамов, 2001), “Талими савод дар мактаби куҳна” (М.Қозиҷонов), “Рушд ва такмили усулҳои савод дар мактабҳои Тоҷикистон” (А.Алиев), “Мавқеи бозиҳои таълимӣ дар давраи саводомӯзӣ” (М.Лутфуллоев, И.Абдуллоев, 2008) ва дигаронро қайд кардан мумкин аст.
Соли 2012 барои синфҳои ибтидоӣ китобҳои дарсии нав таълиф ёфтанд:
- Алифбо (барои синфи якум), муаллифон – М.Лутфуллоев,
Ф.Шарифзода, И.Абдуллоев.
- Забони модарӣ барои синфи якум, муаллифон – А.Байзоев,
Г.Машокирова, Ҷ.Зубайдова, А.Аҳмадбекова, Ҷ.Абдуллоев.
- Забони модарӣ барои синфи дуюм, муаллифон – Ф.Шарифзода,
М.Лутфуллоев, Б, Ғаниева, С.Куйбекова.
- Забони модарӣ барои синфи сеюм, муаллифон – И.Абдуллоев,
З.Абдуллоев, Б.Боронов, З.Дорғабеков.
- Забони модарӣ барои синфи чорум, муаллифон – М.Зиёев,
Ӯ.Эрматова, Ф.Олимова, Б.Зоолшоева,
Китобҳои дарсии мазкур, бо дарназардошти имконоти зеҳнии хонандагони хурдсол дар раванди ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишии онҳо руйи кор омаданд.
Бо вуҷуди ин, дар раванди ташкили фаъолияти мустақилонаи таълими грамматика вобаста ба синну сол ва қобилияти фикрию ҷисмонӣ ба эътибор гирифтани имконияти зеҳнии хонандагони хурдсол назарияҳои гуногуни методӣ вуҷуд дошт. Қатъи назар аз он ки дар таълим як низоми муайян дида намешуд, омӯзгорон ва методистон бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим методҳои гуногунро кор фармуда, фаъолияти мустақилонаи хонандагонро аз омӯзиши овозҳо сар карда, ба ҳиҷо ё калимаҳои бутун анҷом медоданд (методи синтетикӣ).
Гурӯҳи дигари методистон имконият ва қобилияти зеҳнии хонандагони хурдсолро дар раванди ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба эътибор гирифта, таълимро аз ҳиссаҳои бутун (аз ҷумла, калима) сар карда, бо ҷузъҳои хурд (овозу ҳарфҳо) анҷом медоданд (методи аналитикӣ). Гурӯҳи сеюми омӯзгорону методистон дар методи худ аз унсурҳои ду методи аввала истифода бурда, як методи муштаракро бо номи “Методи таҳлил ва таркиб” ба вуҷуд оварданд (методи аналитикӣ- синтетикӣ).
Дар раванди ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба эътибор гирифтани имконоти зеҳнии хонандагони хурдсол ба сода ё мураккаб будани маводи омӯзиш вобаста буда, вобаста ба дастрасӣ ба маводи таълимӣ методҳои мувофиқ интихоб карда мешавад. Масалан, дар методи аналитикӣ чунин вариантҳо дида мешавад: а) методи аналитикии овозӣ, б) методи аналитикии ҳарфӣ, в) методи аналитикии ҳарфӣ-овозӣ.
Таҷрибаҳо дар раванди таълими савод ошкор сохтанд, ки истифодаи самараноки методи аналитикӣ-синтетикии овозӣ (яъне, методи таҳлил ва таркиби овозӣ) ҳангоми иҷрои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба қобилияти зеҳнию нутқии хонандагон рушд бахшида, самаранокии ин усул бештар ба назар мерасад. Чунки қобилияти зеҳнии хонандагони хурдсол дар раванди ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба эътибор гирифта мешавад. Аз рӯйи ин метод роҳҳои таҳлили калима ва таркиби унсурҳои он дар маркази диққат меистад, ки он аз таҳлилу таркиб намудани ҷиҳатҳои овозии калима иборат аст. Аз тарафи дигар, аз рӯйи ин метод на фақат ҷиҳати овозии калима, балки дар раванди саводомӯзӣ бо роҳбарии омӯзгор бо кадом аломатҳои шартӣ ифода ёфтан ва сурат гирифтани калимаҳо низ омӯхта мешавад. Яъне, вобаста ба қобилияти зеҳнии хонандагон калимаҳоро ба қисмҳои алоҳида ҷудо карда, аз кадом унсурҳо таркиб ёфтани онҳо муқаррар карда мешавад. Ҳангоми иҷрои чунин фаъолияти мустақилона дар раванди таълим на танҳо қобилияти фикрию зеҳнӣ, балки қувваҳои сомеа ва босира ҳам инкишоф меёбанд.
Аз нуқтаи назари Н.С. Леттес аз ҳама муҳим барои тафаккури инсон “...ошкор сохтани муносибату алоқаҳои қонунии олами атроф мебошад: дигаргуниҳои дар пеш истодаро пешбинӣ мекунад, имконияти54 иваз кардани ҳақиқати ҳолро медиҳад. Талаботи шахсии ақл аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Фаъолияти ақлонӣ-хусусияти хосӣ айёми кӯдакӣ мебошад. Вай на танҳо дар ҳодисаҳои беруна, балки бо намудҳои ҷараёнҳои дохилӣ ҳам дида мешавад.”.
Ба эътибор гирифтани қобилияти зеҳнии хонандагони хурдсол дар раванди ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ имконият медиҳад, ки хонандагон ба муҳимтарин асосҳои методи аналитикӣ-синтетикӣ- овозӣ дастрасӣ дошта бошанд:
1. Ҳангоми ҷумларо ба калимаҳо ҷудо кардан;
2. Калимаҳоро даҳонакӣ ба ҳиҷоҳо ҷудо карда, аз ҳамон ҳиҷоҳо боз калима тартиб додан;
3. Калимаҳоро шифоҳӣ ба ҳиҷоҳо, баъд ба овозҳо ҷудо карда, аз ҳамаи ҳиҷоҳо ва ё аз ҳиҷоҳои алоҳида калима тартиб додан;
4. Калимаҳоро шифоҳӣ ба ҳиҷоҳо ҷудо карда, ифодаи хаттии онҳо – ҳарфҳоро нишон додан;
5. Ба хонандагон ёд додани аломати овоз-ҳарф;
6. Ба воситаи хат- ҳарф, тартиб додани ҳиҷо ва калимаҳо.
Бо назардошти қобилияти зеҳнии хонандагони хурдсол фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, аз рӯйи методи таҳлил ва таркиб якҷоя гузаронда мешавад. Аҳаммияти истифодаи самараноки ин метод дар ин аст, ки он хусусиятҳои овозии нутқамонро муайян карда, барои бошуурона аз худ кардани савод ёрӣ мерасонад.
Маводи аналитикӣ-синтетикии овозӣ дар вақти овоз ва ҳарфҳоро ёд гирифтани бачагон намудҳои корро ба таври зер нишон медиҳад.
Марҳилаи таҳлил:
1. Аз нутқ ҷумларо ҷудо кардан.
2. Тақсими ҷумла ба калимаҳо.
3. Ба ҳиҷо ва овозҳо ҷудо кардани калима.
4. Ҷудо кардан ва омӯхтани овози нав.
5. Нишон додани ҳарфи чопӣ.
Марҳилаи таркиб:
6. Тартиб додани калима аз алифбои бурида.
7. Хондани калимаи тартибдодашуда.
8. Хондани калимаи нав аз алифбо.
9. Хондани ҷумаҳо аз алифбо.
10. Нишон додан ва навиштани унсур ва худи ҳарфҳои дастнавис, навиштани калимаҳо (баъдтар – ҷумла) бо ҳарфҳи нав. Масалан, раванди омӯхтани овози «Г»-ро нишон додан мумкин аст.
Аз рӯйи ин нақша диққати хонандагон, аввалан ба овозҳои калима нигаронида шуда, пас аз он шаклҳои хаттии он нишон дода мешавад, ки дар натиҷа онҳо таркиби овозии ҳар як калимаро бошуурона аз худ намуда, тарзи таҳлилу таркиби калима ва ҳиҷоҳоро пурра ва равшан фаҳмида, инчунин, аз алифбои бурида ҳиҷо ва калимаҳо тартиб дода, хонда метавонистагӣ мешаванд.
Вазифаи асосии омӯзгор дар ин давра аз он иборат аст, ки ба хонандагон аввал ҳиҷоҳои кушодаро омӯзонад. Масалан, мо, шо, ма, хо, со, ло, ра, ма, на. Дар хондани ҳамин гуна ҳиҷоҳои кушода дар хонандагон то андозае методи овозӣ ёрӣ мерасонад. Дар қадамҳои аввал ёд додани хониши алоқаноки ҳиҷо ва калимаҳо танҳо бо таҳлили онҳо (ҳиҷо ва калимаҳо) ба даст оварда мешавад. Пас аз ин, овози навро ҷудо карда, аз алифбои бурида калима тартиб дода, он калимаҳоро мехонанд.
Аз ин ҷиҳат, раванди омӯхтани овоз барои пайдо намудани малакаҳои хониши буррою ифоданок ёрӣ мерасонад.
Барои рушди забономӯзии хонандагон, пеш аз ҳама, қувва ва фаҳмиши бачаҳоро дар синфҳои ибтидоӣ ба назар гирифтан лозим аст.
Хонандагон дар натиҷаи машғулиятҳои калимасозӣ, иборасозӣ, навиштани бандҳои шеърӣ, рӯйнавис кардани намунаи ашъори шоирон, қиссаҳои халқӣ, навиштани мактубҳо, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ғайра бо меъёрҳои забони модарӣ дар амал шинос мешаванд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ маориф соҳаи афзалиятнок эълон шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар суханрониҳои худ, бахусус, дар паёмҳои ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муваффақият ва камбудиҳои соҳаи маорифро ошкоро хотиррасон ва таҳлил мекунанд ва барои беҳбуди фаъолияти масъулони соҳа, олимон, мураббиён омӯзгорон маслиҳат ва дастурҳои арзишмандро пешниҳод менамоянд: “Мо, пеш аз ҳама, бояд барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем” [381].
Калиди рафъи ҳама гуна камбудиҳои омӯзиш, камсифатӣ ва рӯякӣ будани он, маҳз дар ҳалли ҳамин масъалаи “назарногир,” яъне дар ташкили раванди фикр ва рушди тафаккур ниҳон аст. Мутаасифона, бояд иқрор шуд, ки дар фаъолияти амалии муассисаҳои таълимӣ ва аксарияти омӯзгорон солиёни дароз ба ташкили фаъолияти фикрии хонандагон ва донишҷӯён кам андар кам рӯ оварда мешавад.
1.3. Таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати нақша ва барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, дастур ва маводи дидактикӣ оид ба таълими забони модарӣ (мазмуни таълим) вобаста ба фаъолияти мустақилонаи таълимии талабагони хурдсол Барномаи забони модарӣ, ҳамчун дигар барномаҳо, яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои давалатӣ буда, дар он ҳаҷми дониши ҳар як хонандаи синфи мактаби ибтидоӣ муқаррар карда шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё